Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” хабарнигори МТЖ бо директори муассисаи мазкур Раҷабов Илҳом Назарович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки ин шабу рӯз таҷлилу тантанаи Ҷашни бузург- Рӯзи Истиқлоли ватан дар сар то сари кишвар ба чашм мезанад, ки албатта, ин ифтихори ватану ватандорӣ ва миллату миллатдорист. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, тамоми ҳамватанони азизро бо ин ҷашни бузурги миллӣ муборакбод мегӯям ва таманно мекунам, ки Истиқлоли ватан то абад пояндаву бегазанд бод!
Бояд ёдовар шавам, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ҳамчун муассисаи таълимӣ донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори тиббӣ–ташхисӣ» ва «Кори момодоягӣ» омода менамояд. Ин боргоҳи илму адаб навқадамони роҳи тибро илму маърифати касбӣ омӯзонда, ба шоҳрои ин касби пуршараф ҳидоят менамояд.
Иҷрои барномаҳо
Мавсуф изҳор дошт, ки Муасиссаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 –декабри соли 2023 дар муасисса нақша-чорабинӣ таҳия ва тасдиқ гардида, як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.
Мо ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда ҷиҳати амали намудани «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан» ҷиҳати гузаронидани баҳодиҳии сифатнокии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 586 «Дар бораи Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва нақша-чорабиниҳои он дар нуқтаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои муздноки давлатӣ мутобиқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 №148 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
Дар муассисаи таълимӣ баъд аз фармоиши мазкур як адад постерминал ва QҚ- код мавҷуд мебошад, ки маблағҳои ғайринақдӣ барои таҳсил аз ҷониби донишҷӯён тавасути инҳо амалиётҳо гузаронида мешаванд.
Роҳбарияти коллеҷ иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» барои беҳтар намудани фаъолият минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар муассисаи таълимӣ «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» нақша-чорабинӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Дар муассисаи таълимӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» синфхонаҳои махсусӣ фанҳои дақиқ, инчунин лабораторияи химия ва “Услубҳои тадқиқотии клиникӣ” мавҷуд мебошад.
Илова ба ин, роҳбарияти муассисаи таълимӣ тасмим гирифтааст, ки дар рӯзҳои наздик лаборатория фанни “Биология”-ро бо таҷҳизотҳои зарурӣ ба истифода диҳад.
Роҳбарияти муассисаи таълимӣ барои боз ҳам беҳтар намудани иҷроиши «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҳамкории муассисаи таълимиро ба муассисаҳои илмии таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияи соҳавӣ роҳандозӣ менамояд.
Заминаҳои моддию техникӣ
Ҳамчунин, номбурда қайд кард, ки бинои таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 2075,1 метри мураббаъ баробар аст. Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан яке аз шуъбаҳои беморхона, шуъбаи бемориҳои пӯст дар асоси супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе муҳлати муайян ба миқдори 10 кабинети таълимӣ ба масоҳати 180,0 метри мураббаъ, ҳамзамон аз ҳисоби биноҳои бекорхобидаи беморхонаи марказӣ 11 синфхонаи таълимӣ, 1 адад кибинети сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ба масоҳати 200,0 метри мураббаъ ва дар собиқ шӯъбаи наркологии БМН шаҳри Истаравшан 6 кабинети таълимӣ, 1 лаборатория ба масоҳати умумии 200 метри мураббаъ ва аз он ҷумла, дар шӯъбаҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, осебшиносӣ, эҳё, эҳёи кӯдакона, таваллудхона, марказии беҳдоштӣ вогиршиносӣ, кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ ва умуман ҳамагӣ 22 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ- амалӣ гузаронида мешаванд.
Дар бинои таълимӣ 10 кабинетҳои кории маъмурӣ ва 33-синфхонаҳои таълимӣ фаъолият доранд: анатомия, момодоягӣ, забони лотинӣ ва фармакология, физиология, педиатрия, 5- синфи «Кори ҳамширагӣ», терапия, физикаи тиббӣ, химия ва биология, биохимия, микробиология, 2-лаборатория, 2-синфи ҷомеашиносӣ, 2-синфи лингофонӣ, 4-синфи омӯзиши компютерӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ ва забони русӣ.
Дар сохтори коллеҷ шуъбаҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тибби ташхисӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори момодоягӣ» мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, кабинети методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шӯъбаи кадрҳо, бойгонӣ ва аз хазина иборат аст.
Дар назди бинои коллеҷ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар бинои асосии муассиса майдончаи варзишӣ, қисми хоҷагӣ, китобхона ва бойгонӣ низ ҷойгир шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ дар коллеҷ 58 адад ҳуҷраҳо, аз он ҷумла 48 синфхона, 10 ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад. Хуҷраҳои таълимӣ бо таҷҳизот таъмин буда, барои пеш бурдани ҷараёни таълим ба талаботи раванди таълиму тарбия мувофиқ аст.
Таъминоти кадрӣ ва сифати таълим
Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки миқдори кормандони маъмурӣ ва ёрирасон дар семоҳаи соли ҷорӣ 31,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.
Дар соли ҷорӣ 93 – нафар 48 % омӯзгори асосӣ (меъёр – 80,0 %) ва 101 нафар (52 %)-ро омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд. Аз 100 нафар омӯзгорони асосӣ 23 нафарашонро (24,7%) омӯзгорони маълумоти олии тибби тахассусӣ, 3 нафарашонро (3,2%) омӯзгорони маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ ва 63 нафарашон 67,7 % маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд. Ҳамзамон, миқдори воҳидҳои кории омӯзгорон 158 воҳиди кориро дарбар мегирад. Аз он 94 воҳиди кории фанҳои тахассуси боқимонда, 64 воҳиди кории фанҳои гуманитарӣ ва табӣ- риёзӣ мебошанд. Дар соли таҳсили 2023-2024 миқдори воҳидҳои кории дар фанҳои тахассусӣ 92,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.
Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан фаъолияти худро мувофиқи нақшаҳои солона ба роҳ мондааст. Раванди таълим мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда, ҷадвали машғулиятҳо барои ҳар як нимсола тартиб дода шудаанд. Реҷаи раванди таълим риоя карда мешавад. Ҳамаи барномаҳои таълимӣ барои низоми таҳсилоти кредитӣ мавҷуданд, ки шӯъбаи илмӣ-методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудааст.
Ҳисоб ва тақсими соатҳоро бахши таълим амалӣ месозад, ин раванд бо назардошти теъдоди донишҷӯён дар гурӯҳҳо ва бахшхо, инчунин соатҳои нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти омӯзгорону кормандон ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон” равона карда шудааст. Дар Коллеҷ тарзи таълими лексионӣ-семинарӣ ва лексионӣ-амалӣ ворид карда шудааст. Ҳамаи устодони коллеҷ нақшаҳои фардӣ доранд, ки дар он тамоми фаъолияти таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва ғайра инъикос ёфта, тибқи он фаъолият менамоянд. Машғулиятҳои амалӣ дар кабинетҳои таълимии қабликлиникӣ, фаннӣ гузаронида мешаванд, ки ҷиҳозонидани онҳо қаноатбахш мебошанд. Инчунин дар соли 2024 аз 93 нафар омӯзгорон 19 нафар омӯзгорон аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси омӯзгорон аз такмили ихтисоси бозомӯзӣ мегузаранд. Ҳамзамон, дар моҳи октябри соли 2023 муассисаи таълимӣ аз аттестатсияи навбати гузаронида шуда, бо иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият таъмин гардидааст.
Сифати донишандӯзӣ ва корҳои тарбия
Номбурда тазаккур дод, ки коллеҷ дар соли таҳсили 2024, яъне сессияи зимистона дар чор бахш ва дар панҷ ихтисос 1526 нафар донишҷӯён таҳсил карданд ва ҳамаи онҳо ба сессияи имтиҳони роҳ дода шуд. Натиҷаи рӯйбардор намудани баҳоҳои донишҷӯён аз рӯи варақаҳои имтиҳони ва санҷишӣ сатҳи дониши донишҷӯён дар самти сифатноки, холи миёнаи баҳо, дараҷаи азхудкунӣ ва иштироки онҳо ба дарсҳо муайян карда шуда ва маълум гардид, ки сифати донишандӯзии донишҷӯён дар сатҳи хуб қарор дорад ва талош мекунем, ки боз ҳам сифати донишандӯзии донишҷӯён бамаротиб боло равад.
Аз рӯи нақшаи тарбиявӣ дар соли 2024 дар коллеҷ як қатор корҳои тарбиявӣ гузаронида шуданд.
Санаи 6-январи соли 2024 дар толори коллеҷ бо иштироки вакилони мардумӣ- Тоҷибоев Шарифҷон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Моҳира Раҳимзода, котиби масъули рӯзномаи “Сухани халқ”, Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Ҳомидов Сомон, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 120 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Санаи 22.02.2024 дар маҷлисгоҳи коллеҷи тиббӣ намоиш аз тарафи гурӯҳи 105 ихтисоси “Кори ҳамширагӣ”, чорабини бахшида ба 31 солагии таъсисёбии “Артиши миллӣ” баргузор гардид.
Санаи 23-феврал бо донишҷӯёни ҳамаи бахшҳои коллеҷи тиббӣ бо роҳбарии омӯзгорони варзиш ва мудофияи шаҳрвандӣ Иброҳимов Э., Бобоҷонов А., Маҳкамов М., Бобохӯҷаев А., Холбеков Б. бахшида ба 31-солагии Артиши миллӣ чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Дар таърихи 28.02.2024 дар маҷлисгоҳи коллеҷ маҷлис бо роҳбарони гурӯҳҳо оиди ӯҳдадориҳои вазифавии роҳбарони гурӯҳҳо, фаъолияти кории онҳо, натиҷагирии фаъолияти роҳбарони гурӯҳҳо, гузаронидани соатҳои тарбиявӣ тибқи мавзӯъҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, гузаронида шуд. Санаи 04.03.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи тиббӣ ҷамъомади писарони ҳамаи бахшҳо ва ҳамаи ихтисосҳои коллеҷи тиббӣ дар бораи ӯҳдадориҳои вазифавии донишҷӯён, таълиму тарбияи онҳо, баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дастурҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, оинномаи коллеҷ, мактубҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Истаравшан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ба терроризму экстремизм ва либосҳои тасиявӣ маҷлис гузаронида шуд. Санаи 7-уми март дар толори коллеҷ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модарон ва бонувон гузаронида шуд. Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва кабутизоркунии гирду атрофи коллеҷ ҳар ҳафта як маротиба рӯзи шанбе бо иштироки донишҷӯёни коллеҷ шанбегӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин, дигар чорабиниҳои тарбиявӣ гузаронда шуд, ки албатта, баҳри худшиносиву номуси ватандорӣ ва донишандӯзии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Мавсуф дар хусуси таҷрибаомӯзии донишҷӯён сухан карда, аз ҷумла зикр кард, ки дар коллеҷ машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ-қабл аз дипломӣ аз рӯйи нақшаи таълимӣ ва аз рӯи Низомнома оид ба таълими амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Кор дар самти муҷаҳҳаз намудани утоқу лабораторияҳо аз фанҳои амалӣ бо таҷҳизотҳо, асбобҳои айёнӣ, тиббӣ ва техникӣ, дастрас намудани воситаҳои техникии замонавӣ барои истифода дар машғулиятҳои амалӣ аз тарафи омӯзгорон ва маъмурият рафта истодааст.
Машғулиятҳои амалии ҳамаи бахшҳо аз рӯйи ҷадвали машғулиятҳои аз тарафи директори коллеҷ тасдиқшуда, ба роҳ монда шудааст. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ сол аз сол пойгоҳҳои таълимӣ-амалӣ дар бинои асосӣ ва дар заминаҳо (беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳр) ва дар дигар муассисаҳои муолиҷавии шаҳр васеъ ва бо таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин шуда истодаанд, ки он ба боз ҳам амиқтар аз худ намудани машғулиятҳо мусоидат менамояд.
Натиҷагирӣ
Номбурда қайд кард, ки дар ҳудуди муассисаи таълимӣ ба ҷои бинои фарсуда шуда, ки дар соли 1991 бо масолеҳи чӯбин сохта шудааст ва ба талаботи ҳозираи дарсугузаронӣ ҷавобгӯ нест, роҳбарияти муассисаи таълимӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои чорошёна- дорои 20 синфхонаҳои таълимӣ ва лаборатория ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи ангоравии бинои мазкур барои мувофиқа ба мақомотҳои дахлдор, ҳамзамон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзӣ иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сохтмон, Қарори раиси шаҳри Истаравшан ва дигар мақомотҳои дахлдор ба имзо расонида шудааст, таҳкурсии бинои нави таълимӣ аз ҷониби шахсони масъул мавриди корбарӣ қарор дорад.
Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён Аҳсанзода Г., Сатторова З. ва Шарафҷонзода З. иштирок намуда, ғолибиятро аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ ва муосир дар даври дохили муассисавӣ ба даст оварданд. Дар ин озмун сазовори ҷои якум Аҳсанзода Г., Сатторова З. ва Шарафҷонзода З. дониста шуд. Аҳсанзода Г., Сатторова З. ва Шарафҷонзода З. ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифта, дар даври шаҳрии озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, Сатторова Зулола аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ сазовори ҷои якум, Аҳсанзода Гулсанам ва Шарафҷонзода Зебинисо аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷои дуюм гадидаднд. Инчунин омӯзгори фанни «Забони тоҷикӣ» Шарифзода Муноҷоти Ихтиёр ва Файзиева Каромат ғолибиятро аз рӯи номинатсия адабиёти классикӣ дар даври дохили муассисавӣ ба даст оварда, ба даври шаҳри роххат гирифтанд. Омӯзгорони мазкур дар даври шаҳрии озмун фаълона иштирок намуда, аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ ва адабиёти муосир сазовори ҷои дуюм гардиданд.
Аз рӯи нақшаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи марифат” дар коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан даври якуми ин озмуни мазкур ба нақша гирифта шуда, дар он зиёда аз 52 нафар донишҷӯён ширкат меварзанд.
Инчунин дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷои 3-юм дар мусобиқаи шаҳрӣ аз рӯи намуди “Волейбол байни духтарон”-и муассисаҳои таълимӣ бахшида ба “Рӯзи иди модарон” бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуд.
Барои боз ҳам иштироки фаъолона доштан коллеҷ барои донишҷӯён ва омӯзгорон шароити хубро фароҳам хоҳад овард.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ