Баҳри ҳифзи саломатӣ ҳар як шахс масъул буда, ҳангоми нотобшавӣ, барои беҳбудии он чораандешӣ менамояд. Аз шахсони таҷрибанок табибони номвар, пизишкони беҳтарин маслиҳатҳо пурсида, барои барқарор намудани саломатии худ аз он истифода мебарад. Чунончи, Пешвои миллат фармудаанд, «Саломатии миллат-боигарии давлат». Албатта, миллати солим баҳри нашъунамо ва рушди мамлакат зарур мебошад. Баҳри барқарор намудани саломатии мардум, табобати бемориҳои гуногун аз замонҳои куҳан табибон заҳмат кашида, бо чашми тезбину дасти сабуки худ, дили гарми пурмеҳру зеҳни худододи худ ба комёбию муваффқиятҳо ноил гаштаанд, номашон вирди забон гардидааст. Бо супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меҳнати аҳлона, тартиботи ягонаи кормандони тиб, зери роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ба комёбию муваффақиятҳои чашмрас ноил гардиданд. Хушбахтона, имрӯз бо тавсияи масъулон, амалӣ гардонидани нуктаҳои Пайёмҳои ироа намудаи Сарвари давлат сафи муассисаҳои тандурустӣ зиёд шуда, сифати хизматрасонӣ беҳ гаштааст. Одамон аз рафти корбарӣ ва таҷрибаи хуби табибон огоҳ гашта, барои табобат ба пизишкон муроҷиат мекунанд. Сифати кор, тарзи табобат муомилаю муошират дар беморхонаҳо беҳгашта, диққати беморонро ба худ ҷалб намудааст. Бинобар ин, ташкили марказҳои саломатии хусусӣ, дармонгоҳҳои шифобахш аз тарафи саховатмандон, хайрхоҳон, тоҷирон бо қувваи табибони баландихтисос дар мамлакат амалӣ гардида, натиҷаи хуб дода истодааст.

Чанде қабл дар маркази ҷ/д Чоряккорони н. Рӯдакӣ, назди беморхонаи минтақавӣ, дармонгоҳи “Синои шифобахш” барои беморон дари худро боз намуд. Дармонгоҳ зери роҳбарии директори фирмаи “Синои шифобахш”, шахси бомаърифат, хушмуомилаю муоширати нек, поквиҷдону раҳмдил Исмоилова Парвина корбарӣ дорад. Дар дармонгоҳ ҳама намуди хизматрасониҳо: ташхиси беморӣ, дастгоҳҳои замонавӣ, лаборатория, физиотерапея, ҳуҷраҳо барои хоби беморон ҷой дошта, ба беморон табибони беҳтарини ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд. Сифати хизматрасонӣ хуб буда, пардохт дар он нисбати дигар дармонгоҳҳои табобатӣ арзон мебошад. Дармонгоҳ табибони таҷрибанок ва донишу фаҳмиши чуқур доштаро чун Эшмуҳаммадзода Наҷибулло, ҷарроҳи дараҷаи олӣ Олимов Саидҷонро барои хизмат ҷалб намудааст. Дармонгоҳи “Синои шифобахш” барои ёрӣ ба беморон тайёр аст ва ҳамарӯза ба хизмат омодааст, барои дармони дарди Шумо худро масъул меҳисобад, иброз доштанд масъулони дармонгоҳ.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь