Солҳои охир бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати тандурустии вилоят, дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва соҳибкорон қариб ҳама марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияи Вахш аз таъмири асосӣ бароварда шудаву даҳҳо иншооти нави соҳа дар доираи ҷашнҳои 30-солагӣ ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёд карда шудаанд. Аз маркази саломатии ноҳия сар карда то аксар марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардидаанд ва чунин иқдом ҳоло идома дорад. Хабарнигори МТЖТ оид ба ин ҳама пешравиҳои соҳа бо роҳбари муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш, Шералӣ Нуров суҳбати ихтисосӣ намуд.
Дар рушди соҳаи тандурустӣ саҳми Пешвои миллат беназир аст
Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки маъмурияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш ва кормандони он сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, бо мақсади иҷрои қарори вилояти Хатлон аз 3.02.2021 таҳти рақами №704 дар бораи тасдиқи “Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Вахш ҳамаҷониба аз рӯи барномаҳои амалкунанда ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 216 ҳазору 773 нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расонида, аз рӯйи нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, бо мақсади баррасӣ ва амалисозии барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ оид ба ҳифз ва беҳдошти саломатии аҳолии ноҳия корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд ва дар оянда низ хоҳанд расонид.
Ҷавобгӯ ба талабот
Қайд карда шуд, ки дар зертобеи КАТС-и ноҳия як маркази саломатӣ, як маркази тиббӣ оилавӣ, як маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, як маркази солимӣ-репродуктивӣ, як маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, як маркази иммунопрофилактика, 13 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 56 бунгоҳи саломатӣ фаъолият дошта, дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамчунин, 6 бунгоҳи саломатӣ аз таъмир бароварда ва ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар 9 маркази саломатии деҳот таъмир рафта истодааст ва таъмир дар 4 марказ дар арафаи анҷомёбӣ аст.
Хурсандиовар он аст, ки дар соли 2022 шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва рентгени рақами аз таъмир бароварда шуда бо 4-адад автомашина таъмин гашт, ба ин васила кормандон шабонарӯз ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд.
70 нафар ба кор қабул карда шуд
Дар марказ ва бунгоҳу марказҳои саломатии тобеъияти он шумораи кормандон 847 нафарро ташкил дода, аз онҳо 53 нафарашон табибон, 500 нафар ҳамшираҳои тиб, 106 нафар кормандони ғайри тиб ва 188 нафари дигар кормандони хурди тиб мебошанд, ки онҳо ҳама донишу малакаи худро баҳри сиҳатии аҳолӣ равона карда, шабонарӯзӣ ба сокинони ноҳияи Вахш хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар донишкадаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва Данғара 65 нафар донишҷуён таҳсил карда истодаанд. Бо квотаи Президенти бошад айни замон 1 нафар духтури асаб, 1 нафар духтури занона, 3 нафар духтури бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ кор ва фаъолият мекунанд.
Хизматрасонии тиббӣ
Табибони ноҳия хона ба хона гашта, ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин давра ба беш аз 40 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расониди шуд. Ҳамчунин, дар 6 моҳ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва МИҲД-и ноҳия Вахш 35 мактубу аризаҳо ворид гаштанд, ки ба ҳамаашон саривақт ҷавоб гардонида шуд.
Маркази тиббӣ оилавӣ ба 3662 хоҷагӣ ва ба 20 ҳазору 452 нафар шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонад, ки аз ин шумора 12353 нафарашон мардҳо, 12138 нафар занҳо мебошанд. Аз ин шумора кӯдакони синни то 14 сола 3381 нафар, 1 сола 531 нафар, то 6 сола 542 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия занҳои қобили таваллуд 52464 нафар мебошанд.
Хурсандиовар он аст, ки аз соли 2022 то ҳол ягон бемории мубталои Короновирус ба кайд гирифта нашудааст. Айни ҳол оиди пешгирии бемориҳои COVID-19 эмгузаронӣ рафта истодааст.
Хизматрасонӣ ба маъюбон
Шумораи умумии маъюбон дар 6 моҳи соли 2023 4070 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 3098 нафар калонсолон, 956 нафар кӯдакони то синни 18 солаанд. Аз инҳо гурӯҳи як 453 (15%) , гурӯҳи ду 2012(69%) , гуруҳи се 633 (16%) нафар мебошанд.
Хизматрасонӣ ба ИҶБВ ва Чернобил
Дар 6 моҳи соли 2023 ҳамагӣ дар қайди дипансерӣ иштирокчиёни ҶБВ 1 нафар, Чернобил 10 нафар, Афғонистон 10 нафар мебошанд, ки ба ҳамаи онҳо духтурони тиббӣ-оилави вобаста карда шуда, сари вақт хизмати тиббии ройгон расонида мешавад. Фавти 14 маъюбони калонсол ва 1 нафар синни то 18 сола ба қайд гирифта шудааст. Маъюбон ҳамагӣ 4070 нафар буда, аз инҳо 3098 нафар калонсолон, 956-нафар то 18-сола мебошанд.
Хизматрасонӣ ба модару кӯдак
Дар ноҳияи шумораи занҳои қобили таваллуд 51 ҳазору 33 нафарро ташкил медихад, ки ин 24,5%-и аҳолиро фаро мегирад. Ҳамагӣ дар ноҳия 10 духтури момодоя, аз ҷумла, 6 нафар дар Беморхонаи марказӣ ва 4 нафар дар Маркази солимии репродуктивӣ кор ва фаъолият мекунанд. 54 нафар дояҳо дар бунгоҳҳои саломатӣ ба занҳо хизмати тиббӣ мерасонанд. Аз ин шумора дар Маркази солимии репродуктивӣ 5 нафар ва дар Марказҳои саломатии деҳот 49 нафар ба занҳои ҳомила хизмати тиббӣ расонида истодаанд.
Дар 6 моҳи соли 2023 дар ноҳия ҳамагӣ 2214 нафар ҳомиладор ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 923 нафарашон то 12 ҳафтаина мебошанд.
Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият
Роҳбарият ва кормандони муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳама мушкилиҳои соҳаро бартараф карда, барои табобат ва муолиҷаи беморон шароити хуби хизматрасонии тиббиро фароҳам оварда, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати тандурустӣ ва ҳукумати ноҳияро иҷро менамоянд ва ба беморон содиқона хизмат мерасонанд.