Ҳангоме дар синфи ибтидоӣ мехондам, бо далели он ки муаллим ва устоди аввалини ман Одина Усмонқул, шахсияти ниҳоят зебову ҳалим ва муаллими бо ҳама маънояш муаллим, ки буданд, ба худ ҳамеша мегуфтам, ки агар калон шавам, ҳатман муаллим мешавам. Дар гумони ман, ҳамаи бошандагони деҳаи мо муаллими моро дӯст медоштанд. Мани кӯдаки наврас ҳам ҳамеша мехостам, ки дар оянда ба муаллими худ монанд бошам. Фикр мекунам, ки ин хоҳиши ман табиӣ буд, зеро ҳар инсон ҳамеша дар орзуи обрӯ ва мақоми болотаре дар миёни ҷамъият ҳаст ва ҳамеша барои расидан ба ин мақом сайъу талош меварзад.

Аммо чун ба синфи шаш расидаму аз мактаби ибтидоии деҳаи худ Навобод, ки номи Сайдои Насафиро дар ноҳияи Фархор дошт, ба деҳаи Муҳоҷиробод мерафтагӣ шудем, аллакай дар он ҷо як муаллим не, балки аз ҳар як фан муаллими алоҳида ба мо дарс мегуфтагӣ шуданд ва фикри ман ҳам сари интихоби касб дар ояндаи худ оҳиста – оҳиста тағйир ёфт. Шояд, пеш аз ҳама ба хотири он ки дар даврони мактабхониам модарам тез – тез бемор мешуданд ва оилаи мо ба табиб эҳтиёҷи зиёд дошт, худ ба худ мегуфтам, ки муаллим на, агар калон шавам, ҳатман табиб мешавам ва пеш аз ҳама, модари худро табобат мекунам. Ҳамин шуду ман аллакай аз синфи шаш ба ин сӯ дар дил орзуи табиб шуданро мепарваридам ва дар ниҳояти кор табиб шудам.

Шахсоне, ки дар даврони Шӯравӣ таҳсили илм кардаанд, ба хубӣ медонанд, ки дар аксари ҳолатҳо толибилмон ба мактабҳои дилхоҳашон бо дониши худ дохил мешуданду мехонданд ва соҳибихтисос мешуданд. Ба ҳар ҳол, мо мардуми кӯҳистонӣ чунин бовар доштем.

Ман ҳам бо ҳамин васила ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудаму онро хатм кардам ва шояд бо амри тақдир бошад, ихтисоси акушер – гинекологро гирифта, дар ноҳияҳои Ҳисору Фархор, Кӯлобу Ховалинг ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кору фаъолият кардам ва ҳамин хел сол ба сол аз таҷрибаи кору аз тарбияти устодонам чизе бар дониш ва таҷрибаи кории худ зам кардам.

Соли 1993, пас аз 5 соли таҷрибаи корӣ барои омӯзиш ба ординатураи клиникӣ аз рӯи ихтисоси худ ба шаҳри Душанбе омадам ва баъди хатми он дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб муаллим шудам. Бо гузашти каме вақт бо даъвати роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ба сифати саракушер – гинеколог ба ин вазоратхона ба кор омадам. Бо амри тақдир дар ин коргаҳ бештар аз 8 сол кор намуда, баъдан ба сифати директори Маркази миллии солимии репродуктивӣ дар давоми 5 сол фаъолият намуда, 2 соли дигар ба сифати сардори Раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила ва 4 соли дигар ба сифати директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ ва гинекологии Тоҷикистон адои вазифа намудам.

Баъдан, аз соли 2014 то соли 2019 ба сифати аввалин директори Маркази аккредитатсияи тиббӣ кор кардам. Аз ҳамон давру замон дигар ман ба кори давлатӣ даъват нашудам. Ба худ андешидам, ки беҳтар аст, вақт ва умри боқимондаи хешро бевосита ба касби аслиям, яъне табиб будан бубахшам. Ҳамин тавр, аз соли 2010 ба ин ҷониб ман муассис ва мушовири калони Маркази тиббии “Насл” ҳастам.

Дар тӯли зиндагӣ ва таҷрибаи кориям ҳамчун табиб аз худ чизе додам ва барои худ чизе гирифтам. Дар ин замина дода аз гирифтаҳо зиёданд ва ё баръакс, намедонам, аммо мусаллам як чиз аст, агар бори дигар ба ман имконият шавад, ки ин роҳи зиндагиямро такроран бипаймоям, ман ҳатман такроран боз ҳам табиб мешудам. Ман шахсан табиб буданро на ихтисос, балки як мақоми махсус дар миёни мардум доштан меҳисобам. Чӣ қадар бояд инсон дили ҳалиму сӯзанда ва ғамшарик дошта бошад, ки табиб шавад. Оне, ки одами нав ба дунё таваллудшуда болои дасти ту меояд ва аввалин такягоҳи ин тифл ту – табиб ҳастӣ.

Аз даврони кӯдакӣ то пиронсолӣ дар ҳалли ноумедиҳо ва вазниниҳои зиндагӣ инсон танҳо ва танҳо ба табиб ниёз дорад. Муҳимтар аз ҳама, то охирин ҳаракати нафаскашӣ, то охирин тапиши дил табиб мекӯшад ва умед дорад, ки ӯ одамро метавонад наҷот бидиҳад. Миёни марг ва зиндагӣ дар талош аст, бар нафъи зиндагӣ дасту гиребон бо марг мешавад. Худатон қазоват кунед. Боло Худост ва пойин замини сахт, аммо дар ин миён бар нафъи зиндагӣ маҳз табиб мекӯшад коре анҷом бидиҳад. Магар аз ин болотар мақом миёни инсонҳо касби дигаре ҳаст? Нест, ки нест. Бо дили пур аз ифтихор бо рӯйи сурху сари баланд мегӯям. Табиб будан мақоми пурифтихор аст. Бинобар ин, фикр мекунам, фикру нияти табиб, андешаи табиб, дасти табиб ҳатман бояд пок бошад.

Дар зодрӯзи пири табибон, Абӯалӣ ибни Синои бузургу нотакрор тамоми пайравони ӯро ба ин рӯзи муборак табрику таҳният менамоям ва даъват мекунам, ки зиндагӣ ва саломатиро дӯст доред ва онро ба дигарон талқин кунед. Ба ниёзмандон дар 24 соати шабонарӯзӣ ва 365 рӯзу 4 соати сол дар хидмат бошед ва ҳеҷ гоҳ хидмати худро ба мардум миннат накунед. Мардум ҳатман иззат ва эҳтироми шуморо ба ҷо меоранд. Ман ба ин имони комил дорам.

Дар охирсухан агар аз ман бипурсанд, ки табиб будан яъне чӣ, мегуфтам, табиб, яъне сарсупурдаи наҷоту бақои зиндагӣ дар рӯи замин аст.

Шамсиддин Қурбонов,

муассиси ҶДММ “Маркази тиббии НАСЛ”,

раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон”,

сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон оид ба рушди тиббӣ хусусӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь