Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам мазкур Мусоев И. И. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мусоев И. И. директори коллеҷ бар ин назар аст, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» дар асоси  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 16.03.соли 1999  таҳти №100, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.04. соли1999 таҳти №141 «Оид ба табдил додани омӯзишгоҳҳои тиббӣ» ба Коллеҷи тиббӣ таъсис дода шудааст. Коллеҷ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқи низомномаи онҳо), Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ мондааст. Коллеҷи тиббӣ мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31.01. соли 2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Фаъолияти факултетҳо

Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар факултет мутахассисон бо ихтиссоси ҳамшира (бародарӣ) тиббӣ-оилавӣ омода карда мешавад. Фаъолияти шуъба айни ҳол факултет тибқи низомномаи факултет (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10. соли 2018, №18 (37) ба роҳ монда шудааст. Дар факултет кафедраи тибби-оилавӣ ва кафедраи бемориҳои амрози даруна ва бемориҳои кӯдакона фаъолият менамояд.

Дар аввали соли таҳсил барои донишҷӯёни бахши 1-ум дафтарҳои имтиҳонотӣ ва билети донишҷӯй тартиб дода шуд.

Дар аввали соли таҳсил қисми азбарномаҳои таълимӣ аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуда, боқимонда барномаҳои таълимии соли таҳсил ба нақшаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ва декани факултет, мутобиқ карда шуд. Ҷадвали дарсӣ дар бахшҳои чорум аз ҷониби декани факултет омода карда шудааст. Раванди таълим дар факултет тибқи ҷадвали  дарсӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза давомоти донишҷӯён аз ҷониби декани факултет ва мудири кафедра санҷида мешавад.

Дар факултет ҷузъдонҳои  алоҳида барои фаъолияти босамари он ташкил карда шудааст.

Дар баробари ин тибқи супориши роҳбарияти коллеҷ, рӯйхати хатмкунандагони ҳамаи шӯъбаҳои амалкунанда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои аттестатсияи хатм аз ҷониби деканони факултаҳо омода карда шуда то санаи 10.04. соли ҷорӣ ба шуъбаи таълим ва шуъбаи кадрҳо супорида шуд буд. Ҳамаи хатмкунадагон аз 19 апрел то 6 майи соли ҷорӣ ба таҷрибаомӯзии истеҳсоли равон карда шуда буданд.

Инчунин, чиптаҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагон аз ҷониби мудирони кафедраҳо тибқи барномаи таълимӣ аз нав таҳия карда шуда, аз 09.06 то 29.06 соли ҷорӣ аттестатсияи хатм барои хатмкуандагони шӯъба гузаронида шуда, чамъбаст гардид.

Дар охири соли таҳсили 2021–2022, 150 нафар донишҷӯён факултети мазкурро хатм намуданд.

Ҳамзамон, фаъолияти факултети кори момодоягӣ дар асоси Низомнома ба роҳ монда шуда, дар назди он кафедраи «Момоӣ ва бемориҳои занона» ва кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табии риёзӣ ташкил карда шудааст. Теъдоди донишҷӯён дар факултет 898 – нафар духтарон буда, дар гурӯҳҳои буҷавӣ 230 нафар ва гурӯҳҳои шартномавӣ 668 – нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар факултет корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:

1) Дар аввали соли таҳсил барои донишҷӯёни бахши 1-ум дафтарҳои имтиҳонотӣ ва билети донишҷӯй тартиб дода шуд.

2) Мунтазам гузаронидани мониторинг, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим аз ҷониби сардори факултет ба роҳ монда шуд.

3) Гузаронидани ҷаласаҳо бо омӯзгорони кафедра, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо баъди гузаронидани мониторингҳо хуб ба роҳ монда шуд.

4) Таъмини иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ.

5) Омода намудани ҳуҷҷатҳои асосӣ,ҷузъдонҳо барои назорати фаъолияти факултет аз ҷониби шахсони мутасаадӣ кафедра ва факултет.

6) Гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки хатмкунандагони факултет, ҷиҳати омодасозии мутахассисони хуби соҳавӣ бо истифода аз маводҳо, барномаҳои таълимӣ барои хатмкунандагон бо ихтиссоси момодоя.

7) Пурзӯр намудани машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёни шуъба, махсусан бо хатмкунандагон бо истифода аз мулуҳҳо ва айёниятҳои қаблӣ-амалӣ.

8) Иштирок дар озмунҳо, семинарҳо бо маърузаҳо, ки дар миқёсӣ вилоят ва шаҳр баргузор мегардад.

9) Дар кафедра ҳуҷраи қаблиамалӣ бо асбобу айёниятҳои тиббии муосири дар соли нави таҳсили 2022-2023 ворид намуда, муҷаҳҳаз гардонида шуд.

10) Тибқи супориши роҳбарияти коллеҷ, руйхати хатмкунандагон, ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои аттестатсияи хатм аз ҷониби декани факултет омода карда шуда то санаи 10.04. соли ҷорӣ ба шуъбаи таълим ва шуъбаи кадрҳо супорида шуд.

Ҳамаи хатмкунадагон  аз 19  апрел то 6 майи  соли ҷорӣ  ба таҷрибаомӯзии истеҳсоли равон карда шуда буданд.

Ғайр аз ин, чиптаҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагон аз ҷониби мудирони кафедраҳо тибқи барномаи таълимӣ аз нав таҳия карда шуда, аз 09.06 то 29.06 соли ҷорӣ аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони шӯъба гузаронида шуда, ҷамъбаст гардид.

Дар охири соли таҳсили 2021–2022, 194 нафар донишҷӯён факултети момодоягиро хатм намуданд.

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар факултети ҳамширагӣ шуъбаи кори ҳамширагӣ (рӯзона ва шабона) теъдоди донишҷӯён ҳамагӣ – 997- нафар, (духтарон 930 нафар ва писарон 67 нафар), дар гуруҳҳои буҷавӣ 188 ва шартномавӣ 809 – нафар таҳсил менамоянд. Фаъолияти факултет дар асоси низомнома ва нақша–чорабиниҳо ба роҳ монда шудааст.

Факултети кори фарматсевтӣ дар 2-шуъба муттаҳид карда шудааст.

1)Шуъбаи кори фарматсевтӣ (рӯзона ва шабона), (шартномавӣ) теъдоди донишҷӯён ҳамагӣ – 498 нафар, (духтарон 231 нафар, писарон 267 нафар),

2) шуъбаи кори дандонсозӣ (шартномавӣ) ҳамагӣ -65 нафар, (духтарон 15 нафар писарон 50 нафар) ва табобати дандон (шартномавӣ) ҳамагӣ -46 нафар, (духтарон 20 нафар писарон 26 нафар).

Дар назди факултет кафедраи фарматсевтӣ ва кафедраи фанҳои тиббӣ-биологӣ ташкил карда шудааст. Фаъолияти факултет дар асоси низомнома ва нақша–чорабиниҳо ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар факултет корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:

1.Барои донишҷӯёни бахши якуми факултет дафтарчаи санҷишӣ ва дафтарчаи донишҷӯи ташкил карда шуд. Ҷадвали раванди таълим аз руи нақшаи таълимӣ барои бахшҳои якум,  дуюм  ва сеюм   тибқи низоми кредити таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Гузаронидани шудани дарсҳо аз ҷониби садорати факултет мунтазам санҷида шуда истодааст.

2.Мунтазам  гузаронидани мониторинг, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим  аз ҷониби сардори  факултет ва мудири кафедра ба роҳ монда шуд.

  1. Омода намудани ҳуҷҷатҳои асосӣ,ҷузъдонҳо барои назорати фаъолияти факултет аз ҷониби шахсони мутасаадӣ кафедра ва сардори  факултет
  2. Гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки хатмкунандагони факултет, ҷиҳати омодасозии мутахассисони хуби соҳавӣ бо истифода аз маводҳо, барномаҳои таълимӣ барои хатмкунандагон бо ихтиссоси ёрдамчии фарматсевт ва техники дандон.
  3. Пурзӯр намудани машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёни шуъба , махсусан бо хатмкунандагон бо истифода аз айёниятҳои дарсӣ.
  4. Таъмини иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ.

Дар баробари ин тибқи супориши роҳбарияти коллеҷ, руйхати хатмкунандагон, барои  аттестатсияи хатм аз ҷониби декани факултет омода карда шуда то санаи  10.04. соли ҷорӣ ба шуъбаи таълим ва шуъбаи кадрҳо  супорида шуд Ҳамаи хатмкунадагон  аз 19  апрел то 6 майи  соли ҷорӣ  ба таҷрибаомӯзии истеҳсоли равон карда шуда буданд.

Инчунин, чиптаҳои аттестатсияи хатм  барои хатмкунандагони шуьбаи рӯзона ва шабонаи  кори фармасевтӣ  аз ҷониби мудирони кафедраҳо  тибқи барномаи таълимӣ  аз нав таҳия  карда шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шуда, аз 09.06 то 29.06 соли ҷорӣ аттестатсияи хатм барои  дар шӯъба  аттестатсияи хатм гузаронида шуд.

Сохтори коллеҷ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр намуд, ки коллеҷ чунин сохтор дорад:

Бахши рӯзона:

Шӯъбаҳои бо таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо мӯҳлати таҳсили 3 солу 10     моҳ:

Кори табобатӣ; Кори момодоягӣ.

Бо таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо мӯҳлати таҳсили  –  2 солу 10 моҳ:

«Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию-ташхисӣ», «Кори дандонсозӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори тиббию-профилактикӣ».

Шуъбаи шабона бо мӯҳлати таҳсили 3 сол, шӯъбаи кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ.

Қисми амалия (таҷрибаомӯзӣ). Қисми таълимӣ. факултетҳо (1) Кафедраҳо.

Кабинетҳои таълимӣ ва лабораторияҳо. Муҳосибот. «Бунгоҳи тиббӣ». Шӯъбаи кадрҳо. Заминаи варзишӣ. Қисми хоҷагӣ. Китобхона. Китобхонаи электронӣ. Хобгоҳ. Ошхона. Бойгонӣ.

Бо сабаби ворид шудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба Низоми кредитии таҳсилот ва тибқи сохтори намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҷадвали воҳидҳои кории намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 25.06. соли 2018 №14/43, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, сохтори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» ва ҷадвали воҳидҳои корӣ таҳия карда шуда, барои дида баромадан ва тасдиқ намудан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Идоракунии  коллеҷ

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо дар ҷараёни гуфтугӯ изҳор дошт, ки идоракунии Коллеҷ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Оинномаи коллеҷ сурат мегирад.

Идоракунии умумии коллеҷ аз тарафи Шӯрои илмӣ-педагогӣ (органи олии худидоракунӣ) ба роҳ монда шуда, роҳбарии онро директори Коллеҷ ба ӯҳда дорад.

Вобаста ба миқдори донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар Коллеҷ, дар ҷадвали воҳидҳои  кории он, ки Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, вазифаҳои зерин пешбинӣ карда шудааст: ҷонишини директори Коллеҷи тиббӣ оид ба:  корҳои таълимии Коллеҷ,  таълимӣ амалӣ, тарбиявӣ; сармуҳосиб, ёрдамчии сармуҳосиб, мудирони факултаҳо,  мудирони кафедраҳо, методист,  роҳбари тарбияи ҷисмонӣ, сардори шӯъбаи кадрҳо, китобдор ва хазинадор. Баъди ворид шудан ба низоми кредитии  таҳсилот воҳидҳои кории зерин: сардори шуъбаи бақайдгирӣ, эдвайзерҳо ва мудири қисми таълим тасдиқ карда шуд.

Коллеҷ барои  пешбурди  фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти аттестатсия, акредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди ВМҶТ ва ВТҶТ-ро (шаҳодатномаи  силсилаи Т–ИФ  № 0000196 , аз 25.12. 2020с.) соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст (шаҳодатномаи силсилаи ВМИ № 0000078 аз 31. 08. 2019 с.). Оинномаи коллеҷ аз 09.02 соли 2015 №109 бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”-и Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад. Дар он шакли таълим рӯзона ва шабона буда, теъдоди донишҷӯён дар охири нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 ҳамагӣ –3297 (дар Коллеҷи тиббӣ- 2913 нафар, шуъбаи шабона 499 нафар ва гурӯҳҳои мақсаднок – 384-нафар) –ро ташкил дода, дар он донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд. Теъдоди донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2021 – 2022 ҳамагӣ- 3144-  нафар-ро ташкил дода, дар он донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд. Гурӯҳҳои буҷавӣ 1935 нафар ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ 2209 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 2472 нафарашон духтарон ва 672 нафар писарон мебошад .

Дар моҳҳои феврали соли ҷорӣ доир ба пешниҳоди Раисони аттестатсияи хатм пешниҳодҳо ва маълумотномаҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида шуд.

Аз санаи 19 апрел то 6 майи соли ҷорӣ ҳамаи хатмкунандагони коллеҷ ва гурӯҳҳои мақсадноки назди коллеҷ ба таҷрибаомӯзии истеҳсоли равон карда шуда буданд.

Инчунин, чиптаҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони шуъбаҳоии рӯзона, шабона ва гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷ аз ҷониби мудирони кафедраҳои коллеҷ тибқи барномаи таълимӣ аз нав таҳия  карда шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шуда, аз 09.06 то 29.06 соли ҷорӣ аттестатсияи хатм барои дар шӯъба аттестатсияи хатм гузаронида шуд.

Базаи кадрӣ

Инчунин, номбурда тазаккур дод, ки айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ 280 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки шумораи омӯзгорони асосӣ 186 нафар буда, 112 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар соли хониши нав ба Коллеҷи тиббӣ 30-нафар омӯзгорони асосӣ ба кор ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 22 – нафарашон омӯзгорони ҷавон мебошанд.

Омӯзгорони асосӣ – 186 нафар (занҳо 112 нафар).

Омӯзгорони соатбайъ – 94 нафар (занҳо 63 нафар).

Аълочиёни соҳаи тандурустӣ – 8 нафар. Аълочиёни соҳаи маориф – 6 нафар.

Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон -5 нафар.

Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 нафар. Дорандаи Медали шафқат – 1 нафар. Номзади илми тиб – 1 нафар. Кормандони асосӣ бо маълумоти олии тиббӣ – 38  нафар. Кормандони асосӣ бо маълумоти олии педагогӣ 97–  нафар. Бо маълумоти миёнаи тиббӣ – 21   нафар. Бо маълумоти олии нопурра – 8 нафар. Бо дараҷаи тахассусӣ олӣ – 40 нафар. Бо дараҷаи тахассуси якум – 21 нафар. Бо дараҷаи тахассуси дуюм –  17 нафар.

Теъдоди омӯзгорони соатбайъ 94 нафар буда, бештари онҳоро омӯзгорони собиқадор ва пуртаҷриба ташкил медиҳанд. Гузаронида шудани машғулиятҳои омӯзгорони соатбайн мунтазам аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ва мудирони кафедраҳо назорат карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои методӣ ва тавсияҳо дода мешаванд. Дафтарҳои синфӣ, ҷараёни таълим (назариявӣ ва амалӣ) мунтазам санҷида шуда, дар ҷаласаҳои назди директор баррасӣ ва муҳокима шуда истодааст.

Бо омӯзгорони ҷавон ва соатбайъҳо семинари омӯзиши доир ба қайди дурусти мавзӯъҳои дарсӣ ва мутобиқати онҳо бо барномаи таълимӣ меъёри баҳогузорӣ ва дигар мавзӯъҳо доир ба ҷараёни таълим тааллуқдошта дар аввали моҳи сентябр аз ҷониби шахсони мутассади гузаронида шуданд.

Тибқи нақша аз ҷониби шуъбаи таълим ва мудирони кафедраҳо бо омӯзгорони ҷавон ва соатбайъҳо семинари омӯзиши доир ба қайди дурусти мавзӯъҳои дарсӣ ва мутобиқати онҳо бо барномаи таълимӣ меъёри баҳогузорӣ ва дигар мавзӯъҳо доир ба ҷараёни таълим тааллуқдошта дар аввали моҳи сентябр гузаронида шуд. Аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ҷадвали дурнамои гузаштани курси такмили ихтисоси омӯзгорони коллеҷ дар соли 2018 ва 2022 таҳия карда шуд.

Дар давоми нимсолаи аввал тибқи нақша 1 нафар омӯзгорон аз кафедраи терапия ва педиатрия аз курси такмили ихтисос гузаштааст.

Санаи 6 майи соли 2021 аттестатсияи омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» бо иштироки мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳидини Сафарзод гузаронидани шуд, ки дар натиҷаи 44 нафар омӯзгорон бо муваффақият аз аттестатсия гузашта ба онҳо дараҷанокии навбатӣ дода шуд.

Шароити мусоид барои омӯзиш

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар Коллеҷи тиббӣ 120 синфхона бо таҷҳизотҳо ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бисёрии машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида шуда истодааст. Дар кафедраҳои ҷарроҳия, момоӣ, тибби оилавӣ, кори ҳамширагӣ, химия, тибби биологӣ, кори ҳамширагӣ дар терапия ва педиатрия, фармакология, машғулиятҳо ба тариқи дарс–лексия ташкил карда шудааст. Бо гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот дар ҳамаи кафедраҳо дар миқдори зиёди фанҳо дарс–лексия ташкил карда шуда, синфхонаҳои лексионӣ барои гузаштани лексияҳо омода карда шуданд.

Дар давоми соли 2021 ба Коллеҷи тиббӣ 34 адад компютер ва таҷҳизотҳои нави таълимӣ, аз ҷумла: 100-адад курсӣ ворид карда шуда, дар давоми сол 1038 китобҳои таълимӣ, тахассусӣ ва 187-адад китобҳои бадеӣ ба коллеҷ ворид карда шуд. Бояд қайд кардан лозим аст, ки китобҳои бадеӣ аз ҷониби омӯзгорони коллеҷ ба тариқи туҳфа ворид карда шудааст. Дар таътили тобистона ошёнаи якум ва чоруми бинои хобгоҳ аз таъмири хушсифат бароварда шуд.

Дар коллеҷ маркази тестӣ ташкил карда шуда, муттамарказонида шудааст.

Ҳамаи имтиҳонҳои сессияи зимистонаю тобистона ва рейтингҳо дар бахшҳои якум, дуюм ва сеюм дар маркази тестӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ буда, дар Коллеҷи тиббӣ аз соли 2017, тарзи кафедравии таълим ташкил карда шудааст. Айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ 8 кафедра фаъолият менамояд:

  1. Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табии риёзӣ. 2. Кафедраи момоӣ. 3.Кафедраи тибби биологӣ. 4. Кафедраи фарматсевтӣ. 5. Кафедраи забонҳо.
  2. Кафедраи ҷарроҳия ва кори ҳамширагӣ. 7. Кафедраи тибби оилавӣ. 8. Кафедраи амрози даруна ва кӯдакона.

Конфуронс ва маҳфилҳои тарбиявӣ

Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат ҳамсуҳбати изҳор дошт, ки дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст. Омӯзгорони кафедраҳо бо корҳои илмӣ машғул буда, алҳол 4 нафар ҷӯяндаи рисолаи номзадӣ мебошанд. 2 нафар таҳсили худро дар аспирантура давом дода истодаанд. Ҷиҳати баланд  бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ,омӯзгорони  коллеҷ мунтазам дониши худро сайқал дода дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ,вилоятӣ ва шаҳрӣ бо пешниҳод намудани маърӯзаҳо ширкат меварзанд.

Санаи 9 – уми феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  конфронси илмӣ –амалӣ таҳти унвони “Зан ва рушди  илми муосир”  баргузор гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгорон, Саматова Д.И., Шаймарданова М.Ш. ва Каримова М.Р.  иштирок намуданд.

Санаи  6–уми  марти соли ҷори 3 нафар ятимони кул, 1 нафар нимятим ва 3 нафар маъюбоне, ки истиқоматкунандагони шаҳри Бохтар буда, дар коллеҷ таҳсил менамоянд, дар маҷлиси шаҳрии шаҳри Бохтар бахшида ба “Рӯзи Модар” иштирок намуда, аз ҷониби раиси шаҳр бо кумакпули сарфароз гардиданд.

Ғайр аз ин 6 марти соли 2021 як нафар омӯзгори Каримова М. Р.   дар  маҷлиси тантанавии вилоятӣ бахшида ба “Рӯзи Модар”,  ки дар қасри фарҳангии ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, иштирок намуд.

Санаи 20 – 21 майи соли 2021 донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд, ки дар натиҷаи ҷамъбаст донишҷуи бахши  3 – юми  кори ҳамширагӣ Ҳайдарова  Нилуфар аз фанни “Биология” сазовори ҷойи сеюм гардид.

9-уми сентябри соли 2022 1500 нафар донишҷӯёни коллеҷ дар чорабини  бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок  намуданд.

Дар баробари ин 600 нафар донишҷӯдухтарони коллеҷ дар  чорабинии фарҳангии вилояти  бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9 сентябр дар майдони варзишии  шаҳри Бохтар баргузор гардид,  иштирок  намуданд.

22 сентябри  соли 2022 бахшида ба зодрӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар ҷамьомади пагоҳирӯзи оиди   ашъори  устод Рӯдакӣ  маълумотҳо пешниҳод гардида,   шеьрҳои устод  қироат карда шуд.

30 сентябри соли 2022 аз ҷониби омӯзгорони кафедраи  забонҳо  конфронсӣ илмӣ – бадеӣ  бахшида ба ҷашнвораи  Ҷалолиддини Балхӣ гузаронида шуд.

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки донишҷён ва омӯзгорони коллеҷ дар ҳама ҷорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд ва барояшон ифтихор аст, ки дар пешрафти фарҳангу маънавиёти миллат саҳми арзандаи хеш бигзоранд. Ҳамчунин, ҳайати кормандони коллеҷ талош менамоянд, ки баҳри пешрафти соҳаи тибӣ кишвар ҳама гуна имкониятҳои мавҷударо истифода намоянд, то кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замонро тарбият бинмоянд. Албатта, мо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, мекӯшем дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сарвақт иҷро намоем ва ба бовариашон сазовор бошем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь