Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” хабарнигори МТЖТ бо директори коллеҷи мазкур Одилзода Исмоил Ёқубҷон суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМ ва И ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши онҳо тартиб дода шуда, мунтазам кор бурда мешавад.
Муассисаи таълимӣ яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон буда, дар он шакли таълим рӯзона ва шабона буда,
коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатнома (литсензия), ки аз тарафи комиссияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст ва тибқи онҳо фаъолият менамояд.
Номбурда ҳамзамон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистони азиз то ҳол баргузории Ҷашни Истиқлоли ватанӣ идома дорад ва ин санаи ҳумоюнро ба тамоми мардуми кишвар муборакбод мегӯям ва орзу мекунам, ки Истиқлоли кишвар пояндаву ҷовидон бимонад.
Пояи моддӣ-техникӣ
Дар мавриди пояи моддиву техникии коллеҷ ҳамсуҳбати мо сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки коллеҷ дорои 3 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ, ташхисгоҳхои таълимӣ (анатомӣ, биологӣ, дандонсозӣ, химия), 1 китобхона, 116 кабинетҳои таълимӣ, 21 толори лексионӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингофонӣ, 1 толори маҷлисӣ барои 200 нафар, 1 толори хурди маҷлисӣ барои 40 нафар, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 246 компютер (21 адад ноутбук), 70 принтер, 21 тахтаи электронӣ, 22 проектори мултимедӣ мебошад.
Дар муассисаи таълимӣ 4 факултет амал менамояд- Факултети кори табобатӣ, Факултети кори момодоягӣ, Факултети кори ҳамширагӣ, Факултети кори фарматсевтӣ.
Дар факултетҳои номбурда аз рӯи шаш ихтисос мутахассис омода карда мешавад: Кори ҳамширагӣ, Кори фарматсевтӣ, Кори табобати дандон, Кори момодоягӣ, Кори дандонсозӣ, Кори табобатӣ.
Айни ҳол теъдоди донишҷӯён дар коллеҷ зиёда аз 2800 нафар буда, аксарияти онро духтарон ташкил медиҳад.
Барои беҳтар кардани сатҳи тахассуснокии донишҷӯён, муассиса бо тамоми муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои вилоят шартномаи ҳамкорӣ дошта, барои таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёнро ба заминаҳои таълимӣ истеҳсолӣ равона менамояд.
Таъминоти кадрӣ
Мавсуф афзуд, ки омӯзгорони асосӣ- 159 нафар (занҳо 86 нафар).
Омӯзгорони соатбайъ- 81 нафар (занҳо 40 нафар).
Аз ин: Аълочиёни соҳаи тандурустӣ- 8 нафар, Аълочиёни соҳаи маориф- 6 нафар, дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 нафар, дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2 нафар, дорандаи Медали шафқат- 1 нафар, номзади илми тиб- 1 нафар, кормандони асосӣ бо маълумоти олии тиббӣ- 48 нафар, кормандони асосӣ бо маълумоти олии педагогӣ 97- нафар, бо маълумоти миёнаи тиббӣ- 21 нафар, бо маълумоти олии нопурра- 8 нафар, бо дараҷаи тахассусӣ олӣ- 40 нафар, бо дараҷаи тахассуси якум- 21 нафар, бо дараҷаи тахассуси дуюм – 32 нафар.
Теъдоди омӯзгорони соатбайъ 81 нафар буда, бештари онҳоро омӯзгорони собиқадор ва пуртаҷриба ташкил медиҳанд. Барои беҳтар кардани сатҳи касбии хатмкунандагон, табибони собиқадор барои таълим ҳамчун ҳамкор ҷалб карда мешаванд.
Дар коллеҷ 116 синфхона мавҷуд аст, ки бо таҷҳизотҳо ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, аксари машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида шуда истодааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ буда, дар коллеҷ аз соли 2017, тарзи кафедравии таълим ташкил карда шудааст. Айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ 8 кафедра фаъолият менамояд.
Дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст. Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касби омӯзгорӣ омӯзгорони коллеҷ мунтазам дониши худро сайқал дода, дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо пешниҳод намудани маърӯзаҳо ширкат меварзанд. Инчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон тамоми омӯзгорони муассиса тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар муддати 5 сол аз курси такмили ихтисос мегузаранд.
Сохтмони бинои таълимӣ, табобатӣ ва озмоишӣ
Номбурда тазаккур дод, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар шафати бинои асосии Муассиса сохтмони бинои таълимӣ, табобатӣ ва озмоишӣ оғоз шуда, айни замон таҳхона ва 4 ошёнаи он пурра сохта, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки ин бино заминаи асосии таҷрибаомӯзии муҳассилини муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” мегардад.
Бунгоҳи тиббӣ
Мавсуф зикр кард, ки дар Коллеҷи тиббӣ бунгоҳи тиббӣ аз соли 2010 фаъолят менамояд. Аз ҷониби мудири бунгоҳ ҳамарӯза ҳолати санитарию беҳдоштии бинои таълимӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ ва ошхонаи донишҷӯён санҷида мешавад. Дар бунгоҳ дафтари махсус барои қайди беморон ташкил карда шудааст. Аз ҷониби мудири бунгоҳ мунтазам ба донишҷӯён ёрии аввалини тиббӣ расонида мешавад.
Чорабиниҳои тарбиявӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар муассисаи таълимӣ баҳри бедор сохтани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ дар сатҳҳои гуногун ташкил ва баргузор карда мешаванд. Чорабиниҳо ба санаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ бахшида мешаванд, ки дар худ мазмуни амиқи тарбиявӣ доранд, аз ҷумла Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи Аҷам, Тоҷикистон- кишвари обҳои мусаффо, Рӯзи Ғалаба, Рузи ваҳдати миллӣ, Рузи парчам, Истиқлолияти давлатӣ ва амсоли инҳо
Дастовардҳои варзишӣ
Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки санаи 5-6 феврали соли ҷорӣ бахшида ба “ 23-юми феврал- Рӯзи Артиши миллӣ” мусобиқаи дохили муассисавӣ аз намуди “Волейбол” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон, донишҷуён фаъолона иштирок намуда, донишҷӯёни факултети фармасевтӣ сазовори ҷойи якум, факултети табобатӣ сазовори ҷойи дуюм, факултети дандонсозӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар санаи 5-6 марти соли ҷорӣ бахшида ба “8 Март- Рӯзи модарон” аз ҷониби мактаби варзишии маҳоратии давлатии шаҳри Бохтар дар коллеҷ мусобиқаи “Валейбол” байни бонувон (хонандагон ва донишҷӯёни шаҳри Бохтар) баргузор гардид, ки дар натиҷа дастаи коллеҷ ғолиби мусобиқа дониста шуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сазовор гардид.
Санаи 18-19 марти соли ҷорӣ дастаи писаронаи “Волейбол”- бозони коллеҷ дар мусобиқаи шаҳрии байни коллеҷҳо, ки бахшида ба “Наврӯзи Аҷам”, баргузор гардида буд, иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
28 апрели соли ҷорӣ донишҷӯи бахши дуюми шуъбаи кори момодоягӣ Маҳкамбоева Манижа дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ аз намуди “Бадминтон”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар гурӯҳи даставӣ иштирок намуда, сазовори ҷои 2-юм гардид. Инчунин дар баромади ҷуфти Маҳкамбоева М. бо Шарипова М.- донишҷӯи муассиса баромад намуда, сазовори ҷои якум гардиданд. Дар баробари ин, Маҳкамбоева М. бо Абдураҳимов О. дар ҷуфти омехта ширкат варзида, сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ғайр аз ин, дар ҳамин мусобиқа донишҷӯи бахши якуми шӯъбаи кори ҳамширагӣ Кабирова Манижа низ дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ аз намуди “Бадминтон” дар шаҳри Хуҷанд дар мусобикаи даставӣ сазовори ҷои якум, дар мусобиқаи инфиродӣ сазовори ҷои якум, дар ҷуфти омехта бо Шарипов Д. сазовори ҷои дуюм ва дар мусобиқаи ҷуфтӣ бо Мусулмонова М. сазовори ҷои дуввум гардиданд.
Чунин бароҳмонии таълиму тарбия ва таваҷҷуҳ ба варзишро коллеҷ дар оянда низ ба роҳ монда, донишҷӯёнро барои ширкати фаъолона ҳавасманд карда, қадрдонӣ хоҳад кард.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ