Дар ҳаёти инсоният нақши пизишк муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки пизишкон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, қаҳрамони мо низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардуми кишвараш заҳмат мекашаду беморонро табобат мекунанду ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳад. Қаҳрамони мо Назаров Ҷурабой- табиби асабшиноси муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №7-и шаҳри Душанбе мебошад, ки зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ Нигора Саидбекова изҳор дошт, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро сарвақт ба мушкилоташон расидагӣ мекунем. Қаҳрамони мо бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, кори мо табиб аз он иборат аст, ки ба беморон чунон муомила кунем, ки беморон нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

Имрӯзҳо бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тиб ба таври бесобиқа рушду нумӯ карда истодааст ва Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки “мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд”. Қаҳрамони мо- табиби хушном Назаров Ҷурабой мегӯяд, ки “ин фармудаи Пешвои муаззами миллат барои кормандони тандурустӣ чароғи роҳнамо ба самти рушди соҳа гардида, ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ тамоми имкониятҳоро сафарбар созем”.

Замоне мо бо беморон ва корафтодагон ҳамсуҳбат шудем, ҳамагон бо қаноатмандӣ нисбати табиби ҳозиқ Назаров Ҷурабой суханони хуб гуфта, изҳор доштанд, ки мавсуф нисбати беморон ғамхору дилбардор ҳастанд ва сифати хизматрасониашон низ хеле олӣ буда, сари вақт ба дардмандон ёрии шифобахшии худро мерасонанд.

Ва худи қаҳрамони мо аз он меболад, ки вориси табибони бузург- Пури Сино ва Закариёи Розӣ ҳаст ва ин ифтихораш ҳамчунин масъулияти бештарро барояш додааст, ки бояд номбардори воқеии ин абармардони илму маърифат бошад. Чунончи, номбурда худ аз тиббӣ классикии миллати худ ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки дар гузашта миллати тоҷик соҳиби табибони бузург буд ва табибони халқӣ, ки миёни мардум маълуму машҳур буданд, бо гиёҳдармонҳо мардумро табобат мекарданд ва имрӯз дар ҷаҳон миллати тоҷик бо тибби баландпояаш машҳур аст.

Ҳамзамон, бо номбурда аз фаъолияти ихтисосиаш суҳбат анҷом дода шуд, ки фишурдаи онро пешкаши шумо- хонандагон менамоем.

-Соҳаи тиб дар ҷомеа яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ мегардад, зеро ниёзи мардум ба ин соҳа бештар аст… Суоли матраҳ ҳам ин аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлол, соҳаи тиб ба чӣ дастовардҳо ноил гардид?

-Мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, яъне Истиқлол қарор дорем. Ҷашни Истиқлолият ҳар сол дар 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Мо дар соли ҷорӣ 33-умин солгарди ҷашни Истиқлолиятро пешвоз мегирем. Ман фахр аз он мекунам, ки мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Шукронаи ҳамин кишвари ободро мекунам. Мо чи қадар дар бораи соҳибистиқлол будани кишвар сухан кунем, кам аст. Пас аз ба даст овардани Истиқлол ҳама соҳаҳои кишвар беш аз пеш рушд карда истодаанд. Аз ҷумла, соҳаи тиб низ дастовардҳову пешравиҳо зиёд ноил гардид. Айни замон дар соҳаи тибби муосир ҳама таҷҳизотҳои замонавӣ дастрас гардид, ки мутахассисон дар фаъолияти кории худ васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, тамографияи компютерӣ, тамографияи магнитивию резонансӣ, ренгенҳои рақамӣ, ултрасадоҳо, дастгоҳҳои замонавӣ, лабараторияҳои ташхисӣ ба шумор мераванд. Ҳозир шароит барои шаҳрвандон фароҳам гаштааст. Қаблан беморон барои ташхис ба хориҷи кишвар мерафтанд. Ҳозир бошад ин зарурият аз байн рафтааст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар соҳаи тиб беш аз пеш рушд карда истодааст ва ҳамеша мо табибонро дастгирӣ менамоянд. Қаблан барои ташхис карданд зарур буд, ки аз як минтақа хеста ба минтақаҳои дигар биравем. Дар шароити имрӯза дар ҳама деҳотҳо бунгоҳҳои тиббӣ кору фаъолияти худро пеш бурда истодаанд. Ба шаҳрвандон ёрӣ тиббӣ зудтар расонида мешавад.

-Соҳаи асабшиносӣ ба мо маълум аст, ки яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа мебошад, лутфан мегуфтед, ки вазъи соҳаи зикр гардида дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Яке аз мушкилиҳои ҷомеаи ҷаҳон ин пайдоиши бемории системаи асаб мебошад. Сарчашмаи ҳамаи бемориҳо ин аз системаи асаб вобастагӣ дорад. Зиндагӣ пастию баландӣ дорад. Дар ҳар як оилаи шаҳрвандон мушкили хонавогӣ аст. Аз ҳамин лиҳоз, шаҳрвандон бисёртар ба бемории системаи асаб гирифтор мешаванд. Аз ҳисоби бемории системаи асаб шаҳрвандон боз ба дигар бемориҳо дучор мегарданд, ба монанди фишорбаландӣ, бемории диабети қанд ва амсоли инҳо. Бояд сари ин нукта таваҷҷуҳ кунем, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон кадом намуди бемориҳои системаи асаб зиёд гаштааст ва аз рӯи нишондодҳо ин пеш аз ҳама бемориҳои нервозҳо, асабхастагӣ ё ин ки вайроншавии системаи асаб зиёд вомехӯрад. Функсияи асаб агар вайрон шавад, инсон боз ба дигар бемориҳо мубтало хоҳад шуд. Аз ҷумла, инсон ба бемориҳои асабонӣ, бехобӣ, форомушхотирӣ, сартобхӯрӣ, баланду паст шудани фишори хун, дардҳои дуру дарози майнаи сар, тарсу ваҳм, ҳаяҷонӣ мубтало мегардад.

Яке аз бемориҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонро дар ташвиш даровардааст, ин бемории маъюбшавӣ аст, ки рӯз то рӯз  зиёд гардида истодааст. Инчунин, бемории сактаи дил (инсулт), вайроншавии майнаи сар аст, ки гирифторшавандагони ин беморӣ қариб 70 фоизашон маъюб мебошанд. Сактаи хунрезӣ аз ҳисоби инсулт ба вуҷуд меояд. Сабабҳои вайроншавии системаи асаб ин пеш аз ҳама стресс, дипрессия, ҳаяҷоншавӣ, тарсу ваҳм, зиққии зиёд, мушкилиҳои оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, ба монанди дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна филмҳо, роликҳои фаҳшу даҳшатзоро зиёд тамошо мекунанд ва ин боиси вайроншавии системаи асаб ва руҳияи инсон мегардад.

-Шаҳрвандон бештар бо кадом шикоятҳо ба Шумо муроҷиат мекунанд?

-Аксарияти шаҳрвандон аз дарди сар, бехобӣ, асабонишавӣ, зиққӣ, ҳолатҳои тарсу ваҳм, зиёд ва паст шудани фишори хун, дарди сутунмеҳра, паҳншавии дард ба дасту пойҳо ва ба монанди инҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Кӯдакони навзотро бо фишорбаландии майнаи сар бештар назди мо меоранд, ки ин бемори мустақил нест. Дар навзодҳо аломатҳои дигар бемориҳо дида мешавад, ки боиси нороҳатии навзодҳо мегардад. Аз ин рӯ, волидайн бояд пеш аз ҳама кӯдакони худро ташхис карда, баъд аз рӯи он муолиҷа намоянд.

Ҳар табиб муҳиту фазои кории ба худ хосро дорад, албатта, Шумо низ чунин ҳастед, лутфан каме дар бораи фазои кории худ маълумот медодед…

-Шукронаи Истиқлолияти кишвари ободамро мекунам. Ман ба ғайр аз дар бемористон фаъолият карданам боз ҳамчун аъзои ҳайати комиссирияти ҳарбӣ кору фаъолият мекунам. Дар давраҳои даъвати тобистонӣ ва баҳору тирамоҳ мо даъватшавандагонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронем. Ҳамаи инҳо аз ташхисҳои рентген, ултрасадо, ташхисҳои лабараторӣ тариқи ройгон гузаронида мешаванд.

Ҳамарӯза фазои кории ман аз соати 8:00 то 14:30 давом мекунад. Беморон ниҳоят зиёд муроҷиат мекунанд. Чунин табиби асабшинос, ки ҳастам, беморони асабхароб назди ман меоянд ва инҳо аксарият бо асабонӣ, ҷангу ҷанҷолам мекунанд. Дағалона рафтор мекунанд. Бояд мо табибон вазъияти ин беморони худро донем. Беморон бо асобағал омада муроҷиат мекунанд. Беморони дар ҳолати вазнинро низ ба назди ман меоранд. Азбаски мушкилотҳои зиндагӣ бештар системаи асабро харобу садама мезананд, мардум зиёд ба мо аз хаста шудани дору мадори зиндагӣ мегӯянд. Беморон аз овозҳои майнаи сар шикоят мекунад, ки ин аз ҳисоби нодуруст истеъмол кардани хурокҳои ғизоӣ ва маводҳои химиявӣ, мавҷҳои элекромагнити телефонҳои мобилӣ ба вуҷуд меояд, ки дар назари беморон будани ду чашм ва ду бини пайдо мешаваду онҳо садоҳоро низ мешунаванд.

Ҳамчун мутахассиси варзида дар соҳаи асабшиносӣ ба шаҳрвандон чӣ тавсияҳо медиҳед, то ин ки ба бемориҳои системаи асаб камтар дучор гарданд?

-Дар амал аввал ташаккули тарзи ҳайёти солимро пеш бурдан лозим аст. Ҳар субҳ бо варзиш машғул шудан, ҳар гуна навору навиштаҳои бемантиқу даҳшатзоро надидан, диққат надодан ба мушкилиҳо ва муноқишаҳои оилавӣ. Бояд ҳар як шахс худро бо ягон кор машғул намояд. Аксарияти модарон дар тарбияи фарзандон беаҳмият мебошанд. Телефонҳои мобилиашонро ба фарзандонашон медиҳанду ҳатто фикрам намекунанд, ки фарзандонашон ҳамин телефонҳои мобилиро дуруст истифода бурда метавонанд ё не?! Барои хомуш шудани фарзандонашон ба дасти онҳо телефонҳои мобилиро медиҳанду бехабар мемонанд, ки аксарияти филмҳои тасвирӣ мавзуъҳои даҳшатафканӣ ва куштор дорад, ки ин ба руҳияи кӯдакон таъсири манфии худро мерасонад. Хушбахтона, бо ташаббуси Раиси шаҳр дар аксарияти назди биноҳои баландошёна майдончаҳои варзишӣ бунёд гардидааст, ки наврасон метавонанд бештари вақти холигии худро бо варзиш гузаронанд. Ман ҷавононро ба тарзи ҳайёти солим даъват намуда, тавсия медиҳам, ки вақти худро беҳуда дар кӯчаҳо нагузаронанду ба варзиш машғул шаванд. Тамоку, нушокиҳои спиртӣ, маводҳои нашъамандӣ истеъмол накунанд. Нафароне, ки гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд, фарбеҳӣ ҳастанд, бояд сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаранд, тавсияҳои табибонро дар навбати худ иҷро кунанд, то ин ки гирифтори сактаҳои майнаи сар нагарданд.

-Ба назари Шумо касби табиб чӣ гуна касб аст?

-Касби табибӣ барои ман ифтихор аст. Ман фахр аз он мекунам, ки табиб ҳастам. Беморони мо аз роҳҳои дур ба назди мо меоянд, мо дар навбати худ беморро табобат мекунем. Аз муоинаи тиббӣ мегузаронем. Бемор аз беҳбудии вазъи саломатии худ шод гардида, ба мо миннатдории хешро мерасонад, шахсан банда хеле шод мешавам.

Бояд ёдовар шавам, ки мо вориси табиби бузурги ҷаҳонӣ Абӯалӣ  ибни Сино ҳастем ва ин масъулиятро бар души мо бештар мегардонад ва мо хуб медонем, ки Пури Сино асосгузори илми тиб мебошад. Чи тавре, ки ба мо маълум аст, гузаштагони мо аз гиёҳҳои дармонбахш истифода мекарданд. Дар ҳамон давра ягон таҷҳизотҳо ё ин ки ташхисҳои клиникӣ набуд. Онҳо аз мутолиаи китобҳо бо гузаронидани корҳои илмӣ, худомӯзию худсанҷӣ мекарданд. Дар гузашта ҳам миллати тоҷик дар соҳаи тиб ба кашфиётҳои бузург ноил гардидааст, аз ин рӯ, миллати тоҷик дар соҳаи тибби ҷаҳони саҳми боризи худро гузоштааст ва дар оянда низ хоҳад гузошт.

-Таманиёти Шумо ба хонандагони ҳафтаномаи мо ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни Истиқлоли кишвар…

-Ман аз минбари ҳафтаномаи “Самак” истифода бурда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азиз ва инчунин хонандагони ҳафтаномаи мазкурро бо Ҷашни бузурги Истиқлолият давлатии Ҷумҳурияти Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, тансиҳативу хонаободиро таманно дорам. Бигзор ягон фарди миллати тоҷик дар кадом гушаву канори дунё, ки набошад, ҷисму ҷонашон дардро набинад. Ҳамеша саломату сарбаланду хонаобод бошанд. Ман шукронаи давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро мекунам. Дар давраи донишҷӯйии ман як давраи басо вазнин буд. Имрӯз бошад баъди кор дар кадом соат набошад, дар шаҳр пайдо кардани нақлиёт ягон мушкили надорад. Хиёбонҳои шаҳр тозаву озода тинҷу осоишта аст ва нишонаи ободонию сулҳу субот аст, ки мо дар фазои озоду осоишта зиндагӣ мекунем, поянда бод Истиқлоли тоҷик!

Шарҳи ҳол

Назаров Ҷӯрабой Ҷумаевич- 12.11.1986 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст, соли 2006 ба ДДТТ дохил шуда, онро соли 2012 хатм ва солҳои 2012-2014 ординатураи клиникиро дар ДТБКСТҶТ гузашта аст. Аз соли 2014 то инҷониб дар МДМСШ 7 ва МДММТҶТ кору фаъолият намуда истодааст, инчунин дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои ш. Душанбе аз соли 2021 то инҷониб фаъолият дорад. Дорои чанд мақолаҳои илмӣ ва баромадҳо дар телевизиону радио  мебошад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь