Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи ахир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид. Шумо доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед. Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд.

Эмомалӣ Раҳмон

Табибон бояд дасту дили пок дошта бошанд

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби беморхонаи мазкур Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда қайд дошт, ки тиб – ин муҳаббат аст, муҳаббат набошад он ҳеҷ арзише надорад.Муҳаббат бошад ба воситаи табиб ба бемор дар вақти табобат ва муносибат эҳсос гашта, дода мешавад. Табиби ҳақиқиро охир беҳуда Гиппократи бузург ба файласуф баробар накардааст ва ишора кардааст: “Табиб – файласуф, охир фарқияти калон байни хирад ва тиб нест”.

Мавсуф дар оғози сӯҳбат иброз дошт, ки кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва беморхонаҳои рақамӣ дар ҷамоатҳо ноҳия суханони бузургони олами тибро сармашқи кори худ намуда, доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия ҳамеша таъмин бошад. Онҳо ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони ноҳия ва берун аз он ёрии тиббии худро мерасонанд. Маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва табибони он дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабонарӯз омода ҳастанд.

Ҳадаф солимии ҷомеа аст

Дар идомаи суҳбат қайд кард, ки дар ноҳияи болозикр як беморхона марказӣ, як беморхонаи рақамӣ ва чор беморхонаи минтақавӣ деҳотӣ, ки дорои 430 кат буда, онҳо дар шароити хуб ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ба 157 ҳазору 470  нафар аҳолии ноҳия шабонарӯз хизмати тиббӣ расонида истодаанд.  Дар умум ба ин шумораи аҳолӣ наздики 1200 кормандони соҳаи тиб хизмати тиббӣ расонида, мароми асосии роҳбарияти беморхона ва онҳо хизмати содиқона ба халқу ватан ва солимии ҷомеа аст.

Таъминот бо кадр

Таъминот бо духтарон ба 10, 4 ҳазор аҳолии ноҳия 8,4 нафар ва ба кормандони миёнаи тиб 35,7 нафаро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ҷайҳун 416 нафар кормандони дараҷанокии касбӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 87 нафар духтурон, (дараҷаи олӣ-36, нафар, 19 нафара дараҷаи якум, 32 нафар дараҷаи дуюм) ва 329 нафар кормандони миёнаи тиббӣ (дараҷаи оли 138 нафар, дараҷаи якум 49 нафар, дараҷаи дуюм 232 нафар) мебошанд. Аз ҷамъи умумии кормандон 38 нафар табибон ва 128 нафар кормандони миёнаи тиб аз курси такмили ихтисос гузашта донишу малакаи худро сайқал дода, аз навгониҳои соҳаи тандурустӣ оғоз шудаанд.
Ба гуфти мусоҳиби мо дар чор моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаи маркази ва беморхонаҳои ҷамоатҳо 2 ҳазору 774 бемор бистари шуда,  пурра табобат ёфта аз беморхона мураххас шудаанд. Ҳоло беморхона бо ҳама таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин буда, беморон дар шароити хуб ба муолиҷаву табобат фаро гирифта мешаванд.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишвар хуб аст

Маъмурияти беморхонаи марказӣ ва табибони беморхонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кушиш доранд, ки ҷашни 35-содагии Истиқлолиятии кишваро бо дастовардҳои хуб истиқбол гиранд. Ва дар чор моҳи соли 2023 дар доираи ин санаи таърихи як қатор корҳо дар соҳаи тандурустӣ ноҳия ба анҷом расидаву ҳоло корҳои ободони бо дастгирии Вазорати тандурустӣ, мақомоти маҳаллӣ соҳибкорону шахсони саховатманд идома дорад.

Дар ин давра бунёди ҳавз барои таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба беморон ва хоҷагидорӣ, сохтмони нуқтаи оксигени тиббӣ, таъмини ноҳия бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ, таъмири асосии беморхонаи рақами як, сохтмони бинои ёрии таъҷилӣ, таъмири касметикии шӯъбаи қабул ва насби дару тирезаҳои пилстикӣ дар шӯъбаи амрози даруна, идомаи сохтмони ҳозиразамони  ҳуҷраи тамизгардони ва ҷомашуи, азнавсозии ҳуҷраи амалиётҳои шӯъбаи тавалудӣ, аз навкуни қубрҳои обтаъминкунӣ беморхона, насби ҳисобкунакҳои барқии ҳозиразамон,  таъмири асосии ошиёна якум ва сеюми шӯъбаи кӯдакона ва ҷароҳи, ошхонаи беморхона низ, ки дар ҳолати бад қарор дошт  ба пурагӣ таъмир гашта бо ҳама шароит таъмин гардид, ки ҳамарӯза беморон аз он истифода  бурда истодаанд. Ҳамчу ин сохтмони нуқтаи партовпартои ва дигар корҳо ба анҷом расида, ҳоло корҳои ободонӣ бо маром идома доранд.

Ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявӣ насби беморхонаи Ҷайҳун гашт

Дар озмуни ҷумҳуриявӣ “Момодояи беҳтарин”-и соли 2023 миёни муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки чанде пеш баргузор гашт, беморхонаи маркази ноҳияи Ҷайҳун дар байни 67 шаҳру ноҳияҳои кишвар сазовор ҷойи дуюм гардид, ки ин ғолибият барои як ноҳияи дурдасти кишвар беназир аст.

Роҳбарияти беморхона дар оянда низ талош мекунад, ки дар дигар озмунҳои соҳаи тиб кормандонаш фаъолона иштирок карда соҳиби ҷойҳои намоён гарданд.

Мароми мо хизмати содиқона ба халқу ватан аст

Мавсуф иброз дошт, ки ҳамаи арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷумла бемрон дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони муҳтоҷ муолиҷаи ройгон дар беморхона тиббӣ, таъмин бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳои мураккаб ташкил карда шуд.

Маъмурияти Беморхонаи  маркази ва табибони ботаҷрибаи ноҳияи Ҷайҳун  дастгирии ҳамаҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сокинони ноҳия ва ноҳияҳои атрофро  бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум фаъолият намоянд. Зеро дар се соли охир беморхона пурра бо дасгири ҳукумати Ҷумҳурии, Вазорати тандурустӣ, мақомоти маҳаллӣ таъмиру босози гардида бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Раҳмоналӣ Додаррхуҷаев,
Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь