Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ректори муассисаи мазкур Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони донишгоҳ бар ин назаранд, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ бар ин назар аст, ки соҳаи маорифу тандурустӣ дар якҷоягӣ метавонанд, ҳаёти иҷтимоӣ ва солимии ҷомеаро таъмин намоянд.

Боиси ифтихори мо аст, ки 1 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд афзуд ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ.

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд кард, ки Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар соли 2022 бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеоянд, инчунин, қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати Донишгоҳро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ як қатор чорабиниҳои судмандро амалӣ намуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия гардида, дар самтҳои афзалиятнок корбарӣ шуда истодааст.

Дар сохтори Донишгоҳ хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 15 марказ, 5 факултет, 60 кафедра, 20 Шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд ва Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шуд.

Дар Донишгоҳ 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва 60 кафедра фаъолият мекунад. Аз 60 кафедра, аз ҷумла, 36 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраи тиббӣ-назариявӣ ва 8 кафедраҳои умумитаълимӣ мебошад. Кафедраҳои клиникии Донишгоҳ (36 кафедра) дар пойгоҳҳои 27 массисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ ВТҲИА ВМИ № 0000087 аз 10.06.2019 аз рӯи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд. Дар соли 2022 дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 12189 нафарро ташкил медиҳад ва якҷоя бо 1208 нафар муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ, теъдоди умумии таҳсилкунандагони Донишгоҳ 13397 нафарро ташкил мекунад. Аз 12189 нафар донишҷӯ, дар факултети тиббӣ 9593 нафар (78,7%), педиатрӣ 718 нафар (5,9%), стоматологӣ 1197 нафар (9,8%), фармасевтӣ 310 нафар (2,5%) ва тиббӣ- профлактикӣ 371 нафар (3%) донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар соли 2022 теъдоди донишҷӯёни нисбат ба соли гузашта 1,2% афзудааст ва аз 11572 ба 12189 нафар расидааст. Теъдоди донишҷӯдухтарон нисбат ба соли гузашта 1,2% зиёд шуда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 46%-ро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳ 1949 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 24 давлати дунё таҳсил мекунанд, ки дар сатҳи тодипломӣ 1932 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 22 давлати дунё ва дар сатҳи баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ 17 нафар муҳассилини хориҷӣ. Дар соли 2022 дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ ва шумораи давлатҳои хориҷӣ зиёд шуда, нисбат ба соли гузашта теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ аз 1495 то 1932 нафар ва давлатҳои хориҷӣ аз 13 то 22 давлат зиёд шудааст. Шумораи таҳсилкунандагони хориҷӣ аз 1536 нафар аз 16 давлати хориҷӣ ба 1949 нафар аз 24 давлати дунё афзудааст. Дар Донишгоҳ таҳсил бо се забон-давлатӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст ва фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 63,7% (нисбат ба соли гузашта 3,1% зиёд шудааст), миқдори гурӯҳҳои бо забони давлатӣ 24,6% (нисбат ба соли гузашта 3,8% кам шудааст) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 11,7% ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 0,7% зиёд шудааст. Дар соли 2022 ҳайати профессорону омӯзгорони асосии Донишгоҳ 780 нафарро (бо ҳамкорон 998 нафар) ташкил дод, ки аз онҳо 405 (51,8%) нафарашон занҳо мебошанд. Аз ин шумора, 347 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, дараҷанокии илмӣ дар Донишгоҳ 44,5%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,8 % зиёд шудааст. Аз онҳо, 1 нафар академик, 4 нафар узвҳои вобастаи Академияи миллии илмҳо ва илмҳои тиб, 83 нафар докторони илм, профессор, 259 нафар номзадони илм, дотсентон ва 435 нафар муаллимони калон ва ассистентонро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавони то синни 35 сола соли ҷорӣ 1,6% зиёд шуда, 256 нафар (33%) мебошанд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ 48 солро ташкил медиҳад.

Базаи кадри соҳаи тандурустӣ

Дар соли 2022 Донишгоҳ 1874 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ тайёр намуд, ки аз онҳо 1518 нафар хатмкардагон шаҳрвандони мамлакат ва 356 нафари дигар хатмкардагони хориҷӣ аз 9 давлати ҷаҳон мебошанд. Аз хатмкардагон, факултети тиббиро 1512 нафар, факултети тиббӣ дараҷаи бакалаврро 337 нафар донишҷуёни хориҷӣ аз Ҳиндустон, факултети педиатриро 99 нафар, факултети фарматсевтиро 63 нафар, факултети стоматологиро 170 нафар ва факултети тиббӣ-профилактикиро 30 нафар хатм карданд. Инчунин, дар соли таҳсили 2021-2022 7 нафар шаҳрвандони хориҷӣ зинаи баъдидипломии муолиҷавиро хатм намуданд, ки 4 нафар ординатураи клиникӣ ва 3 нафар зинаи интернатураро. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ зинаҳои доктор аз рӯи ихтисос PhD ва магистратураро бо муваффақият ба итмом расониданд. Дар маҷмуъ, дар соли таҳсили 2021-2022 зинаи интернатураро 426 нафар ва ординатураи клиникиро 206 нафар хатм намуданд, ки тибқи роҳхат ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Таҳсилоти босифат

Дар соли 2022 роҳбарияти Донишгоҳ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ дар ҷараёни таҳсилот ба андешидани чораҳои иловагӣ аҳмияти бештар зоҳир намуд. Баҳри таъмини таҳсилоти ҷавобгӯ ба талаботи Стандартҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи муосир ва расидан ба ҳадафи мазкур корҳои зиёди судманд ба сомон расонида шудааст. Вобаста ба ин, дар Донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи 5 ихтисосе, ки дар Донишгоҳ ҷой доранд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд. Бо назардошти принсипҳои асосии Стандарти таҳсилоти умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ, барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо мукаммал карда шуданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат соли 2019 Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмиллалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ) ва 3 барномаи таълимии он аз ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Стоматология», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа» дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт ва дар соли 2022 боқимонда се барномаи таълимии ихтисосҳои «Педиатрия», «Фарматсия» ва ихтисоси «Кори табобатӣ» барои донишҷӯёни хориҷӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз ҷониби Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР, ки шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошад, ба Донишгоҳ сертификатҳои мутобиқат дода шуд. МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва Барномаҳои таълимии ихтисосҳои Донишгоҳ пурра (100%) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд. Қобили зикр аст, ки сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисон аз маҳорати дарсомӯзии омӯзгор ва истифодаи усулҳои мукаммал ва муосири самараноки таълимдиҳӣ вобаста аст. Вақти он расидааст, ки парадигма, ё худ модели таълимдиҳӣ тағйир дода шавад. Дар Донишгоҳ оид ба ин, корҳои зиёди судманд анҷом дода шудааст. Дар назди омӯзгор вазифаҳои нав гузошта шудааст, яъне, таҳсилоти муосири эътирофи ҷаҳонидошта водор месозад, ки барои донишҷӯ омӯхтан омӯзонида шавад. Дар назди омӯзгори муосир вазифа гузошта мешавад, ки донишҷӯро бештар барои худомӯзӣ, худташаккулдиҳӣ ва рушди фикронии аналитикӣ омода созад. Дар Донишгоҳ лоиҳаҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ «Беҳсозии сифати таҳсилот дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», «Рушди инноватсионии таҳсилоти фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муқаррар намудани мақсадҳо ва воситаҳои баҳодиҳӣ барои таҳсилоти тиббӣ» бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ шуда истодааст ва дар доираи ин лоиҳаҳо дар Донишгоҳ технологияи инноватсионии таълимдиҳӣ ва мукаммалсозии баҳодиҳӣ ба сифати таъҳсилот татбиқ карда шуда истодааст. Афзалияти усули таълимдиҳии инноватсионӣ аз усули анъанавӣ дар он аст, ки бештар ба ташаккули фикронии мустақилонаю аналитикии клиникии донишҷӯён равона шудааст. Дар баргузории дарсҳои амалӣ омӯзгор нақши тютор, яъне, роҳнамо-мураббиро иҷро намуда, донишҷӯён бо истифодаи технологияи муосири таълимӣ-кейсҳои клиникӣ ба ҳалли мустақилонаи масъалаҳои (масъалаҳои ситуатсионӣ) клиникии тиббӣ машғул мешаванд. Ин яке аз усули муосири таълимдиҳии эътирофгардида аст, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ васеъ ҷорӣ гардидааст. Дар ин давра, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони Донишгоҳ баргузор гардид, кейсҳои клиникӣ, яъне, масъалаҳои клиникии тиббӣ тибқи тлаботҳои таҳсилоти байналмилалӣ тартиб дода шуданд ва дар кафедраҳои клиникии Донишгоҳ ин усули муосири таълимдиҳӣ мавриди истифода қарор мегирад. Раёсат ва кафедраҳои Донишгоҳ ба ворид намудани дарсҳои фаъол ва интерактивӣ аҳмияти ҷиддӣ медиҳанд. Дар соли таҳсили 2021-2022 усули нави CBL ва TBL ба дарсҳои амалӣ ворид карда шуданд. Барои гузаронидани ин гуна дарсҳо аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои клиникӣ зиёда аз 30 кейсҳои клиникӣ омода карда шуданд. Ин иқдоми роҳбарияти Донишгоҳ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, савияи дониш ва салоҳияти хатмкунандагони Донишгоҳ нақши калидӣ мебозад. Тибқи талаботи давлатӣ соли 2007 бахши назорати сифат дар донишгоҳ таъсис ёфта, дар соли 2022 аз назорати сифат ба идоракунии сифати таҳсилот гузашта, системаи таъмини сифати таҳсилот ба низом дароварда шуд. Дар ин давра, ҷараёни таълим тибқи принсипҳои асосии стандартҳои байналмилалии ИСО 9001:2015 ва Стандарт оид ба таъмини сифати таҳсилоти олии аврупоӣ (ESG) ба меъёрҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мутобиқ карда шуд.

Фаъолияти тарбиявӣ

Раёсат ва ҲПО-и Донишгоҳ дар ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсии донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон силсила чорабиниҳо доир намуда, унсурҳои Консепсияи миллии тарбияро ба таври назаррас дар Донишгоҳ татбиқ намуда истодаанд. Дар соли 2022 вобаста ба тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ, тарбияи миллӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи гуманистӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён як қатор силсилачорабиниҳои зеҳнӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳои донишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ва дигар маҳфилҳо бо теъдоди 60 чорабинии дохилидонишгоҳию берунидонишгоҳӣ ва 200 чорабинӣ дар сатҳи кафедраҳо, 106 маҳфилҳо ва 15 аксияҳои назди шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳ ғолиби ҷои якум аз номинатсияи адабиёти кӯдакона гардид.

Саҳми олимони донишгоҳ дар рушди илми тиб

Дар соли 2022 аз ҷониби олимони Донишгоҳ амалисозии 5 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 15 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии дар соли 2022-2026 амалишаванда, 14 лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқоти барои солҳои 2024-2028 пешниҳодшуда, 27 мавзуҳои илмии ташаббусӣ, ки кафедраҳо аз рӯи он корҳои илмӣ-тадқиқотии худро ба роҳ мондаанд. Дар Донишгоҳ тайёр намудани кадрҳои илмӣ тибқи таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантураи PhD ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 теъдоди умумии довталабони дараҷаҳои илмӣ 226 нафарро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳ 7 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо як Шӯро Д 737.005.01 дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва 6 Шӯрои дигар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар соли 2022 дар Шӯроҳои диссертатсионӣ 51 рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст, ки аз онҳо 4 рисолаи докторӣ, 44 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи доктори PhD мебошад. Дар соли 2022 аз тарафи олимони Донишгоҳ дар маҷаллаҳои эътирофшудаи КОА ФР 110 ва КОА ҶТ 204 мақола ба нашр расид, инчунин, 21 адад монография, 63 адад пешниҳоди навоварӣ ва 21 адад ихтироот, ки  1 адади он Евроосиёгӣ аст, ба даст оварда шудааст. Дар соли 2022, 1 нафар олими ҷавон ба Ҷоизаи давлатии ба номи И.Сомонӣ ва 2 нафар олимони Донишгоҳ ба ҷоизаи АМИТ ба номи академик Е.Н.Павловский сазовор дониста шуданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи-маърифат» аз Донишгоҳ аз номинатсияи химия 1 нафар донишҷӯ сазовори ҷойи 1-ум ва 1 нафар сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Иштирок дар олимпиадаҳо: дар соли 2022 231 донишҷӯёни Донишгоҳ дар 11 олимпиадаҳои донишгоҳҳои тиббии ФР, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи онлайн ва оффлайн иштирок намуданд ва 11 нафар сазовори дипломи дараҷаи 1, 13 нафар сазовори дипломи дараҷаи 2, 11 нафар сазовори дипломи дараҷаи 3, 12 нафар сазовори дипломҳои дигар гардидаанд. Дар Донишгоҳ конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалии зерин ташкил ва гузаронида шуд:

Конференсияи ХVII-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таҳқиқотҳои илмии муосир» бо иштироки олимон ва донишҷуёни хориҷӣ (29 апрели соли 2022). Конференсияи 70-умини ҷашнии илмӣ-амалии бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзӯи «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» (25 ноябри соли 2022). Якумин маротиба аз 12 то 29. 04. 2022 дар Донишгоҳ ҳафтаи илм гузаронида шуда, дар доираи он олимпиадаи байналмилалии “Олимпиада-2022” таҳти унвони “Рӯзҳои илм барои ҷавонон””, ки иборат аз панҷ номинатсия: “Физиология”, “Тиббӣ-биологӣ”, “Терапия”, “Ҷарроҳӣ” ва “Стоматология” буд, гузаронида шуд. Дар олимпиадаи мазкур муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббии ватанӣ ва хориҷии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия, Озорбойҷон тариқи онлайнӣ ва офлайнӣ иштирок намуданд. Тибқи анъанаи Донишгоҳ аз санаи 10 то 20 июли соли 2022 10-умин Мактаби байналмилалии тобистонаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар мавзӯи “Нақши физиологияи тибби анъанавӣ ва классикӣ”бо иштироки донишҷуёну омӯзгорони хориҷӣ гузаронида шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ дар баробари сарбории таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории муолиҷавию машварати ба дӯши онҳо гузоштаро сарбаландона иҷро менамоянд. Дар давоми соли 2022 аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳ ба 52418 беморони кумаки табобатию машваратӣ расонида шудааст. Дар соли 2022 дар назди Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ 738 нафар шунавандагон аз давраҳои такмили ихтисоси педагогӣ, технологияи иттилоотӣ, такмили ихтисоси тахассусӣ ва инчунин, курсҳои бозомӯзии касбӣ гузаштанд. Аз онҳо 109 нафар дар курси такмили ихтисоси педагогӣ, 253 нафар дар давраҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва 376 нафар дар курсҳои бозомӯзии касбӣ таҳсил намуданд. Дар соли 2022 109 нафар омӯзгорон ба курси навтаъсиси омӯзишии «Омӯзгор босамар» қабул гардида, курси номбурдаро хатм намуданд. Дар соли 2022 ҳамагӣ 629 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва ихтисосгирии аввалия аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда шуданд.

Баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ

Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷа, аз қабили Федератсияи Русия, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Ҳиндустон, Малдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия, Шоҳигарии Австрия, Олмон, Швейтсария, Канада, Британияи Кабир, Литва, Эстония, Франсия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Корея ҳамкориҳои зич дорад. Дар соли 2022, 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 12 созишномаи дуҷониба ба имзо расонида шудааст.Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои мазкур дар Донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқотҳои илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Аз ин қабил, тибқи барномаи мубодилаи академӣ дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ ба Академияи Давлатии тиббии Ижевск ҷиҳати идомаи омӯзиш дар давраи семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ равона карда шудаанд. Дар соли 2022, 21 нафар профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз қабили конференсияҳо, анҷуманҳо, семенарҳои омӯзишӣ ва хондани лексияҳою гузаронидани дарсҳои амалӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ ба кишварҳои Италия, Швейтсария, Олмон, Австрия, Туркия, Малдова, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Қазоқистон ва ғайра сафар намуданд. 40 нафар донишҷӯёну интернатҳо аз Академияи Давлатии тиббии Ижевск, Академияи тиббии Қазоқистони Ҷанубӣ, Филиали Академияи тибби Тошканд дар Термиз, Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров барои таҳсили семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ, гузаштан аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Донишгоҳ омаданд. Дар доираи мубодилаи академӣ дар семестри тирамоҳии соли таҳсили 2021-2022, 33 нафар профессорону омӯзгорон аз Академияи тиббии Ижевск, филиали Академияи давлатии тиббии Тошканд дар Термиз, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, Донишкадаи стоматологии Тошканд, Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро, Донишгоҳи тиббии Астана, Донишгоҳи тиббии Карағандаи Қазоқистон ва дар семестри баҳории соли таҳсили 2021-2022 32 нафар олимони барҷастаи соҳа тиб аз муассисаҳои олии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба донишҷӯёни Донишгоҳ машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ гузарониданд. Дар доираи Лоиҳаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Модари солим, кӯдаки солим” дар Донишгоҳ Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда таъсис дода, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуд. Соли 2022 дар Донишгоҳ 7 лоиҳаҳои байналмилалии инвеститсионӣ амалӣ гардида, аз ҷониби ин лоиҳаҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳ маводҳои таълимӣ ва технологияи муосир барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани дарсҳо ва озмоишҳои илмӣ-амалӣ ворид карда шуданд.

Пойгоҳи моддию техникӣ

Дар соли 2022 баҳри беҳтар кардани шароити таҳсилот як қатор корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва созандагию ободонӣ анҷом дода шуданд. Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои маъмурӣ ва таълимии 10 ошёна дар ҳудуди Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахши Донишгоҳ санги асос гузошта шуда, сохтмони бинои мазкур анҷом ёфт ва 1 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд. Бинои таълимию маъмурии навбунёди Донишгоҳ аз бинои нави марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Дар бинои маъмурӣ ва таълимии навбунёд толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст. Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво, толори компютерӣ, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ, 2 толори ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад. Дар синфхонаҳо, толорҳо ва озмоишгоҳҳо 2262 ҷойи нишасти иловагӣ ташкил карда шуд. Дар ошёнаҳои аз 1 то 3-юм ҳуҷраҳои маъмурии сохторҳои Раёсати Донишгоҳ ва Маркази омӯзиши симулиятсионӣ ҷойгир буда, бо таҷҳизотҳо ва мизу курсиҳои муосир ҷиҳозонида шуданд. Дар ошёнаҳои аз 4 то 9-ум 6 кафедра ҷойгир карда шудааст, ки аз синфхонаҳои кушоду барҳаво ва озмоишгоҳҳои замонавӣ иборат мебошанд. Маркази омӯзиши симулятсионӣ бо таҷҳизотҳои муосиртарини тибби симулятсионӣ. Марказ аз 10 ҳуҷраи махсусгардонидашуда иборат буда, дар он вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳои муоинаи бемор, реаниматсияи дилу шушҳои калонсолон, наврасон ва навзодон, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ шароити мусоид фароҳам мебошад. Инчунин дар Марказ автомашинаи ёрии таъҷилӣ насб карда шудааст, ки тариқи он донишҷӯён ҳолати расонидани кӯмаки аввалияи тиббиро меомӯзанд. Дар баробари ин, дар ошёнаи 1-уми бинои мазкур студияи сабти видео ва овоз таъсис дода шудааст, ки барои сабти маводҳои таълимии видеоӣ, видеолексияҳо, мустақиман баргузор намудани вохӯрӣ ва ҳамоишҳо тариқи фосилавӣ мусоид аст. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 27-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва иштирок дар Рузи дониш 31 август ва 1 сентябри соли 2022 баён доштанд» аз 24 сентябри соли 2022 дар соли 2022 дар бинои таълимии Донишгоҳ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-139 Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шуд. Дар ошёнаи 1-уми бинои Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъмири асосӣ гузаронида шуда, дар қатори озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, озмоишгоҳҳои нави илмию таълимии бактериологӣ, иммунологӣ ва ташхиси молекулярӣ; морфологӣ; физиология, патологияи эндотелия; илмӣ-тадқиқотӣ (клиникӣ ва биохимиявӣ) ва синфхонаҳои нав бо 500 ҷойи иловагии нишаст барои таълиму корҳои илмии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимони Донишгоҳ ташкил карда шуданд. Озмоишгоҳҳои нав бо дастгоҳҳою асбобҳои муосири илмӣ ҷиҳозонида шуда, ба фаъолият шуруъ кардани онҳо дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Дар бинои Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология” барои таъсиси Маркази омӯзиши малакаҳои стоматологӣ аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ 10 адад курсии муосири стоматологӣ, муляжу манекени дандонҳо, ҷоғҳо, маводи хароҷотӣ, асбобҳои стоматологӣ ва дигар маводҳо харидорӣ карда шуда, кабинети Маркази омӯзиши малакаҳои амалии стоматологӣ бо онҳо ҷиҳозонида шуданд ва ба истифодаи донишҷӯёни факултети стоматологӣ дода шуд. Толорҳои лексионии ба номи профессор Исҳоқи Ю.Б. ва ба номи профессор Ғуломов М.Ғ. аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо мизу курсиҳо ва таҷҳизоти техникии наву муосир ҷиҳозонида шуданд. Дар маҷмуъ, дар соли 2022 дар Донишгоҳ ҷойи нишаст 2762 то зиёд карда шуд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи кафедраҳо ва сохторҳои Донишгоҳ бо компютер, тахтаҳои электронӣ, асбоби мултимедӣ, экранҳои интерактивӣ ва шабакаи интернетӣ таъмин буда, коргузории байни кафедра ва сохторҳо ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, шумораи компютерҳо дар донишгоҳ 1299 адад, ноутбук 105 адад планшетҳо 900 адад буда, ҷамъ 2304 ададро ташкил медиҳад. Таносуби компютерҳо ба донишҷӯён 1:5 мебошад. Дар соли 2022 136 адад компютер, 10 адад доскаи интерактивӣ, 36 адад принтери 1х1, 18 адад принтери 3х1, 6 адад проектори мултимедӣ, 7 экрани калонҳаҷми светодиодӣ, 2 комплект таҷҳизот барои онлайн видеоконференсияҳо, 3 адад, телевизор, 310 адад миз, 2850 адад курсӣ, 128 адад кресло ва дигар номгӯи таҷҳизотҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ва Шӯрои волидайн харидорӣ гардида, ба кафедраҳо, толорҳои хониш, толори электронӣ, толори хониши Боғи зимистонаи Донишгоҳ дастрас шуданд. Китобхонаи Донишгоҳ бо толорҳои кушоду барҳавои хониш, толорҳои электронӣ, Боғи зимистона дорои 627 ҳазору 488 нусха адабиёти таълимию илмӣ ва гуногуни бадеи буда, аз ин ганҷинаи бебаҳо донишҷӯён бо самар истифода мебаранд. Соли 2022 ба китобхонаи Донишгоҳ 17 ҳазору 650 нусха бо 925 номгуй адабиёти нави таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ харидорӣ ва ворид гардид. Нисбат ба соли гузашта, дар соли 2022 маблағи харидории адабиёти нав 48,13% зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин, дар Маҷмаии таълимии шаҳраки Шифобахши Донишгоҳ моҳи сентябри соли ҷорӣ сохтмони бинои 2-ошёнаи ошхонаи замонавӣ бо 600 ҷойи нишаст барои донишҷӯён ва омӯзгорон ва Боғ-гулгашти истироҳатию фароғатии нав дар шафати кӯчаи Сино аз назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то бинои Сафорати Федератсияи Россия дар масоҳати 1,87 га ба охир расонида шуда, барои донишҷӯён ва аҳолии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Фаъолияти Роҳбарият ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ оид ба кӯмак расонидан ба донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбону эҳтиёҷманд назаррас буда, ба онҳо пайваста дар давоми сол кӯмаки хешро мерасонад. Дар соли 2022 роҳбарияти Донишгоҳ ба 139 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб (70 нафар ятими кулл ва 69 нафар маъюб) барои семестри баҳории соли таҳсили 2021-2022 ва семестри тирамоҳии соли таҳсили 2022-2023 идрорпулии ҳармоҳа таъин намуд ва бо ҷойи зисти ройгон дар хобгоҳҳои донишҷӯён таъмин карда шуданд. Инчунин, бахшида ба Соли нави милодии 2023 аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ба 139 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб дар ҳаҷми маблағи якмоҳаи идрорпулӣ кумакпулӣ ва туҳфаҳои силинавӣ дода шуд. Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ музди меҳнати моҳонаи омӯзгорону кормандон ба миқдори 10% аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёд карда шуданд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҳар як нафар омӯзгор ва корманди Донишгоҳ 2 маротиба (дар моҳи март ва сентябр) аз ҳисоби маблағҳои хусусии Донишгоҳ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардонида шуданд. Ин иқдомро метавон ҳамчун ғамхории пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандони Донишгоҳ ҳисобид.

Ҳамчунин, бо назардошти вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдвати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулони соҳаи маориф гузоштанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда, корбарӣ карда шуда истодааст.

Дар фарҷоми сухан Гулзода М.Қ. қайд карданд ки, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъкид намуданд, ки бо истифода аз беҳтарин шароити дар ин боргоҳи бузурги таълимӣ фароҳамгардида, дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ҷомеаи имрӯза ба кадрҳои соҳибтахассуси ин даргоҳ ниёз дорад.

Бо дарназардошти ҷаҳонишавии таҳсилоти ватанӣ, рушди илм ва талаботи замони муосир ба раванди таълим донишгоҳ барномаҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои муосири давлатию байналмиллалӣ такмил, технологияҳои нави таълимиро ҷорӣ, рушди касбӣ ва шахсии ҳар як кормандро баҳо медиҳад. Маҳз, ба шарофати фаъолияти самараноки байналмилалӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” аз ҷониби созмонҳои бонуфузи хориҷӣ эътироф шудааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь