Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи таълими Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ҶСК “Саодат” шаҳри Бохтар хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Ойбек Ашӯров суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки Муассисаи таълими Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ҶСК “Саодат” шаҳри Бохтар дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2021 таҳти Т-ИФ №0001333 фаъолият мекунад. Инчунин, коллеҷ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқи низомномаи онҳо), Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ мондааст. Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ҶСК “Саодат” шаҳри Бохтар мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.с.2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Шуъба ва ихтисосҳои коллеҷ

Номбурда изҳор дошт, ки дар Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ҶСК “Саодат” шаҳри Бохтар шаш шуъба амал намуда, аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд: Бо таҳсилоти миёнаи умумӣ: Шуъбаи кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя, Шуъбаи кори табобатӣ бо тахассуси ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ, Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ, Шуъбаи кори фармасевтӣ бо тахассуси  ёрдамчии фармасевт, Шуъбаи кори табобати дандон бо тахассуси ёрдамчии духтури дандон; Бо таҳсилоти миёнаи асосӣ: Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ, Шуъбаи кори фармасевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фармасевт, Шуъбаи кори табобати дандон бо тахассуси ёрдамчии духтури дандон.

Базаи кадрӣ

– Дар Коллеҷи тиббӣ айни ҳол 102 нафар кормандон асосӣ, 54 нафар соатбайъ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла маъмурият- 20 нафар (занҳо 6 нафар), омӯзгорони асосӣ – 102 нафар (занҳо 35 нафар), омӯзгорони соатбайъ – 54 нафар (занҳо 25 нафар), кормандони техникӣ – 15 нафар (занҳо 10 нафар), – изҳор дошт О. Ашӯров ва афзуд, ки кормандони асосӣ бо маълумоти олии тиббӣ – 10 нафар, кормандони асосӣ бо маълумоти олии педагогӣ – 80 нафар, кормандони асосии дорои  унвони илмиӣ – 1 нафар, бо маълумоти олии тиббӣ – 10 нафар, бо маълумоти олии педагогӣ – 80 нафар, бо маълумоти миёнаи тиббӣ – 12 нафар , бо дараҷаи тахассусии олӣ – 35 нафар, якум – 20 нафар, дуюм – 35  нафар, бе дараҷа – 12 нафар фаъолият мекунанд.

Таъминот бо технология ва таҷҳизот

Оид ба шароити мавҷудаи таҳсил ва таъминот бо технология ва таҷҳизоти зарурӣ мавсуф зикр кард, ки дар коллеҷ 48 синфхона дар бинои асосӣ ва 25 синфхонаи дигар бинои ташхисӣ ва табобатии Дурахш бо таҷҳизот ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудааст. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, саҳни коллеҷ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бештари машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида шуда истодааст. Машғулиятҳо ба тариқи дарс-лексия ташкил карда шудааст. Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва таҳсилоти умумӣ дар миқдори зиёди фанҳо дарс-лексия ташкил карда шуда, синфхонаҳои лексионӣ барои гузаштани лексияҳо омода карда шудаанд. Дар коллеҷ 3 синфхонаи компютерӣ бо 63 адад компютер, 4 тахтаи электронӣ дар кабинетҳои технологияи информатсионӣ, биология, асосҳои кори ҳамширагӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамаи синфхонаҳо таъмири пурра гузаронида шуда, бо мизу курсиҳои нав таъмин гардидааст.

Умуман дар коллеҷ 76 компютер, 10 адад принтер, 4 тахтаи электронӣ, 4 проектор, миз – 1450 адад, курсӣ – 2900 адад мавҷуд мебошад.

Дар моҳи сентябр соли 2023 масъалаи зимистонгузаронӣ дар Шӯрои омӯзгорон дида баромада шуд ва барои ҳар як ошёна кондисионерҳои калонҳаҷми гармидиҳанда (55м3) харидорӣ карда шудааст.

Фаъолияти кафедраҳо

– Дар Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар ҳамагӣ чор кафедра фаъолият дорад: кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ, табиӣ – риёзӣ”, кафедраи “Тиббӣ – биологӣ”, кафедраи “Забонҳо” ва кафедраи “Фармасевтӣ ва тибби оилавӣ”, – изҳор дошт номбурда ва илова кард, ки дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи омӯзгорӣ, омӯзгорони  коллеҷ мунтазам бо омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав робитаи  зич доранд.

Китобхонаи коллеҷ

Мавсуф изҳор дошт, ки дар китобхонаи коллеҷ 50 ҳазор китобҳои электронӣ, 7500 адад китобҳои оммавӣ мавҷуд буда, аз онҳо 15 ҳазор китоби соҳавӣ, 25 ҳазор китоби фаннӣ ва 10 ҳазор китоби бадеӣ мебошад. Инчунин, китобхонаи электронӣ бо шаш адад компютер фаъолият менамояд. Дар китобхонаи электронӣ дастурҳои методӣ ва модул-конспектҳои таълимӣ ҷой карда шудаанд, ки аз онҳо донишҷӯён васеъ истифода мебаранд. Китобҳои Пешвои миллат 30 ададро ташкил медиҳад.

Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самаранок истифода намудани вақтҳои холигии донишҷӯён, махсусан дар вақти таътил, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати хониши китобҳои бадеӣ дар китобхонаи вилоятӣ гузаронида мешавад.

Маъмурияти коллеҷ ба нақша гирифтааст, ки баҳри ғанӣ гардонидани китобхона бо китобҳои таълимӣ-тахассусии бо забони давлатӣ чопгардида ва китобҳои бадеӣ аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, зина ба зина ворид намудани китобҳоро ба роҳ монад.

Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ

– Аз ҷониби сардори шуъбаи таълим ҷадвали дурнамои гузаштани курси такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони коллеҷ аз соли 2023 то соли 2026 барои 3 сол таҳия карда шудааст, ки тибқи нақша 15 нафар омӯзгорон соли 2023 дар филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Бохтар аз курси такмили ихтисос гузаронида мешаванд, – афзуд О. Ашӯров дар анҷоми суҳбат.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь