Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Беморхонаи Марказии шаҳри Исфара хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Мухаммедов Тайибиддин Маизович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми 32-соли Истиқлолият бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардониданд. Маъмурияти Беморхонаи мазкур ва табибони он дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шабонарӯз омода ҳастанд.

Нишондиҳандаҳои асосии соҳаи тандурустии шаҳри Исфара

Чӣ тавре, ки номбурда ба мо иттило дод, аҳолии шаҳр 288472 (дар ҳамин давраи соли гузашта 285550 нафар)-нафарро ташкил медиҳад, аз онҳо кӯдакони сини то 18-сола 88912 нафар, занҳо 142294 нафар, занҳои қобили таваллуд 70200 нафар, кӯдакони  синни то 1-сола 4018 нафар мебошанд.

Дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 74 муассисаҳои тибби фаъолият дорад, аз ҷумла 1 адад Беморхонаи марказии шаҳри дорои 777 кати табобатӣ, беморхонаи пӯсту таносул бо 30 кат, 5 адад беморхонаи минтақавии деҳотӣ ҳамагӣ бо 200 кат, маркази мубориза бар зидди бемории сил 25 кат, маркази наркологӣ 10 кат, 4 адад маркази саломатии шаҳрӣ, 15 маркази саломатии деҳотӣ, 23 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 1 адад маркази имуннопрофилактика, 1 адад маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 адад маркази репродуктивии ноҳия, 6 адад нуқтаи ёрии таъҷилӣ, 1 адад маркази ВНМО, 1 адад маркази ташакули тарзи ҳаёти солим, 1 адад маркази бемориҳои руҳӣ, 1 адад маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 10 адад муассисаҳои хусусӣ барои аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар шаҳри Исфара шумораи кормандони соҳаи тандурустии БМШ 2088 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла мутахасисони дорои маълумоти олӣ дошта 185 нафар ва мутахасисони маълумоти миёнаи тиббӣ дошта 1135 нафар ва дигарон 868 нафар мебошанд.

Таъминноки ба 10000 аҳолӣ бо мутахасисони дорои маълумоти олӣ 6,5 ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 36,1-ро ташкил медиҳад.

Нақшаи катрӯзи муассисаҳои сохтори бистарикунонии ноҳия дар 9 моҳи 2023 нақшаи рӯзи кат 236187, катрӯзҳо 144550 иҷроиш 61,2 -ро ташкил дод, муқобили 9 моҳи соли 2022 нақшаи рӯзи кат 231200, катрӯз 138338 иҷроиш 59,8 мебошад.

Дар 9 моҳи соли 2023 аз буҷети шаҳр барои сохтори бистарикунонии шаҳр 22196218 сомонӣ маблағ пешбини шуда буд. Мувофиқи маълумот барои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандурустӣ 22104659 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки иҷроиши буҷет 99,5% -ро ташкил дод (2022-99,0%).

-Инчунин, нақшаи маблағҳои махсуси сохтори бистарикунонии шаҳр дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок 3225250 сомонӣ буда, воридоти он 3003691 сомонӣ мебошад, ки иҷроишаш  93%-ро ташкил медиҳад. Маблағҳо асосан барои музди меҳнати иловагии кормандони тиб беҳтар намудани базаи моддию техникӣ ва хариди доруворӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ равона карда шудааст.

Муассисаҳои сохтори бистарикунонӣ (12 нафар) -11 нафар наҷот ва буҳискунӣ, 1 нафар нарколог,- изҳор дошт мавсуф.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 43 (15,2 промил) нафар фавти кӯдакони синни то 1-сола ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2022- 52 (15,5 промил )-ро ташкил медиҳад.Фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст.

Таваллуд бо буриши қайсари дар 9 моҳи соли 2023 ба 192 нафар гузаронида шудааст ва дар 9 моҳи соли 2022 бошад 176 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки дар шаҳри Исфара дар 9 моҳи соли 2023 таваллуди хонагӣ 1 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки 9 моҳи соли 2022 -4 нафар мебошад.

Таҳти назорати духтурон 364 нафар, аз онҳо 109 нафар фавтидаанд, боқимонда 235 нафар дорандагони вируси ВНМО (СПИД) қарор доранд. Аз он ҷумла, 128 нафар мардҳо, 107 нафар занҳо мебошанд. Гарчанде, ки сатҳи дарёфти нишондоди дорандагони вируси ВНМО(СПИД) баланд бошад ҳам, чорабиниҳои пешгирӣ ва табобат беҳбудиро мехоҳад.

Нақшаҳои дар пеш истода

Мавсуф тазаккур дод, ки барои он ки соҳаи тиб дар шаҳри Исфара боз ҳам рушд кунад, моро мебояд масъалаҳои зеринро ҳаллу фасл намоем: таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо табибон.

Ҷудо намудани китъаҳои наздиҳавлигӣ ба табибон.

Пурзур намудани корбарӣ дар самти пешгирии бемориҳои гепатитҳо ва ВНМО.

Бо ин вуҷуд, табибони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара талоши шабонарӯзӣ карда истодаанд, ки ба ватану миллати хеш содиқона хидмат намоянд ва барои пешрафти соҳаи тиб саҳми боризи хешро бигзоранд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь