Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардухтури бемористони маркуз Эмомалӣ Маҷитов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.
Дар оғози суҳбати мавсуф гуфт, ки заҳмату дастгириҳои Пешвои муаззами миллат шарту шароити кормандони тиб имрӯз рӯзафзун аст ва ҳам Амру Фармонҳояшон судманди соҳаи тиб асту барои пешрафти соҳаи тиб мусоидат менамояд ва мо кормандони тиб аз чунин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат миннадор буда, мекӯшем сазовори бовариашон бошем. Албатта, тамоми донишу таҷрибаи худро барои боз ҳам пешрафти соҳаи тиб равона хоҳем кард.
Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки Муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳри Ҳисор аз 7 беморхонаҳои шаҳрӣ ва 1 беморхонаи минтақавӣ иборат буда, дар муассисаҳои мазкур 578 кат мавҷуд аст.
Таъминот бо катҳо ба 10 ҳазор аҳолӣ – 16,6 (2022 – 17,0, 2021 – 17,5, 2020 – 17,9)-ро ташкил менамояд.
Таъминоти табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 3,1 нафар (2022 – 3,3, 2021 – 4,1) ва бо коргарони миёнаи тиббӣ 14,2 нафар (2022 – 14,9, 2021 – 15,4).
Дар маҷмуъ 95 нафар табибон – 94% (2022 – 96 – 96%,2021 – 90 – 68,2%) ва 395 нафар –85% ҳамшираҳои тиббӣ 2022 – 320 – 80%, 2021 – 295 – 58,1%) дараҷаи тахассусноки доранд.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2 нафар табибон, 17 нафар, ҳамшираҳои тиббӣ такмили ихтисоси соҳавӣ гузаштанд.
Дардмандон
Аз миқдори бемориҳои ҷавобшуда 8492 нафар: Бемориҳои узвҳои нафас – 1272 нафар, бемориҳои узвҳои ҳозима – 643нафар. Бемориҳои узвҳои гардиши хун –689 нафар, бемории фишорбаландӣ – 74нафар, бемориҳои вайроншавии гардиши хуни майна – 117 нафар, бемориҳои сироятӣ –280 нафар, бемории сил – 25 нафар, Гепатити вирусӣ –23 нафар, бемориҳои вайроншавии рӯҳият –277 нафар, бемориҳои узвҳои пешоббарор – 280 нафар, осеббардорӣ – 204 нафар, бемориҳои занона – 33 нафар, бемориҳои асаб – 74 нафар, бемориҳои устухону буғумҳо – 88 нафар, бемориҳои пӯст – 62 нафар. Диабети қанд – 34 нафар, бемориҳои гӯш – 22 нафар, камхунӣ – 13 нафарро ташкил медиҳанд.
Инчунин, аз миқдори ҷавобшудагон – 4521 нафарро занҳои ҳомиладор ва таваллудкарда ташкил менамояд.
Шифобахшӣ
Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ ба 2693 нафар амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд, аз он ҷумла, ба кӯдакони 14 сола1434 нафар ва наврасони 15-17 сола 148 нафар. Аз шумораи умумии ҷарроҳишудагон: Ҷарроҳиҳо гузаронида шуд, бо истифода аз эндоскопӣ 20 нафар. Беҳискунии умумӣ 938 адад.
Дар нуқтаи осебшиносии БМШ ба 439 нафар, аз ин ҷумла, ба 418 нафар шаҳрвандони шаҳри Ҳисор саггазида ёрии тиббӣ расонида, инчунин ба 9 нафар 9 дона (2022 – 6 нафар. 6 дона, 2021 – 14 нафар – 14 дона) ваксинатсияи зиддирабиологии ройгон гузаронида шуд.
Дар асоси фармоиши ВТҲИАҶТ аз 02.07.2018 с., №559 дар шуъбаҳои ҷарроҳии БМШ, БР№1 ва БМ Меҳргон ҳуҷраҳои хатнагузрони фаъолият доранд, дар ҳуҷраҳои мазкур 992 адад (2022 – 745, 2021 – 631) амали хатна гузаронида шуд. Дар БМШ 798 нафар (2022 – 505), БР№1 194 нафар (2022 – 240).
Аз тарафи шуъбаи ёрии таъҷилии БМШ 430 (2022 – 782, 2021 – 511) даъвати фаврӣ хизматрасонӣ карда шуда, 234 бемор ва 67 майит (2022 – 212 бемор ва 34 майит, 2021 – 225 бемор ва 58 майит) аз ҷое ба ҷои дигар бурда шудаанд.
Иҷтимоиёт ва ободонӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки инчунин, дар маърака ва чорабиниҳои шаҳри ва ҷумҳуриявӣ 78 маротиба навбатдории ёрии тиббӣ- таъҷилӣ таъмин карда шуд.
Корҳои ободониву таъмирии зерин ба анҷом расонида шуд:
Бурчатка – 700м2 дар ҳудуди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор хобонида шуд.
Шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз таъмири кулли бароварда шуда, бо таҷҳизоҳои муосири тиббии таъмин гардида, ба итстифода дода шуд.
Сохтмон ва таъмири Беморхонаи минтақавии Хонақои куҳӣ дар арафаи анҷомёбист.
Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, шуъбаи осебшиносӣ ва шуъбаи қабули БМШ шаҳри Ҳисор аз таъмири ҷузъи бароварда шуд.
Таввалудхонаи №2 шаҳри Ҳисор аз таъмири ҷузъи қисман бароварда шуд.
125 – адад дарахтони мевадиҳанда ва ороиши шинонида шуд.
30 – адад юка мексикани шинонида шуд.
1000 – дона гули тюлпан, 3000 адад қаламчаи садбарг шинонида шуд.
Зиёда аз 0,1га тухми гулҳои мавсимии салвия корида шуд.
Зиёда аз 600м2 саҳни беморхона бетонпуш карда шуд.
Шуъбаи тавалудхонаи БМШ Ҳисор бо 2 адад кюез таъмин карда шуд.
Ҷомашӯйхонаи БМШ Ҳисор 1 адад мошинаи ҷомашӯйи дастрас карда шуд.
Як адад автоклав дастрас карда, ба истифода дода шуд.
Вазъи бемории сил
Ҳамсуҳбати мо дар хусуси вазъи бемории сил сухан гуфта, аз ҷумла, изҳор дошт, ки дар соли ҷорӣ 84 нафар (2022 – 83, 2021 – 86) бемор ба қайд гирифта шуд, ки аз инҳо:
Бо дараҷаи 1, 73 нафар (2022 – 74, 2021 –77) бемор.
Бо дараҷаи 2, 11 нафар (2022 – 9, 2021 –9) бемор.
Аз он ҷумла, бо дараҷаи 4 шакли мутобиқгаштаи сил 7 нафар (2022 – 10, 2021 – 12).
Ҳамаи беморони ба қайд гирифта шуда бо табобат фаро гирифта шуданд ва дар зери назорат табобат гирифта истодаанд.
Шумораи беморони ба қайд гирифта шуда нисбати соли 2022- 1 нафар зиёд шудааст, ин ҳам бошад аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ҳамаи беморони ба қайд гирифта шуда бо табобат фаро гирифта шудааст.
Дар минтақаҳо муоинаи дар тамос будагон давом дорад. 328 нафар тамосбудагон муоина карда шуд. 15 бемор дарёфт шуд, ба 176 нафар химиопрофилактика таъин шуд.
Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ
Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зуҳравии шаҳри Ҳисор ба аҳолии шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Шаҳринаву Рӯдакӣ хизматӣ тиббии дармонгоҳӣ ва статсионарӣ, нисбати беморинӣ бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ мерасонад.
Қисми дармонгоҳии Марказ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар асоси шартномаи ду тарафаи Беморхонаи марказӣ ва соҳибкорон дар иморати хусусии Дорухонаи № 26 ва қисми статсионарӣ дар назди Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 50, мувақатан ҷойгир карда, фаъолият менамояд.
Марказ иборат аз 20 кати шабонарӯзӣ ва озмоишгоҳҳои клиникӣ ва серологӣ иборат буда, фаъолияти худро дар асосӣ қонун, қарор ва санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва супоришҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои раиси шаҳри Ҳисор ва фармоишҳои Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ба роҳ мондааст.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ