Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, 6-уми сентябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Коллеҷ аз ду бинои панҷошёна иборат буда, дар он 60 синфхонаи таълимӣ, 8 утоқи корӣ барои омӯзгорон, 8 утоқи кории мудирони кафедра, 8 маҷлисгоҳи хурду калон, 6 озмоишгоҳ, 2 китобхона, ошхона, бойгонӣ ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона мавҷуд ҳастанд. Айни ҳол коллеҷ аз рӯи 9 ихтисос фаъолият менамояд. Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Оиннома, иҷозатномаҳои соҳавӣ, Шаҳодатнома, Гувоҳнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муқарраротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти таълиму тарбияи насли наврас корҳои муайянеро ба сомон расонида истодааст.
Раванди таълим
Дар муассисаи таълимӣ айни замон 57 нафар омӯзгорони ихтисосманд фаъолият доранд, ки аз ин шумора 33 нафарашон омӯзгорони асосӣ ва 24 нафари дигар омӯзгорони соатбайъ мебошанд.
Маъмурияти муассисаи таълимӣ баҳри зиёд намудани сафи омӯзгорон чораҷӯӣ намуда, баҳри беҳтар гардидани раванди фаъолияти корӣ чораҳои заруриро меандешад.
Новобаста аз навтаъсис будани муассиса мудирони кафедраҳо дар як муҳлати кӯтоҳ тавонистанд дар якҷоягӣ бо омӯзгоронашон баҳри беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия корҳои назаррасеро ба сомон расонида, ҳоло низ ҷиҳати вусъати кор дар самтҳои фаъолияти кафедраҳояшон пайваста кӯшиш намуда истодаанд.
Пояи моддӣ-техникии муассиса
Боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати таҳкими пояи моддӣ-техникии муассиса 72 адад компютер, 1 адад ноутбук, 4 адад принтер (1 адад ранга), 2 адад доскаи электронӣ, 7 адад видеопроекторҳо мавриди баҳрабардории маъмурият ва омӯзгорону донишҷӯён қарор дода шудааст. Илова ба ин, ба ҳар як кафедра як синфхона вобаста шудааст, ки онро вобаста ба моҳият ва хусусиятҳои ихтисосҳое, ки аз рӯи он кафедра мутахассис тайёр мекунад, ҷиҳозонида, аз ҷиҳати методӣ низ бо лавҳаю овезаҳо оро дода шудааст. Инчунин, дар назди кафедраи “Умумитиббӣ” лабораторияи таҷҳизонидашуда ташкил карда шуда, дарсҳои амалӣ гузаронида мешавад.
То ба имрӯз барои беҳтар гардидани раванди таълим дар коллеҷ 33 синфхонаи фаннӣ ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дарсҳои фанни технологияи иттилоотӣ дар синфхонаи махсус, ки дорои 25 компютер мебошад, гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, дар ҳамаи утоқҳои корӣ аз 1 то 3 адад компютерҳо омодаи хидматанд.
Қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён маълум намуд, ки дар соли хониши 2018-2019 барои давом додани таҳсил дар “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон» донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар ба таври анъанавӣ ҳуҷҷат супоридаанд.
Консепсияи миллии тарбия
Маъмурият ва коллективи омӯзгорони муассиса ҷиҳати амалӣ намудани тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ва дар ҳамин замина таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, баҳри дар тарбияи миллӣ фазои ҳуқуқӣ фароҳам овардан, тарбия ва ҳифзи саломатии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати духтарон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю оиладорӣ ва ба камол расонидани фарзандони солим, таҳияи системаи корҳои тарбиявӣ ва тавассути онҳо падару модаронро ҳамчун шарики доимии мактабу муаллим ҷалб намудан, ташкили вохӯриҳо ва суҳбатҳои мунтазами одамони машҳур, роҳбарони муассисаю вазоратҳо бо наврасону ҷавонон аз тамоми воситаву имконот пурсамар истифода бурд.
Дар муассиса ҷиҳати амалӣ гаштани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дода шуда, ҷиҳати ба тарзи ҳаёти мо ворид шудани анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо, менталитет ё маҷмӯи сифатҳои он, ташаккули ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои ҷавонон аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сарукор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷӯӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, шикастанафсӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, хушбинӣ (оптимистӣ), дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва накӯкорӣ, адлу адолатҷӯӣ, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ ва ғайра иборатанд, корҳои назаррасе амалӣ гардида истодааст. Дар нақшаҳои тарбиявии тамоми сохтори муассиса ҷиҳати риояи 18 унсури таркибии тарбияи миллӣ ва иҷрои он талаботи қатъӣ гузошта шудааст.
Шароити мусоид барои донишҷӯён
Дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои зерини таълимӣ, ба монанди «Технологияи истеҳсоли саноати фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ», «Кори тиббию ташхисӣ», «Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ», «Технологияи мошинсозӣ», «Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ», «Ҳисоби муҳосибӣ, ташхис ва назорат», «Истифодаи таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ», «Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ» мутахассис тайёр карда мешавад. Феълан аз рӯйи ихтисосҳои таълимӣ 640 нафар донишҷӯ дар коллеҷ маҳорати касбиашонро аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикргардида сайқал медиҳанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таълиму тарбия дар коллеҷ барои донишҷӯён дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, физика, химия, забони русӣ, забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар як омӯзгор ҷадвали қабули сабақгардонии донишҷӯёнро тартиб дода, вобаста ба он фаъолият менамояд.
Дар коллеҷ бунгоҳи тиббӣ ташкил карда шудааст ва дар он ҷо ҷиҳозу аёниятҳои лозима, дастури махсус барои қабули муроҷиат ва доруҷот муҳайё карда шудааст. Дар коллеҷ дарсҳо бо забони давлатӣ гузаронида шуда, бо дастгирии бевоситаи маъмурияти муассиса шумораи китобҳо ба 1600 расонида шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон маводҳои таълимӣ ба шакли модул ворид карда шудаанд, ки донишҷӯён бе ягон мушкилӣ аз он истифода мебаранд. Инчунин, вобаста ба тараққиёт ва рӯ овардан ба технологияи муосир ва дар ин замина ҷустани тадбирҳои саривақтӣ муассисаи таълимӣ тавонист бо шабакаи «Интернет» пайваст шавад.
Ҳамчунин, барои донишҷӯён толори варзишӣ муҳайё карда шудааст, ки бо ашёву лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, инчунин майдончаи варзишии футбол, волейбол ва майдончаи ҳарбӣ мавриди истифодаи муҳассилин қарор дорад.
Тибқи гузориши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди касбу ҳунар дар заминаи коллеҷ таъсис додани коргоҳҳо ва корхонаи хурди миёнаи истеҳсолӣ оид ба тахассуси «Тарроҳӣ ва поракунии маҳсулоти дӯзандагӣ» бо муҳайёсозии шароитҳо барои ҳунарҷӯён дар назар дошта шудааст.
Маъмурияти Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълиму тарбияи шоистаи насли наврас саъю талоши худро идома мебахшад.
МТЖТ