Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо муовини директори муассисаи мазкур Саидвалиева Мунира суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Мунира Саидвалиева қайд кард, ки МСШ №2 барои дар амал татбиқ намудани Қарорҳои мушовараи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳоро ба сомон расонида, баҳри беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолии ҳудуди вобаста гашта, тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Маркази саломатии шаҳрии №2 ба 108040 (105764) аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз ин шумораи аҳолӣ 54409 ( 53439) мард, 53631 (52325) зан ташкил медиҳад, аз инҳо 72446 (70545) калонсол, 35594 (35219) кӯдак ва занҳои қобили таваллуд 26787 (26234) нафарро ташкил медиҳад.

Хизмати софдилона

Дар 3 -моҳи соли ҷорӣ муроҷиаткунандагон ба 81004 (76617) нафар баробар буда ва ба онҳо хизмат расонида шуд, ки дар қабули духтурон 59397-73,3%(54281-70,8%) ва дар хона -21607-26,6% (22336-29,1%) ташкил медиҳад. Дар хусуси беморӣ 47388-58,5%(47444-61,9%), муоинаи профилактикӣ –33616-41,4%(29173-38,08%) ташкил дод.

Дар Марказ ғайр аз табибони оилавӣ, шуъбаҳои соҳавӣ (табибони: гӯшу гулую бинӣ, чашм, ҷарроҳ, асаб, стоматолог, шуъбаи солимии репродуктивӣ, ғадудҳои дохила, шикастабанд) фаъолият доранд, ки дар вақти зарурият ба табибони оилавӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Ба шаҳрвандони мурочиаткунанда, ки аз тарафи марказ табибони оилавӣ равон карда шуд ва ба онҳо бевосита дар хонаҳояшон хизмат расониданд: бемории асаб –4060-85,6 (2410-88,4%), гӯшу гулу ва бинӣ –5074-85,7%(5877-88,5%), чашм- 2672-85,1% (3088-89,6%), ҷарроҳ –1592-80,3% (1834-88,1%) ва ғайра 25533-23,3 % (25048-23,8%)-ро ташкил медиҳад. Сарбории табибони оилавӣ дар қабул –5,2%(4,8%) дар хона –1,9% (1,9%)- ро ташкил намуд.

Дараҷанокии табибибон дар умум 97,5% (96 -%) ва ҳамшираҳои шавқат бошад 97,7 %(100%)-ро ташкил менамояд.

Дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар Марказ 306 (284 ) кӯдак хатна шуданд, ки аз инҳо то 20 рӯза 125 (113), то  6 моҳа 83 (68), аз 6 моҳа то 3 сола 60 (63) ва аз 3 сола боло 38 (40) кӯдакро дар бар мегирад.

Гӯшаи табиатшифоӣ

Дар Марказ шуъбаи табиатшифоӣ ва варзиши солимӣ фаъолият намуда, дар 3 моҳи соли ҷорӣ 862 (859) намуди хизматрасонӣ гузаронидааст; аз инҳо ба кӯдакон 460 (396) намуд ва ба калонсолон 402 (443) намуд гузаронидаанд. Аз инҳо маъюбон 48 (42) нафар ва камбизоатон 24 (24) нафарро ташкил намуд. Дар хона ба 4 (8) кӯдак маҳси бадан гузарониданд.

Дар шуъба гӯшаи гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шудааст, ки муроҷиаткунандагон аз рӯи миҷоз нушокиҳо қабул мекунанд.

Дар марказ барои табобати беморон стасионари рӯзона 3 кат ташкил карда шудааст, ки дар 3 моҳ 114 (94) бемор табобат гирифтаанд. 54 ( 26) мард ва 60(68) зан, аз инҳо; маъюбон 1 (1) нафар, камбизоатон 1 (0) нафар, ҳомиладорон 2 (0) нафар, наврасон 3 (12) нафар. Дохилимушак 43 (33), дохилираг 38 (29), дохили раг қатрагӣ 44 (32).

Дар умум ҳамагӣ 10986 (11236) нафар бемор, дар қайди диспансерӣ мебошад, ки ин 10,1% (10,6 %)- ро ташкил медиҳад.

Кӯдакони навзод

Дар 3- моҳи соли ҷорӣ 445 (500) нафар кӯдакон таҳти назорат гирифта шуда, аз онҳо – 444-(472) кӯдакон дар таваллудхона таваллуд шудаанд, дар хона 1(2) валодат,  60-(49)– нафарашон аз дигар ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Марказ 26787 (26234) нафар занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шуда, аз ин 12727(12700) нафар занони қобили таваллуд дорои маводҳои контрасептивӣ буда 47,5%(48,5%)-ро ташкил медиҳад, ки ин бо сабаби саривақт ба қайд гирифтани занҳое, ки маводҳои контрасептивиро дар айни ҳол истифода мебаранд вобаста карда мешавад. Дар 3- моҳи соли ҷорӣ боз 736 (1204) нафар зан бо маводҳои контроцептивӣ таъмин шудаанд, ки аз инҳо  612(1062) нафарашон занҳои гуруҳи мақсаднок ташкил медиҳанд.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Дар Марказ шахси масъул таъин карда шуда оиди тадбиқи Қарори мазкур нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Чорабиниҳои аз тарафи кормандони марказ гузаронида шуда, зери назорати комисияи доимамалкунандаи марказ дар доираи талаботҳои Қарори мазкур барпо карда мешаванд.

Корҳои ободонӣ

Мавсуф дар фарҷоми суҳбат иброз дошт, ки дар давоми соли ҷорӣ таъмири ҳуҷраҳои хатна, имунизатсия, физиотерепия гузаронида шуд, ки албатта, барои пешравии кор мусоидат менамояд, инчунин дар давоми соли ҷорӣ доруворӣ ба таври ройгон ба ниёзмандон ва беморони муроҷиаткунанда тақсим карда шудааст, дар ин давра ба марказ якчанд таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ворид карда шудаанд, аз ҷумла рентгени рақами 1 адад, УЗИ 4 адад, ЭКГ 1 адад, колпоскоп 2 адад, госпироскоп 1 адад, ЭЭГ 1 адад ва яхдон барои нигаҳдории ваксинаҳо мебошанд.

Албатта, талошу кӯшишҳои мо бар он равона карда шудааст, ки беш аз пеш сифати хизматрасониро ба мардум беҳтар намоем ва ин корро мо пайваста ба роҳ мондаем ва ин нишондодҳо барои он хоҳад буд, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ боло рафта истодааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь