“Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст”, – иброз дошт зимни як суҳбати ихтисосӣ Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода.

Дар идома Бекмуродзода С. Б. бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас аз бурду бохти соҳа, таъкид намуд, ки Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17с., №597 тасдиқ гардидааст, дар семоҳаи якуми соли 2022 корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.

Натиҷаи санҷишҳои нақшавӣ аз ҷониби Хадамот

Нақшаи санҷишӣ ва саволномаи санҷишӣ барои соли 2022 дар субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби сардори Хадамот тасдиқ шуда, фаъолияти санҷишии Хадамот дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра дар умум аз ҷониби Хадамот дар 419 адад муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Аз инҳо 374 адад санчишҳои нақшавӣ ва  45 адад санҷишҳои ғайринақшавиро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, 58 адад санҷишҳои муштарак дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шудаанд.

Вобаста ба камбудиву норасогиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла:

– нисбати 160 нафар кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ муҷозотҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 357 924 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд;

– барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 4 нафар корманди роҳбарикунанда ба унвонии вазорат пешниҳод манзур карда шуд.

– барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 80 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳо манзур гардиданд;

– барои гузаштан аз курси такмили ихтисос ба 27 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шуданд;

– фаъолияти 2 адад муассиса то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошт карда шуд.

Фаъолит дар самти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Тайи семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар 154 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Аз ин миқдор 116 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 38 адад санҷишҳои ғайринақшавиро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, санҷишҳои муштарак дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 18 адад гузаронида шудаанд.

Вобаста ба камбудиву норасогиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳо чораҳои зерин андешида шуданд:

– нисбати 58 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи 56660 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд;

– барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 80 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шуданд;

– барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 4 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шуданд;

– барои гузаштан аз курси такмили ихтисос 27 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шуданд;

– фаъолияти 2 адад муассисаҳои тандурустӣ муваққатан боздошт гардид.

Боиси таассуф аст, ки дар се моҳи соли 2022 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6 ходисаи фавти модарон: 1 ҳолат дар дастгоҳи марказӣ,  2 ҳолат дар вилояти Хатлон  ва  3 ҳолат дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рух додааст,ки мавриди баррасӣ қарор дорад.

Танзими фаъолияти хусусии тиббӣ

Айни ҳол 726 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ  (358 адад шахсони ҳуқуқӣ  бо 63 филиал  ва  305 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд.

Ҷойгиршавии муассисаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба тартиби зайл мебошанд:

шаҳри Душанбе  -206 адад (бо 10 филиал);

шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 106 (бо 8 филиал) адад;

вилояти Суғд – 264 адад (бо 35 филиал);

вилояти Хатлон, (аз ҷумла, минтақаи Бохтар 84 адад (бо 7 филиал), минтақаи Кӯлоб  54 адад (бо 2 филиал));

ВМКБ – 12 адад.

Дар ҳамин ҳол, муассисаҳои бисёрсоҳавӣ бо статсионарҳо дар ҷумҳурӣ  94 ададро ташкил намуда, аз 2254  кат иборат мебошанд.

Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4756 нафар, аз ҷумла: 1904 нафар табибон, 1840  нафар кормандони миёнаи тиб, 1012 нафар кормандони ёрирасон фаъолият мекунанд:

– шаҳри Душанбе ва НТҶ – 519 кат (312 кат – Осоишгоҳ)

– вилояти Хатлон –  216 кат (311 кат- Осоишгоҳ)

– вилояти Суғд – 1469 кат (2218- Осоишгоҳ)

– ВМКБ  – 50 кат (310 кат Осоишгоҳ)

Дар муассисаҳои мазкур дар маҷмуъ 18 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият менамоянд:

5 нафар – Ҷумҳурии Исломии Эрон;

5 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер – Ҷумҳурии Халқии Хитой;

4 нафар – Ҷумҳурии Ҳиндустон;

2 нафар – ИМА;

2 нафар – Федератсияи Россия.

Санҷишҳо дар самти назорати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Шумораи санҷишҳои нақшавӣ 26 адад, нисбати 13 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи 14080 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи омодабошӣ ва барои таъмини самараноки хизматрасонии тиббии шабонарӯзӣ ба аҳолии шаҳр ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 51 (110) муассисаҳои тиббӣ мониторинг ва рейдҳои шабона гузаронида шуданд.

Дар ин давра ҳамчунин тавассути Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ 2 маротиба баромаду мусоҳибаҳо ташкил гардида, мақолаҳо ба тасвиб расонида шуданд.

Фаъолият дар самти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2022 дар самти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Минҷумла, вобаста ба омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот дар самтҳои зерин як зумра корҳо анҷом дода шуданд:

  1. Дар бахши маводи доруворӣ:

Дар ҷумҳурӣ воридоти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ маблағи умумии 615 445 093 сомониро ташкил медиҳад, ки ин  ба 53 699 488 $ баробар аст, аз ҷумла:

– ёрии башардӯстона   –  485 714 345 сомонӣ бо доллар  42 586 859 $;

– барои хариду фӯруш  – 120 044 932 сомонӣ бо доллар  10 295 636 $;

– бо мақсади истифодабарӣ – 9 685 815 сомонӣ бо доллар  816 993 $;

Содирот бошад, ба маблағи  38 604 300 сомонӣ бо доллар 3 290 000 $  баробар  мебошад.

  1. Дар бахши маводи ороишӣ – гигиенӣ:

Дар давраи ҳисоботӣ  рухсатномаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағи умумиашон ба 133 425 234  сомонӣ бо арзи хориҷӣ   10 939 977 доллари ИМА баробар аст.

  1. Дар бахши моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ:

Дар се моҳи соли равон 8 шаҳодатнома барои воридоти маводи нашъадор ва психотропӣ дода шудааст.

Назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3009 муассисаи фармасевтӣ  фаъолият менамояд: дар шаҳри Душанбе 595 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 421 муассисаҳои фармасевтӣ, дар Вилояти Хатлони минтақаи Бохтар  677 муассисаҳои фармасевтӣ, дар Вилояти Хатлони минтақаи Кӯлоб 346 муассисаҳои фармасевтӣ, дар Вилояти Суғд 895 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ВМКБ 75 муассисаҳои фармасевтӣ.

Дар самти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ бо 137 қарор фаъолияти 139 муассисаҳои фармасевтӣ, бо 49 қарору фармоиш 50 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дар асоси  76 қарор 76 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиениро  зери назорат қарор дода шуданд.  Инчунин дар асоси 8 мактуби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар 58 муассисаи фармасевтӣ дар якҷоягӣ кормандони мақомотҳо санҷишҳо гузаронида шуданд.

Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 238 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 1978 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 180 номгӯй маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 1297 адад, 55 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 678 адад ва 3 номгӯй маводи дорувории ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда ба миқдори 3 ададро ташкил мекунад.

Инчунин, мувофиқи мактубҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 2 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 52398 адад тибқи санад  гирифта шуданд.

Аз муомилот баровардани маводи доруворӣ ва ороишиву гигиении бе сертификат ва муҳлаташон гузашта

Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 103 номгӯй маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 465 адад ва  2 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори  2 адад, дар асоси санади гирифт аз муомилот гирифта шуданд.

Дар се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуктаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ 76 номгӯй маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 340 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 15268 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд, аз он ҷумла:

– 15226 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, ки аз ин  4206 кг доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо санад гирифта шуда, боқимонда 11020  кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта, ки бо мактуб аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар ширкатҳои воридкунанда ба Хадамот супорида шудаанд.

– 42 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи мӯҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификати мутобиқат, ки ҳамаи 42 кг маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта бо мактуб аз тарафи соҳибкорон ва дигар ширкатҳо ба Хадамот супорида шудаанд.

Дар ин давра 102 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони воқеии муассисаҳои фармасевтӣ,  табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ  тартиб дода, ба маблағи умумии  301 264 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, аз он ҷумла:

–        шуъбаҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 69 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағӣ 192 600 сомонӣ,

–        шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳои Хадамот 1 протоколу қарор ба маблағи  4480 сомонӣ,

–        шуъбаҳои назорати давлатии маводҳои ороишии гигиении  Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 13 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 41600 сомонӣ.

– шуъбаҳои назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 19 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 62584 сомонӣ.

Ташхису озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ

Шуъбаҳои аккредитатсия ва назорати намояндагиҳои тиббии  Сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва дар вилоятҳо дар се моҳи соли 2022 аз тарафи шуъбаҳои дахлдори сарраёсатҳо ва ширкатҳои ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ ба миқдори 553 дархост ҳуҷҷатҳои лозимаро  барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ қабул намуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз инҳо ба 551 ҳуҷҷат қонеъ гардонида шуда ба 1 ҳуҷҷат ҷавоби рад гардонида шуд. Аз инҳо  476 бастаи ҳуҷҷат аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, 74 ҳуҷҷат аз тарафи нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд ва 1 сехи истеҳсолӣ мебошанд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ се моҳи соли 2022-ум 8738 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузарониданд, ки аз онҳо 7967 адад  аз воридот, 78 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шуданд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 357 намуна истеҳсоли ватанӣ 193 бақайдгирӣ, 130 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 166 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор маводи зери ташхис қарордодашуда ба 8874 адад сертификатҳои мутобиқат ва 39 намунаи онҳо бошад ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд, ки аз ин 2 намунашон дар вақти воридот, 37 намунаашон аз муомилот ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Ғайр аз ин, 8972 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор дода шуданд, ки аз онҳо 8759 адад аз воридот, 60 адад аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 151 адад истеҳсоли дохилӣ гирифта шуданд.  Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарордодашуда ба 9280 адад сертификати мутобиқат ва  18 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд, ки аз ин миқдор 18 намуна аз муомилот аз нуқтаҳои фурӯш ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Фаъолият дар самти аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ

Нақшаи кории Маркази аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ барои соли 2022 таҳия ва аз ҷониби сардори Хадамот тасдиқ карда шуд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар асоси нақшаи мазкур дар 2 муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла ҶДММ “Марвориди Сугд” ш.   Хучанд ва ҶДММ “Дента” ш.   Хучанд расмиёти аккредитатсия гузаронида шуд.

Ба 40 адад муассисаҳои аз аккредитатсияи тиббӣ гузаронидашуда аз ҷониби Шӯрои аккредитатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои аккредитатсионӣ дода шуданд.

Баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот дар умум 36 адад муроҷиат аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид гардиданд, ки 33 ададашонро муроҷиатҳои хаттӣ ва 3 ададашонро муроҷиатҳои шифоҳӣ  ташкил медиҳанд.

Мавзӯи муроҷиатҳо асосан аз масъалаҳои зерин иборат аст:

– риоя нагардидани одоби муошират аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ;

– вобаста ба ташхис ва табобати нодуруст;

– оид ба масъалаи барқарор намудан дар ҷойи кор ва муносибатҳои корӣ дар байни кормандони МТП;

– кӯмак барои табобат ва дастгириҳои иҷтимоӣ;

– оид ба талаб намудани маблағи ғайрирасмӣ барои табобат;

– оид ба муайян намудани сабабҳои фавт;

– оиди бозпас гардонидани маблағ барои табобат;

– қаноатманд набудан аз хулосаи машварати судӣ-тиббӣ ва ғ.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 30 ададашон баррасӣ гардида, ба муаллифони онҳо ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шуданд.

Султон Бекмуродзода бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин бо итминон иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ҳамчун як сохтори муҳимми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, щифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷащду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь