Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Илҳом Қараев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Мавсуф нахуст қайд кард, ки фаъолияти муассисаҳои сохтори госпитали шаҳри Ҳисор мутобиқи Оинномаи муассисаҳо, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст.
Номбурда ҳамзамон афзуд, ки таваҷҷӯҳу эътибори давлуту Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи муҳим, яъне тиб аст, ки муассисаҳои тиббӣ бунёд гардида, бо вориди таҷҳизоту технологияи муосир бо маблағгузории буҷетӣ соҳаи тандурустӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, баробари беҳтар шудани ҳолати хизматрасонӣ, тарзу усулҳои пешқадами ташхису муолиҷа ба роҳ монда шуда истодааст.
Муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳри Ҳисор аз 7 беморхонаҳои шаҳрӣ ва 2 беморхонаҳои минтақавӣ иборат мебошад.
Аз ин фурсати муносиб истифода карда, тамоми мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям ва таманно мекунам, Пешвои муаззами миллат ҳамеша тандурусту сарбаланд бошанд.
Базаи кадрӣ ва ободкорӣ
Номбурда афзуд, ки таъминоти табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 3,2 нафар (2023- 3,1, 2022- 3,2) ва бо коргарони миёнаи тиббӣ 14,4 нафар (2023-14,5, 2022- 14,6).
Дар маҷмуъ 104 нафар табибон – 93% (2023- 104 – 94%,2022- 96- 96 %) ва 270 нафар 84% (2023- 325- 80%,2022- 320- 80%) ҳамшираҳои тиббӣ дараҷаи тахассусноки доранд.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 14 нафар (2023- 3, 2022- 4) табибон, 78 нафар (2023- 20, 2022-7), ҳамшираҳои тиббӣ такмили ихтисоси соҳавӣ гузаштанд.
Дар 9 моҳи соли равон корҳои ободониву таъмирии зерин ба анҷом расонида шуд:
Бурчатка- 700м2 дар ҳудуди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор хобонида шуд.
Шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз таъмири кулли бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири тиббиӣ таъмин гардида, ба истифода дода шуд.
Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, шуъбаи осебшиносӣ ва шуъбаи қабули БМШ шаҳри Ҳисор аз таъмири ҷузъи бароварда шуд.
Таввалудхонаи №2 шаҳри Ҳисор аз таъмири ҷузъи қисман бароварда шуд.
125- адад дарахтони мевадиҳанда ва ороиши шинонида шуд. 30- адад юка мексиканӣ шинонида шуд.
1000- дона гули тюлпан, 3000 адад қаламчаи садбарг ва шинонида шуд.
Зиёда аз 0,1га тухми гулҳои мавсими салвия корида шуд. Зиёда аз 600м2 саҳни беморхона бетонпуш карда шуд.
Шуъбаи тавалудхонаи БМШ Ҳисор бо 2 адад кюез таъмин карда шуд.
Ҷомашуйхонаи БМШ Ҳисор 1 адад мошинаи ҷомашуйи дастрас карда шуд. Як адад автоклав дастрас карда, ба истифода дода шуд.
Маитхона (морг)-и БМШ аз таъмир бароварда шуд. Толори маҷлисгоҳи БМШ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Гирду атрофи БМШ бо равшанӣ таъмин карда шуд.
Хизматрасонӣ
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки дар таваллудхонаҳои шаҳрӣ 6493 нафар навзодон ба қайд гирифта шуд, ки аз инҳо 3395 нафар писар- 52,3% ва 3098 нафар духтар- 47,7% мебошанд.
Дар шуъбаи ҷарроҳӣ ба 3458 нафар амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд, аз он ҷумла ба кӯдакони то 14 сола1699 нафар ва наврасони 15-17 сола 233 нафар.
Ҷарроҳиҳои фаврӣ 1343 адад, оризаҳои ҷарроҳӣ 15адад.
Аз шумораи умумии ҷарроҳишудагон: Ҷарроҳиҳо гузаронида шуд, бо истифода аз эндоскопӣ 19 нафар. Беҳискунии умумӣ 1429 адад.
Дар асоси фармоиши ВТҲИАҶТ аз 02.07.2018 с., №559 дар шуъбаҳои ҷарроҳии БМШ, БР№1 ҳуҷраҳои хатнагузрони фаъолият доранд, дар ҳуҷраҳои мазкур 938 кӯдак амали хатна гузаронида шуд.
Дар 9 моҳи соли равон ба шуъбаҳои БМШ Ҳисор 6 маротиба табибони соҳавӣ аз тарафи авиатсияи санитарии ҷумҳуриявӣ даъват карда, маслиҳат гирифта шуд.
Аз шуъбаҳои БМШ ш. Ҳисор бо мувофиқа ба беморхонаҳои ш. Душанбе 27 равон карда шуд.
Чӣ тавре, ки аз ҷадвали муқоисавии ташхисҳо маълум мешавад, дар соли равон 394 нафар бемор бистари гаштаанд.
Ғамхорӣ ба беморон
Номбурда изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли ҷори 108 нафар бемори сил ба қайд гирифта шуд, ки аз инҳо, бо дараҷаи як 88 нафар, бо дараҷа дуввум 20 нафар бемор.
Аз он ҷумла, бо дараҷаи 4 шакли мутобиқгаштаи сил 13 нафар.
Ҳамаи беморони ба қайд гирифта шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд ва дар зери назорат қарор доранд.
Бемории сил нисбати нуҳ моҳи соли гузашта 8 нафар кам ба қайд гирифта шуд. Ҳамаи бемороне, ки ба қайд гирифта мешаванд, ба табобат фаро гирифта шуда, бо доруворӣ таъмин карда шуда истодаанд.
Яке аз коҳиш ёфтани бемории сил, ин сари вақт гузаронидани муоина, дар тамос будагон ва гуруҳи хавф, ки манбаи сироятро коҳиш медиҳад.
Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва зуҳравии шаҳри Ҳисор ба аҳолии шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Шаҳринаву Рӯдакӣ хизматӣ тиббии дармонгоҳӣ ва статсионарӣ, нисбати беморинӣ бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ мерасонад.
Марказ иборат аз 20 кати шабонарӯзӣ ва озмоишгоҳҳои клиникӣ ва серологӣ иборат буда, фаъолияти худро дар асосӣ қонун, қарор ва санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва супоришҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои раиси шаҳри Ҳисор ва фармоишҳои Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ба роҳ мондааст.
Масъулиятшиносӣ
Мавсуф тазаккур дод, ки нақшаи ҷаласаҳои Шӯрои табибони шаҳри Ҳисор, маҷлисҳои машваратӣ, шуъбаҳои муассисаҳои сохтори госпиталӣ, такмили ихтисоси коркунон, кумитаи муолиҷавии сохтори госпиталии шаҳр, машваратҳои комиссияҳо, аз ҷумла комиссияи таҳлили марганҷомӣ, комиссияи машваратии тиббӣ ва ғ., тасдиқ ва фармоишҳо ба ҳолати кунунии соҳа мувофиқа карда шуд.
Шӯрои табибон мунтазам гузаронида мешавад ва масъалаҳои зерин, ки албатта, фишурдаи онро пешкаш мекунем, баррасӣ карда шуд:
Ҳисоботи Маркази иммунопрофилактики оид ба пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда ва ғайра.
Таҳлили фаъолияти Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил оиди хизматрасонии тиббӣ. Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2021 с., №49 «Барномаи милили ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Ҳисоботи Маркази пешгири ва мубориза бар зидди бемории ВНМО оид ба соҳа. Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2021 с., №50 «Барнома оид ба муковимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»
Ҳисоботи Маркази пешгирии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносулӣ оид ба соҳа.
Муҳокимаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили зодрӯзи олим ва файласуфи бузург – Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи иди касбии кормандони тиббии Тоҷикистон
Баррасии иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ».
Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2020 с., №568 «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025».
Оид ба тайёрии саривақтии муассисаҳои тиббии шаҳр ба фаъолияти самаранок ва мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони 2023-2024.
Чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳия ва тасдиқ карда, оиди иҷрои чорабиниҳои мазкур шахсони масъул таъин карда шудааст.
Ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» мунтазам аз тарафи комиссияи махсус баррасӣ шуда истодааст.
Дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои воридшуда ба 1482 нафар шаҳрвандон ба маблағи 260428 сомонӣ ёрии ройгон расонида шуд. Нақша дар 9 моҳи соли равон 1815000 сомонӣ, иҷроиши нақша 1869450 сомонӣ, фоизи иҷроиш 103 % мебошад.
Иҷрои фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.09.2023 с., №572 «Дар бораи пурзӯр намудани чораҳо оид ба пешгирии сироят ба расонидани кумаки тибби вобаста дар муасисаҳои тандурусти, косметологи ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмин шуда истодааст.
Пешгирӣ намудани бемориҳои сирояткунандаи бениҳоят хавфнок дар муассисаҳои сохтори госпиатлии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Ҷамъбасти фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор дар 9 моҳи соли 2024 дар аввали даҳрӯзи моҳи октябр гузаронида мешавад.
Санҷиши фаъолияти шуъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва дигар муассисаҳои сохтори госпиталӣ дар асоси нақшаи ҳафтаина гузаронида ва натиҷаҳои санҷиши дар ҷаласаи васеъи Шӯрои тиббӣ ва ҷаласаи умумии хафтаина дар назди БМШ баррасӣ шуда истодааст.
Албатта, фаъолияти худро боз ҳам беҳтару хубтар дар оянда хоҳем кард, зеро ҳадафи мо беҳбудии саломатии мардум аст.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ