Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти Маркази саломатии ноҳиявии 2-и шаҳри Истаравшан хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби Маркази саломатии мазкур Раҳимов Аскар Турсунович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, тавре Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ва боварии комил дорам, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш дар кишвар рушд хоҳад кард, зеро фазои созандаву бунёдкориро Пешвои муаззами миллат барои ҳамагуна соҳаҳо фароҳам овардаанд ва ин ба мо имкон медиҳанд, ки соҳаи хешро рушд диҳем.

Сохтори марказ

Мавсуф тазаккур дод, ки айни замон дар бинои мактаби миёнаи рақами №1 ба номи Набиҷон Қодири шаҳри Истаравшан ҳамчун иҷорашин кору фаъолияти марказро пеш бурда истодаем. Дар тӯли 5 соли фаъолияти худ аз тарафи КАТС-и шаҳри Истаравшан таъмири косметикӣ гузаронида шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардиданд. Ҳуҷраҳои муоина кам мебошад. Аз набудани ҳуҷраҳои муоина танқисӣ мекашем. Дар як утоқи корӣ ду нафар табиб ва ду нафар ҳамшираҳои шавқат кору фаъолият доранд. Аз сабаби он ки шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Айни замон 54 хиёбонҳои шаҳр ба мо вобаста карда шудааст. Мо бо 18 хиёбонҳо сару кор дорем. Ин ҳуҷраҳои муоина, ки айни замон дар маркази мо ҳаст, кам мебошад.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат мебошад. Дар якум бино утоқҳои кормандони тиб ҷойгир аст. Дар ошёнаи дуюм хонандагон дарс мехонанд. Аз рӯйи маълумотҳо дар ошёнаи дуюм 8 синфхона мавҷуд буда, 4 синфхона фаъолият дорад ва 4 синфхонаи дигараш фаъолият намекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба мо беморони сироятшаванда муроҷиат мекунанд, ба муолиҷа ҳам меоянд. Бемории сироятшаванда хатарнок аст ва он гузаранда мебошад. Имконияти сироят ёфтани хонандагон хоҳад шуд. Ҷойгир шудани синфхонаву маркази саломатӣ дар як бино аз нигоҳи тиббӣ ин нодуруст аст.

Шаҳрвандон низ оид ба масъалаи таъмири ҳуҷраҳои кори кормандони тиб ва сохтани бинои нави маркази саломатӣ, ки дар боло зикр шудааст. Якчанд маротиба ба мо хаттӣ ва шифоҳӣ шаҳрвандон муроҷиат карданд. Ин талаботи шаҳрвандони шаҳри Истаравшан мебошад. Ҳамагон хоҳиш доранд, ки маркази саломатии рақами №2 аз таъмири капиталӣ бо ҳуҷраҳои иловагӣ таъмиру таҷдид гашта, ё ин ки соҳиби бинои нави замонавӣ гарданд. Мо кормандони соҳаи тиб хизматрасонии тиббиро беҳтару хубтар ба роҳ монем. Айни замон лоиҳа барои сохтмони бинои се ошёна омода буда, қитъаи замин ҳам ҷудо гардидааст. Аз сабаби он ки маблағгузорӣ марҳила ба марҳила ҷудо мегардад, қариб 5 солро дар бар мегирад. Аз ҳамин лиҳоз, мо аз масъулин хоҳиш менамоем, ки дар ошёнаи дуюми бино 4 синфхонаи бекорхобидаро ба маркази саломатии рақами №2 мувақатан вобаста намоянд. Ва ин мусоидати онҳо хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар менамояд.

Базаи кадрӣ

Раҳимов Аскар Турсунович сартабиби Маркази саломатии ноҳиявии №2-и шаҳри Истаравшан зимни суҳбат бо мо зикр намуд, ки маркази саломатӣ барои 22 489 нафар аҳолӣ яъне ба 5 ҷамоати деҳот, 10 марказҳои саломатӣ, 14 хонаҳои саломатӣ хизмат мерасонад. Дар маркази саломатӣ 18 минтақа вуҷуд дорад, ки бо табибони оилавӣ таъмин мебошанд. Шумораи умумии кормандон 98 фоизро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 35 нафарашон табибон, 54 нафар коркунони тиббӣ миёна, 7 нафар коркунони тиббӣ хурд ва 2 посбон иборат мебошад.

Дараҷанокии табибон

15 нафар бо дараҷаи олӣ- 42, 8%, 12 нафар бо дараҷаи I- 34, 2%, 4 нафар бо дараҷаи II- 11,4% фаъолият мебаранд, ки ҳамагӣ 88, 4%. Оид ба дараҷанокии табибон бояд қайд кунам, ки якчанд шифокорон хуҷҷатҳои лозимиро барои гузаштани такмили ихтисос ва ҳимояи дараҷанокӣ пешниҳод намудаанд. Дар оянда мо кушиш менамоем, ки дараҷанокиро то 100% расонем.

Дараҷанокии коркунони тибби хурд 54 нафар, ки 16 нафар олӣ-29%, 15 нафар дараҷаи I- 27,7%, 5 нафар дараҷаи II- 9,2%, 33 нафар дараҷанокӣ надоранд, ки 37%-ро ташкил медиҳад. Озмоишгар 7 нафар, 4 нафар дараҷанокӣ надоранд. Духтурони маркази пизишки дандон, чашм, пустшинос, ғадудшинос, осебшинос, ҷарроҳи хурду калон, гушу гулуву биннӣ, асабшинос, функтсионалист, дилшинос, тарбодшинос, духтури озмоишгар, саратоншинос, уролог, духтури маслиҳатдеҳи амрози занона ва наврасон фаъолият мебаранд.

 Татбиқи барномахо

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки барномаи миллӣ ХБК, беморони ба қайд гирифта шуда 840 нафар буда, бо ҳамаашон суҳбат анҷом дода шуд. 2 нафар бемори сил табобат гирифта истодааст, флюрография 601 нафар, балғам-5 нафар. Барнома ҳозима-лексия нест, суҳбат-134 нафар, бемор-134 нафар.

Барномаии кафолатҳои давлатӣ №600 ҳамагӣ 2743 нафар, ройгон-516, маъюбон 157, кӯдакони то 1 сола 1 нафар, аз 80 сола боло 6 нафар, ҳомиладорон 732 нафар, камбизоат 40 нафар мебошад.

Барномаи иммунопрофилактика 35,3% иҷро шуд.

Дар анҷоми суҳбат сартабиби беморхона қайд кард, ки бояд тазаккур диҳам, ки барномаҳои миллӣ оид ба тандурустӣ баҳри беҳдоштии ҷомеа нақши калидӣ доранд ва дар беморхонаи мо низ барои тадбиқи барномаҳои миллӣ тамоми имконоти тиббӣ ва дониши табибон сафарбар гардидааст.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь