Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Бо мақсади шиносоӣ бо шароити маркази тиббӣ, фаъолияти маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” ба номи Карим Ахмедов хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур доктори илм тиб, профессор Сафарзода Абдулло Мумин суҳбат анҷом дод.
Номбурда иброз намуд, ки фаъолияти муассиса дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе амру қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, амалигардонии барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар равона карда шудааст.
-Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳри № 1” ба номи Карим Ахмедов аз 423 кати умумӣ ва 19 кати шуъбаҳои наҷот иборат аст. Аз он ҷумла катҳо барои калонсолон 236, кати кӯдакона 87ва 100 кати таввалудхона мавҷуд аст. Ҳамчунин, шуъбаҳои ташхиси машваратӣ, шуъбаи қабули калонсолон, таввалудхона ва шуъбаи кӯдакона фаъолият мекунанд.
Дар умум дар нуҳ моҳи соли 2024 ба Марказ 24792 (100%) бемор муроҷиат кардааст, ки аз инҳо 18369 ё ин ки 74 дарсадашон бистарӣ гардидаанд ё ин ки ба дигар муассисаҳо равон карда шудаанд,-иброз дошт директори МД МТШ №1 Сафарзода Абдулло Мумин.
“Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе
Бино ба иттилои директори муссасиса, бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 №414 “ Дар бораи Стратегияи миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ”, Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 ноябри соли 2021 №707 “Дар бораи тасдиқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе ва инчунин, иҷроиши фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 21. 12. 2021 №375 “Оид ба тасдиқи Нақша-чорабиниҳои Раёсати тандурусти шаҳри Душанбе оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2023 дар Марказ дар асоси фармоиши директор аз санаи 18 январи соли 2022 №14/1 шахси мутассадӣ Камолзода Мубина таъин карда шудааст.
Нақшаи чорабиниҳои дохилӣ-идоравӣ оид ба амалигардонии стратегия таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар Марказ омодасозии мутахассисони сохаи модар ва кӯдак оид ба масъалаҳои вобаста ба баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии кӯдакон, ғизо ва норасогии микронутриентҳо дар байни занон ба роҳ монда шудааст. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2024 дар Марказ 14 маротиба семинар, 6 маротиба мизҳои мудаввар ташкил гардида, дар мавзуъҳои ҳифз ва беҳдошти саломатии модару кӯдак дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронида шудааст.
“Барои расонидани хизмати тиббии босифат ва беҳтар гардонидани хизматрасонӣ ба беморон дар марказ таҷҳизотҳои замонавӣ харидорӣ гардида, мавриди истифодаи беморон қарор дода шудааст. Ба мақсади сари вақт дарёфт ва муолиҷаи беморони гирифтори бемории сил, ҳар нафар бемори гумонбар ба ин беморӣ ҳатман аз муоинаи рентгени қафаси сина гузаронида мешавад. Ҳамчунин барои муайян намудани ташхис аз бемор балғам гирифта, ба Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолии аз бемории сил равон карда мешавад”.
“Барномаи милли оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасогии масъунияти одам (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2021-2025”
-Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06-уми августи соли 2014 №528 дар бораи “Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо” дар ҳамаи шуъбаҳои Марказ гӯшаи пешгирии ВНМО ташкил карда шудааст. Шахсони мутассадӣ оид ба ин гӯшаҳо мудирони шуъбаҳо вобаста карда шудааст. Дар ҳамаи шуъбаҳо дастури методӣ ва доруқуттӣ барои расонидани ёрии аввалия ва пешгири намудани ҳодисаҳои садамавӣ мавҷуд мебошад ва ин доруқуттиҳо бо маводҳои лозими таъмин карда шудааст. Дар шуъбаҳо дафтари сабти ҳолатҳои фавқулода оид ба хатари сироятшавӣ ба ВНМО дар байни кормандон ташкил карда шудааст. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ягон ҳолати фавқулода оид ба хатари сироятшавӣ ВНМО дар байни кормандони шуъбаҳои Марказ ба қайд гирфта нашудааст-иброз намуд Сафарзода А. М. Қайд гардид, ки аз беморони ба шуъбаи ҷарроҳи воридшуда, пеш аз ҷарроҳӣ, таҳлили хун ба ВНМО ва гепатитҳои вирусии “В” ва “С” гирифта мешавад. Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар шуъбаҳои Марказ аз тарафи табибон ҳамагӣ аз 2117 бемор таҳлили хун ба ВНМО гирифта шудааст. Таҳлили хуни беморон ба ВНМО дар Марказ бо усули тести фаврӣ гузаронида шудааст. Аз 2117 бемори таҳлили хун ба ВНМО гирифта шуда, 819 мард (38,6%) ва 1298 зан мебошанд.
“Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2. 10. 2019 №463, оид ба қарори мазкур шахси мутасадӣ мудири шуъбаи эндокринологияи калонсолон Мирализода Абдулло таъин шудааст. Дар ин самт нақшаю чорабинӣ тартиб дода шуда, корбарӣ давом дорад. Бемороне, ки ба Марказ ворид мешаванд аз рӯи формулаи тасдиқшуда зиёдвазнӣ ва фарбеҳии онҳо муайян карда мешавад. Тибқи барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Чумҳурии Точикистон барои солҳои 2019-2024, ки аз 2-юми октябри соли 2019 таҳти №463 тасдиқ шудааст банд ба банд оиди ин барнома дар марказ шахси масъул фаъолият намуда, назорати беморони бо омили зиёдвазнӣ ва фарбеҳиро ба қайд гирифта, назорат мебарад.
–Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бардошт аз Ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024, мавриди иҷро қарор додани муқаррароти моддаҳои 209-216 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти банди 5.5 Оиннома, бинобар рӯ ба афзоиш будани бемории диабети қанд хусусан дар байни навзодон, наврасон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саривақт ошкор намудан, пешгирӣ ва табобати ин навъи беморӣ ташхиси пешакии диабети қанд бо роҳи таҳқиқи оммавии (скринингӣ) ва татбиқи тарзу усулҳои ташхиси оҷили моил будан ба ин беморӣ, бо мақсади ошкор намудани шахсони мубталои беморӣ ё мансуби гурӯҳи таҳти хатар ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми муроҷиат ё бистарӣ намудани зани ҳомиладор бо нишонаҳои диабети ҳомиладорӣ (гестатсияи диабетӣ) зиёдвазнӣ, камҳаракатӣ, зиёд нӯшидани об ва ғайра, аз кӯдаки навзоди бистаригашта, барои муайянсозии қанд дар таркиби хуни навзод, хун барои таҳлилҳо лабораторӣ гирифта мешавад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, яке аз роҳҳои гирифторӣ ба бемории қанд, ирсият мансуб ёфта, ҳолати ирсияти бемории қанд дар хешовандони зани ҳомила муайян карда мешавад. Ҳангоми муроҷиат ё бистарии зани ҳомила, тавваллуди тифл бо нишонаҳои фарбеҳии барзиёд ё камвазнии дараҷаи вазнин дар таваллудхона, табиби акушер- гинеколог, табиби неонатолог барои муайянсозии ҳолати навзод ва пешгирии омилҳои мубталоии навзод ба бемории диабети қанд, ба маъмурият, мудири шуъбаи эндокринологияи кӯдакона фаврӣ маълумот пешниҳод карда мешавад-гуфт директори муассиса.
Директори МД МТШ №1 ба номи Карим Ахмедов профессор Сафарзода Абдулло Мумин мегӯяд, сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба инобат гирифта шуда, расонидани кӯмаки ройгони кафолатноки тиббӣ, афзалиятнокии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, кӯдакон ва ҷавонон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, калонсолон ва маъюбон дар мадди аввал гузошта шудааст. Ташаккули тарзи ҳаёт, ғизои солим, пешгирии бемориҳо тариқи таъмини маълумот, таълими гигиенӣ, тарғиби мактаби диабетӣ дар шуъбаҳои эндокринологияи калонсолон ва кӯдакона қатъиян ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар давоми 9 моҳи сипаришуда аз ҷониби Комиссияи назоратии табобатӣ 580 бемор муҳокимаронӣ гардида, қарорҳои дахлдор бароварда шудааст. Гардиши пагоҳирӯзии директори Марказ, муовин оид ба корҳои табобатӣ, мудирони кафедра ҳаррӯза фаъол буда, дар давоми нуҳ моҳ 2984 бемори вазнине, ки дар шуъбаҳои наҷот бистарӣ буданд, муоина шуда, дар машварати якҷоя тартиби рафти табобат мукамал карда шудааст.
Риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор
Дар Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” ба номи Карим Ахмедов барои таъмини риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор байни корфармо ва коллективи меҳнатӣ шартнома ба мувофиқа расида амал мекунад. Тибқи нақшаи тасдиқкардашуда, ҳамарӯза дар ин самт ба кормандон дастур дода шуда, мунтазам машғулиятҳои дарсӣ гузаронида мешавад. Илова бар ин, дастурҳо оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва чорабиниҳои зидди сӯхтор аз ҷониби роҳбарияти муассиса дар мувофиқа бо намояндаи коллективи меҳнатии марказ тасдиқ карда шуда, дар ҷойҳои лозима ва деворҳои биноҳои марказ овехта шудаанд. Назорати қатъию доимии риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби муҳандиси техникаи бехатарӣ ва пешгирии ҳодисаҳои сӯхтори марказ бурда мешавад. Бар замми ин, ҳолати дастгоҳҳо ва таҷҳизоти барқиву гармидиҳанда пайваста аз ҷониби комиссияҳои созмондодашуда санҷида, камбудиҳои ҷойдошта саривақт бартараф карда мешавад. Ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз сӯхтор ба кормандони масъул тавсияҳо дода мешавад.
Муассиса бо 6 адад сипари оташнишонӣ, ки лавозимоти аввалиндараҷаи оташхомӯшкуниро дороанд ва 120 адад оташхомӯшкунак таъмин буда, ҳамаи таҷҳизоту лавозимот дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Нақшаи таҳлияи кормандон ва беморон дар ҳолати сар задани сӯхтор, ки аз ҷониби Директори марказ дар мувофиқа бо сардори қисми хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, дар баробари овезаҳо ва аломатҳои огоҳкунанда аз сӯхтор ба деворҳои биноҳои Марказ овезон карда шудааст. Таҷҳизоти садодиҳандаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда доимо дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.
Дар муассиса тибқи Фармоиши директор дастаи ихтиёрии зидди сӯхтор дар ҳайати 5 нафар таъсис дода шуда, ҳамаи кормандони муассиса аз ҳодисаҳои нохуш суғурта карда шудаанд.
Навовариҳо дар марказ
Дар давоми 9 моҳи сипаригардида дар Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” ба номи Карим Ахмедов навгониҳо ба амал омадааст. Бори аввал бо муваффақият дар дохили дили як бемор ЭКС (электрокардиостимулятор)-и доимӣ гузошта шуд.
- Ба як бемор ангиопластика ва стентгузории шараёни хоб,
- Ангиопластика ва стентгузории шараёни феморалӣ ба 2 бемор,
- Эмболизатсиякунонии шараёнҳои бачадон ба 2 бемор гузаронида шудааст. Ин усулҳо беориза гузаронида шуда, беморон дар ҳолати хуб ба хона ҷавоб дода шудаанд.
-«Саломатии миллат бойигарии давлат аст», – ин нуктаи муҳиму тақдирсоз аз таъкидҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин метавон хулоса кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, дар самти таъмини саломатии аҳолӣ гомҳои устувор гузошта шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бемайлони тамоми самтҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуда, сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббии кишварҳои пешрафтаи дунё баробар шуда истодааст. Бо дарназардошти рушди рӯзафзуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо пуштибонӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи афзалиятноки сиёсатии иҷтимоии давлат минбаъд низ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи замон роҳандозӣ гардида, солимии ҷомеа таъмин шуда, таҳким меёбад,-дар фарҷом иброз намуд директори МД МТШ №1 номи Карим Ахмедов доктори илмҳои тиб, профессор Сафарзода Абдулло Мумин.
МТЖТ