Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти шабакаи КАТСи шаҳри Ваҳдат хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари шабакаи мазкур Абдуназаров Сайёд Музаффарович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат тамоми ҷавонони кишварро бо “Рӯзи ҷавонон” муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ таманно намуд. Абдуназаров ҳамчунин изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд. Ва боварии комил дорам, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш дар кишвар рушд хоҳад кард, зеро фазои созандаву бунёдкориро Пешвои муаззами миллат барои ҳамагуна соҳаҳо фароҳам овардаанд ва ин ба мо имкон медиҳанд, ки соҳаи хешро рушд диҳем.

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки дар қаламрави шаҳру деҳоти Ваҳдат барои хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ва профилактикӣ ба аҳолӣ Маркази саломатии шаҳрӣ (бо 450-600 қабул дар як баст) бо филиали он (бо 300-400 қабул дар як баст), 30 Марказҳои саломатии деҳотӣ ва 79 Бунгоҳҳои саломатӣ, ҷамъ 111 муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.

Базаи кадрӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар шабаки КАТС-и шаҳри Ваҳдат дар умум 1015 корманд фаъолият менамояд, аз инҳо, табибон 173, табиби оилавӣ 87, табибони акушер-гинеколог 10, кормандони миёнаи тиб 684, ҳамшираҳои тибби оилавӣ 311, Фаррошон 145 ва дигар кормандон 17 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ 48 табиби оилавӣ ва 14 ҳамшираи тибби  Шабакаи КАТС аз курси бозомӯзӣ гузаштанд.

Табибон дар МСШ 108, ҳамшираи тиб 206, МСД-ҳо табибон 56, ҳамшираи тиб 478 нафар фаъолият доранд.

Ободонӣ

Дар чор моҳи соли ҷорӣ се Бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд:

Бунгоҳи саломатии деҳоти Зулфи ҷ. д. А. Абдулвосиев; Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Пистамазори ҷ. д. Баҳор; Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Навободи ҷ. д. А. Абдулвосиев.

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки ҳоло сохтмон дар муассисаҳои зерин идома дорад:

–  Маркази саломатии Меҳрбахш, ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Сорво, ҷамоати деҳоти Ромит;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Ғалчагӣ, ҷамоати деҳоти Чорсӯ;

–  Бунгоҳи саломатии деҳоти Ҷавонон, ҷамоати деҳоти Б. Бурунов;

-Бунгоҳи саломатии деҳоти Лошхарф, ҷамоати деҳоти Ромит.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ се Бунгоҳи саломатӣ таъмир карда шуд.

Қобили ёдоварӣ аст, ки соли гузашта дар 10 адад Марказҳои саломатии деҳотӣ ташнобхонаҳо аз ҷониби шарикони рушд сохта, ба истифода дода шуд:

-МСД  Ганҷбор ҷ/д. Р. Исмоилов; -МСД Бостон ҷ/д. К. Исмоилов; -МСД Наврӯз ҷ/д. Н. Розиқ; -МСД Фиришти ҷ/д. Симиганч; -МСД Тангаи ҷ/д. Симиганч; -МСД Бӯстон ҷ/д. Гулистон; -МСД Гулистон ҷ/д. Гулистон; -МСД Амоншайхи ҷ/д. Чуянгарон; -МСД Чиламазор ҷ/д. А.Абдулвосиев; -МСД Камонгарон ҷ/д. Баҳор;

Ҳамзамон, соли гузашта, аз тарафи ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ба 108 адад муассисаи Шабакаи КАТС таҷҳизотҳои тиббӣ ва ёрирасон таъмин карда шуд. Дар ошёнаи дуюм 1 ҳуҷраи табиб пурра аз таъмир бароварда шуд. Мизи ошёнаи якум 100м2 тахтасангчаҳо пӯшонда шуд.

Шуъбаи ҷарроҳӣ аз ошёнаи сеюм ба ошёнаи якум гузаронида шуда, пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар МСШ 12 камераи мушоҳидавӣ васл карда шуд. Дар назди Маркази саломатии шаҳрӣ 1000 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

 Дурнамо

Номбурда дар хусуси нақшаҳои дар пеш гузошташудаи шабакаи КАТС изҳори назар карда, аз ҷумла қайд кард, ки баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии кормандони шабака, ҳадди ақал то 50% табибон ва то 60% кормандони миёнаи тибро дар нақша доранд.

-Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии табибону ҳамшираҳои тиббӣ мунтазам баргузории мубодилаи таҷриба ва бозомӯзиҳо;

Бо дастгирии ВТ ва ҲИАҶТ тайёр намудани табибони сироятшинос.

Таъмири Марказҳои саломатии деҳот ва Бунгоҳҳои саломатие, ки таъмирталаб ҳастанд;

Таъмин намудани базаи моддию техникии муассисаи КАТС, ҷиҳозонидан бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир баҳри саривақт гузаронидани ташхис ва табобат.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь