Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов хабарнигори МТЖТ бо сартабиби муассисаи номбурда Фаррух Мақсудзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар оғози суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва супоришҳои Раёсати тандурустии вилояти Суғдро, мавриди корбарӣ қарор дода, баҳри рушд ва инкишофи ҳаматарафаи соҳаи тиб кӯшиш ба харҷ дода, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар самти бистаринамоӣ ташхису муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, инчунин дигар тадбирҳо равона карда, дар давраи ҳисоботӣ беморхона ба чунин дастовардҳо ноил гардидааст:

Дар назди бинои шуъбаи қабул то даромадгоҳи қисми «А» – и беморхона як қатор корҳои сохтмонӣ ба монанди ташкили ҳуҷраҳои қабули беморони амбулаторӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ташкил гардидааст, ки дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Дар давоми шаш моҳаи соли ҷорӣ ҳамчун корҳои ободонӣ дар заминҳои ҳудуди беморхона дарахтони мевадиҳанда 400 адад, дарахтони ороиши сояафкан 190 адад, палма – 20 адад, тухми гули лола 3000 адад ва гулбуттаҳои мавсимӣ 2000 шинонида шуд.

Баҳри таъмини беморон бо хӯроки сифатнок дар ошхонаи марказӣ корҳои таъмири ба итмом расида, таҷхизотҳои зарурӣ барои тайёр кардани таом таъмин буда, айни ҳол беморон давоми рӯз бо таомҳои барои наҳор, хӯроки пешин ва шом таъмин мебошад.

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва саривақт несту нобуд кардани сӯзандоруҳои яккарата ва лавозимотҳои тибии истифодашуда аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхона як адад таҷҳизоти нобудсозӣ барои партовҳои тиббӣ ба маблағи 1 670 395 сомонӣ ба таври ройгон ворид гардидааст.

Дастовардҳо

  1. Дастгоҳи рентгени рақамии тамғаи DRS, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи аксбардории рентгении беморхона ворид гардидааст аз моҳи феврали соли ҷорӣ пурра ба кор шуруъ намудааст.
  2. Бо дастгоҳи эндоҷарроҳии асаб дар шуъбаи ҷарроҳии асаб, осебшиносӣ ва раддодӣ 6 намуд ҷарроҳӣ бо усули нав барои гирифтани чурраи тағояки сутунмӯхра гузаронида шуда, беморон бо сиҳатёбӣ ҷавоб шудаанд.
  3. Мутахассис оид ба ташхиси ултрасадо номзади илми тиб Ғайбуллоев Ф. оид ба “Рахнакунии бо зери назорати дастгоҳи ултрасадо” дар федератсияи Руссияи шаҳри Москав дар пойгоҳи беморхонаи шаҳрии №40 “Коммунарка” бо дастгирии Раёсати тандурустии вилояти Суғд такмили ихтисос гузашта, айни ҳол усули табобат бо ин намуд ба роҳ монда шуда истодааст.
  4. Мутахассиси соҳаи ҷарроҳӣ Бобоҷонов М. дар Донишгоҳи пасаздипломии кормандони соҳаи тандурустӣ такмилии ихтисоси аввалия оид ба “Эндоскопия” гузашта, соҳиби диплом шуд.

Бояд қайд намуд, ки давоми шаш моҳаи соли 2024 дар шуъбаи гӯш, гулӯ ва бинии бачагона дастгоҳи ЛОР-комбайн ки солҳои тулонӣ истифода бурда намешуд пурра барқарор карда шуда, барои беморон ба истифода дода шуд.

Кор бо кадрҳо

Дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд дар 6 моҳи соли 2024 – ҳамагӣ шумораи кормандон 887 нафарро ташкил медиҳад.

Табибон ҳамагӣ дар 6 моҳи соли 2024 – 247 нафар буда, аз ин шумора 206 нафар табибони асосӣ мебошанд.

Кормандони миёнаи тиббӣ ҳамагӣ дар 6 моҳи соли 2024 – 336 нафар буда, аз ин шумора 318 нафар кормандони асосӣ мебошанд.

Кормандони хурди тиббӣ дар 6 моҳаи 2024 – 225 нафар буда, дар соли 2023 – 238 нафарро ташкил медиҳанд.

Кормандони маъмурӣ ва хоҷагӣ дар 6 моҳи соли 2024 – 79 нафар мебошанд.

Аз он ҷумла кормандони асосӣ дар соли 2024 – 820 нафар мебошанд, аз онҳо кормандони ҳамҷоякорон дар соли 2024 – 67 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар беморхона аз шумораи 820 нафар кормандони асосӣ, 241 (29,3%) нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки аз ин шумора:

Табибон – 60 нафар

Кормандони миёнаи тибби – 113 нафар

Кормандони хурди тибби – 42 нафар

Маъмури – 12 нафар

Хоҷагӣ – 14 нафар

 Дараҷанокии тахассусии табибони беморхона:

Аз шумораи 206 нафар табибони асосӣ: дар 6 – моҳаи соли 2024 – 121 нафар дараҷаи тахассусӣ доранд, аз ин шумора;

 Соли 2023

Дараҷаи олӣ – 78 нафар 39,0 %

Дараҷаи якум – 8 нафар 4,0 %

Дараҷаи дуюм – 11 нафар 5,5 %

Ҳамагӣ: 48,5%

 Соли 2024

Дараҷаи олӣ – 88 нафар 58,0 %

Дараҷаи якум – 12 нафар 10,0 %

Дараҷаи дуюм – 21 нафар 17,0 %

Ҳамагӣ: 85,0 %

Табибоне, ки дараҷанокии тахассусноки надоранд: дар нимсолаи аввали соли 2024 – 89 нафар буда, аз ин шумора муҳлаташ гузаштааст 22 нафар, муҳлаташ нарасидааст 67 нафарро ташкил медиҳад.

Дараҷанокии тахассусии кормандони миёнаи тиббӣ:

Аз 318 нафар шумораи кормандони миёнаи тиббии асосӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 – дараҷанокии ихтисоснокӣ доранд 207 – нафар аз ин шумора;

Соли 2023

Дараҷаи олӣ- 162 нафар – 53,0 %

Дараҷаи якум- 28 нафар -9,2 %

Дараҷаи дуюм- 18 нафар- 6,0 %

Ҳамагӣ: 68,2 %

Соли 2024

Дараҷаи олӣ – 161 нафар – 75,0 %

Дараҷаи якум – 28 нафар – 13,0 %

Дараҷаи дуюм – 18 нафар – 6,0 %

Ҳамагӣ: 94,0 %

Кормандони миёнаи тиббие, ки дараҷанокии тахассусноки надоранд: дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 116 нафар буда, аз ин шумора 3 нафар муҳлаташ гузаштааст, муҳлаташ нарасидааст 110 нафарро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба кор қабул шуданд ҳамагӣ – 51 нафар:

  • Табибон : – 8 нафар, аз ин шумора 2 нафарашон ҳамҷоякор
  • Кормандони миёнаи тиббӣ: – 17 нафар, аз ин шумора 2 нафар ҳамҷоякор
  • Кормандони хурди тиббӣ ва дигарон: – 20 нафар
  • Маъмурӣ, хоҷагӣ – 6 нафар

Аз кор рафтанд дар нимсолаи аввали соли 2024 – 64 нафар:

  • Табибон: – 6 нафар, аз ин шумора 3 нафар табибони ҳамҷоякор
  • Кормандони миёнаи тиббӣ: – 26 нафар аз ин шумора 2 нафар ҳамҷоякор
  • Корманди хурди тиббӣ: – 28 нафар
  • Кормандони мъмури хоҷагӣ: – 4 нафар

 Такмили ихтисоси кормандон

  1. Баҳри беҳтару бо сифат расонидани хизматрасонии тиббӣ ба беморон кормандони беморхона такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтиссогирии аввалия дар шаҳрҳои Москави Федератсияи Русия ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайридавлатӣ сафарбар карда шуда, аз он ҷумла табиб ҷарроҳ ва ташхиси ултрасадо Ғайбуллоев Мирзофаррух доир ба мавзӯи «Ҷарроҳии пунксионии тавассути пӯстӣ бемориҳои ковокии шикам ва фазои паси пардаи сифоқ», дар Маркази клиникии бисёрсоҳавии “Комуннарка-и ”шаҳри Москави Федератсияи Русия гузашт:
  2. Ваҳобов Аъзамхон Раҳмолнович – мудири шуъбаи ташхиси функсионалӣ – ихтисосгирии доир ба “Бемориҳои дарунӣ”
  3. Шарипов Маъруфҷон – табиби шуъбаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинии бачагона – такмили ихтисос доир ба «Садамаи узвҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ, ёрии аввалин ҳангоми онҳо»
  4. Раҳматова Кибриё – табиби шуъбаи амрози занона такмили ихтисос доир ба “Гистероскопия”
  5. Бобоҷонов Муҳамадбарот –табиби ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии фасоднок
  6. ихтисосгири доир ба мавзӯи “Эндоскопия”
  7. Дадохоҷаев Асрорхуча – табиби шуъбаи колопроктологӣ ихтисосгирии аввалия доир ба сохаи “Колопроктологӣ” дар шаҳри Душанбе гузашта истодааст.

Инчунин кормандони миёнаи тиббӣ давраи ихтисосгирии 8 нафар ва давраи такмили ихтисос 46 нафар гузаштаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки оид ба тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ аз рӯи ихтисосҳои афзалият ва эҳтиёҷдошта дар беморхона тӯли солҳои 2023-2024 табибони интерн 9 нафар ва табибони ординаторони клиникӣ 3 нафарро ташкил медиҳад ва инчунин табибони ординатороне, ки дар ДТБКСТҶТ дар қайд ҳастан дар кафеедраҳои беморхона, ки аз беш аз 80 нафар мебошанд аз рӯи ихтисосҳои гуногун аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштани омӯзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ дар беморхона равона шудаанд.

 Маблағҳои буҷетӣ

Дар шаш моҳаи соли 2024 буҷети беморхона ба маблағи

11 785 530 сомонӣ пешбини шуда, бо тағъироти иловагиҳо 10794 600 иҷроиши он дар шаш моҳаи соли 2024 10 794 588 сомонӣ ба ҳисоби фоиз 100 %-ро ташкил дод.

 Хароҷот аз он ҷумла:

– музди меҳнат ва иловапулиҳо – 8 849 564 сомонӣ;

– хизматрасониҳои комуналӣ – 272 084 сомонӣ;

– захираи моддию молӣ – 484 305 сомонӣ;

– хароҷот барои таъмир – 650 000 сомонӣ;

– хариди таҷҳизотҳои тиббӣ – 500 000 сомонӣ;

– дигар хароҷотҳо – 38 635 сомонӣ;

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад таҷҳизоти оксигенератор бо лавозимотҳояш ба маблағи 85 964 сомонӣ ва таҷҳизоти безараргардонӣ барои партовҳои тиббӣ ба маблағи 1 670 395 сомонӣ бо таври ройгон ба беморхона ворид гардидааст. Харидорӣ намудани таҷҳизотҳои муосир дар 6 моҳаи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ба шуъбаи офият:

  1. Курсии маҳзӣ – 15 200 сомонӣ
  2. Кати маҳзӣ – 22 800 сомонӣ
  3. Дарсенвал – 13 300 сомонӣ
  4. Электрофорез – 6650 сомонӣ
  5. Таҷҳизоти «Ударно – волньновой терапия» – 66500 сомонӣ
  6. Таҷҳизоти маҳзӣ барои пой – 7600 сомонӣ
  7. Электросон – 13300 сомонӣ
  8. Таҷҳизоти Электростимулятор – 1140 сомонӣ
  9. Таҷҳизоти лазерии дарунӣ – 12 350 сомонӣ.

Маблағҳои махсус

Беморхона дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатиии тандурустӣ» аз 02 декабри соли 2008 №600 хизматрасониҳои тиббию санитаррии музднок дар шуъбаҳо ба роҳ мондааст.

Дар шаш моҳаи соли 2024 нақшаи воридоти маблағҳои махсус

5 100 000 сомонӣ буда, иҷроиши он 5308003 сомонӣ ба ҳисоби фоиз 104 %-ро ташкил намуд.

Хароҷот дар шаш моҳаи соли 2024 мувофиқи ҳисоботи хароҷотӣ 4 509 753 сомонӣ ташкил дод.

Аз он ҷумла:

– музди меҳнат ва иловапулиҳо – 1 771 457 сомонӣ;

– маводи доруворӣ ва лавозимотҳои тиббӣ – 1 389 203 сомонӣ;

– хизматрасониҳои комуналӣ – 178 702 сомонӣ;

– 5% аз ҳисоби даромад ба буҷети маҳаллӣ – 255 000 сомонӣ;

– 5% аз ҳисоби даромад ба Вазорати тандурустӣ – 255 000 сомонӣ

– дигар хароҷотҳо – 134 921 сомониро ташкил намуд;

– таъмири ҷорӣ – 508 800 сомонӣ;

– харидории таҷҳизотҳо – 16 670 сомонӣ;

Дар шаш моҳаи соли 2024 11491 нафар беморон бистарӣ гашта ба 1315 нафар беморони имтиёздошта ба маблағи 721 323 сомонӣ хизматрасонии тиббӣ ройгон карда шудааст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми сокинони Тоҷикистони азизро ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо сараввал саломатии бардавом, хонаободиву шукуфоӣ ва саодатмандиро таманно дорам- илова намуд Мақсудзода.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь