Чеҳраи кушодаи табиб – оғози табобати бемор ва ҳамдардӣ ба бемор бошад, ҳаракати асосии ақл ва қалби табиб мебошад, гуфтаанд бузургон ва ҳақ ба ҷониби онҳост.

Яке аз беҳтарин шириниҳо – ин эҳсоси саломатист. Вақте мо аз чанголи дард раҳо мешавем, баъдан ба қадри саломатии худ ва заҳмати табибон мерасем, ки онҳо барои саломатии моро барқарор кардан, чӣ заҳматҳое мекашанд. Мо ин ҷо аз фаъолияти кормандони Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров сухан мекунем. Онҳо ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва берун аз он ёрии тиббиӣ худро мерасонад. Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббиӣ аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд.

Иқтидори беморхона ва табибон

Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров дорои 40 шӯъба буда, аз 406 кати бистарӣ иборат мебошад, аз ин 40 шӯъба 24 тоаш дорои катҳои бистарӣ буда, боқимонда 16 шӯъбаи дигар ҳамчун шӯъбаҳои ёрирасон ба ҳисоб мераванд. Аз инҳо 33 кат дар шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон, 12 кат дар шӯъбаи ҷарроҳии хурдсолон, 24 кат дар шӯъбаи якуми соматики кӯдакона , 36 кат дар шӯъбаи дуюми соматики кӯдакона, 25 кат дар шӯъбаи амрози даруна, 15 кат дар шӯъбаи узвҳои ҳозима, 10 кат дар шӯъбаи нефрологӣ, 10 кат дар шӯъбаи эндовидео ҷарроҳӣ, 20 кат дар шӯъбаи асаб, 15 кат дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб, 20 кат дар шӯъбаи урологӣ, 14 кат дар шӯъбаи проктологӣ, 20 кат дар шӯъбаи осебшиносӣ, 18 кат дар шӯъбаи гӯш, гулӯ бинӣ, 12 кат дар шӯъбаи эҳёгарӣ беҳискунӣ ва табобати интенсивӣ, 10 кат дар шӯъбаи бемориҳои сӯхта,  6 кат дар шӯъбаи гемодиализ, 26 кат дар шӯъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ, 20 кат дар шӯъбаи бемориҳои занона (гинекологӣ) , 34 кат дар шӯъбаи модару кӯдак, 6 кат дар шӯъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, 6 кат дар шӯъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии модарон, 14 кат дар шӯъбаи бемориҳои навзодон, 6 кат дар шӯъбаи ҷарроҳии навзодон ҷойгир шудааст.

Дар шӯъбаҳои беморхона 114 нафар табиб, ки аз инҳо 2 нафар – номзади илмҳои тиб буда, 76 нафарашон дараҷанокӣ доранд, дараҷанокии олӣ -52 нафар, дараҷанокии якум -13 нафар, дараҷанокии дуюм -11 нафар мебошанд. Айни ҳол аз курси такмили ихтисос 1 – духтур ва  2- ҳамшираи тиббӣ гузаштаанд. Ҳамшираҳои тибби бошанд  444 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 226 – нафарашон дараҷанокӣ доранд. Дараҷанокии олӣ – 102 нафар, дараҷанокии якум- 43 нафар, дараҷанокии дуюм – 81, нафарро ташкил медиҳад. Фаррошон бошанд 252 нафарро ташкил медиҳанд ва 88 – нафар коркунони дигар. Ҳамагӣ 898 нафар дар беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ кор ва фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо 753,5 ҳиссаи кориро ташкил медиҳанд.

Дар се моҳи соли 2022 дар беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров 3 табиби ҷавон, аз қабили табиби эҳегар, амрози дохила ва асабшинос ва инчунин, 10 корманди миёнаи тибб ва 10-нафар дигар коргарони ҷавон ба кор қабул карда шуд.

Қабули беморону ҷароҳиҳо

Дар се моҳи соли 2022 дар беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров 3782 бемор бистарӣ карда шудааст, 3551 рухсатӣ карда шудааст, аз инҳо 18031- катҳои нақшавӣ ба ҳисоб меравад, гардиши катҳо 9,3% – ро ташкил дода, иҷроиши катҳо бошад 55,5  % -ро ташкил медиҳад.

Миқдори ҷарроҳиҳо – 839 ададро ташкил медиҳад, ки фаъолнокии ҷарроҳӣ 23,5% баробар аст. Ба 671- нафар беморони оилаҳои камбизоат хизмати ройгон расонида шуд, ки ин маблағи 131553 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар 3-моҳ ба 56 -бемор ба тариқи ройгон диализ гузаронида шуд.

Дар се моҳи аввали соли 2022 дар Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров якчанд намуд ҷарроҳиҳое, ки пештар гузаронида нашуда буданд, аз тарафи мутахассисони беморхона ба роҳ монданд. Дар шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон 2 амалиёти ҷарроҳӣ:

Гастроэктамия ҳангоми омоси тоталии меъда.

Найчагузории роҳҳои талхагузар, кистаҳо бо роҳи гузариши пӯсту ҷигар, пӯсту мушак зери назорати ултрасадо.

Дар шӯъбаи Гӯшу гулӯ, бинӣ 8-амалиёт:

Ба 5 нафар минингопластика – бартараф кардани сурохии пардаи гӯш.

Ба 3 нафар Рино септопластика – бартараф кардани роҳҳои нафасгирии ковокии бинӣ ва дуруст кардани шакли бинии беруна гузаронида шуд.

Маркази перинаталии беморхона

Рӯзи ташрифи мо ба Маркази перинаталии БКВБ шаҳри Кӯлоб ба рӯзи таваллуди ду нафар собиқадор ва собиқ аз сартабибони таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб Малика Файзова ва Зифнунбӣ Ёрмадова рост омад. Коллективи шӯъба, ки рӯзи таваллуди ҳар як кормандро табрик мекунанд. Ба ин ду нафар собиқадор ва устодони аксарияти табибони гениколог ва ҳамшираҳои шафқати шӯъба чандин нафара ҳамкасбон ва шогирдонашон суханони нек гуфта, эшонро табрик карданд. Бахусус мудири Марказ Ҳ.Гадоева аз меҳнати чандсолаи онҳо қайд карда гузашт ва табрикоти аҳли коллективро гуфта гузашт. Маконе, ки ба аксарият хушхабар аз ба дунё омадани меҳмони нав расонида мешавад.

Дар Маркази минтақавии Перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб дар се моҳи аввали соли 2022 ҳамагӣ 1918 бемор бистарӣ шуда, 1878 бемор рухсатӣ шудааст. Ҳамагӣ зоиш 1466 нафаро ташкил дода, ки аз инҳо 468 нафар ба тариқи буриши қайсарӣ мебошад.

Корҳои ободонӣ ва беҳдоштӣ

– Дар се моҳи аввали соли 2022 роҳбарият ва тамоми кормандони Беморхона дар ободонӣ ва кабудизоркунии саҳни ҳавлӣ ва ҳуҷраҳои кории беморхона саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, саҳни ҳавлӣ бо гулҳои ороишӣ, дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан оро дода шуда, ҳудуди онҳо бо сангу семент ҷудо карда шуд. Барои нишасти муроҷиаткунандагон ва наздикони бистари буда, дар саҳни ҳавлии беморхона 11 адад курсиҳои нишаст ва 2 адад айвон вуҷуд дорад. Таваққуфгоҳ барои мошинҳо, гулдонҳо, фавораҳо, панҷараҳо ва қуттиҳои махсус барои партовҳо гузошта шудаанд. Инчунин, оинабандии ҳуҷраҳо ва таъмири косметикии шӯъбаҳо гузаронида шуд. Дар баробари ин ҳуҷраҳои беморон бо мизу курсӣ ва лавозимоти умумӣ таъмин карда шудаанд.

-Мутахассисони беморхона, ки ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вобаста шудаанд, мунтазам ба ноҳияҳо рафта, кӯмакҳои машваратӣ-тиббӣ расонида, ба ғайр аз ин ба воситаи авиатсияи санитарӣ 72 даъват ба ноҳияҳо шуда, дар ҷояш хизмати тиббӣ расонида шудааст. Мутахассисони беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ ба номи А.Ҳақназаров ба тамоми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз он ҷумла, ба ноҳияи Восеъ, Фархор, Кӯлоб, Темурмалик, Шӯробод, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Балҷувон, Мӯминобод сафарбар карда шуда, нисбати хизматрасонии тиббӣ ёрии амалии худро расонидаанд. Ва ҳамзамон, бо таҷҳизотҳои тиббӣ барои муоинаи шаҳрвандон таъмин карда шудаанд. – мегӯяд Ниёзмад Шомадов, сартабиби беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А.Ҳақназаров, шаҳри Кӯлоб.

Сутуни асосӣ ва қувваи пешбарандаи беморхона

Ҳ. Гадоева, муовини сартабиб оиди модару кӯдак С. Сайдалиев, муовини якуми сартабиб, С. Шамсов, С. Исломов, Ш. Шарипов, муовинони сартабиб, Б. Ҳакимов, мудири шӯъбаи ҷароҳии калонсолон, О. Чилаева, мудири шӯъбаи проктологӣ, У. Кесамиров, мудири ҳуҷраи хунгузаронӣ Ф. Сафаров, мудири шуъбаи эндо ҷарроҳӣ, А. Чинаев, мудири шӯъбаи осеби сӯхта, Ш. Исломов, мудири шӯъбаи амалиётгузаронӣ, М. Сангов, мудири шӯъбаи қабул, Ф. Сафаров, мудири шӯъбаи ҷароҳии хурдсолон, С. Искандаров, мудири шӯъбаи урологӣ,Ш. Холматов, мудири шӯъбаи ҷароҳии асаб, С. Мансуров, мудири шӯъбаи осебшиносӣ, Х. Орипов, мудири шӯъбаи гӯшу гулӯ бинӣ, М. Ятимов, мудири шӯъбаи санитари ҳавоӣ, Р. Миралиев, мудири шӯъбаи наҷот, Н. Кабиров, мудири шӯъбаи узвҳои ҳозима, Ш. Охунов, мудири нефрогемодиализ, Т. Ашӯров, мудири амрози дохила, М. Сатторов, мудири шӯъбаи рентген, С. Хоҷаева, мудири шӯъбаи  эҳёгарӣ, И. Назирова, мудири шӯъбаи кӯдакона, М. Боирова, мудири шӯъбаи кӯмаки сайёр, Б. Абдурозиқова, мудири шӯъбаи бемориҳои занона, З. Шамсов, мудири шӯъбаи якӯми соматикӣ, Д. Рустамова, мудири шӯъбаи дуюми соматикӣ, С. Ҳакимова, мудири шӯъбаи бемориҳои навзодон, С. Яқубова, мудири шӯъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, инчунин собиқадорон ва устодони пешаи табибии беморхона Х. Сангимадов, табиби ҷарроҳ, Б.Ҳакимов, табиби уролог,С. Баротҷонов, табиби уролог , Б. Хоҷаев, табиби гӯшу гулӯ бинӣ, М.Ҳамидов, табиби шӯъбаи наҷот, Н.Саидов, табиби шӯъбаи наҷот, И. Сафаров, табиби эҳёгар, М.Абдуназаров, табиб андролог,О. Амонов, табиби шӯъбаи асаб, М.Тавакалова, табиби ҳуҷраи ултрасадо, З.Ёрмадова, М. Файзова, Р. Муродова, М.Таҷалова, М. Негматова, С. Бекматова, А. Ҳасанова, Б.Хоҷаева, табибони момодоя ва бемориҳои занона,О. Хидиров, табиби наҷот ва беҳискунӣ, А. Сафарова, табиби неонотолог, Н. Ҳабибова, табиби кӯдакона, аз ҷумлаи нафароне ҳастанд, ки дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳаи вилоятӣ мақому ҷои худро дошта, пешравӣ ва сифати хизматрасонии тиббии сокинони минтақа аз онҳову зердастонашону шогирдонашон вобастагӣ дорад. Барои ҳамин эшон шабу рӯз паи хизмати ҳалоли мардум буда, ворисони ҳақиқии Абуали ибни Сино будани худро нишон медиҳанд.

Билоли ШАМС, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь