Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва вазъи соҳаи тиб дар ноҳияи мазкур бо сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Қурбонов Ниёзмаҳмад Сафаралиевич хабарнигори МТЖТ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкаш менамоем.
Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки вазъи соҳаи тиб дар ноҳия хеле хуб буда, беморонро саривақт ташхису табобат карда, нисбаташон ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Соҳаи тиб дар кишвар дар зери назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, аз ин рӯ, дастуру супоришҳояшонро мо табибон сармашқи кору фаъолияти худ намуда, барои беҳбудии соҳаи тиб талош мекунем саҳми назарраси хешро гузорем.
Базаи кадрӣ
Мавсуф тазаккур дод, ки маъмурияти беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба фаъолияти сохтори госпиталии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 ба саҳми шумо мерасонад, ки дар сохтор 788 корманд кору фаъолият доранд: 96 табиб, аз инҳо 86 табиб дар беморхонаи марказӣ, 341 ҳамшираи тиббӣ, аз инҳо 229 нафар дар беморхонаи марказӣ, 253 нафар ҳамшираи хурди тозакунанда, аз ин шумора 121 нафар дар беморхонаи марказӣ, 98 коргари техникӣ, аз инҳо 44 нафар дар Беморхонаи марказӣ фаъолият менамоянд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кор кабул шудааст: 10 табиб, аз инҳо 6 нафар дар Беморхонаи марказӣ, 20 нафар ҳамшираи тиббӣ, аз инҳо 15 нафар дар Беморхонаи марказӣ, 11 ҳамшираи хурди тиббӣ, аз инҳо 10 нафар дар Беморхонаи марказӣ, 5 нафар корманди техникӣ, ҳамаи онҳо дар Беморхонаи марказӣ фаъолияти худро шурӯъ карданд.
Аз шумораи умумӣ такмили ихтисос дар панҷ моҳи соли 2024 3 табиб аз беморхонаи марказӣ, 3 корманди миёнаи тиббӣ аз беморхонаи марказӣ, кор дар ин самт аз рӯйи нақша буда, таҳти назорат қарор дорад.
Дар сохтори госпиталии ноҳия 58 (68,2%) нафар табиб аз инҳо 51 нафарашон аз беморхонаи марказӣ дараҷанокии касбӣ доранд, аз ҷумла 22 нафар олӣ, аз беморхонаи марказӣ, якум 13 нафар, аз инҳо 11 нафар аз беморхонаи марказӣ, 1 нафар аз Беморхонаи №2, 1 нафар аз беморхонаи №4, дуюм 23 нафар, аз инҳо, 18 нафар аз беморхонаи марказӣ, 2 нафар аз беморхонаи №1, 1 нафар аз беморхонаи № 2, 2 нафар аз беморхонаи №4.
Кормандони миёнаи тиббӣ 207 (57,0%) нафар, аз инҳо 165 нафар аз беморхонаи марказӣ дараҷанокии касбӣ доранд, аз ҷумла олӣ 101 нафар, аз инҳо, 78 нафар аз беморхонаи марказӣ, 7 нафар аз беморхонаи №1, 6 нафар аз беморхонаи №2, 3 нафар аз беморхонаи № 3, 7 нафар аз беморхонаи №4.
Якум 23 нафар, аз инҳо, 13 нафар аз беморхонаи марказӣ, 4 нафар аз беморхонаи №1, 2 нафар аз беморхонаи №2, 4 нафар аз беморхонаи № 4.
Дуюм 83 нафар мебошанд, аз инҳо, 74 нафар аз беморхонаи марказӣ, 3 нафар аз беморхонаи №1, 2 нафар аз беморхонаи №2, 4 нафар аз беморхонаи №4.
Хизматрасонӣ ба беморон
Номбурда дар хусуси ёрии бепул дар Беморхонаи марказӣ сухан гуфта, қайд кард, ки аз ҳисоби маблағҳои қарори №600 ва муоинаи тиббӣ ба 205 нафар ба маблағи 63 ҳазору 279 сомонӣ хизматрасонии тиббии ройгон расонида шуд.
Барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 491 кати бистарӣ, аз ин 147 кат барои кӯдакон. Аз шумораи умумӣ 241 кат барои беморхонаи марказӣ пешбинӣ шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон ба муассисаҳои табобатии ноҳия 5733 нафар беморон бистарӣ шуда, муоинаю табобат гирифтаанд, аз ин шумора 869 нафараш кӯдакон мебошанд. Нишондиҳандаи мазкур нисбати ҳамин давраи соли 2023 (4579) 1154 беморон зиёд бистарӣ гардидааст. Аз шумораи умумӣ 4505 нафар дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда, муоинаю табобат гирифтаанд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбати ҳамин давраи соли 2023 (3395) 1110 нафар беморон зиёд мебошад.
Ба шуъбаи қабул 1227 нафар, аз ҷумла кӯдакон 638 нафар ба шӯъбаҳои кӯдакона, ҷарроҳӣ, амрози даруна ва дил бистарӣ карда шудаанд.
Табобати кӯдакон
Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки шӯъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия 415 нафар кӯдакони бемор бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд. Бо бемориҳои шадиди роҳи нафас 96 нафар, бемории меъда ва рӯда 75 нафар, илтиҳоби шуш 98 нафар, бронхиолити шадид 112 нафар, ларинготрахеит 9 нафар, норасогии шадиди ғизо 6 нафар, плеврит 1 нафар, ғаркшавӣ 4 нафар, камхунӣ 6 нафар, уфунати хун 3 нафар, заҳролудшавӣ 2 нафар, обтруктивный бронхит 1 нафар, пилонефрит 1 нафар ва нуқсони модарзодии дил 1 нафар.
Ҷамоати шахраки Балх: ҳамагӣ 48 нафар бистарӣ, аз ҷумла Бронхиолити шадид 18 нафар, Пневмония 14 нафар, бемории шадиди меъдаю рӯда 4 нафар, БШРН 10 нафар, Ғаркшавӣ 1 нафар, уфунати хун 1 нафар, ҷ/д. Халевард: ҳамагӣ 88 нафар бистарӣ, аз ҷумла Певмония 16 нафар, БШРН 19 нафар, Бронхиолити шадид 31 нафар, Ғарқшавӣ 1 нафар, Бемории шадиди меъдаю рӯда 19 нафар, Обстуктивный бронхит 1 нафар, норасоии шадиди ғизо-1 нафар, ҷ/д. Маданият: ҳамагӣ 58 нафар бистарӣ, аз ҷумла Плеврит 1 нафар, Бронхиолити шадид 20 нафар, Пневмония 16 нафар, БШРН 15 нафар, бемории шадиди меъдаю рӯда 6 нафар, ҷ/д. Калинин: ҳамагӣ 33 нафар бистарӣ, аз ҷумла бистари пневмония 12 нафар, бронхиолити шадид 8 нафар. БШРН 7, бемории шадиди меъдаю рӯда 5 нафар, норасоии шадиди ғизо 1 нафар, ҷ/д. Навоӣ: ҳамагӣ 46 нафар бистарӣ, аз ҷумла бронхиолити шадид 21 нафар, пневмания 6 нафар, БШРН 12 нафар, бемории шадиди меъдаю рӯда 7 нафар.
Дар шуъбаи эҳёгарӣ ҳамагӣ беморон 111 нафар, аз ҷумла кӯдакон 54 нафар бистарӣ шуда, муоинаю табобат гирифтаанд.
Таҳлил ва натиҷагирӣ
Ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат тазаккур дод, ки ҳуҷраи нигоҳдории хун ва ҷузҳои он 1072 таҳлили гуруҳӣ хун ва резус фактор муайян карда шуда, 771 воя (198л 88 мл) гемотрансфузия ба 336 нафар бемор гузаронида шуд. Аз ҷумла, ҳаҷми Эритросит (Эр взвес) 376 воя (97л 66 мл), Зардобаи тезяхкардашуда (СЗП) 506 воя (101л 22 мл) Криопретсипитат 16 доза ба беморони вазнини зери назорат қарордошта гузаронида шудааст. Пас аз хунгузаронии аворизҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар якҷоягӣ маркази тарзи ташаккули ҳаёти солими ноҳия баҳри зиёд кардани сафи донорони ихтиёрӣ корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар байни аҳолии ноҳия бурда истодаанд.
Ба шуъбаи бемориҳои дил 179 бемор бистарӣ карда шуда, муоина, ташхис ва табобат карда шудаанд. Нишондиҳандаи мазкур назар ба ҳамин давраи соли 2023 (146) 33 нафар зиёд мебошад. Бо ташхиси БИД 134 нафар, сактаи шадид 16 нафар, фишорбаланди шараёнӣ 45 нафар мебошанд.
Бистарии беморони дил дар ҷамоатҳои Балх, Халевард, Маданият, Навоӣ нисбати дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зиёд мебошад.
Ба шӯъбаи бемориҳои амрози даруна 134 бемор бистарӣ шуда, муоина ва табобат гирифтаанд. Нишондиҳандаи мазкур нисбати ҳамин давраи соли 2023 (132) 2 бемор зиёд бистарӣ шудааст. Бистарии беморони амрози даруна дар ҷамоатҳои Ҳалевард, Навоӣ ва шаҳраки Балх нисбати дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зиёд мебошад.
Ба шӯъбаи бемориҳои сироятӣ 124 нафар беморон бистарӣ шуда, муоинаю табобат гирифтаанд, аз инҳо 47 нафараш кӯдак мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бемории сироятӣ дар шаҳраки Балх, ҷ/д Ҳалевард ва Маданият нисбати дигар ҷамоатҳои деҳот зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Шуъба функсионалӣ дар ҳуҷраи Ултрасадо ҳамагӣ 2601 нафар бемор 2635 узвҳо муоина карда шуд, аз он ҷумла занҳои ҳомила 418 нафар.
Шуъбаи физиотерапия 216 нафар бемор, аз инҳо 154 нафар кӯдак табобат гирифтааст. Аз ин шумора 28 нафарашон бо тариқи ройгон, аз инҳо кӯдакони то 1 сола 21 нафар, кӯдакони маъюб 3 нафар, шахсони камбизоат 2 нафар.
Ба ҳуҷраи ренген ҳамагӣ 1328 нафар бемор акси рентгенӣ карда шудааст. Аз инҳо акси рентгении қафаси сина 256 нафар, устухон ва буғумҳо 1072 нафар гузаронида шуд.
Беморхонаҳои рақамӣ
Номбурда изҳор дошт, ки ҳамагӣ ба беморхонаҳои рақамӣ 135 кат пешбинӣ карда шудааст, аз он ҷумла Беморхонаҳои рақами 1 ҳамагӣ 40 кат (амрози даруна 15 кат, кӯдакона 15 кат, таваллудӣ 10 кат), Беморхонаи рақами 2 ҳамагӣ 30 кат (амрози даруна 10 кат, кӯдакона 10 кат, таваллудӣ 10 кат). Беморхонаи рақами 3 ҳамагӣ 20 кат (амрози даруна 10 кат, кӯдакона 10 кат) ва Беморхонаи рақами 4 ҳамагӣ 45 кат (амрози даруна 20 кат, кӯдакона 15 кат, таваллудӣ 10 кат). Дар шаш моҳи соли 2024 дар беморхонаҳои рақамӣ 1060 беморон бистарӣ шуда, муоинаю табобат гирифтаанд, ки иҷроиши кат нисбати беморхонаи марказии ноҳия паст мебошад.
Дастовардҳо
Мавсуф дар боби дастовардҳо сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағгузории Лоиҳаи Бонки рушди Олмон корҳои сохтмони бинои иловагӣ ва таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ ба анҷом расонида шуд ва бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин намуда, васл карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмири капиталии ошёнаҳои якум ва дуюми бинои беморхонаи марказӣ ба маблағи 1 миллиону 398 ҳазору 285 сомонӣ саҳми худро гузоштааст.
Дар 1-ум ошёна Шуъбаи қабулгоҳ гузаронида шуд, ҳуҷраҳои табибони амрози даруна, кӯдакона, осебшиносӣ, бавлияшинос ва ҷарроҳӣ ташкил карда шуд ва фаъолият дорад. Навбатдории табибон дар шуъбаи мазкур аз 1.06.2024 ташкил карда шуд.
Дар 2–юм ошёна шуъбаи дил, чашм, физиотерапия, ҳуҷраи нигоҳдории хун ва ҷузҳои он, Иттифоқи касабаи кормандони тиб ва муҳосибот гузаронида шуда, фаъолият дорад.
Айни ҳол кор дар фасади рӯбарӯи бинои иловагӣ таъмир идома дорад.
Кормандони сохтори госпиталии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шаш моҳи соли 2024-ро натиҷагирӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем.
Албатта, баҳри пешрафти соҳаи тиб тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода карда, саҳми арзандаи хешро дар ин самт хоҳем гузошт.
МТЖТ