“Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад. Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд. Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед”.

Ин суханони самимӣ ва пурҳарорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  соли 2020 дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии кишвар ироа намуда буданд, дили табибони ҳозиқи моро боз ҳам ба касбу пешаи хеш гармтар ва масъулияташонро нисбат ба солимии миллат бештар сохтааст.

Ногуфта намонад, ки соҳаи тандурустии кишвар яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бо Сафарзода Абдулло Мумин – директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1» ба номи Карим Ахмедов, маъруф ба номи “Беморхонаи 1-ум советский”, вобаста ба дастоварду муваффақиятҳои муассисаи мазкур дар 9 моҳи соли равон суҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад.

Директори муассисаи мазкур Сафарзода Абдулло Мумин дар оғози суҳбат қайд намуд, ки маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1” ба номи Карим Ахмедов фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, амру қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар кӯшишу ғайрат карда истодаанд.

– МД “Маркази тиббии шаҳри № 1” ба номи Карим Ахмедов аз 423 кати умумӣ ва 19 кати шуъбаи наҷот иборат аст. Аз ҷумла, дар Марказ барои калонсолон 236 кат, барои кӯдакон 87 ва 100 кат барои таваллудхона мавҷуд аст. Дар умум дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ба Маркази мо 113 283 бемор муроҷиат карда, муолиҷа гирифтанд. Дар давоми 9 моҳи соли 2023 дар Марказ 3 семинар ва ду мизи мудаввар дар мавзӯи ҳифз ва беҳдошти саломатии мо дару кӯдакон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронида шудааст. “Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №631, аз 27 ноябри соли 2020 тасдиқ гардидааст, бомуваффақият амалӣ шуда истодааст, – иброз дошт директори МД МТШ №1 ба номи Карим Аҳмедов-Сафарзода А. М.

Тавре номбурда гуфт, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024”, иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №292, аз 27 майи соли 2020 “Дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” дар Марказ таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар ин давра ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №292, аз 27-майи соли 2020, “Дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Дар шуъба ҳамаи шароитҳо барои табобати кӯдакон аз тарафи маъмурияти Марказ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Дар ин давра дар умум 840 кӯдаки бемор ба табобат фаро  гирифта шуданд. Ҳамаи кӯдакон баъди шифоёбӣ ва маслиҳати табибон дар сатҳи назорати табибони ҷойи истиқомат ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Таъмини бехатари хуни донорӣ

Тибқи маълумот, Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 татбиқ шуда истодааст.

-Дар ин самт дар МД МТШ №1ба номи Карим Ахмедов нақша- чорабиниҳо тартиб дода шуда, кор бо маркази хун давом дорад. Дар яхдони махсус барои нигоҳдории хун ва ҷузъҳои он миқдори лозимӣ барои захира нигоҳ дошта мешавад. Моҳи майи соли равон дар Марказ рӯзи донорӣ ташкил карда шуд, ки беш аз 100 нафар хуни донори супориданд. Маъракаи мазкур дар сатҳи баланд ташкил карда шуд ва нақшаи тасдиқгардида 115,0 дарсад иҷро гардид, – гуфт директори Муассисаи мазкур.

Шумораи кормандон

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МД МТШ №1 ба номи Карим Ахмедов ҷиҳати татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаҳои Марказ, феълан дар МД МТШ №1 ба номи Карим Ахмедов кормандони аз 20 то 35-сола 307 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 160 духтар ва 147 ҷавонписар мебошанд. Шумораи  умумии кормандони Муассиса 855 нафарро ташкил медиҳад, ки ҷавонон 35,9 фоизро дарбар мегиранд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Муассиса бо мақсади расонидани мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини бахш дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои дахлдор дар ҷаласаҳои пагоҳирӯзӣ миёни кормандон, беморон ва аёдаткунандагон дар шӯъбаҳо вохӯрӣ, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 15 то 85 нафар ҷавонон бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шуданд.

Шуъбаи  қабули калонсолон

– Шуъбаи қабули калонсолон соли 1967 ташкил шуда, барои қабул, қайд, ҷобаҷогузорӣ, хизматрасонии тиббии фаврӣ ба беморони таъҷилан муроҷиатнамуда ва тариқи нақшавӣ бистаришавандаи шуъбаҳои калонсолони Марказ (Бодигармшиносӣ, бемориҳои дил, бемориҳои асаб, ҷарроҳии ғадудҳои дохила, бемориҳои узвҳои даруна ва бемориҳои ғадудҳои дохилаи калонсолон) фаъолият менамояд. Воҳидҳои кории шуъба17,8 нафарро ташкил медиҳад, ки табибон 6,25, ҳамшираҳои тиб 6,05 ва 5,5 воҳиди корӣ сарпарастор ва парасторҳоянд. Се табиб корманди асосӣ ва 7 табиби ҳамкор мебошанд, ки навбатдории шабона ба уҳдаи кормандони асосии шуъбаҳои калонсолон вогузор аст. Мувофиқи таҳлили ҷадвали нишондодҳои асосии шуъба, аксарияти беморони бистаришуда, ки  9164 ё 51 дарсадро ташкил медиҳанд, тариқи худмуроҷиат ба қайд гирифта шудаанд. Бо мошини “Ёрии таъҷилии тиббӣ” бошад, 915 бемор ворид гардидааст, ки 718 нафар ё 78,5 фоизи онҳо бистарӣ карда шудаанд. Таҳлил нишон дод, ки дар нӯҳ моҳи соли равон назар ба 9 моҳи соли 2022 шумораи беморони воридшуда 2590 нафар зиёд гардидааст, – иброз дошт Сафарзода А. М.

Шуъбаи бемориҳои дил

–  Шуъбаи бемориҳои дил (ШБД) дорои 45 кат буда, ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард бо усули муосир ва эътимодноки тиббӣ гузаронда мешавад. ШБД пойгоҳи амалии кафедраи бемориҳои дарунии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, раванди ташхисӣ-табобатии шуъба бо ҳамгироӣ бо кафедра ба роҳ монда шуда, устодони кафедра н. и. т. Соҳибов Р. Г., н. и. т. Умаров А. А. ва ассистенти кафедра Замунов О. А. пайваста беморонро муоина менамоянд. Гӯшаи гиёҳдармонӣ дар ШБД фаъолияти муназзам дошта, бо гиёҳҳои шифобахши ватанӣ пурра таъмин аст. Дар ШБД барои амалӣ намудани «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд» 1233 бемор таҳлили қанди хун гирифта шуда, беморон пурра аз тарафи табибони ғадудшинос муоина шудаанд. Шуъбаи бемориҳои дил ҳамкориро бо бахшҳои ёрирасони МД МТШ №1 наздик ва зич ба роҳ мондааст. Ҳамаи беморони дар шуъба бистаришуда аз таҳлилҳои клиникӣ ва биохимиявӣ, ташхиси рентгенӣ ва усули ЭхоКГ гузаронида мешаванд, – гуфт директори Муассиса.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодгардида, дар нӯҳ моҳи соли равон аз хизматрасонии пулакӣ (ЭКГ) аз тарафи шуъба ба Марказ 11439 сомонӣ ворид карда шудааст. Ба таври ройгон бошад, ба 263 бемор ташхисӣ СБД дар ҳаҷми 2367 сомонӣ гузаронида шудааст. Барои пурра ва мукаммал кардани ташхис ва табобати беморон дар шуъба ба 105 нафар бемор ташхиси ФВД, ба 20 нафар ВЭМ, ба 6 тан СМАД, ба 20 кас ташхиси Холтерӣ гузаронида шудааст.

Ба 226 бемор, аз ҷумла, 86 маъюб, 82 камбизоат, 42 нафар бемори солманд ва 11 иштирокчии ҷанги Афғонистон, дар умум ба маблағи 3162,35 сомонӣ ройгон хизмати тиббӣ расонида шудааст. Дар ин давра ба Маркази ҷумҳуриявии кардиохирургӣ барои коронароангиография ва бо нишондод-коррексияи кардиоваскулярии  БИД-16 бемор равон карда шудааст. Аз якуми июли 2022 то инҷониб дар маркази ангиографияи “ҶДММ Шараёни варид” ба 71 бемор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Дар шуъба 1 дастгоҳи СБД ва 1 дефибрилятор, 4 аппарати перфузор, 5 кардиоманитор ва 1 оксигенератор мавҷуд аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти ташхисӣ-табобатии беморон зарурианд.

Шуъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ

Шуъбаи мазкур мувофиқи фармоиши Раёсати тандурустии ш. Душанбе, таҳти рақами № 156, аз 15.08.2006 барои 28 кат кушода шуда, аз 01.09.2006 ба кор оғоз кардааст. Моҳи январи соли 2019 аз ҳисоби катҳои шуъбаи асаби Марказ барои ҷарроҳии метаболикӣ бо фармоиши раёсати тандурустии шаҳр 8 кат кушода шудааст.

–  Раванди ташхисӣ-табобатии шӯъба дар алоқамандии фаъолияти зич бо кафедраи ҷарроҳии №2 ва кафедраи ҷарроҳии умумии №1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба роҳ монда шуда, устодони кафедра мудири кафедра н. и. т. Набиев М.З., д. и. т. профессор Абдуллоев Ҷ. А., н.и.т. дотсент Боймуродов О. С., д. и. т. дотсент Сафарзода А. М., д. и. т. профессор Достиев А. Р., н. и. т. Зокиров Р. Х., ассистентҳо Абдурасулов А., ва Қодиров А. Р., пайваста беморонро муоина менамоянд. Шуъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ дар бинои 5-ошёна дар ошёнаи чорум ҷойгир буда, дорои 13 ҳуҷра мебошад, – гуфт Сафарзода А.

Шуъбаи эндокринология

Фаъолияти шуъбаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани Қарору супоришҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, иҷроиши «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ», ҳуҷҷати «Расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола», «Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии ш. Душанбе», масъалаҳои ҳифзи саломатии гуруҳҳои камбизоати аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, тарзи ҳаёти солим, фармону супоришҳои маъмурият равона карда шудааст.

Дар шуъба ҳамагӣ 11 табиби асосӣ, 3 табиби ҳамкори навбатдор, 11 ҳамшираи асосии тиббӣ, 13 ҳамшираи тиббии ҳамкори навбатдор ва 10 корманди хурд фаъолият менамоянд. Аз рӯи нишондодҳо дар давраи ҳисоботӣ, асосан, беморон бо касалии диабети қанд (1377) ё  96.2 фоиз аз ҳисоби умумии беморонро ташкил медиҳанд.

Шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунӣ

Шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунӣ дар маҷмӯъ дорои 53 кати шабонарӯзӣ, аз ҷумла, 2 кати рӯзона буда, ташхису табобати бемориҳои узвҳои даруниро бо усули муосир ва дар заминаи тиббӣ эътимоднок мегузаронад. МД МТШ №1ба номи Карим Ахмедов пойгоҳи амалии кафедраи бемориҳои дарунии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кафедраи терапияи ДМТ, кафедраи бемориҳои дил бо курси фармакологияи клиникии Донишкадаи таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Раванди ташхису табобати беморони шуъба бо ҳамгироӣ бо кафедраҳои зикршуда ба роҳ монда шуда, устодони кафедраҳо н. и. т. Умаров А. А., н.и.т дотсент Соҳибов Р. Ғ., н.и.т Қаюмов Х. Б., мудири шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунӣ Маҳмадов Ҳ. Н. пайваста ба беморон машваратҳои тахассусӣ медиҳанд. Шуъба бо таҷҳизотҳои нарм таъмин буда, ду ҷуфт ҷойпӯш, кӯрпа ва болишт барои ҳар як кат ҷудо карда шудааст. Ҳамаи беморон бо бордонҳои даво таъмин мебошанд. Шуъба бо 1 таҷҳизоти СБД, 2 кардиомонитор ва 1 перфузор, 7 оксигенератор, 6 пулсоксиметр, 1 СИПАП, 5 хати кислороди таббии марказикунонӣ пайвастбуда, таъмин мебошад.

Шуъбаи бемориҳои асаб

Шуъбаи бемориҳои асаби калонсолон 12. 09.1999 дар ошёнаи 2-юми бинои МД МТШ №1 ба номи К. Ахмедов дар ҷойи шуъбаи септикии кӯдакона кушода шудааст. Шуъбаи мазкур бо 30 кат муҷаҳҳаз гардида, аз он 4 кат рӯзона мебошад ва ҳамчун шӯъбаи махсусгардонида ба бемориҳои бистаришавандаи кишвар хизмат мерасонад. Самти асосии фаъолияти шуъба муоина ва табобат мебошад. Шуъба бо таҷҳизотҳои мулоим пурра таъмин мебошад, се ҷуфт ҷойпӯшҳо барои ҳар як кат, болишт, кӯрпа, ду ҷуфт кӯрпаҳои тобистона ва зимистона ҷудо карда шудааст.

– Фаъолияти шӯъба бо мақсади амалӣ намудани Қарору супоришҳои Раёсати тандурустии ш. Душанбе, иҷроиши  «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ», ҳуҷҷати «Расидан ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», «Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии ш. Душанбе, масъалаҳои ҳифзи саломатии гуруҳҳои камбизоати аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, тарзи ҳаёти солим, фармону супоришҳои директори Муассиса равона карда шудааст. Баҳри иҷроиши Қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», шуъба як катор чорабиниҳоро ба анҷом расонд, – иброз намуд Сафарзода А. М.

Шуъбаи наҷоти калонсолон

Шуъбаи наҷоти калонсолон аз 8 кат иборат аст. Дар шуъбаи мазкур таҷҳизотҳо, аз қабили кардиомонитор (14 дона), электродефибриллятор (1), дастгоҳи ЭКГ (1), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (14), балғамкашак (1), катҳои функсионалӣ (8), кварс (12), оксигенатор (14), аробаи беморкашӣ (2), миз (20), курсӣ (16), яхдон (2), аробачаи маъюбӣ (3), дозатор (14) мавҷуд мебошад.

–  Шӯъбаи наҷоти калонсолон яке аз сохторҳои асосии хизматрасонии калонсолон ба ҳисоб рафта, барои шуъбаҳои калонсолон хизмат мерасонад. Дар ин шуъба дар нӯҳ моҳи соли равон 6 намуд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 бамаротиб бештар аст. Масалан, амалиёти найчагузории вариди зери қулфак 150 адад гузаронида шудааст, соли гузашта он 128 амалиётро ташкил медод. Ҳамин тавр, амалиёти найчагузории кубиталӣ 3500 адад (соли гузашта 2000), кардиоверсияи барқӣ 20 (10), кардиоверсияи маводӣ 130 (125), тромболизис (стрептокиназа) 1 (0) гузаронида шудааст. Дар умум дар давоми нӯҳ моҳ 1855 бемори имтиёздор ба Марказ муроҷиат намудаанд, ки ба онҳо дар ҳаҷми 153 477 сомонӣ хизматрасонии ройгони тиббӣ расонида шудааст, – иброз дошт директори Муассиса Абдулло Сафарзода.

Навгониҳо

Мувофиқи маълумот, дар нӯҳ моҳи соли равон дар МД МТШ № 1 ба номи Карим Ахмедов амалиёти буриши ғадуди сипаршакл бо усули лапароскопӣ гузаронида шудааст, ки навгонӣ буда, бори аввал дар ҳудуди кишвар амалӣ гардидааст. Бо ин усул аллакай 4 бемор бо муваффақият ҷарроҳӣ шудаанд.

–  Кормандони МД МТШ №1 ба номи Карим Ахмедов аз Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирии ҳамешагии соҳаи тандурустии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, кӯшиш менамоем, ки тамоми донишу малакаи касбии хешро баҳри ҳифзи солимии миллат равона созем, – дар фарҷоми суҳбат иброз намуд директори МД МТШ №1 Сафарзода Абдулло Мумин.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь