Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи Давлатии Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе хабарнигори МТЖТ бо муовини директори муассисаи мазкур Қурбонализода Рустам суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва тавре Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
Қурбонализода Рустам қайд кард, ки бинои МД Маркази саломатии шаҳрии №3 дар соли 1968 сохта шудааст ва то соли 1996 дар ҳайати Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 дохил буда, ҳамчун дармонгоҳи шаҳрии №2 фаъолият менамуд. Аз 1- январи соли 1996 бо Қарори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Қарори Ҳукумати ноҳияи Роҳи оҳан таҳти №506 аз 30.12. 1995 ҳамчун муассисаи табобатӣ – профилактикии мустақил ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аз 15.08.2003 мувофиқи Қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе №50 аз 27.03.2003 ва фармони Раёсати тандурустии Ҳукумати шаҳри Душанбе №129 аз 30.07.2003 ҳамчун Маркази саломатии шаҳрии №3 номгузорӣ шудааст. МД МСШ№3 дар маҷмӯъ ба 1200 нафар муроҷиаткунанда дар як бахш хизмат расонида метавонад. МД МСШ №3 воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-80 ҷойгир мебошад.
Супоришҳо дар амал татбиқ мешаванд
МД МСШ №3 барои дар амал татбиқ намудани Қарорҳои мушовараи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳоро ба сомон расонида, баҳри беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолии ҳудуди вобаста гашта, тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Оиди татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зерин андешида шудаанд:
Корҳои ободонӣ
Мавсуф афзуд, ки дар давоми соли ҷори ба маблағи 470000 сомонӣ таъмири ҳуҷраҳои хатна, имунизатсия, физиотерепия гузаронида шуд, ки албатта, барои пешравии кор мусоидат менавояд, инчунин дар давоми соли ҷорӣ доруворӣ ба маблағи 609072 сомонӣ ба таври ройгон ба ниёзмандон ва беморони муроҷиаткунанда тақсим карда шудааст, дар ин давра ба марказ якчанд таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ворид карда шудаанд, аз ҷумла рентгени рақами 1 адад, УЗИ 1 адад, ЭКГ 1 адад, ЭЭГ 1 адад ва яхдон барои нигаҳдории ваксинаҳо мебошанд.
– аз 01.04.2006-ум хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди ба МД МСШ №3 вобаста буда, пурра ба тариқи тиббӣ оилавӣ ба роҳ монда шудааст.
– Мувофиқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 584 аз 31.10.2005 ҳудуди хизматрасонӣ ба 91 минтақа ҷудо карда шуд (дар ҳар як минтақа аз 1200 то 1500 нафар аҳоли ба қайд гирифта шудааст).
Нисбати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ низ чорабиниҳои конкретӣ андешида шудаанд:
-барои фаҳмондадиҳии мақсад ва мароми барномаи миллии «Танзими оила ва солимии репродуктивӣ инчунин барои баланд бардоштани сатҳи дониши санитарии аҳолӣ, хусусан занҳо дар мактабҳо, донишкадаҳо ва шӯрои маҳаллаҳо дар якчоягӣ бо мутахассисони масъул пайваста вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Коргузории Марказ
Дар 9-моҳи соли 2023 ҳуҷҷат воридот-70 ва содирот 1022 шудааст. Ариза ва муроҷиати хаттии шаҳрвандон ҳамагӣ 21 – то, аз ҷумла аз Дастгоҳи Иҷроияи Президент 1-то аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 -то, Раиси шаҳри Душанбе- 1, Раёсати тандурустӣ -1 то, муроҷиати шифоҳӣ 2 -то гардидааст. Ҳамаи аризаҳои воридшуда, ҳали мусбии худро ёфтаанд.
Дар 6-моҳи соли ҷори 389 нафар кӯдаки маъюб дар қайди табибони оилавӣ мебошад, ки 252 нафарашро бемориҳои асаб дар ҷои якум 60,3% ташкил медиҳад, дар ҷои дуюм бошад бемориҳои бемориҳои гушу гулу, бинӣ 24 нафар 9,1% ташкил медиҳад, ҷои сеюм бошад бемори нуқсони узвҳои устухон ва мушакҳо 22 нафар, ки 8,3% ташкил медиҳад. Дар 6- моҳи соли ҷорӣ 164 нафар маъюбон барои тавонбахшӣ ба марказҳои солимӣ ва тавонбахши равон карда шудаанд, ки 42.1% ташкил медиҳад. МДМСШ №3-42-нафар, Шифохонаи Парастори ҳамшираҳои шавқ-6 нафар, МҶБСК «Мачитон»-11- нафар, Маркази миллии тавонбахши кудакони маъюб «Чорбоғ» 15-нафар, ММПП №12-35 нафар. Бистари дар беморхона-39- нафар.
Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ
Дар роҳравҳои Марказ овезаҳо оиди пешгирии нашъамандӣ овехта шудаанд. Дар байни аҳолии Марказ бо иштироки мутассадии Барнома ва Ташаккули тарзи ҳаёти солим сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 23, 29, 36, 41, 48, 63, 71,107,108,109,110, гимназияи №2, гимназияи Тоҷикистон, масҷит ва маҳалаҳо дар байни хонандагони синфҳои 9-10 ум, 8 вохурӣ оиди мавзуъи нашъаманди-вабои аср гузаронида шудааст. Лексия – 45 маротиба, ки иштирок намудаан 647 нафар, суҳбат 179 маротиба, ки 1557 нафаро ташкил медиҳанд. Дар МСШ №3 зери назорат 59 нафар нашъаманд мебошад, ки аз инҳо 47 зиндагӣ мекунанд, 8 нафар муҳоҷир, 4 нафар дар маҳбас мебошад.
Ташаккули тарзи ҳаёти солим
Оид ба барномаи миллии мазкур дар роҳравҳои Марказ овезаҳо овехта шудаанд. Дар Марказ 14 – оинаи нилгун васл карда шудааст, ки дар онҳо видео-роликҳо дар мавзӯи диабети қанд, пешгири оиди стратегияи ҳимояи аҳоли аз бемории сил, ҷоғар, ғизои солим, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ВНМО, солимии репродуктивӣ, ББАҶГ намоиш дода мешавад. Гӯшаи гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шудааст. Дар байни аҳолии хизматрасонии Марказ дар давоми 9 – моҳи соли ҷорӣ 148 суҳбатҳо ва лексия дар байни мактаббачаҳо, 2513 лексия ва 2648 суҳбатҳо дар байни маҳалаҳои ҳудуди хизматрасонӣ, 12 лексия дар байни кормандон, 16 баромад дар телевизион, 3 баромад дар Радио гузаронида шудааст. Дар байни 55483 нафар аҳолии ҳудуди хизматрасонии марказ субатҳо ва семинарҳо гузаронида шуд. Дар давоми 9 -моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 28458 буклетҳо оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ, хусусан бемории Ковид-19 дар байни аҳолии ҳудуди хизматрасонии Марказ тақсим карда шуд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 31 Корвони саломатӣ аз тарафи табибони момодоя, табибони соҳаи маҳдуд, ташхисгоҳ дар маҳаллҳои Халқаҷар, Гулкорон-1, Гулкорон-2, Хайробод, Гулобод ва Теппаҳои Шарқӣ таҳти унвони «Солимии миллат», гузаронида шуд. Дар вохурӣ оиди ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии модару кӯдак, ғизои солим, эмгузаронӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Дар Марказ шахси масъул таъин карда шуда оиди тадбиқи Қарори мазкур нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Чорабиниҳои аз тарафи кормандони марказ гузаронида шуда, зери назорати комисияи доимамалкунандаи марказ дар доираи талаботҳои Қарори мазкур барпо гаштаанд. Дар 9 моҳи соли 2023 дар Марказ 246 нафар навхонадоршаванда аз муоинаи тиббиӣ ҳатмӣ гузаштаанд, ки аз ин шумора мардҳо- 155 нафар ва занҳо -91 нафар ташкил медиҳад. Дар байни никоҳшавандагон ба муоина фаро гирифашудагон 2 – нафар бемор дарёфт шуда, бо ташхиси: Гепатити (В) 2 нафар, Гепатити (С) 0 нафар дарёфт шудаанд. Дар 9 моҳи соли 2023 дар Марказ 5 маъракаи туйи арусу домодӣ шуда гузашт, ки дар онҳо намояндагон аз камисияи танзиму анъана ва чашну маросимҳо иштирок намуданд, ки қонуншиканиҳо мушоҳида нашудаанд.
Оиди дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайри сироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023, дар байни мактаббачагон 15 маърузаҳо гузаронида шуда, оиди кумаки аввалияи тиббӣ ба беморони осеббардошта суҳбатҳо гузаронида шуд.
МТЖТ