Санаи 22 сентябри 2022 баъди бемории кӯтоҳмуддат риштаи умри доктори илмҳои тиб, профессор, Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, Устоди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Фозилҷон Абдураҳмонов дар синни 92-солагӣ канда шуд.

Фозилҷон Абдураҳмонов 5 декабри соли 1930 дар шаҳри Конибодом дар оилаи коргари оддӣ ба дунё омадааст. Дар солҳои ҷанги хонумонсӯзи 1941-1945 навраси 12-13 сола дар паҳлӯи падар Зайнуддин заҳмат кашида бо умеди дарёфти як бурда нон ба душвориҳои зиёд дучор шудааст. Ҳаррӯз ба ҳезумкашӣ ва мӯзадӯзӣ машғул буд…

Солҳои баъди ҷанг ба донишгоҳҳо имтиҳонҳои дохилшавӣ ва ҳам таҳсил бо забони русӣ буданд. Адабиётҳои дарсӣ низ бо забони русӣ чоп мешуданд. Ҳамаи ин иродаи Фозилҷонро нашикаст. Муаллимони серталабу сахтгир вале меҳрубон ба мисли В.Молоков баъдтар Ҳ.Мирзоев, Н.З.Монаков, К.П Арехбаев, Я.А Раҳимов ва Я.Котс баринҳо дар ДДТТ ба донишу маҳорати Фозилҷони ҷавону умедбахш ҳанӯз дар давраи дохилшавӣ ба Институт баъд дар давоми таҳсил ба ӯ баҳои сазовор додааст.

Соли 1952 баъди хатми бомувафақияти донишгоҳ бо маслиҳати Яҳё Раҳимов Аспиранти Донишкадаи тиббии дуюми Москва ба номи Н.И. Пирогов шуда ӯро низ сарбаландона ҳимоя кардааст.

Сипас дар Ватани худ муаллими калони Институтӣ педагогӣ ба номи Г.Т. Шевченко ва директори омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе шуда фаъолият бурдааст. Аз соли 1963 то  2020 (57сол) боз фаъолияташро дар ДДТТ идома дод.

Ҳайратовар он аст, ки то синни 90 солагӣ дар ин даргоҳи барояш муқаддас ба шогирдон дарсу адаб додааст.

Ф.Абдураҳмонов яке аз нахустин олимоне буд, ки дар ДДТТ ба номи ибни Сино рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.(с 1968)

Ҳамин тавр дар ин донишгоҳи бонуфузу пурифтихор, ки хонаи дуюми худ меҳисобид, ин инсони хоксор бо меҳнати ҳалолу пурмашаққаташ соҳиби обрӯ ва маърифати баланд гашт.

Дар тӯли фаъолияти пурсамари худ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифо намудаанд. Натиҷаи заҳматҳояш, шабҳои бедорхобиаш буд, ки ин табиби нотакрор ва олими соҳаи тиб муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ, илмӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. Ӯ бо дониши амиқи тарҷумониаш дар соҳаи тиб мавқеи хосае дошт. Воқеан, китоби “Анатомияи одам”-и Ф. Абдураҳмонов чун асари бунёдӣ соли 1998 дар озмуни Вазорати Тандурусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ “китоби беҳтарини сол” дониста шуд. Ин гуфтаҳо кифоя ҳастанд, ки номи табиб-олим, устод Ф. Абдураҳмонов дар соҳаи илм ва миёни олимони тоҷик ҷовидона монад.

Хизматҳояш бо ордерҳои “Байрақи Сурхи меҳнат” ва “Шараф дараҷаи 2”, 8 медали СССР, 7 нишон , Грамотаи Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Мегӯянд, ки аз оилаи хуб фарзандони хуб ба воя мерасад. Аз чор нафар фарзандон ду нафарашон Комилҷон ва Раънохон касби пурифтихори падари азизро пеша карданд. Раънохон собиқ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилҷон дотсенти кафедраи онкологӣ донишгоҳи такмили ихтисоси табибон шуда дар шаҳри Тошканд фаъолият кардаанд.

Ҳамин тавр, марги инсони бузургу хоксор ва донишманд Фозилҷон Абдураҳмонов дар соҳаи илм ва тандурустии Тоҷикистон як талафоти калоне шуд. Вале кору пайкор ва хизматҳои халқу Ватан анҷомидааш абадан дар қалби ҳар яки мо боқӣ хоҳад монд.

Алиҷон Маҳмудов,

Узви Иттифоқи  Журналистони Тоҷикистон,

сокини шаҳри Конибодом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь