Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Левакант хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Эмомов Ҳ. С. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф нахуст иброз дошт, ки Беморхона марказии шаҳри Левакант дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Левакант ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар сатҳи бистаринамоӣ, ташхису муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, инчунин, дигар тадбирҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда истодааст.

 Беморхонаи Марказии шаҳри Левакант

Номбурда қайд кард, ки барои шуъбаҳои муолиҷавии беморхонаи марказии шаҳр 240 адад катҳо ба нақша гирифта шудаанд, аз он ҷумла 60 кат барои шуъбаи ҷарроҳӣ ва 60 кат барои шуъбаи сироятӣ, 40 кат барои шуъбаи кэӯдакона, 40 кат барои амрози даруна, 30 кат барои таваллудкунандагон, 10 кат барои беморони амрози занона ва 20 кат барои беморони сил.

 Маблағгузорӣ ба соҳа

Мавсуф тазаккур дод, ки аз буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхона дар 6 моҳи соли ҷорӣ 37 номгӯи таҷҳизоти мебелӣ ва тиббӣ ворид карда шудааст.

Дар давоми сол ба беморхона аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад рентгени рақамӣ, 20 кати одӣ бо матрасҳояш, 4 адад кушетка, 6 мизи яктумбадор, барои ҳуҷраи физиотерапия 1 адад инголятор, 1 адад электрофарез, 1 адад аппарат Диамаг, 1 адад Солнышка ва 1 адад УВЧ ворид гардид.

Аз ширкати ғаидавлатии ЮНОПС 15 кати функсионалӣ, 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 1 адад ЭКГ, 1 адад Дефибрилятор, 2 адад ултрасадо (ЭХО,доплер), 1 адади рентгени рақами партативӣ, 8 адад инфузамат ба беморхона ворид гардид.

Таъмиру муҷаҳҳазнамоӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ

Номбурда афзуд, ки баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31.12.2020 №704 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025». Дар соли ҷорӣ низ аз рӯи нақша корҳои барқарорсозӣ ва ободкунонии Беморхонаи марказӣ идома дода хоҳад шуд.

Дар давоми 6 моҳи соли 2024 шуъбаи амрози даруна бо дастгирии сохибкорон ва шахсони саховатманди ватанӣ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ҳаммаи ҳуҷраҳои беморон ба пуррагӣ бо кондитсионер таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, шуъбаи ҷарроҳии пурра тамири косметикӣ карда шуд.

Инчунин дар шуъбаи амрози занона таъмири пурраи капиталӣ ҷараён дорад.

Фарши каридори маъмурияти Беморхона дар ҳаҷми 81 квадрат бо ламинат пӯшонида шуда, фасади беморхона ба пуррагӣ дар таъмир қарор дорад.

Дар давоми 6 моҳи соли 2024 дар гирду атрофии Беморхона гулҳои мавсимӣ ба миқдори гули садбарг 2800 адад, 1000 адад гули тулпан, 1000 адад карамгул ва 7 адад гулҳои тропикӣ (палма) шинонида шудааст. Ниҳоли арча, сояафкан 200 адад.

Инчунин ба андозаи 0,1га замин бо шумораи 10 000 гулҳои тухми гулҳои ҳарранга кишт карда шуд.

Базаи кадрӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки дар самти иҷроиши Барномаи миллии тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраҳои то соли 2030: Шумораи кормандони Беморхонаи марказии шаҳр 361 нафар, аз он ҷумла духтурон 37 нафар, ҳамшираҳои тиббӣ 181 нафар, кормандони хурди тиббӣ 108 нафар ва кормандони ғайри тиббӣ 31 нафар.

Таъминоти аҳолӣ (обеспеченность) ба духтурон нисбати 10 000 аҳолӣ 7 нафар буда, бо коркунони миёнаи тиббӣ 34,4 нафар рост меояд.

Дараҷанокии касбии кормандони тиббӣ дар чунин сатҳ қарор доранд: Табибон, олӣ 7 нафар, дуюм 2 нафар. Кормандони миёнаи тиббӣ, олӣ 41, якум 8 нафар ва дуюм 18 нафар.

Нақшаи гузаштани курсҳои такмили ихтисоси духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ барои соли 2024 ба Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод карда шуд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 8 табиб барои бозомӯзӣ аз рӯйи ихтисоси эндоҷарроҳ, 3 табиби ҷарроҳ, 2 табиби акушер гниколог, 1 табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ барои такмили ихтисос, 1 табиби акушер-гниколог барои омӯзиши колпоскопия ба донишкадаи баъдидипломии соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе равон карда шуд, ки бомуваффақият хатм кардаанд. Инчунин 1 табиби ҷарроҳи дилу рагҳо, ки хатмкунандаи Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон ва давраи ординатураро дар шаҳри Москва гузаштааст, ба кори доимӣ ҷалб карда шуда, шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Соли ҷорӣ дар Беморхонаи марказӣ аз тарафи мутахассисони ҷарроҳ амалиётҳои эндовидеоҷарроҳӣ, амалиётҳои рагҳои хунгарди андоми поён, ултрасадои дилу рагҳо ба роҳ монда шуд, ки ин ҳам бошад барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрас будан барои аҳолии минтақа мебошад.

Инчунин 20 нафар кормандони миёнаи тиб аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.

 Садоқат ба касб

Чунончи гуфта шуд, аз рӯи нақша дар 6 моҳи соли 2024 барои шуъбаҳои муолиҷавии Беморхонаи марказии шаҳри Левакант 35860 кат рӯзҳо ба нақша гирифта шудаст, ки дар асл 12869 кат рӯзҳо истифода бурда шудааст ва ин нишондод 35,8% иҷроишро ташкил медиҳад. Дар ин муддат 1745 бемор ба шуъбаҳои муолиҷавии Беморхонаи марказӣ муроҷиат кардаанд ва 1725 нафар табобат гирифта, рухсатӣ шудаанд.

Барномаҳои дар соҳаи тандурустӣ қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳр мавриди амал қарор доранд. Дар асоси фармоиши сартабиби беморхона барои иҷро ва назорати ҳар як Барномаи миллӣ аз ҳисоби духтурон шахсони масъул таъин карда шудаанд. Дар самти иҷрои Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасогии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасогии масъулият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар Беморхонаи марказии шаҳр, дар шӯъбаҳо мудирони шӯъбаҳо тибқи фармоиши сартабиби Беморхонаи марказӣ шахсони масъул таъин шудаанд. Беморони ба таври фаврӣ бистаришаванда дар асоси тести оҷилӣ муоина гузаронида мешаванд, беморони ба таври нақшавӣ бистаришаванда дар муассисаҳои КАТС муоинаро гузашта, баъдан бистарӣ мегарданд.

Дар 6 моҳи соли 2024 дар мувофиқа бо маъмурияти филиали муассисаи давлатии маркази Ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон 2 маротиба рӯзи донорӣ дар Беморхонаи марказӣ гузаронида шуд, ки 150 нафар кормандони тиббӣ хун супориданд ва аз он ҳисоби захираи хун ва ҷузъҳои он дар ҳуҷраи хунтаъминкунӣ нигоҳ дошта мешавад.

Инчунин, тибқи барномаҳои давлатӣ фаъолияти худро пурзуртар карда, талош мекунем ба мардум бо сифати баланд хизматрасонӣ намоем.

 МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь