Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Маллазода Саъдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш карда мешавад.
Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки кормандони соҳаи тиб, чун дигар узвҳои ҷомеаи ноҳия бо руҳияи баланди ватандорӣ ва масъулияти худшиносӣ кор ва фаъолият карда истодаанд.
Сохтор ва базаи кадрӣ
Номбурда иттило дод, ки дар 6 моҳи соли 2024 дар соҳаи тандурустии ноҳия 1 адад Беморхонаи марказӣ, 1 адад маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, 4 адад беморхонаҳои рақамӣ дар маҳаллаҳо, 1 адад КАТС (маркази саломатии ноҳиявӣ), 14 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 36 бунгоҳҳои саломатӣ, 1 адад Маркази мубориза бар зидди ВНМО, 1 адад Маркази иммунопрофилактикӣ, 1 адад маркази бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ ва МНДСЭ (Эпидемологӣ) фаъолият дорад.
Ба аҳолии ноҳия бошад 933 корманди тиб хизмат мерасонад, аз 108 нафари онҳо маълумоти олӣ дошта, 438 нафар кормандони миёнаи тиб, 256 нафар кормандони хурди тиб ва 113 нафар дигар кормандон фаъолият мебаранд.
Таъминоти аҳолӣ бо табибон 9,8 %, бо ҳамшираҳои шавқат 45% аст, ки ба 10000 нафар аҳолии ноҳия рост меояд.
Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 18 нафар духтур аз такмили ихтисос гузаштаанд. Ҳоло дар ноҳия 108 нафар духтурон дараҷанокӣ доранд, аз онҳо 38 духтур дар беморхонаи марказӣ буда, 28 нафарашон дорои дараҷанокӣ мебошанд, аз ҷумла: 12 нафар олӣ, 9 нафар дараҷаноки якум ва 6 нафар дараҷанокии дуюм мебошанд.
Дар давоми 6 моҳи соли 2024 аз ҳамшираҳои шавқат 62 нафар аз такмили иқтисос гузаштаанд. Ҳоло дар ноҳия 159 ҳамшираҳои шавқат дараҷанокӣ доранд, ки аз онҳо 104 нафар ҳамшираи шавқат дорои дараҷанокии олӣ, 32 нафар дорои дараҷанокии якум ва 23 нафар дорои дараҷанокии дуюм мебошанд.
Бунёдкорӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки кормандони соҳаи тибби ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, дар давоми 6 моҳи соли 2024 шуъбаи Кӯдакона ва ҳуҷраҳои он аз таъмири капиталӣ бароварда шуд ва 2 адад дари даромадгоҳ, 3 адад тирезаҳои пластикӣ васл карда шуд. Дар 6 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 850 бех гули садбарг, 180 адад дарахти арча, 1000 бех гули лола, 45 адад дарахтони сояафкан, 1000 бех гулҳои мавсимӣ дар боғчаҳои гирду атрофи беморхона шинонида шуданд. Айни замон таъмири роҳрави назди беморхона идома дорад. Чароғакҳои равшанидиҳанда бо сутунпояаш ба пуррагӣ насб карда шуд.
Таъмири бинои Сироятӣ идома дорад ва маитхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Сохтмони бинои иловагии маитхона идома дорад. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳия 54 ҳазору 61 сомонӣ маводи доруворӣ ва инчунин ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ворид гардид.
Хизматрасонӣ ба мардум
Номбурда тазаккур дод, ки дар ҳуҷраи нигоҳдории хун ва ҷузҳои он 1 табиб мудири ҳуҷра Ҳасанов Ф буда, собиқаи кории 14-сола дорад, 2 ҳамшира ва 1 фаррош кору фаъолият доранд. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ дар ноҳия 240 литру 160 мл хун ва ҷузҳои он чаконда шудааст.
Ташхиси муайян кардани гуруҳи хун ва резес, фактор бо Қарори №600 дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 386 нафар дидан карда шудааст.
Мудири шуъбаи ёрии таъҷилӣ Синои С. собиқаи кории 6-сола дошта, соли 2022 аз такмили ихтисос гузаштааст. Дар шуъба 3 табиб, 11 корманди хурд, 4 ронандаи нақлиёти Ёри таъҷилӣ кору фаъолият мекунанд. Дар 6 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 1482 нафар муроҷиат карданд. 942 нафараш ба шуъбаҳои мувофиқ бистарӣ карда шуданд ва 26 нафар аз бистарӣ шудан рад карданд. 189 нафари бистаришудагон ба шуъбаи ҷарроҳӣ, 216 нафар шуъбаи занона, 460 нафар шуъбаи кӯдакона, 44 нафар шуъбаи амрози даруна ва 33 нафар шуъбаи амрози қалю бистарӣ шуданд, ки 2 нафарашон бо ғарқшавӣ, 7 нафар заҳролудшавӣ, 23 нафар хабари фаврии саггазида, 126 нафар ҳолати мастӣ буданд. Муоинаи Калпаскапия 231 нафарро ташкил дод.
Шуъбаи ҷарроҳӣ аз 60 кат иборат буда, 20 кат ҷарроҳии умумӣ, 20 кат ҷарроҳии кӯдакона, 10 кат бемориҳои урологӣ, 10 кат Осебшиносӣ. Мудири шуъба Холтачаев Н. собиқаи корӣ 27-сола дошта, соли 2022 аз такмили ихтисос гузаштааст ва дараҷанокии олӣ мебошад. Дар шуъбаи ҷарроҳӣ 4 табиб фаъолият мекунад, 2 табиб дараҷанокии олӣ, 1 нафар дараҷанокии дуюм ва як нафар мутахассиси ҷавон. Дар 6 моҳи соли 2024 шумораи бистаришудагон дар шуъбаи ҷарроҳӣ 198 нафар бо гуруҳбандии мутахассисони шуъбаи ҷарроҳӣ аст.
Шуъбаи Эҳёгарӣ ва беҳискунонии беморхонаи марказии ноҳия дорои 6 кат буда, 2 кати калонсолон ва 4 кати кӯдакона мебошад. Дар шуъба ҳамагӣ 22 нафар кормандони тиб кору фаъолият мекунанд. Мудири шуъба Ҳайтмуродов Х., собиқаи корӣ 30-сола дошта, дараҷаноки олӣ оиди такмили ихтисос соли 2019 гузаштааст. Дар давоми 6 моҳи соли равон ҳамагӣ 83 бемор бистарӣ шуда, аз инҳо 39 нафараш кӯдакон ва 44 нафараш калонсолон мебошанд.
Беморхонаи №3 аз 25 кат иборат буда, дар беморхона ҳамагӣ 18 нафар кор ва фаъолият мекунанд. Сардухтури беморхона Нуров Х., собиқаи корӣ 33-сола дошта, дараҷанокии якум дорад, соли 2020 такмили ихтисос гузаштааст. Дар 6 моҳи сипаришуда 86 нафар бемор бистарӣ шудааст.
Беморхонаи №4 аз 25 кат иборат буда, дар беморхона ҳамагӣ 17 нафар кор ва фаъолият мекунанд. Сардухтури беморхона Клычев С., 6 сол собиқаи корӣ дошта, дараҷаноки дуюм аст, такмили ихтисос соли 2020 гузаштааст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 108 нафар бемор бистарӣ шудааст.
Фаъолияти марказҳо
Мавсуф дар ҷараёни суҳбат афзуд, ки Маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии ноҳияи Дӯстӣ дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 2180 нафар бемор қабул намудааст.
Дар маркази мубориза зидди бемории СИЛ-и ноҳияи Дӯстӣ 32 нафар кор ва фаъолият мекунанд. Дар 6 моҳи соли 2024 шумораи беморон 30 нафар, бори аввал 28 нафар, такрори 5 нафар, то 17-сола 2 нафар, беморон дар манбаҳо 18 нафар, алоқамандон 162 нафар, муоини алоқамандон 92 нафар, акси ренгенӣ 48 нафар, проба манту 32 нафар, химияпрофлактика 33 нафар, муҳоҷир 4 нафар, сили ниҳони 33 нафар.
Мо кормандони соҳаи тиб беш аз пеш талош карда истодаем, ки фаъолияти касбиамонро пурзӯртар намоем ва ба мардум хидмати шоиста намоем.
МТЖТ