Имрӯз дунёро мотамкада ё мотамсаро бихонем ҳам, ғалат намекунем, зеро вабои аср бо исми COVID-19 даҳшатафканиҳо ва барҳамзаниҳои оромиши ҷисми инсонҳоро эҷод намуда истодааст. Хеле мардумро дар таҳлукаву изтироб афтонда, зиндагии пурназмро ба зиндагии ворунаву ноором бадал кардааст. Нишонаҳояш ҳам аз сулфаи хушк, атса, бемадорӣ, нафастангӣ, маризии шуш ва амсоли ин арзёбӣ мегардад. Нигаронии аз ҳама бештар ин аст, ки мардум аз андоза берун дар тарсу ҳарос афтодаанд.

Набояд мардум дар баробари COVID-19 стресс дошта бошанд, чунки ин ҳолат метавонад инсонҳоро бештар заиф гардонад. Моро зарур аст, ки аз ақли солиму дониш ва дастуру нишондодҳои табибон кор бигирем. Агар чунин рафтор кунем, ҳеч кадом вирус бар инсон чира нахоҳад гардид.

Худро ба даст гиреду суол диҳед, ки шумо чӣ тавоноӣ доред ва ҳамчунин бовар дошта бошед, ки пирӯзӣ моли шумост. Албатта, пеш аз ҳама ҳолатҳои пешгирии бемориро риоя намоед. Миллати тоҷик дар гузашта ва то имрӯз ба вижа дар бахши пизишкӣ пешрафтҳои зиёде дорад, ки таърихаш ба қарнҳои пеш аз мелод рафта мерасад. Бинобар ин, беҳуда худро дар ҳоли стресс нигоҳ надоред, балки болидаруҳӣ намоед, то ҳолати равонии шумо хуб бошаду ҷисматон эмин аз дарду бало. Хонандагони азиз, мо барои пешгирии бемории COVID-19 имрӯзҳо бисёр пешниҳод мешунавем ва мебинем. Ҳангоми мутолиаи куллиёти ҷилди дувуми фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ Сино, ки вобаста ба тиб аст, бо бисёр позаҳрҳое, ки бевосита ба нишонаҳо ва пешгириҳои вабои асри мо низ тааллуқ доранд, рӯ ба рӯ гардидам. Донишвари миллат дар китоби хеш позаҳри бемориҳоро пешниҳод менамояд ва банда низ донистам, ки ин шабу рӯз аз манфиат холӣ нест, ҷаҳд кардам чӣ гунае, ки дар китоб бо рақамҳо дарҷ гардидааст, пешниҳоди шумо хонандагон намоям.

Абӯалӣ Ибни Сино мефармояд:

36 – Газна – газандаро бо оби ҷав биошоманд, ё барги онро андар оби ҷав биҷӯшонанд, синаро пок созад.

92 – Говшир Орорапах – женьшень аз ин беҳтар, ба шуш ва асаб созгор аст.

111 – Райҳони куҳӣ – бадии нафасро суд бахшад.

141- Чалғӯза – кедровые орешки – шушро ниҳоят пок кунад ва ҳарчи хилти ситабр ва рим, ки андар шуш бошад, берун орад.

168 – Дорчинӣ – корица – хуррамкунандаи дил аст, сурфа (сулфа)-ро суд дорад ва ҳар чизи андар сина бударо пок кунад.

226 – Маска – равғани зард бо бодом ва шакар сурфаи сарди хушкро судманд ва аз омоси (варами ) шуш низ.

251 – Нахӯд – шушро беш аз ҳама чиз ғизост.

278 – Писта – самғи (шилми) онро бо ширини (асал) билесанд, аз решҳои шуш ва сурфаи дерина (куҳна) суд бахшад.

394 – Равғани бодоми ширин аз сурфаи дерина, дамкӯтоҳӣ ва барсаи судман аст.

393 – Лӯбиё барои сина ва шуш хуб аст.

397 – Печак – барои сина ва шуш хуб аст, дамкӯтоҳиро пок кунад, суддаҳои ҷигарро бикушояд.

399 – Шир – яке аз доруҳои шуш ва сил мебошад.

408 – Оби нимгарм барои омосҳои гулӯ ва сина хуб аст.

412 – Мушктаромашир – Origanum dictamnnus рутубатҳои часпакро аз сина ва шуш берун кунад.

451 – Нил – васма – Indigofera tinctoria, фишурдааш барои решҳои шуш суд дорад.

469 – Барги челон – куннор аз дамкӯтоҳӣ ва бемориҳои шуш судманд.

491 – Бехи савсан – аз нафаси росто, сурфа ва рутубатҳои шуш судманд аст.

492 – Овешан – чабрец – равғанаш аз сина ва шуш судманд.

494 – Ширинбӯя – нои шушро пок кунад.

515 – Сунбул – сина ва шушро пок созад.

540 – Челон – унноб барои сина ва шуш хуб аст.

571 – Мурчро бо асал андар ком ниҳанд, шушро пок созад.

581 – Ганданоои куҳӣ – Marrubium vulgare сина ва шушро аз тариқи балғампартоӣ пок кунад.

582 – Пудина Menta polegium – ҳулба – ҷӯшонидаашро бо анҷир бихӯранд, аз нафаси росто ва берун овардани хилтҳои ситабри часпаки сина ва шуш доруи қавиест, хусусан бо анҷир бихӯранд.

587 – Турби ҷӯшонида аз барои сурфаи куҳан ва кимуси ситабри андар сина падидомада созгор аст.

629 – Барғаст – Lepidium drаba – суддаҳои шушро бикушояд ва пок созад.

671 – Росан – Чоқларо бо шираи ангур омезиш дода, се моҳ нигоҳ доранд, пас бинӯшанд, сина ва шушро пок кунад.

676 – Чукрӣ аз ҳасба, обила ва тоун суд дорад.

708 – Шаър-ул-ғул – мӯи ғул – Asplenium trichomones. Шуш ва синаро пок созад.

719 – Шароби ширин маҷроҳои шушро пок созад ва нафасро густариш бидиҳад.

735 – Анҷири тар ва хушк аз дуруштии гулӯ суд дорад ва синаву нои шушро созгор аст, инчунин шароби он аз сурфаи дерина ва дардҳои сина судманд аст ва аз омосҳои ной ва шуш суд бахшад.

800 – Ғориқун – чанбучи дарахт – чага (русияш)-ро бо тилло биошоманд, аз дамкӯтаҳӣ ва реши шуш суд дорад, як ошомидани он як драхмист (4,25 гр).

801 – Даҳмаст – лавровый листро бо ангубин (асал) билесанд, аз зиқи нафас ва нафаси росто суд бахшад, хусусан донаи он.

Маҳмаднозир ДӮСТБОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь