Дар ҳаёти инсоният нақши табиб муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки табибон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, табибони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардуми заҳмат мекашанду беморонро табобат мекунанд ва ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳад. Ҳамсуҳбати мо изҳор медорад, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро сарвақт ба ҳалли мушкилоташон расидагӣ мекунем. Ҳамсуҳбати мо бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, ба беморон чунон муомила кунем, ки онҳо нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

Бо ин мақсад ва инчунин ошноӣ аз фаъолияти КАТС-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбари шабакаи мазкур Холов  Азизулло Мирзомуродович суҳбати ихтисосӣ анҷом додем.

Сохтор ва хизматрасонӣ

Мавсуф иброз дошт, ки шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иборат аз Маркази саломатӣ, Маркази репродуктивӣ, Маркази тибби оилавӣ, МҲБК ( Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона), І9 маркази саломатии деҳотӣ, 39 бунгоҳои саломатӣ ва 1 нуқтаи тиббӣ иборат мебошад ва ба 215460 нафар аҳолии ноҳия, занҳои қобили таввалуд 51470 нафар, наврасон 15566 нафар ва кӯдакони то 1 сола 5382 нафар хизмати тиббӣ мерасонад. Ба ғайр аз инҳо, дар ҳудуди ноҳия 4 муассисаҳои хусусӣ- 1 беморхона, 1 даҳонпизишк ва 3 ултросадо кору фаъолият доранд. Кормандони шабакаҳои КАТС-и ноҳия барои сари вақт дарёфт ва бистари намудани бемориҳои сироятӣ, бартараф намудани камбудиҳои ташхису муолиҷа, корҳои хонагардӣ, тарғибот ва ташвиқотиро пурзур карда, сифати хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Базаи кадрӣ

Дар хусуси кормандони соҳаи тиб номбурда сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки дар айни замон 86 нафар духтурон дар КАТСИ-и ноҳия кор ва фаъолият доранд, ки аз инҳо духтурони маълумоти олӣ бо араҷанокии олӣ14-нафар, дараҷанокии якум-І2 нафар ва дараҷанокии дуюм-І0 нафарро ташкил медиҳанд. Аз 338 нафар ҳамширагони тиббӣ бо дараҷанокии олӣ-109 нафар, дараҷанокии якум-42 нафар, дуюм-32 нафар ба аҳолии ноҳия хизмати тибби мерасонанд.

Пешгирӣ ва табобати беморон

Мавсуф афзуд, ки аз тарафи роҳбари барнома дар ҳамкори МТТ ҲС-и ноҳия баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ нисбати пешгирии фарбеҳӣ ва ташакули ғизои солим дар байни аҳоли корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба монанди семинару суҳбатҳо ва вохуриҳо гузаронида мешавад. Яке аз сабабҳои асосии вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ дар баробари пурхурӣ, инчунин камҳаракатӣ мебошад. Ҳангоми фаъолнокии ҷисмонӣ миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо таҷзия мешаванд. Мавриди камҳаракатӣ бошад, карбогидратҳо ва кислотаҳои чарбӣ ба мубодилаи моддаҳо мубадал мегарданд.

Дар пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ иҷрои машқи ҷисмонӣ ва варзиш натанҳо фаъолияти системаи марказии асабро баланд менамояд, балки ба раванди мубодилаи моддаҳои ғизоӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар таҳти назорати духтури саратоншинос дар ҷамъбасти 6 моҳаи соли равон 15 бемории саратон буда, дар қайди диспансерӣ 102 бемор мебошад.

Маркази тибби оилавӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр кард, ки ҳамагӣ дар маркази тибби оилавӣ 5 табиби оилавӣ, 13 корманди миёнаи тиббӣ, 3 бакайдгиранда ва 2 нафар корманди хурди тиббӣ фаъолият мекунад. Ҳамаи духтурони тибби оилавӣ дараҷанокии касбӣ доранд. Боқимонда кормандони Марказ аз рӯи нақша ба Маркази тибби оилавӣ барои тахасуси тибби оилавӣ равона карда шуда истодаанд. Нақша ва чорабинии директори маркази тибби оилавӣ ва ҳамаи кормандони мазкур тартиб дода шуда, аз руи нақша кор ва фаъолият доранд. Дараҷанокии касбии духтурони тибби оилавӣ 3 дараҷанокии касбии олӣ, 2 дараҷанокии касбии якум, 2 нафарро ташкил медиҳанд. Боқимонда духтурон ба сабаби нарасидани собиқаи кориашон дараҷанокии касбӣ надоранд. Кормандони миёнаи тиббӣ 4 дараҷанокии касбии олӣ ва 6 дараҷанокии касбии 4 мебошанд. Маркази тибби оилавии шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 23451 нафар аҳолии шаҳрак хизмати тиббӣ мерасонад.

Шумораи умумии қабули шаҳрвандон дар 6 моҳи соли 2024 аз тарафи табибони оилавӣ 5814 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 3700 нафарашон бо бемориҳои гуногун муроҷиат намудаанд, 2114 нафари онҳо аз муоинаҳои тиббӣ профилактикӣ гузаштанд. Дар 6 моҳи соли 2024 ҳамаги 327 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он ҷумла 3 нафарашон дар хона таввалуд шудаанд. Дар маркази тибби оилавӣ ҳамаги таҳти назорат гирифта шудаанд, 327 зани ҳомила. Аз он ҷумла, бо муҳлати ҳомиладории то 12 ҳафтаина – 281-нафар, аз 12 – ҳафта зиёд 76- нафар. Занҳои ҳомилае, ки дар қайд ҳастанд, 48- нафарашон аз гуруҳҳои мақсаднок мебошад. Дар айни ҳол дар маркази тибби оилавӣ 327 нафар занҳои ҳомила дар қайд истодаанд, ки аз тарафи таббибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ муоинаҳо ва ташхисҳои осебдидагон қарор доранд ва онҳо табобати солимгардониро гирифта истодаанд. Аз нав ба қайд гирифта шуд, 11- нафар.

Дар таҳти назорати духтури саратоншинос дар ҷамъбасти 6 моҳаи соли ҷорӣ 15 нафар бемории саратон буда, дар қайди диспансери 102- нафар бемор мебошад. Аз инҳо, саратони бемории мағзи сар 2- нафар, бемории гурда 2- нафар. Саратони рудаи сигмашакл 1- нафар, саратони пуст 2- нафар, бемории лейкоз 3- нафар мебошанд. Гуруҳи клиники 11, ҳамаи гуруҳи клиники диспансерӣ мебошад.

Масъулиятшиносӣ

Номбурда изҳор дошт, ки ҳамзамон бояд гуфт, ки барои сари вақт дарёфт намудани бемориҳои ВНМО 800 адад тестҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 84800 сомонӣ ва 1544 адад тестҳо аз тарафи Маркази ВНМО ба муассисаҳои тиббии КАТС-и ноҳия таъмин карда шудааст, ки пеш аз ҳама барои муоина ва ташхиси занҳои ҳомиладор ва қобили таваллуд истифода бурда мешавад.

Инчунин гуруҳи кории духтурон ташкил карда шуда, аз руи нақшаи корӣ ташрифи гуруҳи вобасташуда дар ҷамоатҳо барои муоинаю ташхис гузаронида истодаанд. Дар ҳолатҳои лозима беморони дарёфткарда, бо роҳҳат ба шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия, беморхонаҳои Клиникии вилоятӣ, инчунин беморхонаҳои клиникии ҷумҳуриявӣ роҳхат дода мешавад.

Маркази Иммунопрофилактика аз аввали соли 2023 дар алоҳидагӣ фаъолият менамояд. Маркази мазкур дар 6 моҳи соли 2024 баҳри пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксинаидорашаванда як қатор корҳоро ба анҷом расонида ва корҳо дар ин самт идома дорад.

Аз ҷумла бо дастгирии Маркази  Иммунопрофилактикаи вилояти Хатлон баҳри беҳатар ва тарзи дуруст истифода ва гузаронидани ваксина семинар- омузишҳо дар байни кормандони МСД ва БС  гузаронида шуд, ки шумораи иштирокчиён 66 нафаро ташкил мекард. Дар охир ба  иштирокчиён  дастурамалҳо ва шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Аз хисоби маблагҳои буҷети махаллӣ барои беҳтар намудани зермуассисаҳои КАТС ба маблаги 442000 сомони тачҳизоти тиббию асбобҳои гармидиҳандаи барқи ва дигар мебелу ҷиҳозҳои кори харидори карда шуда ба истифода дода шуд.Аз ҷумла 2 адад дастгоҳи Ултрасадои (Допплер) ва І адад дастгохи Электро Энсефалограффия барои бозҳам хубтару беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии аҳолии ба истифода дода шуд. Тибқи дастуру супориши Вазорати Тандурусти ва Хифзи Иҷтимои аҳоли ҳуҷраи Осебшиносии маркази Саломати ноҳия бо 44 адад ваксинаи зидди ҳори бо маблағи 6160 сомони таъмин карда шуд, ки ин барои пешгирии бемории ҳори (бешенство) ниҳоят зарур мебошад.

Масолехи сохтмони барои таъмири сохтмони косметики ба як катор марказхои саломати ва бунгохои саломати таъмин карда шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь