Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии №8-и шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Табарзода Шерхон Ҳукмат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Табарзода Шерхон қайд кард,  ки бинои  МД Маркази саломатии шаҳрии №8 дар соли 1969 сохта шудааст ва то соли 1996 дар ҳайати иттиҳодияи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №5 ва Беморхонаи клиникии кӯдаконаи №2 дохил буда, ҳамчун дармонгоҳи шаҳрии №1
фаъолият менамуд. Аз 1-январи соли 1996 бо Қарори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Қарори Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ №506 аз 30.12.1996 сол ҳамчун муассисаи табобати профилактикии мустақил ба фаъолият шурӯъ намудааст. Фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №8» мувофиқи Қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе №50 аз 27.03.2003 сол, Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии марказ №0210005052 аз 16.02.2010 сол ва Оиннома, ки бо фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе №79 аз 26.03.2018 сол тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №8» бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи тандурустӣ таъмин карда шуда, фаъолияти он тибқи меъёрҳои муқаррар намудаи санадҳои мазкур амалӣ карда шуда истодааст. Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №8” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хиёбони Рӯдакӣ 186 ҷойгир мебошад.
Иморати Марказ аз 3-ошёна иборат буда, дар Марказ 3 шуъбаи тиббӣ- оилавӣ; шуъбаи солимии репродуктиви шуъбаи ташхисӣ ва машваратӣ: (шуъбаи дандонпизишки шуъбаи физиотабобат; шуъбаи рентгенӣ; шуъбаи лабораторӣ; ҳуҷраи сабти барқи дил; ҳуҷраҳои соҳаҳои маҳдуд); ҳуҷраи барномаи ДОТС ва маъмурияти МД “Маркази саломатии шаҳрии №8” фаъолият менамоянд.

Хидмати шоиста ба мардум

Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №8” ба 50810 нафар аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хизмати тиббӣ- санитарӣ мерасонад, ки аз онҳо: мардҳо – 25174, занҳо – 25636, занони қобили таваллуд – 12139, кӯдакони аз 0-1 сола – 1012, кӯдакони то 15 сола – 15330, наврасон 15-18 сола – 4934, калонсолон аз 18 сола боло – 30546, аз 80 сола боло – 836 нафарро ташкил медиҳанд. Радиуси хизматрасонии муассиса 24км мебошад. Минтақаҳои дурдасти муассиса ин деҳаҳои Навобод, Алҳитой ва Деҳнаваки боло мебошад. Дар миқёси муассиса 7- боғчаи давлатӣ: №4, 6, 8, 34, 41, 45, 121, 3-боғчаи хусусӣ ва 12- мактаби таҳсилоти умумӣ: №8, 10, 12, 13, 26, 34, 44, 62, 68, 69, 70, литсеи №1, 2-мактаби таҳсилоти ибтидоии ғайридавлатӣ; литсеи касбӣ- техникии нақлиёти автомобилӣ; чор донишгоҳ ва 1
донишкадаи олӣ: Донишгоҳи аграрии Точикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббиӣ Тоҷикистон, Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Исломӣ ва як корхонаи саноатӣ вуҷуд дорад. Донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ зиёда аз  29598 нафар, донишҷӯёни донишкадаи миёнаи махсус зиёда аз  510 нафар, коргарони корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 1078 нафарро ташкил мекунанд. Дар онишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дармонгоҳҳои тиббӣ барои донишҷӯён фаъолият менамояд. Дар маҳаллаи Неругоҳи барқии Варзоби боло ва Аҳрор Мухтор амбулаторияиои тиббӣ- оилавӣ ҷойгиранд, ки ба 14680 нафар (НБВБ – 5247 нафар; Аҳрор Муҳтор –
9433 нафар) хизмати тиббӣ мерасонанд. Аз соли 2006 хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №8», пурра ба тариқи тиббӣ- оилавӣ ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №584 аз 31.10.2005 ҳудуди хизматрасонӣ ба 15 минтақа ҷудо карда шудааст (дар ҳар як минтақа аз 1200 то 1500
нафар аҳоли сину сол аз навзод то пиронсол). Дар Марказ 3- шуъбаи тибби-оилавӣ ва 2-амбулаторияи тиббӣ-оилавӣ (амбулаторияи Аҳрор Муҳтор ва амбулаторияи Неругоҳи барқии Варзоби боло) вуҷуд дорад, ки дар он: 20 табиби оилавӣ ва 45 ҳамшираи тиббӣ-оилавӣ фаъолият мекунанд. Ҳамаи табибони оилавӣ ва кормандони хурди тиб бо бордонҳои тиббӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш таъмин карда шудаанд.

Назорати доимӣ

Дар самти назорати пайваста ва солимгардонии беморон дар муассиса гуруҳи корӣ аз ҳисоби табибони оилавӣ ва табибони машваратгар ташкил карда шудааст. Дар якҷоягӣ, табибони оилавӣ ва табибони машваратчӣ баъд аз назорати пурраи тиббӣ. Хулоса, оид ба вазъи саломатии беморон бароварда, нақшаи солимгардонии беморон тартиб дода мешавад. Дар давоми рӯз табибони оилавӣ ва табибони машваратчӣ ба аёдати беморон дар хона дастрас буда, дар соатҳои корӣ даъвати ёрии тиббии таъҷилӣ камтар гардидааст. Зери назорати диспансерии МД МСШ №8 ҳамагӣ 12-моҳи соли 2023- 8740 нафар бемор қарор дорад. Дар ҷои аввал – бемории фишорбаландии шараёнӣ (1022 нафар), ҷои дуюм – бемории гурда ва роҳҳои пешобгузар (803 нафар), ҷои сеюм – бемориҳои узвҳои ҳозима (786 нафар), бемориҳои ғадудҳои даруни (754 нафар), бемории камхунӣ (364 нафар), бемориҳои роҳҳои нафас (169 нафар) мебошад. Аз назорати диспансери бо сабабҳои солимгардонӣ- 563 нафар (12.6%), бо сабабҳои иваз кардани ҷои истиқомат – 489 нафар (8.8%), бароварда шуд. Таъминоки бо дастурҳои клиники дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №8” ҷиҳати амалишавии дастурҳои клиники аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда: «Маҷмуи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморон дар сатҳи кумаку аввалияи тиббию санитарӣ» ва «Стандартҳои миллӣ оид ба назорат ва нигоҳубини антенаталӣ яангоми ҳомиладории физиологӣ» 100%-ро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин мутахассисони соҳавии муассиса бо дастурҳои клиникии ташхису табобатии бемориҳои гурда, чашм, асаб, гуш, гулӯ, бинӣ, эндокринологӣ, кардиологӣ, урологӣ, осебшиносӣ, ревматологӣ, гастроэнтерологӣ таъмин карда шудаанд. Бо фармоиши директори марказ гуруҳи мониторинг аз ҳисоби муовинон, мудирони шӯъбаҳо аз рӯи индикаторҳои сифати хизматрасонӣ ва татбиқи протоколҳои клиникӣ ташкил карда шуда, дар як ҳафта як маротиба мониторинги дохили гузаронида, дар ҷаласаи кормандони муассиса аз натиҷаи он ҳисобот дода мешавад. Инчунин, аз тарафи муовинон ва мудирони шуъбаҳо омӯзиши мунтазам оид ба воридсозии протоколҳои клиникӣ дар байни табибон ташкил карда шудааст. Фоизи татбиқи протоколҳои клиникӣ дар 12-моҳи соли 2023 – 94,8%-ро ташкил кард.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Баҳри иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 07.08. соли 2014 «Оид ба такмилдиҳии низомии пешгирии бемориҳои сироятӣ ба воситаи ваксинаи идорашаванда» аз тарафи муовини директор оид ба модару кӯдак ва аз тарафи иммунологи муассиса санҷиши таърихҳои амбулатории кӯдакони аз 0-5 сола гузаронида шуда, бо мақсади омӯзонидан ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани донишу масъалаҳои ваксинаторон оид ба «Маълумот оиди ваксинаҳо ва тарзи ворид намудани онҳо» бо табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ- оилавӣ оид ба фаъол намудани назорати дарёфти бемориҳо корҳои методи гузаронида мешавад. Бо ҳамаи табибони нав ба кор омада, оид ба «Бемориҳои шадиди фалаҷи суст, сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, гулафшон, сурхча ва ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия, бақайдгирии саривақтии бемориҳо дар манбаъ» дастурамал гузаронида шуд. Дар байни аҳолии ҳудуди ҳизматрасонии муассисаи мазкур бо дастгирии Шӯрои занони маҳалла аз ҷониби табибони оилавӣ, мутассадии Барнома ва мутассадии ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба манфиати иммунизатсия, пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар шуъбаи тавонбахшии МД “Маркази саломатии шаҳрии №8” дар 12-моҳи соли 2023 ба 3868 нафар беморони эҳтиёҷманд ба воситаи таҷҳизот ва лавозимотҳои тибби 10248 амалиёт гузаронида шуд, ки аз инҳо 3868 бемор табобатро пурра гирифтанд. Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2016 сол №374 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» аз тарафи шахси мутассади нақша – чорабиниҳо таъсис ва тасдиқ карда шуд. Дар 12-моҳи соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №8” ҳамагӣ 695 нафар шахсони никоҳшаванда: 365 нафар ҷавонписарон ва 330 нафар ҷавондухтарон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Ба онҳо дар Муассисаи мазкур ба таври ройгон муойнаи тиббӣ, муоинаи флюрография (ба маблағи 5560 сомонӣ) гузаронида шуда, барои супоридани таҳлилҳои хун, барои гепатитҳои “В ва С”; хун барои ВНМО ва хун ба аксуламали Вассерман ба марказҳои соҳавӣ фиристода шуданд. Дар байни никоҳшавандагон давоми 12-моҳи сипаригашта ягон нафар беморони гирифтори гепатитҳои вируси ва ВНМО дарёфт
нашуданд. Бо ҳамаи никоҳшавандагон суҳбатҳо оид ба тарзи ҳаёти солим, танзими оила, таъсири бемориҳои сироятиӣ ба саломатии насл, оқибатҳои ҳешу таборӣ гузаронида шуданд.

Корҳои ободонӣ

Дар соли 2023 ба тоза намудани  гирду атрофи муассиса аҳамияти ҷидди дода шуда, корҳои рангу боркунӣ, тоза кардани ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо ва алафҳои худрӯй, тоза кардани майдончаҳои назди муассиса, инчунин, таъмири роҳравҳои назди муассиса ҳамвор ва асфалтпуш карда шуданд ва шинонидани гулҳои мавсимӣ (1000 адад), дарахтони мавсимӣ (40 адад), ҳамчунон гирду атрофи муассиса дар масофи 300 метри мураббаъ бо газон сабзпуш карда шуд.

Мафтуна ВАҲҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь