Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти КАТС-и ноҳияи Балҷувон хабарнигори МТЖТ бо роҳбари он Пиров Илҳом Исломович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкашӣ хонандагон менамоем.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард,ки роҳбарияти Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Балҷувон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Балҷувон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқҳои соҳавӣ ба роҳ монда, дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми корҳои муайяни соҳавӣ, ободию бунёдкориро ба анҷом расонидааст.

Масъулиятшиносӣ

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии муосир саҳми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд изҳор намоем, ки солимии аҳолӣ ва ҷомеа танҳо аз соҳаи тандурустӣ вобаста набуда, фаъолияти дастаҷамъона, байни бахшӣ сафарбаркунии тамоми бахшҳо ва худи аҳолиро тақозо дошта, оилаи солим бунёди ҷомеа ва давлатӣ солим мебошад.

Сохтор ва базаи кадрӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки айни замон дар Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Балҷувон 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 маркази саломатии деҳотӣ ва 20 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Айни замон дар маркази саломатии ноҳияи Балҷувон сенздаҳ ҳуҷраи кори фаъолият карда истодааст. Аз ҷумла ҳуҷраҳои захмбанди, дандонпизишкӣ, доругузаронӣ, қабули маъюбон, шуъбаи ёрии таъҷили тиббӣ ва 2 адад ҳуҷраҳои зертобе, ҳуҷраи солими репродуктивӣ ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар шабакаи муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Балҷувон 234 нафар кормандон, аз ин ҳисоб 10 нафар табибон бо маълумоти олии тиббӣ, 105 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 45 нафар кормандони хурди тиб ва 75 нафари дигар кормандон ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

Аз ҳисоби табибон 2 нафар дорои дараҷаи олӣ, 2 нафар дорои дараҷаи дуюм, аз ҳисоби кормандони миёнаи тиббӣ 26 нафар дорои дараҷаи олӣ, 2 нафар дорои дараҷаи якум, 4 нафар дорои дараҷанокии дуюм дар соҳа фаъолият намуда истодаанд.

Хизматрасонӣ

Мавсуф инчунин афзуд, ки ҳамзамон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 92 нафар навхонадорон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Инчунин, 21 нафар хонандагони синфи 1-ум аз муоинаи тиббӣ гузашта, маълумотномаи №026 дода шуд. Дар ин давра ба 257 нафар шаҳрвандон муоинашуда маълумотномаи шакли №038 дода шудааст.

Дар ноҳия занҳои қобили таваллуд 7614 нафар, дар шаш моҳи соли 2024 таваллуд ҳамагӣ 457 нафарро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли 2024 аз тарафи ҷарроҳони маркази саломатии ноҳия ба 175 нафар писарон хатна гузаронида шудааст.

Садоқат ба касб

Номбурда ҳамзамон илова кард, ки аз он ҷумла маъюбони калонсол 439 нафар то 18 сола 92 нафар бори аввал маъюбон гирифтанд, 11 нафар такроран аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, 25 нафар маъюбони гуруҳи якум 44 нафар, маъюби гуруҳи дуюм 252 нафар, маъюбони гуруҳи саввум 144. Ба синни нафақа расиданд 3 нафар, маъюбони бемуҳлат 325 нафарро ташкил медиҳанд.

Шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ноҳия дар вақтҳои таъҷилӣ ёрии саривақтии тиббӣ расонида истодааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1416 даъват ёрии аваллияи тиббӣ босифат анҷом дода шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабини ташкил карда шуда тибқи он бунёд, азнавсозии  ва таъмири марказу бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад.

Бунёдкорӣ

Ҳамсуҳбати мо дар фароҷоми суҳбат изҳор дошт, ки аз тарафи соҳибкорон азнавсозии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дифат корҳои сохтмонӣ идома дорад. Ба муассиса аз тарафи Лоиҳаи “Инкишофи рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба маблағи 480509.09 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ворид гардидааст.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ азнавсозии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сулдузӣ, Ғулакизарин идома дорад.

Муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Балҷувон баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолии ноҳияи Балҷувон тамоми чораҳои профилактикиро пурзур намуда, пайваста чораҳои манфиатбахшро роҳандозӣ намуда истодааст.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь