Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар қатори дигар муасисаҳо дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хусусан дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ низ бомаром пеш рафта истодааст.
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамаи ҳуҷраҳои хоби беморон, ошхона, ҳоҷатхонаю ҳаммоми шуъбаҳои беморхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо оби нӯшоки таъмин карда шудаанд. Аз масофаи 300 метр бо қубури андозааш 032 см тариқи пойгоҳи обкашӣ обёрӣ сурат гирифта, беморхонаи марказӣ бо оби полезӣ таъмин карда шудааст. Дар гирду атрофи беморхона 15 адад қуттиҳои партовпартоӣ васл карда шудаанд. Партовгоҳи беморхона, ки солҳои тӯлонӣ аз партов пур буд, ба миқдори зиёд аз беморхона бароварда шуд. Дар саҳни ҳавлии беморхона 3 адад суҳбаткада (беседка) барои беморон ва аёдаткунандагон сохта шудааст. Дар гирду атрофи муассиса гулу дарахтони ороишӣ шинонида шуда, зиёда аз 1000 метр роҳравҳо аз нав бетонрезӣ ва рангубор карда шудааст. Дар назди беморхона майдончаи кӯдакона барои истироҳату фароғати кӯдакон сохта ва атрофаш бо панҷара иҳота карда, чароғон намуда, ба истифода дода шудааст. Дарвозаи даромадгоҳи асосии беморхона азнавсозӣ карда шуда, бо навиштаҷот оро дода шудааст. Қисми маъмуриятии бинои беморхона таъмир карда шуда, ба утоқҳои корӣ дарҳои нави замонавӣ часпонида шуда, инчунин дари даромадгоҳ ва байни шуъбаи ёрирасон дари пластикӣ ва тирезаҳои пластикӣ часпонида шудааст. Фарши шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи бемориҳои дил кафелчинӣ карда шудааст. Шуъбаи ҳомила бо иваз намудани қубурҳои обгузар, кафелчинӣ намудани фарши долону ҳуҷраҳо, часпонидани тирезаҳои пластикӣ, васли чароғи каммасраф, рангубори девору шифти ҳуҷраҳо ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Дар гузаргоҳи асосии беморхона расми қаҳрамонҳои Тоҷикистон ҷо ба ҷо гузошта ва чароғон карда шудааст. Насби пайкараи модару кӯдак дар саҳни ҳавлии беморхона ва насби навиштаҷот аз суханони бузургон дар роҳравҳои асосии беморхона сурат гирифтааст. Новаҳои обрези боми беморхона ба пуррагӣ васл карда шудаанд.
Бо маблағгузории ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНИСЕФ системаи обгурез (канализатсия)-и беморхонаи марказӣ ба пуррагӣ иваз шуда истодааст. Фарши долони ошёнаи якуми беморхона ба пуррагӣ аз нав кафелчинӣ карда шудааст. Ҳамаи шуъбаҳо барои интиқоли беморони вазнин барои ташхис ё аз як шуъба ба дигар шуъба бо аробачаҳо таъмин карда шудаанд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи беморхона ошхонаи беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири косметикӣ бароварда шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва бо дархости сартабиби беморхонаи марказии ноҳия дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои кӯдакон, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои калонсолон, дефибриллятор монитор, оксигенератор, дастгоҳ барои электрофарез, дастгоҳи Амплипулс, дастгоҳи Эскулап (электросон), дастгоҳи Ток Бернара, монитори назди кати бемор, перфузор, инфузомат, тарозу бо қадченкунак, стерилизатор , 15 кати хоб барои кӯдакони навзод, 5 кат барои таваллуд, 10 кати функсионалӣ, 25 кат барои хоби беморон, дар маҷмуъ ба маблағи як миллион сомонӣ ба беморхонаи марказии ноҳия ворид карда шудааст. Воридсозии дигар дастгоҳу таҷҳизоти лозима идома дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки корҳои созандагию ободонӣ дар беморхонаҳои минтақавӣ низ бомаром пеш рафта истодааст. Дар Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти Чоряккорон таъмири капиталии шуъбаи кӯдакона, таъмири капиталии шуъбаи таваллудхона, таъмири 6 ҳуҷраи шуъбаи бемориҳои дарунӣ амалӣ гардида, роҳравҳо аз нав бетонрезӣ ва гирду атрофи беморхона гулҳои ороишӣ шинонида шудааст. Дар Беморхонаи №2-и ҷамоати деҳоти Россия ба ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона қубури оби нӯшокӣ гузаронида шуда, бо об таъмин карда шудааст. Қубури обпартои беморхона ба қубури обпартои марказӣ пайваст карда шуда, гирду атрофи беморхона гулҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст. Дар Беморхонаи №3-и ҷамоати деҳоти Эсанбой ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, шуъбаи таваллудхона, ки солҳои тӯлонӣ вайрону валангор хобида буд, таъмираш оғоз гардида, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Гирду атрофи беморхона гулҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст. Аз ҳисоби беморхонаи марказии ноҳия 5 адад кати хоб барои кӯдакон, 5 адад кати хоб барои калонсолон, 1 кат(кресло) барои таваллуд, 1 ҷевони хушктамизгардонӣ ҷудо гардида, таъмин карда мешавад. Баҳри тозаю озода нигоҳдоштани гирду атрофи беморхона ҳар шанбе коллективи кормандони беморхона ба ҳашари умумӣ мебароянд.
Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар атрофи беморхонаи марказии ноҳия 255 адад дарахтони мевадиҳанда (хурмо, себ, олуча, гелос, олу), 85 адад дарахти ҳамешасабзи арча, 505 адад гулҳои ороишӣ ва 300 адад гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шудааст.
Блоки амалиётхонаи шуъбаи таваллуд бо ташкил намудани амалиётхонаи иловагӣ бо иваз намудани дару тирезаҳо, кафелчинӣ намудани шифту деворҳо аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Ҳуҷраи баъди амалиёти ҷарроҳӣ низ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорон 35 адад кати парпечонӣ, 20 адад кати хоб барои навзодон, 10 кати хоби калонсол барои модарон ва 10 адад тумбучкаи назди кат ба шуъбаи навзодон ворид карда шудааст. 30 адад кати хоб барои шуъбаи калонсолон ворид гардидааст.
Дар шуъбаи сироятии БМН системаи канализатсия аз таъмир бароварда, бо оби нӯшокӣ таъмин карда шудааст. Бетонрезӣ ва рангубори атрофи бинои беморхона, асфалтрезии ҳавлии беморхона сурат гирифтааст. Санаи 01.07.2020-ум 4 кати хоби калонсол ва 4 адад тумбучкаи назди кат, 8 адад матрас, 8 болишт ворид карда шудааст. Лифти беморхона, ки солҳои тӯлонӣ аз кор монда буд, аз нав барқарор ва ба истифода дода шудааст.
Ба шуъбаи сироятии БМН хати оксиген, хати оби нӯшокӣ ва хати обпарто (каналзатсия) васл карда шудааст. Шуъбаи бемориҳои дарунӣ бо васли гарнитури ошхонагӣ ва рангубори деворҳо аз таъмири косметикӣ бароварда шудааст. Шуъбаи ҷарроҳӣ низ бо васли гарнитури ошхонагӣ ва рангубори деворҳо аз таъмири косметикӣ бароварда шуда, шуъбаи қабули беморон аз таъмири косметикӣ бароварда шуда, равшаннамоии беморхона пурра гардонида шудааст.
Ба гуфтаи сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам А. Абдулмаҷитзода, “дар раванди корҳои беназири ободонӣ, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз кардаанд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Абдуллозода Ҷамолиддин низ аз рӯзи аввали сари кор омаданашон, баҳри рушду нумӯи соҳа, ба таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ, маводҳои тиббию таҷҳизотҳои муосири тандурустӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро равона карда истодаанд. Ин аст, ки аллакай тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар бо маводҳои аввалияи ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардида, кулли беморхонаҳо аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар дар шароити пандемияи ҷаҳонии КОВИД-19, ки кулли ҷаҳонро фаро гирифтааст, бо либосу анҷоми зидди сироятӣ, антисептикҳо, терморегуляторҳо ва маводҳои шӯст таъмин гардида, тамоми системаи тандурустии ноҳия бо таҷҳизотҳои замонавии муайянкунии бемориҳои сироятӣ ва ташхисгоҳҳо бо маводу реактивҳои кимиёвӣ пурра таъмин мебошанд, ки ин хизмати раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустамро махсус бояд қайд намоям. Раиси ноҳия аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ, беморхонаи ҶДД Сарикиштиро пурра таъмиру таҷдид намуда, онро барои қабули беморони гирифтори пандемияи КОВИД-19 омода намудаанд ва тамоми беморхонаҳоро бо маводи хурока таъмин намуда, барои харидории доруворӣ ва дигар маводҳои тиббию муҳофизатӣ маблағҳои заруриро ҷудо намуда, барои он табибоне, ки дар сафи аввали мубориза бо КОВИД-19 истодаанд, маблағҳои иловагӣ ҷудо намуда, новобаста ба шароити вазнини корӣ ҳар сари вақт аз муассисаҳои тандурустии ноҳия дидан намуда, агар лозим ояд ёрии худро сари вақт мерасонад. Ин буд, ки дар як муддати басо куттоҳ тамоми муассисаҳо таъмири капиталӣ карда шуда, чандин муассисаи нав сохта шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкорӣ номдори ватанӣ Нурмуҳаммад Машрабов ва корҳои омодагӣ барои сохтмони беморхонаи сироятӣ, барои 120 кати хоб гирифта шудааст”.
– Хулоса, ман ҳамчун сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ миннатдорӣ ва сипосӣ аҳли табибон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ барои дастгириҳои пайваста, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Ҷамоллиддин Абдуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода ва куллӣ соҳибкорони саховатпеша, мерасонам. Бо боварии комил онҳоро бовар мекунонам, ки соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳар вазъ омодаи хизмат ба ватану миллати худ мебошанд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР,
МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь