Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шабакаи КАТСи шаҳри Левакант хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори шабакаи мазкур Ғуломов Баҳодур Сафаралиевич суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда нахуст иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли 2024 аз тарафи кормандони Шабакаи Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант корҳои назаррас баҳри беҳбудии саломатии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи бемориҳои сирояткунанда ва баҳри иҷроиши фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Барномаҳои миллии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант иҷро карда шудаанд. Маҷмуи дастурҳо, қонунҳо, қарорҳо ва фармоишҳое, ки аз тарафи сохторҳои болоӣ оид ба равнақбахшии соҳаи тандурустӣ ирсол шудаанд, барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбути соҳаи тандурустии шаҳр бешубҳа кӯмаки амалӣ мерасонанд.

Сохтор ва хизматрасонӣ

Ҳамчунин, номбурда афзуд, ки дар ҳайати Шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант чунин муассисаҳо фаъолият доранд: Маркази саломатии шаҳрии 1, Маркази саломатии деҳоти 4, бунгоҳҳои тиббӣ 13 адад мебошанд.

Шумораи умумии аҳолии шаҳри Левакант 52525, кӯдакони то 1-сола 1320, кӯдакони то 5-сола 6602, кӯдакони то 14-сола 18744, то 17-сола 21341 нафар мебошанд.

Амалигардонии барномаҳо

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки аз тарафи маъмурияти муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант барои пеш бурдани иҷроиши Барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустӣ қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъул таъин шудаанд ва фаъолият намуда истодаанд. Аз он ҷумла, ба солимии репродуктивӣ, иммунизатсия, ҲАБС, бемориҳои кӯдакона, зидди бемориҳои ҷоғар, зидди беморҳои сил (ДОТС), зидди бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва ВНМО, зидди бемориҳои камхунӣ то (норасоии оҳан), пешгирӣ, ташхис, зидди диабети қанд ва фарбеҳӣ.

Таҷҳизотҳое, ки аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ба КАТС ворид гардиданд, ренгени рақамӣ, УЗӢ, ЭКГЕ, сабти барқии дил. Бо маблағгузории ширкати JICA ба ду бунгоҳи тиббӣ таҷҳизотҳои лозимии тиббӣ таъмин гардид. Дар доираи барномаи “миллати солим” се маркази саломатии шаҳрию деҳотӣ таъмир шуданд. Ба таври ҳашар як маркази саломатӣ аз таъмир бароварда шуда ва ҳамчунин, бо таҷҳизотҳо таъмин карда шуд. Барои нигоҳдории мошинҳои ёрии таъҷилӣ низ болопӯш сохта ба истифода дода шуд. Саҳни бино ва роҳравҳои он сафолакпӯш карда, гирду атрофашро бо ниҳолу гулҳои мавсимӣ зебо гардонида шуд.

Базаи кадрӣ

Номбурда ҳамзамон иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли 2024 дар муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант 31 духтур ва 170 ҳамшираи шавқат кор карда истодаанд. Коркунони хурди тиб 47 нафар, кормандони ғайритиббӣ 28 нафар, дар умум 274 нафар корманд кор ва фаъолият доранд. Норасогии табибон 9 нафар мебошад, аз ҷумла табиби оилавӣ 4, табиби наркологӣ 1 ва руҳӣ 1, табиби бемориҳои ҷарроҳи кӯдакона 1, табиби пусту зуҳравӣ 1, табиби чашм 1. Дар 6 моҳи соли равон 8 нафар табиб ва 67 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.

Хизматрасонӣ

Мавсуф қайд кард, ки маблағи буҷетӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои Шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант 2199505,73 сомонӣ ташкил менамояд.

Аз гузаронидани муоинаи тиббӣ 32509 сомонӣ ворид шудааст. 201 нафар ба таври ройгон хизматрасонӣ карда шудаанд, ки маблағи 2708 сомониро ташкил медиҳад. Дар шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ аз 2-юми декабри 2008, №600 амал менамояд, ки дар 6 моҳ ба 27244 сомонӣ, ҳампардохт ҷамъоварӣ шудааст.

Барои иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2004 «Дар бораи тасдиқи нақшаи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ барои соли 2024» нақшаю чорабиниҳо тартиб дода шудааст.

Айни ҳол занҳои қобили таваллуд 13081 нафар мебошанд. Истифодабарандагони маводҳои контросептивӣ 4332 нафарро ташкил медиҳад.

Оиди фаъолияти Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона (ОРИ), (БДБ) дар соли 2024 дар муассисаҳои КАТС нуқтаҳои обнӯшонии бемориҳои диарея ташкил карда шудаанд. Маводҳои доруворӣ аз тарафи Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таъмин карда мешаванд.

Дар 6 моҳи 2024 мувофиқи ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 795 навзод таваллуд шудааст, ки аз ин шумора 795 навзод дар шуъбаҳои таваллудхонаҳои шаҳри Левакант ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваллуд шудаанд. Зидди бемории сил 780 навзод (98,6%), бемории фалаҷи канора 795 навзод (100,0%) ва Зардпарвин В 795 навзод иммунизатсия гирифтаанд, ки (100,0%)-ро ташкил медиҳад.

Барои сафарбаркунии ҷомеа нисбати дар сатҳи баланд ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон маркази иммунопрофилактика ва дигар муассисаҳои КАТС дар якҷоягӣ бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ корҳои оммафаҳмонӣ бурда истодаанд. Дар давраи тадбиқи барнома аз соли 2021 то соли ҷорӣ 302 нафар ба қайд ва зери назорати диспансерӣ гирифта шудааст. Ҳуҷраи табиби кардиолог: Айни ҳол шумораҳои бемориҳои зери назорати диспансерӣ буда, 324 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 64 нафараш кӯдакон ташкил медиҳад. Шумораи бемориҳои диспансери дил 109 нафар, аз ин шумора 90 нафар калонсолон ва 19 нафари онҳо кӯдакон мебошад.

Ҳуҷраи табиби осебшинос: Як нафар табиб ва як нафар ҳамшира кор ва фаъолият карда истодааст. Ҳамагӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 114 нафар бемории дар қайдбуда диспансерӣ, 14 нафар, осебдидагон аз ҳайвонот 4 нафар.

Ҳамсуҳбати мо дар фарҷоми суҳбат изҳор дошт, ки талошу кӯшиши мо барои беҳтаргардонии соҳаи тиб равона гардидааст ва талош мекунем саҳми арзандаи худро дар пешрафти соҳаи тиб гузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь