Ман, сокини деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ҳастам ва солҳои зиёд дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чун муҳандиси соҳаи об сохтмончӣ- бинокор, назоратчии техникӣ ва фармоишгари сохтмон фаъолият доштам. Дар сохтмону истифодадиҳии бисёр иншоотҳо ширкат доштам. Ҳоло дар нафақа буда, дар корҳои ободонии маҳалла машғул ҳастам.
Имрӯз корҳои ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо суръати баланд идома дорад. Вале ҳамчун собиқ сохтмончӣ аз имрӯзҳо бекору валангор ва бесоҳиб истодани чунин иншоот дар ҳудуди минтақаи мо дили ҳар як сокини ин маҳалла, аз он ҷумла маро реш-реш кардааст. Масалан, ин иншоот:
- Маркази гармидиҳӣ барои муассисаҳоӣ таълимӣ ва гармхона
- Заводи консервабарорӣ
- Муассисаи томактабӣ барои 75-кат, (Боғчаи бачагон)
- Ҳаммом
- Бинои алоқа ва хизматрасонӣ
- Идораи совхоз ва ПРУ (Паноҳгоҳи махсуси зидди радиатсионӣ)
- 16 зеристгоҳи насосҳои обкашии чоҳҳои артезианӣ
- Ҷуйборҳои оҳану бетонӣ ва қубурҳои азбесту сементию гидрантҳо
- Қубурҳои интиқоли гази табиӣ ва бинои газтақсимкунӣ
- Базаи сохтмони деҳот ва сохтмони винзавод
- Винзавод дар масоҳати 6-га
Иншоотҳои номбурда имрӯз дар тобеияти шахсони алоҳида мебошанд ва аз соли 1996 инҷониб фаъолият надоранд, чун ёдгориҳои бостонӣ аз тарафи ҶДММ-ҳо иҳота карда ҳамчун манзили истиқоматию замини меросӣ гирифта мондаанд.
Ногуфта намонад, ки дар сӣ соли охир дар деҳаи мо ягон бунёдкории чашмрасу маишию иштиёқмандии ниёзи аввалиндараҷаи мардум нашудааст. Маркази хоҷагии 50-солагии Октябр то соли 1992 ба шаҳрак шабоҳат дошт. Баъди нооромиҳои ба ҳама маълум, иншооти побарҷойи маҳал биноҳои маъмурию маишӣ, заводу корхона ва зеристгоҳои обкашии навбунёдшударо, ки то солҳои 2005-2006 дар хизмати мардум буданд, шахсони бегона бо маблағи ночиз харида, деҳаро имрӯз ба ин ҳолати ногувор расондаанд. Гарчанде ба васоити ахбори омма ин қонуншиканиҳо фош мешуд, вале ба ин ғоратгариҳою қонуншиканиҳо, навиштаву хабар, гуши шунавое набуд. Рӯзи 20.06.2022. садои ғоратгаронаи навбатӣ буд, ки чун тир ба гушам расид.
Тарозуи калону дароз, ки дар миқёси шаҳри Ҳисор мумкин аст ягона буду эҳтиёҷи чандин ниёзмандонро то имрӯз адо мекард, дар мудати як рӯз шахсони номаълуме талаву тороҷ карда бурданд. Ин тарозуро соли 1989 бригадаи сохтмонии совхоз бо сардории бевоситаи банда сохта ба истифода дода будем.
Дар маҷлиси умумии маҳаллаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор 3 феврали соли 2021 мардум изҳор намуданд, ки дар деҳаи мазкур зиёда аз ҳафтсад хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Мардуми деҳа эҳтиёҷманди бунгоҳи тиббӣ ва маркази солимгардонӣ ҳастанд. Бинобар ин, онҳо хоҳиш намуданд, ки бинои фарсудашудаи назди литсейи ба номи Собири Шоҳонӣ барои истифодаи бунгоҳи тиббӣ ва дигар эҳтиёҷоти мардум ба ихтиёри кумитаи маҳалла вогузор шавад. Қарор шуд, ки ҳамзамон ин иншоот дар тавозуни литсей боқӣ монад. Таъмиру тармими бунгоҳ ва саҳни варзишгоҳро кумитаи маҳалла ба уҳда мегирад. Доир ба ин мсъала рӯзи қабули шаҳрвандон ба раиси шаҳри он замон муроҷиат намудем, ки дар ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Мехоҳем деҳаамонро ба мисли солҳои 1990, ки ба шаҳрак шабоҳат дошт, табдил диҳем. Ин иқдоми моро раиси шаҳр пазируфтанд ва бо дастгирии бевоситаи раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисор Ҷобирзода Зикрулло инчунин раиси ҷавону серғайрати маҳалла Наимов Сироҷ сохтмони бунгоҳи тиббиро 20-уми ноябри соли 2021 бо тарзи ҳашар оғоз намудем. Имрӯз 90 фисади корҳои сохтмон иҷро шуда аст. Ба боварӣ гуфта метавонем, ки бо азму талоши ҷавонмардони саховатманди деҳа рӯзҳои наздик сохтмон ба итмом мерасад. Бинобар ҳамин 11.04.2022. аз раиси шаҳри Ҳисор хоҳиш намудем, ки дар ҳалли ин масъала шахсан худашон мутаваҷҷеҳ бошанд ва хоҳиш намудем, ки барои ҷиҳозонидани бунгоҳи тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ, сардухтур ва мақомотҳои иҷроияи шаҳрро вобаста намоянд то он, ки маслиҳату пешниҳод дода, ёрии амалии худро расонанд ва ҳамчун иншооти ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта ба расмият дароранд.
Мо сокинони рустои Ҳаёти Нав бовар дорем, ки оқибат ин иқдоми мо дастгирӣ меёбад ва мо Иншоаллоҳ, соҳиби Бунгоҳи тиббӣ мешавем.
Мардон Ашуров, (МУТРИБ), сокини шаҳри Ҳисор,
ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав