Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” хабарнигори МТЖТ бо директори коллеҷи мазкур Исматов Сулаймон Султонович суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМ ва И ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Номбурда ҳамзамон изҳор дошт, ки дар остонаи 30- солагии Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва аз ин фурсати муносибат истифода карда, тамоми ҳамватанони азизро бо ин санаи ҳумоюн муборакбод мегӯям ва орзу мекунам, ки кишвари азизамон пояндаву ҷовидон бимонад.
Сохтор ва ихтисосҳои коллеҷ
Мавсуф ҳамзамон иттило дод, ки дар муассиса шуъбаи кадрҳо, шуъбаи таълим, шуъбаи муҳосибот, қисми таҷрибаомӯзӣ, бахши сифати таҳсилот, се факулта: факултаи «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, факултаи «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, факултаи «Кори фармасевтӣ», даҳ кафедраи фаннӣ- кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ”, кафедраи “Кори ҳамширагӣ”, кафедраи “Кори фарматсевтӣ ва кимиё”, кафедраи “Фанҳои тиббӣ-клинкӣ”, кафедраи “Момоӣ ва педиатрия”, кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва кори дандонсозӣ”, кафедраи “Забонҳо”, кафедраи “Варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ” ва “Фанҳои дақиқ ва риёзӣ”, китобхона ва қисми хоҷагидорӣ фаъолият доранд.
Донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд:
«Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори ҳамширагӣ» шабона, «Кори лабораторӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Беҳдошт, санитария, эпидем.» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори момодоягӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори фарматсевтӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори фарматсевтӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори дандонсозӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори табобатӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти ихтисоси «Кори ҳамширагӣ дар косметология» бинобар сабаби талаботи ками довталабон қатъ карда шуда, ихтисоси «Кори табобатӣ» аз моҳи марти соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Базаи кадрӣ
Дар идомаи суҳбат директори коллеҷ афзуд, ки дар муассиса айни ҳол шумораи умумии кормандон ба ҳолати имрӯза 208 нафар, шумораи умумии омӯзгорон 186 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 123 нафар омӯзгорони асосӣ ва 66 нафарро омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ ташкил медиҳанд. Санҷиш маълум намуд, ки 2 нафар дорои унвони илмӣ, 4 нафар унвонҷӯ, 3 нафар дорандаи “Медали хизмати шоиста”, 24 нафар дорандаи унвони соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 11 нафар дорандаи унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, 1 нафар дорандаи унвони “Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд. Кормандони хурди техникӣ 19 нафарро ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 12-и нақша-чорабиниҳои Ҳукуматӣ санаи 27-уми август озмуни ишғоли ҷойҳои нави корӣ барои омӯзгорон баргузор гардида буд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки аз 22 нафар довталабон 14 нафар аз озмун бомуваффақият гузаштанд ва айни замон ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул карда шуданд.
Тарбия
Дар боби тарбия дар коллеҷ мавсуф сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки самти тарбия фаъолияти кории худро дар асоси талаботи мавҷудаи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи солона ба роҳ монда, ба пешрафт ва тарбияи донишҷӯён дар руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, дарки инсондӯстӣ ҷидду ҷаҳди худро баҳри баланд бардоштани сухан, рафтор, гуфтор дар муассиса ҷорӣ намуда, ҳамзамон дар асоси фармоиш ва дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор фаъолият менамояд.
Муофиқи нақшаи тасдиқгардида оид ба корҳои тарбиявӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” дар соли таҳсили ҷорӣ баҳри татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза маъмурият кори таълиму тарбияи ҷавононро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ободии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб саҳми арзанда мегузорад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар муассиса яке аз самтҳои муҳими худ дониста барои дар амал иҷро намудани он сайъу кӯшиш менамоянд.
Моҳи январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи муассиса бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ва моҳи феврали соли 2024 намояндагони ҳукумати маҳаллӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ доир ба шарҳу тавзеҳи самтҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Инчунин моҳи феврал маъмурияти коллеҷ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни муассиса бахш ба бахш ва факулта ба факулта тибқи ҷадвали тасдиқгардида сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Дар муассиса Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии радикализми динӣ, хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа барои солҳои 2024 -2025 моҳи феврали соли ҷорӣ таҳия шуда, аз ҷониби директор тасдиқ гардидааст.
Санаи 20-уми март дар муассиса ҷашни Наврӯз бо тантана таҷлил гардид. Аз ҷониби донишҷӯён барномаҳои консертӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили бандкашӣ ва гӯштингирӣ баргузор карда шуд. Ҳамзамон санаи 22.03.2024 дар чорабинии шаҳрии таҷлили ҷашни Наврӯз омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
Моҳи апрел донишҷӯдухтарони муассиса дар озмуни “Сад ранги чакан”, ки дар ш. Турсунзода баргузор гардид, иштирок намуданд. Сипас дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки дар ш. Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби Диплом гардиданд, инчунин шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон фаъолона ширкат варзиданд.
Бояд тазаккур диҳам, ки дар тамоми ҷорабиниҳои давлатӣ донишҷӯёну кормандони коллеҷ фаъолона иштирок мекунанд, азбаски дар инҷо имкони ҳамаи чорабиниҳоро бозгӯ кардан нест, ба таври муъҷаз чандтои онро ишора кардем.
Корҳои илмӣ- методӣ
Дар мавриди вазъи илму метод дар коллеҷ директори коллеҷ андеша ронда, минҷумла қайд кард, ки бояд қайд намуд, ки дар коллеҷ аз соли 2010 то инҷониб кабинети методӣ фаъолият дорад ва дар асоси нақшаи кории солона тамоми чорабиниҳои илмӣ- методӣ амалӣ карда мешаванд. Дар асоси нақшаи кории солона дар ҳар ду моҳ, шурои методӣ гузаронида мешавад, ки дар давоми нимсолаи якуми соли таҳсили ҷорӣ масъалаҳои такмили савияи касбии омӯзгорон, пешбарии таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, зиёд намудани номзадони илм ва кор бо мутахассисони ҷавон баррасӣ мегарданд. Вобаста ба ин дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, бахши идоракунии сифати таҳсилот, деканҳо, мудирони кафедраҳои таълимӣ ва мутахассисони ҷавон ҳамкорӣ ба роҳ гузашта шуда, тибқи талабот хуҷҷатдорӣ ва коргузорӣ ба тартиб дароварда шудааст. Тибқи дастуру супоришои мақомоти сарпараст дар кафедраҳои таълимӣ мутахассисони ҷавон ба омӯзгорони пуртаҷриба вобаста гардида, ҷиҳати такмил додани маҳорати касбӣ кор меомӯзанд. Инчунин дар омодасозии модулҳои лексионӣ корбарӣ менамоянд.
Ҳамчунин барои ҷоннок намудани фаъолияти касбӣ дар якҷоягӣ бо бахши идоракунии сифати таҳсилот ҷадвали таҳия ва нашри мақолаҳо ва дастурамалу китобҳои методӣ аз ҷониби омӯзгорон ташкил карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ соли таҳсил аз тарафи омӯзгорон зиёда аз 24 мақолаҳои гуногун дар рӯзномаҳои даврӣ ва маҳалӣ таҳия ва чоп гардиааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар давоми 7 моҳ марҳила ба марҳила ба адади 54 дарси омӯзгорон таҳлил карда шуд, инчунин дар кафедраҳо дар асоси ҷадвали тасдиқгардида дарсҳои кушоду намунавӣ, маҳфилҳо, озмунҳо мунтазам гузаронида мешаванд. Бо хамкории бахши идоракунии сифати таҳсилот марҳила ба марҳила санҷиши кафедраҳо гузаронида шуда, дар вақти санҷиш маълум карда шуд, ки омӯзгорон бо ҳаммаи маводҳои таълимӣ таъмин буда, силабусҳо аз тарафи шуъбаи таълим Муовини директор оид ба таълим тасдиқ карда шудааст. Дар кафедраҳо омӯзгорони ҷавон ба омӯзгорони таҷрибадор вобаста карда шуда, ҷадвал тартиб дода шудааст.
Санаи 15-уми апрели соли 2024 Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба зодрӯзи қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Айнӣ машъалафрӯзи адабиёти муосир” баргузор гардид.
Аз санаи 05.04.2024 то 02.05.2024 олимпиадаҳои фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ баргузор гардида, ғолибон муайян карда шуданд.
Дар муассиса санаи 21-уми май бо ташаббуси омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” конференсияи илмӣ амалии “Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар конференсия донишҷӯёни факултаҳо фаъолона иштирок намуда, таассуротҳои наҷиб ба худ касб намуданд. Инчунин санаи 8 май бахшида ба соли 2024 эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ дар муассиса бо иштироки роҳбарони коллеҷу литсейҳои шаҳр ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон-асоси таҳкими давлати ҳуқуқбунёд” гузаронида шуд. Дар конференсия намояндагони коллеҷу литсейҳои шаҳри Турсунзода мақолаҳои илмии худро манзури ҳамагон гардониданд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ва “Илм- фурӯғи маърифат” бояд қайд намуд, ки даври якуми озмунҳои номбурда дар муассиса баргузор гардид. Натиҷаҳо нишон дод, ки дар даври якуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – 154 нафар (омӯзгорон ва донишҷӯён) иштирок намуда, ба даври шаҳрӣ 28, ки аз инҳо 20 нафар донишҷӯён ва 8 нафар омӯзгорон мебошанд роҳ ёфтанд. Аз 28 нафар иштирокчиён 1 нафар омӯзгор ва 5 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври минтақавӣ роҳ ёфтанд. Ба даври ҷумҳуриявӣ бошад як нафар донишҷӯ бо ишғоли ҷойи дуюм роҳ ёфт. Дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” ҳамагӣ 36 нафар дар даври якум иштирок намуда, ба даври дуюм (шаҳрӣ) 6 нафар роҳ ёфтанд. Аз шаш нафар иштирокчиён ба даври ҷумҳуриявӣ се нафар роҳ ёфтанд. Даври ҷумҳуриявӣ ҳанӯз ҷамъбаст нагардидааст. Дар озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” ҳамагӣ 6 нафар донишҷӯён ба даври минтақавӣ роҳ ёфтанд. Дар даври минтақавӣ донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, як нафар ба даври ҷумҳуриявӣ бо ишғол намудани ҷойи дуюм роҳ ёфт. Дар озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҳамагӣ 300 нафар донишҷӯён дар даври якум иштирок намуданд. Дар даври шаҳрӣ шаш нафар донишҷӯён роҳ ёфтанд. Донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Санаи 29.09.2024 даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ҷамъбаст гардид, ки ду нафар донишҷӯён сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ