Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур номзади илмҳои тиб Мавлонзода Алимат Ҳақбердӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони зинаи миёнаи соҳаи тиб равона карда шуда, аз рӯи меъёрҳои стандартӣ ва талаботҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии саҳаи маорифро ба роҳ мондааст. Раванди таълим дар асоси Низомномае, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи якуми октябри соли 2018, №18/35 тасдиқ гардидааст, корбариро ба роҳ монда, нақшаҳои таълимӣ аз рӯи 8 ихтисосҳо, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, рушди иқтисод ва барномаҳои таълимии аз тарафи Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии ВТXИАҶТ тасдиқ шуда, амалӣ гардонида истодааст. Дар коллеҷ қоидаҳои тартиботи дохиликоллеҷӣ тасдиқшуда, вазифаҳои хизматӣ ва тақсимоти он байни ҷонишинон ва директори коллеҷ мавҷуданд.

Бояд ёдовар шавем, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи омӯзгор қарор дорем ва воқеан шахсияти омӯзгорро Пешвои муаззами миллат зери ҳимояи худ гирифтаанду дар ҳар баромади худ омӯзгоронро таърифу тавсиф мекунанд ва ҳамчунин таъкид медоранд, ки нисбати омӯзгорон эҳтироми хоса дошта бошем. Пешвои миллат нисбати омӯзгор суханони волои зиёд гуфтаанд, ки аз намунааш ин аст: “Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”. Аз гуфтаи Пешвои миллат бар меояд, ки миллати сарфарозу донишвар пеш аз ҳама дорои муаллимони тавоно мебошад.

Аз ин фурсати муносиб истифода карда, тамоми омӯзгорони кишвари азизамонро ба ҷашнашон муборакбод мегӯям ва таманно мекунам, ки ҳамеша муваффақу комгор бимонанд.

Низоми таълим ва коргузорӣ

Ҳамзамон, директори коллеҷ тазаккур дод, ки қисми асосии фаъолияти коллеҷро раванди таълим ташкил медиҳад. Ҷомеаи меҳнатии муассисаи таълимӣ баҳри ҳамаҷониба дуруст ба роҳ мондани раванди таълим кӯшиш менамояд. Дар давоми 9 моҳи аввали соли 2024 корҳои таълимӣ аз рӯи нақшаҳо барномаҳои таълимӣ, ҷадвали раванди таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти муассиса барои баррасӣ намудани Қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад. Он Қарору фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурие, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастрас мегарданд, аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ва омӯзгорони кафедраҳо сари вақт дар ҷаласаҳои коллеҷ муҳокима ва баррасӣ гардида, баҳри амалӣ гардонидани он кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад ва аз рӯи он ҳисоботҳо супорида мешавад. Машғулиятҳо дар бинои асосии коллеҷ, бинои асосӣ ва базаҳои таълимӣ, ки дар муассисаҳои тиббии вилоят ҷойгир шудааст, гузаронида мешаванд. Баҳри хушсифат гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ шароитҳо муҳайё карда шуда, омӯзгорон бо утоқҳои таълимӣ ва толори лексионӣ, лабораторияҳо, синфхонаҳои малакаҳои амалӣ таъмин гардидаанд. Ҳамаи омӯзгорон бо силлабусҳо, комплексҳои таълимӣ методӣ дар низоми кредитии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ ва маводҳои дидактикию асбобҳои аёнӣ, мулӯҳҳо таъминанд. Омӯзгорони муассиса баҳри хушсифат гузаштани машғулиятҳо аз Барномаҳои миллии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури таълимии “ЛЕМОН” васеъ истифода мебаранд. Бо истифодаи ин маводҳои таълимӣ дар ҳамаи кафедраҳо машғулиятҳои намунавӣ ва дарсҳои кушод, конфронсҳои илмӣ назариявӣ ва адаби мусиқӣ гузаронида мешавад. Оғози нимсолаи дуюми таҳсил бо тасдиқи роҳбари муассиса аз рӯи ҷадвали дарсӣ барои ҳамаи факултетҳо ба роҳ монда шудааст.

Баргузории озмунҳо

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф афзуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои бахши таълим дар муассиса озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шуд.

Натиҷаи озмун бошад, аз фанни химия- гурӯҳи 105, ихтисоси кори ҳамширагӣ, Ҳодибоева Норинисо (ҷойи сеюм), роҳхат ба даври вилоятӣ,

аз фанни биология- гурӯҳи 104, ихтисоси кори ҳамширагӣ, Мамашарипова Дилбарҷон (ҷойи сеюм), роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд.

Бо ташаббуси сарвари муассиса Мавлонзода А.Ҳ. ташкил ва гузаронидани озмуни “Маҳфили беҳтарин” ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст ва ба ин хотир фаъолияти маҳфилҳо ва роҳбарони маҳфилҳо зина ба зина самараи хуб нишон дода истодааст.

Мақсади гузаронидани озмуни “Маҳфили беҳтарини илмии донишҷӯён”:

Дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба забономӯзӣ байни донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, донишазхудкунӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён мебошад.

Озмуни “Маҳфили беҳтарин” аз рӯи 5- шарт гузаронида ва баҳогузорӣ карда мешавад:

  1. Саломнома (вобаста ба самти факултет, кафедра);
  2. Саволу ҷавоб;
  3. Намоиши малакаҳои амалӣ;
  4. Презентатсия аз рӯи тахассус;
  5. Намоиши корои эҷодӣ ва КМД-и донишҷӯён.

Озмун аз рӯи нақшае, ки аз тарафи директори муассиса Мавлонзода А.Ҳ. санаи 01.02.2024 тасдиқ карда шудааст, гузаронида шуд.

Дар озмуни “Маҳфили беҳтарин” маҳфили Фариштаи кафедраи момоӣ ва амрози занона ғолиб гардида, соҳиби Шоҳҷоиза ва ба маблағи 7000 сомонӣ қадршиносӣ гардид.

Олимпиадаи фаннӣ ва тахассусӣ

Инчунин, иттило дода шуд, ки дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи фанҳои тахассусии тиббӣ (аз рӯи ихтисосҳои кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ ва кори дандонсозӣ), ки дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ санаи 10 ва 11 .05.2024 баргузор гардид, донишҷӯёни муассиса иштирок  намуданд ва иштирокчиён ба чунин натиҷа ноил гаштанд:

Абдуваҳобов Муҳаммадҷон Илҳомҷонович- дипломи дараҷаи 3, аз рӯи ихтисоси кори дандонсозӣ;

Абдусатторова Фарзона Мухсинҷоновна – дипломи дараҷаи 3, аз рӯи ихтисоси кори дорусозӣ;

Хушвақтов Шаҳбоз Сайфиддинович- соҳиби ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ барои иштироки фаъолона дар олимпиада.

Озмуни “Омӯзгори беҳтарин”

Директори коллеҷ дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар соли таҳсили 2023-2024 мувофиқи Низомномаи “Омӯзгори беҳтарин” давраи аввали озмун баргузор гардид. Озмуни мазкур дар дохили муассиса аз тарафи кафедраҳо бо иштироки бевоситаи деканони факултет то санаи 11.11.2023 гузаронида, ҷамъбаст карда шудааст. Аз рӯи шартҳои озмун маълум гардид, ки дар асоси Низомномаи озмуни омӯзгори беҳтарин, ки аз тарафи бахши методӣ пешниҳод гардидааст, ба фаъолияти корӣ ва сатҳи дониши иштирокчиёни озмун баҳогузорӣ карда шуд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ ба фаъолияти кории омӯзгороне, ки нисбатан беҳтар дониста шуданд, барои иштирок дар даври дуюми озмун аз тарафи мудирони кафедраҳо ба деканони факултетҳо пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ фаъолияти кории 17 омӯзгорони кафедраҳо нисбат ба дигар иштирокчиёни озмун беҳтар дониста шуд. Мувофиқи пешниҳоди мудирони кафедраҳо 17- нафар ба даври дуюми озмун тибқи шартҳои дар Низомнома овардашуда, иштирок намуданд.

Аз тарафи аъзоёни ҳакамон дар натиҷаи баҳогузорӣ 6 нафар омӯзгорон беҳтарин дониста шуда, аз ҷониби онҳо дарсҳои онлайнӣ ташкил ва баргузор карда шуд:

Омӯзгори кафедраи ҷарроҳӣ Сайдуллоева М. дар мавзуи “Катаракта, Катарактаи булӯрак”;

Омӯзгори кафедраи химия Ашрафзода Ш.Б. дар мавзуи “Спиртҳо”;

Омӯзгори кафедраи информатика Қодирова У.Қ. дар мавзуи “Биофизикаи нафаскашии берунӣ”;

Омӯзгори кафедраи кори ҳамширагӣ Ҷумаев Х.Ҳ. дар мавзуи “Техникаи шустани меъда. Нишондод ва зиднишондод”;

Омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносӣ Гадойбоева И.К. дар мавзуи “Фарҳанги Чини қадим”;

Омӯзгори кафедраи забони давлатӣ Умарова М.М. дар мавзуи “Ҷумлаи содаи яктаркиба”;

Дар натиҷа омӯзгори кафедраи химия Ашрафзода Шӯҳрат Бердибой ғолиби озмун дониста шуд.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки бахши идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро дар коллеҷи тиббӣ назорат карда ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти коллеҷ баҳо медиҳад ва дар асоси нақшаи корие, ки аз тарафи директори муассиса тасдиқ карда шудааст, кору фаъолият бурда истодааст.

Аз ҷониби кормандони марказ ба ҳамаи донишҷӯён корти донишҷӯӣ ташкил карда шудааст. Корти донишҷӯиро донишҷӯён метавонанд ҳамчун корти нақлиётӣ, корти бонкӣ (DC) ва барои дидани давомоти худ дар раванди дарсҳо истифода намоянд.

Ҳамчунин, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони марказ рафти иштироки донишҷӯён дар дарсҳо зери назорати қатъӣ қарор дода  шуда, бо мақсади боварӣ ҳосил намудан барои иштирок дар дарсҳо имзои ҳар як донишҷӯ гирифта шуданд.

Дар оянда низ низоми таълим ва сифати таҳсилотро боз ҳам пурзуртар хоҳем кард.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь