Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17 с., №597 тасдиқ гардидааст, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Тавре зимни суҳбат сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода ба хабарнигори МТЖТ иброз дошт, дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони соҳа дар 755 адад муасссиаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки аз инҳо 267 адад санҷишҳои нақшавӣ, 401 адад санҷишҳои ғайринақшавӣ ва 87 адад санҷишҳои такрорӣ мебошанд.
Назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
“Санҷишҳо дар асоси нақшаи санҷишии бо Шӯрои ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида ва бо назардошти дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам намудани шумораи санҷишҳо ва баланд бардоштани сифати онҳо баргузор гардиданд”,- зикр намуд С. Бекмуродзода ва афзуд:
– Натиҷаҳои санҷише, ки аз ҷониби Хадамот гузаронида шуданд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки мақсадҳои дар пеш гузошташуда нисбатан иҷроиши худро ёфтаанд. Ҳамзамон, вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Нисбати 196 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозотҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 153 590 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд. Барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 43 нафар корманди роҳбарикунанда ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур гардиданд. Барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 236 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шуданд. Дар баробари ин, барои боздиди дараҷанокии тахасусии 27 нафар кормандони соҳаи тиб ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур гардиданд. Ҳамзамон, дар шаш моҳи соли 2019 аз ҷониби Хадамот фаъолияти 98 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошт карда шуд.
Дар маҷмуъ дар рафти санҷишҳо 153 600 сомонӣ кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дастраси ниёзмандон гардонида шуд, инчунин 22 640 сомонӣ пули маблағгузорӣ нагардида барои пардохти кӯмакпулиҳо ба мактаббачагон аз ҷониби Раёсати молияи ноҳияи Варзоб, ба маблағи 94 175 сомонӣ кам маблағгузорӣ намудан барои пардохти кӯмакпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти кӯмакпулӣ ба 118 нафар бинобар пешниҳод намудани маълумотҳои бардурӯғ қатъ гардонида шуд.
Тавре таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, миқдори санҷишҳо дар умум ду маротиба кам гардида, нишондодҳо рӯй ба беҳбудӣ овардаанд.
Тибқи иттилои сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода, дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда мутаносибан дар шаҳри Душанбе 5 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 10 адад (шаҳри Ваҳдат -3, ноҳияҳои Рӯдакӣ – 1, Файзобод – 1, Ҳисор – 3, Шаҳринав – 1, Турсунзода – 1), вилояти Хатлон 23 адад аз он ҷумла дар минтақаи Кӯлоб 8 (ноҳияҳои Восеъ – 2, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1, Данғара – 2, Кӯлоб – 1, Муъминобод – 2), вилояти Суғд 6 адад (ш.Хуҷанд – 2, Истаравшан – 2, н.Б.Ғафуров – 1, Айнӣ – 1).
Қобили тазаккур аст, ки аз 44 ҳодисаи фавти модар, 22 ҳодисаи фавт бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ, беҳискунӣ ва кори наҷотдиҳӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Вобаста ба ин, нисбати 6 ҳодисаи фавти модар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи тафтишотӣ оғоз карда шудааст.
Дар 7 ҳолати фавт ташреҳи ҷасад гузаронида шудааст (ноҳияи Восеъ 1 адад, шаҳри Ваҳдат 2 адад, н.Данғара 1 адад, ш.Хуҷанд 2 адад, ш.Истаравшан 1 адад).
Баррасии иштибоҳҳои тиббӣ
Дар нимсолаи якуми соли 2019 10 ҳодисаҳои иштибоҳҳои тиббӣ ошкор ва мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Вобаста ба ҳар як ҳодисаи иштибоҳи тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал бо пешниҳоду таклифҳои мушаххас ирсол гардидааст.
Танзими фаъолияти тибби хусусӣ
Айни ҳол 671 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (367 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 58 филиал ва 304 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд.
Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1596 нафар табибон, 1500 нафар кормандони миёнаи тиб ва 860 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3956 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.
Дар айни замон, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 26 нафар мутахассисони бурунмарзӣ ба фаъолиятҳои гуногуни тиббӣ машғул мебошанд: 4 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 8 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 8 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 2 нафар аз ИМА ва 3 нафар аз Федератсияи Русия.
Ҳуҷҷатҳои 1520 нафар мутахассисон ба Комиссияи маркази аттестатсионӣ барои гирифтани сертификат пешниҳод гардида, 894 нафар мутахассисон яъне 27,6% (655 нафар табибон (41,2 %), 239 (14,9 %) нафар кормандони миёнаи тиб) аз санҷиши тахассусӣ гузашта, дорои сертификати мутахассис гардиданд.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби довталабон барои машғул шудан ба фаъолияти тибби хусусӣ 60 адад дархостҳо ба унвонии Хадамот ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
Дар шаш моҳи соли равон Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқи нақшаи тасдиқшуда корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фарматсевтӣ, сертификатсиякунонӣ, стандартонӣ, бақайдгирӣ ва ташхиси маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ, ғизои кӯдакон ва ғайраро анҷом додааст.
Шуъбаи омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содироти Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он мутобиқи нақшаи корӣ дар шаш моҳи соли 2019-ум корҳои зеринро ба анҷом расонидааст:
Дар бахши маводи доруворӣ
Дар ҷумҳурӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи умумии 240270885 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин ба 25 50 54 35 $ баробар мебошад, аз он ҷумла:
– ёрии башардӯстона – 60 286 163 сомонӣ бо доллар 6 399 534 $;
– барои хариду фӯруш – 171 639 631 сомонӣ бо доллар 18 220 569 $;
– бо мақсади истифодабарӣ – 8 345 091 сомонӣ бо доллар 885 332 $;
Содироти маводи доруворӣ ба хориҷи кишвар бошад, дар ин давра ба маблағи 41 735 918 сомонӣ бо доллар 4 628 942 $ баробар мебошад.
Дар бахши маводи ороишӣ-гигиенӣ
Дар шаш моҳи соли 2019-ум рухсатномаҳои якдафъагӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағи умумиашон ба 203 916 169 сомонӣ бо арзи хориҷӣ ба 21 643 420 доллари ИМА баробар аст.
Дар бахши моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ
Дар шаш моҳи соли 2019-ум 6 шаҳодатнома барои воридоти маводи нашъадор ва психотропӣ дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводҳои косметикӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба 302 номгӯи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ тайёр карда супорида шуд, ки аз он 236 – то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои маводи доруворӣ, 38-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои молҳои тиббӣ, 28-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои гомеопатиро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон: 2522 муассисаи фармасефтӣ фаъолият дорад
Аз рӯи суханони сардори Хадамот Султонмурод Бекмуродзода, айни ҳол дар ҷумҳури ҳамагӣ 2522 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд, ки аз ин дар ш.Душанбе 500 муассисаи фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 335 муассисаи фармасевтӣ, дар вилояти Хатлони минтақаи Бохтар 410 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Хатлони минтақаи Кӯлоб 307 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Суғд 910 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ВМКБ 60 муассисаҳои фармасевтиро дар бар мегирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он, дар шаш моҳи соли 2019-ум бо 327 қарор, супоришнома, фармоиш фаъолияти 588 муассисаҳои фармасевтӣ (аз 553 муассисаи зери санҷиш қарор дода шуда, 305 муассисаи фармасевтӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ), бо 196 қарор, фармоиш, супоришнома дар 225 муассисаҳои табобатию профилактикӣ, фармасевтӣ ва дар асоси 157 қарор, супоришнома, фармоиш 415 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиениро зери назорат қарор додааст.
Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 685 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 21371,5 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 344 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 9432,1 адад, 341 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 11939,4 ададро ташкил мекунад.
Инчунин, мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба ҳуҷҷатҳои меёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 6 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 52468 адад ва аз муомилот 2 номгӯй маводи доруворӣ ба миқдори 87920 адад тибқи санад гирифта шуданд.
Ҳамзамон, аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 231 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 8019 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз ин 169 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 7084 адад, 62 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 935 адад, дар асоси санад аз муомилот гирифта шуданд.
Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва анборҳои маводҳои ороишию гигиенӣ 359 номгӯй маводҳои ороишию гигиенӣ муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 5429 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шуданд.
Дар шаш моҳи соли 2019-ум аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот ва дар вилоятҳо будаи он 101335кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд, аз он ҷумла:
– 91791кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд, ки аз ин 56969 кг доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо санад гирифта шуда, боқимонда 34822 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта, ки бо мактуб аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар ширкатҳои воридкунанда ба Хадамот супорида шудаанд;
– 9544 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификати мутобиқат, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд, ки аз ин 1836 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи бо санад гирифта шуда, боқимонда 7708 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, ки бо мактуб аз тарафи соҳибкорон ва дигар ширкатҳо ба Хадамот супорида шудаанд.
Дар ин давра, аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 279 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 718640 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, аз он ҷумла:
– шуъбаҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 172 протоколу қарор ба маблағӣ 417200 сомонӣ;
– шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо Хадамот 10 протоколу қарор ба маблағи 22550 сомонӣ;
– шуъбаҳои назорати давлатии маводҳои ороишии гигиении Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 52 протоколу қарор ба маблағи 160150 сомонӣ;
– шуъбаҳои назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он 45 протоколу қарор ба маблағи 118740 сомонӣ;
Дар шаш моҳи соли 2019-ум баҳри бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 278 амрнома дода шуда, ки ба ҳамаи онҳо оиди бартараф намудани камбудиҳо ҷавоб гирифта шудааст, аз он ҷумла:
– шуъбаҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он ба муассисаҳои фармасевтӣ 31 амрнома дода шуда, ки ба 31 амрнома ҷавоб гирифта шудааст;
– шуъбаи назорати давлатии маводҳои ороишию гигиении Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда ба 122 нафар соҳибкорон амрнома дода шуда ба ҳамаи онҳо ҷавоб гирифта шуд;
– шуъбаҳои назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ 102 амрнома дода шуда, ба ҳамаи онҳо ҷавоб гирифта шудааст;
– шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ 23 амрнома дода шуда, ба ҳамаи онҳо ҷавоб гирифта шудааст.
Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ
Тавре ки сардори Хадамот иттилоъ доданд, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар шаш моҳи соли 2019-ум 17479 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузарониданд, ки аз онҳо 14095 адад аз воридот, 1434 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ – аз муомилот гирифта шуданд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 343 намуна истеҳсоли ватанӣ (6 тояш барои содирот), 596 бақайдгирӣ, 1125 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 239 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад.
Аз ин миқдор маводи зери ташхис қарордодашуда, ба 18230 адад сертификатҳои мутобиқат ва 859 протоколи санҷиш дода шуд ва 288 намунаи онҳо бошад, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд, ки аз ин 83 намунашон дар вақти воридот ва 205 намунаашон аз муомилот ва ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ҳамчунин, 18493 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор дода шуданд, ки аз онҳо 17066 адад аз воридот, 1213 адад аз муомилот ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 133 адад истеҳсоли дохилӣ гирифта шуданд. Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарор додашуда, ба 18247 адад сертификати мутобиқат ва 469 протоколи санҷиш дода шуд. 221 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд, ки аз ин миқдор 204 намуна аз муомилот аз нуқтаҳои фурӯш, 13 воридот, 4 истеҳсоли ватанӣ пешниҳод шудааст.
Назорати фаъолияти санитарию эпидемиологӣ
Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 6 моҳи соли 2019 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сурхча, сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди табби хунин, вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд.
Инчунин, бемориҳои домана 12 ҳодиса (2018-2; 2019-0), исҳоли хунин 29 ҳодиса (2018-95; 2019-66), ҷамъи бемориҳои шадиди рӯда 1503 ҳодиса (2018-9552; 2019-8049), зардпарвини вирусии намуди “В” 68 ҳодиса (2018-123; 2019-55), зардпарвини вирусии “С” 23 ҳодиса (2018-33; 2019-10), осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 207 ҳодиса (2018-6741; 2019-6534), зуком 239 ҳодиса (2018-239; 2019-0), брутселлёз 14 ҳодиса (2018-339; 2019-325), илтиҳоби шуш 92 ҳодиса (2018-2550; 2019-2458), табби хунин 3 ҳодиса (2018-3; 2019-0), бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 1873 ҳодиса (2018-101148; 2019-99273), сил 15 ҳодиса (2018-1983; 2019-1968) нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 камтар ба қайд гирифта шудаанд.
Дар баробари ин зардпарвини вирусии намуди “А” 322 ҳодиса (2018-1718; 2019-2040), БШФК 1 ҳодиса (2018-19; 2019-20), ҳорӣ 1 ҳодиса (2018-1; 2019-2), сӯхтанӣ 1 ҳодиса (2018-4; 2019-5), кабудсулфа 34 ҳодиса (2018-19; 2019-53) зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд.
Баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” дар давраи се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи озмоишгоҳи МД “Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ”-и Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамот ва озмоишгоҳҳои Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи 6 моҳи соли 2019 ҷиҳати таҳлили нишондодҳои физикию кимиёвӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6898 намунаҳои оби нӯшокӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1724 намунаҳои об ба талаботҳои ҚМС- қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ нестанд.
Чунин озмоишҳо оид ба нишондодҳои бактериологӣ ва микробиологӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар се моҳи соли ҷорӣ гузаронида шудааст, ки 8996 намунаҳои оби нӯшокӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1314 намунаҳои об ба талаботҳои ҚМС- қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ нестанд. Натиҷаи ташхисҳои оби ошомиданӣ аз ҳолати гайриқаноатбахши системаҳои мутамаркази таъминоти оби нӯшокӣ шабоҳат медиҳад. Яке аз омилҳои пастшавии сифати об, куҳнаю фарсуда будани шабакаҳои об ва миқдори зиёди садама дар хатҳои интиқоли об ва корношоямии таҷҳизоти обтозакунӣ, номунтазам безраргардонии об бо маводи хлор, инчунин риоя накардани раванди безараргардонии оби нӯшокӣ мебошад. Новобаста аз ин, тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ бемориҳои тавассути об паҳншаванда ба қайд гирифта нашудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар иншоотҳои зериназоратӣ оиди риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 14794 санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла 8796 адад санҷишҳои нақшавӣ, ки аз ин 5125 санҷиш дар иншоотҳои хусусӣ мебошад, 5434 адад ғайринақшавӣ, ки аз ин 919 санҷиш дар иншоотҳои хусусӣ мебошад ва 314 адад санҷишҳои такрорӣ, ки аз ин 314 санҷиш дар иншоотҳои хусусӣ мебошад. (соли 2018, 15784 санҷиш) гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 6810 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ин 5031 протокол дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018 ба 6100 нафар) тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 990890 сомонӣ, ки аз ин 639805 сомонӣ дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018 ба маблағи 881860 сомонӣ) ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 938 иншоотҳо, ки аз ин 712 ададаш дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018, 1287 иншоот) бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошт шуда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 249 мавод ирсол гардидааст, ки аз ҷумла 73 парванда барои оғоз намудани делои ҷиноӣ пешниҳод гардидааст.
Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №536 аз 31 октиябри соли 2012 “Дар бораи тасдиқи Тартиб ва мунтазамии гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” дар миқёси ҷумҳурӣ 174409 нафар аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ гузаронида, ба буҷа 6119312 сомонӣ ворид гардидааст. Бояд қайд намуд, ки маблағи муоинаҳои дар шаҳри Душанбе гузаштан номаълум мебошад.
Аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №751 аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №139 аз 31 марти соли 2004 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ» дар 6 моҳи соли ҷорӣ 12793 адад хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, аз ҷумла 10363 адад барои фаъолият, 1833 адад маҳсулотҳои воридотӣ, 10-адад маҳсулотҳои содиротӣ ва 587 адад барои сохтмон буда маблағи умумии онҳо 5584400 сомонӣ (соли 2018 9707 адад ба маблағи 1456050 сомонӣ) ба буҷети давлат ворид карда шуд.
Дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, № 890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсулотҳои хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулотҳои шубҳанок ба миқдори 157228 кг аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи умумии он 1678528 сомонӣро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин тухми мурғ 13153 дона ба маблағи 7912 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.
Дар муқоиса ба соли 2018 ин нишондод чунин мебошад, маҳсулотҳои хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулотҳои шубҳанок ба миқдори 191798 кг ба маблағи 2950969 сомонӣ аз муомилот боздошта шудааст. Бояд қайд намуд, дар ҳисоби соли 2018 зиёд ба қайд гирифтани маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулотҳои шубҳанок ин ба қайд гирифтани миқдори гӯштҳои пастсифат мебошад, ки аз нуқтаҳои санитарию карантинии дидбонгоҳҳои гумрукӣ реэкспорт, яъне аз қаламравӣ ҷумҳурӣ бароварда шудаанд.
Аз муомилот берун кардани маҳсулоти хӯроквории пастсифат
Дар шаш моҳи соли равон маҳсулоти хӯроквории пастсифати муҳлати истифодабариашон гузашта ва аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ шубҳанок буда, 157228 кг (соли 2018 462432) ба маблағи 1678528 сомонӣ (соли 2018 3641410) аз муомилот боздошт шудаанд.
Аз он ҷумла;
– гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 76852,5 кг ба маблағи 882588 сомонӣ (соли 2018-164543 кг ба маблағи 2747861 сомонӣ);
– шир ва маҳсулоти ширӣ 2054 кг ба маблағи 17017 сомонӣ (соли 2018
396 кг ба маблағи 5368 сомонӣ);
– маҳсулотҳои қаннодӣ 16028 кг ба маблағи 248311 сомонӣ (соли 2018
753 кг ба маблағи 12033 сомонӣ);
– намак 1672кг ба маблағи 1714 сомонӣ (соли 2018 кг ба маблағи 617с);
– маҳсулотҳои полезӣ 18666 кг ба маблағи 85490 сомонӣ (соли 2018
495 кг ба маблағи 3067 сомонӣ);
– хӯришҳои консервагӣ 11080 кг ба маблағи 145590 сомонӣ (соли 2018
616 кг ба маблағи 6270 сомонӣ);
– нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ 6787 дкл. ба маблағи 60351 сомонӣ
(соли 2018 3365 дкл. ба маблағи 31473 сомонӣ);
– орд ва маҳсулоти ордӣ 609,5 кг ба маблағи 5147 сомонӣ (соли 2018
3225 кг ба маблағи 9414 сомонӣ);
– равған 23063 кг ба маблағи 215799 сомонӣ (соли 2018 142 кг ба
маблағи 2033 сомонӣ);
– маҳсулоти тухми мурғ 363 кг ба маблағи 7206 сомонӣ;
– маҳсулоти гуногун 53 кг ба маблағи 1403 сомонӣ;
Тухми мурғ 13153 дона ба маблағи 7912 сомонӣ.
Инчунин, 1316 адад бозичаҳои пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда ба маблағи 1774 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз тарафи нуқтаҳои санитарию карантинии Хадамот дар сарҳад воридоти 457359 кг маҳсулот ба маблағи 5079561 сомонӣ ва 1003 дона бозичаи кӯдакона ба маблағи 5015 сомониро ба қаламрави ҷумҳурӣ роҳ надода, баргардонида ё реэкспорт карда шудаанд.
Аз он ҷумла;
– гӯшти парранда 360260 кг ба маблағи 4462740 сомонӣ;
– маҳсулоти ширӣ 4420 кг ба маблағи 26520 сомонӣ;
– қаннодӣ 21270 кг ба маблағи 106350 сомонӣ;
– ҳалво 4320 кг ба маблағи 34560 сомонӣ;
– нӯшокиҳои ташнашикан 4130 дкл. ба маблағи 16520 сомонӣ;
– маҳсулотҳои қаннодӣ 6580 кг ба маблағи 52640 сомонӣ;
– маҳсулоти полезӣ 2400 кг ба маблағи 12000 сомонӣ;
– тухми мурғ 26205 дона ба маблағи 15800 сомонӣ;
– зарфҳои пластикӣ 240 кг ба маблағи 1600 сомонӣ;
– тути хушк 22048 кг ба маблағи 264576 сомонӣ;
– донаи каду 5100 кг ба маблағи 76500 сомонӣ;
– хамираи дандоншӯйӣ 197 кг ба маблағи 3750 сомонӣ;
– анори тару тоза 357 кг ба маблағи 5355 сомонӣ;
– ширинии тут 20 кг ба маблағи 500 сомонӣ;
– петрушкаи тару тоза 12 кг ба маблағи 150 сомонӣ;
– бозичаи кӯдакона 1003 дона ба маблағи 5015 сомонӣ.
Назорати фаъолитяи иншоотҳои хӯроки умумӣ ва савдо
Дар 6 моҳи соли равон барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, иҷро накардани дастур ва пешниҳодҳои санитарӣ дар иншоотҳои хӯроки умумӣ ва савдо нисбати 4521 масъулин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ҷарима ба маблағи 887060 сомонӣ таъин карда шуда, фаъолияти 744 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо муваққатан боз дошта шуд. Ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 316 мавод ирсол карда шудааст.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ба 73 нафар шахсони масъули муассисаҳои стоматологӣ, ба 67 нафар шахсони масъули сартарошхонаҳо ва ба 135 нафар шахсони масъули иншоотҳои кошонаҳои ҳусн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба таври умум ба маблағи 60350 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, фаъолияти 79 муассисаҳои стоматологӣ 57 адад сартарошхонаҳо ва 91 иншоотҳои кошонаҳои ҳусн бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шудаанд.
Фаъолият дар самти аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ
Маркази аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2019 дар асоси нақшаи кории худ барои омодасозӣ ва худбаҳодиҳии муассисаи тандурустии пеш аз аккредитатсияи тиббии муассисаҳои давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе», «Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ваҳдат» ва «Пажуҳишгоҳи стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» корҳои мушаххасро ба анҷом расонид. Мониторинги пеш аз акредитатсионии 6 муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуд.
Ҳуҷҷатҳои 14 муассисаҳои дар соли 2018 аз аккредитатсияи тиббӣ гузаронидашуда барои баррасӣ ба Шӯрои аккредитатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолият дар самти аккредитатсияи муассисаҳои стоматологӣ (марказҳои стоматологӣ) таҳия карда шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи кордонии кормандони марказ ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷии мустақар дар кишвар идома дорад.
Баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Дар ин давра ба Хадамот дар умум 1411 муроҷиат ворид гардидааст: –
– 1194 адад аз шахсони ҳуқуқӣ ва 217 адад аз шахсони воқеӣ;
Аз 1194 адад муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ;
– 703 барои гирифтани рухсатномаи якдафъагӣ барои воридоти маводи доруворӣ;
– 85 адад барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
– 406 адад барои гирифтани сертификати бино мебошанд.
Аз инҳо 1183 муроҷиат пурра баррасӣ гардида, боқимонда 11 адад бо сабаби нарасидани ҳуҷҷатҳои лозимӣ бозпас гардонида шуданд.
Ба ҷои охирсухан
Бо зикри ин нуктаҳои муҳими нишондодӣ аз ҷамъбасти нимсолаи соли 2019 сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки вазъ дар соҳа нисбати солҳои пешин хеле тағёир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
– Дар сиёсати пешгирифтаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро самти афзалиятноки кишвар шуморидаанд. Сарвари давлат дар як суханрониашон иброз дошта буданд, ки: “Саломатии миллат – боигарии давлат аст”.
Эҳёи пурраи соҳаи тандурустии кишвар ва ҳамсола бунёду таҷдиди ҳазорон муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар шаҳодати воқеии ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Маҳз бо дастгирии Роҳбари давлат имрӯз хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъминот бо доруворӣ, молҳои гигению иловагиҳои биологӣ ва хӯроки кӯдакона ба таври беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз Хадамот дорои беҳтарин ташхисгоҳҳои замонавиву муосир буда, кормандон дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Олимзода Насим Хоҷаро сармашқи кори худ қарор дода, намегузоранд, ки ягон маводи ғайристандартӣ ё бе сертификати мутобиқату муҳлати истифодаашон гузашта, мавриди истифода қарор гиранд ва ҳамаи кормандон садоқату хизмат ба Ватану миллатро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан мебошанд.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Араали, Тешаали, Таварали и ича тда хозмагай гуфтаги барин ин кадар зикри конун ва ракамхоро дуст медорееедддд. ки бовар мекунад ба ракамхои шумо