Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат хабарнигори МТЖТ бо сардухтури соҳаи мазкур Раҳмонзода Сироҷиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки аз фурсати муносиб истифода карда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни бузурги миллӣ-Истиқлоли давлатӣ, ки дар остонаи таҷлили он қарор дорем, муборакбод мегӯям ва бигзор Истиқлоли кишвари азизамон поянда бод!

Ин чунин ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳру деҳоти шаҳри Ваҳдат 369187 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 188192 нафарро занон ва 180995 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд. Хизматрасонии тибии госпиталиро Беморхонаи марказӣ бо 457 кат, 6 – Беморхонаҳои минтақавии рақамдор бо 205 кат, Муассисаи давлатии худмаблағгузории «Маркази ҷарроҳӣ» бо 25 кат, Маркази шикастабандӣ ва осебшиносии «Нури Ваҳдат» бо 8 кат, Маркази ташхисию табобатии «Шафқат» бо 15 кат ва Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» бо 25 кат, Маркази ташхисиву табобатии «Парастор» бо 60 кат, Маркази ташхисию табобатии «Ҳаёт» бо 10 кат, маркази ташхиси табобати эндоxарроҳии шаҳри Ваҳдат -26 ки дар умум 831 катро ташкил медиҳанд, мерасонанд. Кумаки аввалияи тиббию санитариро бошад, Маркази саломатии шаҳрӣ бо филиалаш, 30 Марказҳои саломатии деҳот, 79 бунгоҳҳои саломатӣ, мерасонанд. Инчунин, хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ, маркази ёрии таъҷилӣ, Марказҳои солимии репродуктивӣ, мубориза алайҳи бемориҳои сил, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, эмтаъминкунӣ, мубориза бар зидди бемориҳои СПИД, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази байни ноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ ва Маркази стоматологӣ, мерасонанд.

Шӯрои табибон

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар назди беморхонаи марказӣ Шӯрои тиббии кормандони соҳаи тандурустӣ иборат аз 7 нафар, раис ва 1 нафар котиб бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд. Мувофиқи нақшаи Беморхонаи марказӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2 ҷаласа гузаронида шуд, ки 5 масъалаҳои мубрами рēзро дар бар мегирад.

Баҳри бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, шахсони масъул вазифадор ва иҷроиши он зери назорат қарор дода шуд.

Бо фармоиши роҳбари Беморхона аз 17.01.2019,  №21 барои саривақт ва мақсаднок таҳлил намудани сабабҳои фавти беморон, пешниҳоди ахбороти фаврӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳолатҳои оризанок ва вазниншавии беморон коммиссияи таҳлили марганҷоми ва беморони оризанок гашта, таъсис дода шуд.

Иҷроиши қарор

Номбурда ҳамчунин, зикр кард, ки аз моҳи сентябри соли 2009-ум як қатор ҳуҷраҳои ташхисӣ ва як қисми шӯъбаҳои беморхонаи марказӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби хизматрасонии тибию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият карда истодаанд.

Нақшаи иҷроиши супурдани маблағҳои махсуси соҳа тибқи қарори №600 назар ба 6 моҳи соли 2022, 1,9 % зиёд гаштааст.

Сохтори госпиталӣ

-Аз 15 шӯъбаҳои Беморхонаи марказӣ, ки аз ин 12 тояш шӯъбаҳои ташхисию-табобатии статсионарӣ мебошанд, инчунин шӯъбаи қабули беморон, шӯъбаҳои ёрирасониҳои тиббӣ, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, шӯъбаи паталогоанатомӣ бо маитгоҳ ва дигар шӯъбаҳое, ки ба қисми хоҷагидорӣ таалуқ доранд, ва 6 беморхонаи рақамдори минтақавӣ ба аҳолӣ хизмати ташхисию-табобати мерасонанд.

Аз моҳи сентябри соли 2009-ум як қатор ҳуҷраҳои ташхисӣ ва 8 шӯъбаҳои бистаринамоии беморхонаи марказӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 фаъолият карда истодаанд,-қайд кард номбурда.

Таваллуди кӯдакон

Мавсуф тазаккур дод, ки мустаҳкам намудани саломатии модарон, тифлони навзод, кӯдакон ва наврасон яке аз вазифаҳои асосии кормандони тиб маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бо мақсади беҳшавии саломатии модарон бо мусоидати кормандон шумораи таваллуд дар таваллудхонаҳо зина ба зина зиёд карда шуда истодааст. Дар 6 моҳи соли 2023 таввалуд дар тавалудхона 96,3% мебошад.

Шумораи таваллуд  дар 6  моҳи соли 2023-ум  3904  дар 6 моҳи  2022 сол 4234 нафарро  ташкил  дод, ки нисбати 6 моҳи 2022 сол 330 нафар кам гаштааст.

Назорати беморон

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки баҳри иҷроиши Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ ва такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ маълумотҳои зерин пешниҳод намудан мумкин аст:

Шумораи умумии беморони осебгирифта 3255 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 879 нафар бо шикасти пушида, 31 нафар бо шикасти кушода, 92 нафар бо баромадагӣ, 1504 нафарро латхури ва кашишхурӣ. Маҳали осеббардорӣ кӯчагӣ 1146 нафар, садамаи нақлиётӣ 160 нафар, осеби варзишӣ 1162 нафар ва осеби хонагиро 1787  нафар ташкил медиҳад.

Ба шӯъбаи қабули беморон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 543  нафар шаҳрванд кам муроҷиат намудаанд. Теъдоди бо роҳхат муроҷиаткунандагон 31 нафар зиёд гаштааст, 2367 нафар бистари карда шудаанд, ки 66,8%-ро ташкил медиҳад.

Бо роҳхати МСШ бистаришудагон 57  нафар, 2,4 %, ки назар ба 6 моҳи соли 2022, 14 нафар зиёд гаштааст.

Тарзи ҳаёти солим

Мавсуф қайд кард, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 №566, Қарори Ҳукумати шаҳри Ваҳдат аз 15 феврали соли 2022, №768 ва фармоиши Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат аз 24 майи соли 2022, №89 «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»  таъсис дода шуд.

Дар шаш моҳи соли 2023 маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ш. Ваҳдат дар асоси Оиннома ва нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 № 566, қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 15 феврали соли 2022, №768 ва фармоиши Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат аз 24 майи соли 2022, №89 ба имзо расидааст, ки аз 5 банд ва 25 зербанд иборат аст. Дар асоси амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллӣ Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солимии ш. Ваҳдат ва нақшаҳои муштараки байни соҳавӣ, худ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни аҳолии шаҳр (xамоатҳо, мактабҳо, бозору маuозаҳо) ва корҳои ҳамоҳангсозиро дар байни корхонаҳои давлатию ғайридавлатии дар шаҳр фаъолият дошта, ба роҳ мондааст.

Марказ бо сохторҳои  дар боло зикр гардида оиди мавзуҳои танзими оила, бемориҳои сироятӣ ва ғайри сирояти бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинси гузаранда, «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Одобу муошират», баррасии Паёми Пешвои муаззами миллат, оиди фаъолияти ҳуҷраҳои муҳоҷирони меҳнат, хуҷраҳои боварӣ ва дӯстона, Маркази хайрхоҳона ба ҷавонон, занон  оиди тарзи  ҳаёти солим ва ғайра машваратҳо баргузор менамояд. Инчунин, аз рӯи дафтари  корҳои санитарию маърифатӣ, ки бо фармоиши Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 03 октябри соли 2015 сол №840, шакли №092 чунин корҳо ба анҷом расонидааст.

Санаи 08 феврали соли 2023 дар толори “Кохи маърифат” аксия чорабинии оид ба масъалаи тарзи ҳаёти солим ва мавзӯъи Беҳдошт (гигиена) ва санитария дар байни 160-нафар ва 14.06.2023 аксия навбатӣ дар мавзӯи “тибби оилавӣ” таҳти шиори “Рушди тибби оилавӣ, омилӣ солимии аҳолӣ аст” дар мактаби миёнаи таҳсилоти умуми №3 дар байни 200-нафар аҳолии шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Маркази Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин аз дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла: Ҳисор, Файзобод ва Рӯдакӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо дастгирии Фонди Оғохони Тоҷикистон баргузор гардид, ки тамоми аҳоли толор аз ҷанбаҳои чигуна Беҳдошти шахси ва ҷаъмиятиро идора кардан, рафтор намудан ва мавзӯи  тиббӣ оилавиро дарк намуданро омухтанд.

Дурнамо

-1. Мустаҳкам намудани баъзаи моддию техникии беморхона, ҷиҳозонидан бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир баҳри саривақт гузаронидани ташхис ва табобат.

  1. Таъмини КАТС бо мутахасисон; табибони бемориҳои рӯҳӣ, тибби оилавӣ, наркологҳо, момодояҳо, фтизиатрҳо, онкологҳо, дар минтақаҳои дурдаст дояпизишкҳо, ҳамшираҳои шафқат, беҳёру момодояҳо.
  2. Таъмири муассисаҳои КАТС хусусан таъмири бунгоҳҳо ва марказҳои саломатии деҳот.
  3. Ташкили бахшҳои тиббӣ оилавӣ дар омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва таваҷҷуҳи бештар дар самти тайёр кардани ҳамшираҳои тиббӣ оилавӣ.
  4. Баланд бардоштани фоизи иҷроиши катҳои шӯъбаҳое, ки тибқи қарори №600 фаъолият доранд ва ба эътидол овардани вазъи маблағсупории ин шӯъбаҳо нисбати қарори мазкур.
  5. 6. Таъмир ва азнавсозӣ намудани боми маркази саломатии шаҳрӣ.
  6. 7. Баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии кормандони соҳа, ҳадди аққал то 60% табибон ва то 80% кормондони миёнаи тиб.
  7. 8. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои касбии табибону ҳамшираҳои тиббӣ мунтазам баргузории мубодилаи таҷриба ва бозомӯзиҳо, инчунин бо дастгирии МД «МҶТКТО» ва ДТБКСТ ҶТ ташкили бозомӯзиҳои сайёр.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь