Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” хабарнигори МТЖТ бо директори коллеҷи мазкур доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда нахуст қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи Коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Заминаи моддӣ-техникӣ
Мавсуф дар хусуси базаи моддиву техникии коллеҷ сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки 5-бинои таълимӣ, 1- хобгоҳ барои донишҷӯён, 3-ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, 1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, 1-маркази таълимӣ – табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 141-кабинетҳои таълимӣ. 3-синфхонаи компютерӣ, 1-майдончаи варзишӣ, 1-толори варзишӣ, 1-толори маҷлисӣ барои 110 нафар, 1-китобхона.
Дар муассиса аз оғози соли 2024 корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд.
Дар гирду атроф ва саҳни ҳавлии коллеҷ ҳар ҳафта чорабиниҳои шанбегӣ ташкил намуда, бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ, зиёда аз 2 300 қаламчаҳои гули садбарг, 600 бех гулу гулбуттаҳо, 400 дона тухми гули лола, 12 бех дарахтони гуногун шиношида шудааст.
Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 млн 595 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз ба маблағи 21 млн 162 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ба анҷом расонида шудаанд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2024, 14 кабинетҳои корӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, ҳоҷатхонаҳои донишҷӯён ва омӯзгорон дар бинои таълимии №2-и муассиса ва ҳамомҳои хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд. Таъмири капиталӣ дар ин бинои таълимии №2 идома дорад.
Барои гузаронидани таъмир дар нуҳ моҳи соли 2024, маблағи 1085765 (як милиону ҳаштоду панҷ ҳазору ҳафтсаду шасту панҷ) сомонӣ гузаронида шудааст.
Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар коллеҷ ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил карда шуд. Дар чорабанӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар, директори коллеҷ ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.
Нахуст бо иштироки меҳмонон Маркази омӯзишии дӯзандагии «Дастони моҳир» мавриди истифода қарор гирифт. Маркази дузандагӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои донишҷӯдухтарони муассиса бунёд карда шудааст. Мақсади бунёди маркази дузандагӣ ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ дар байни ҷавондухтарон буда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин рӯзи 6- сентябри соли ҷорӣ дар бинои Беморхонаи Наркологии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шуъбаи тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ва роҳбари муассисаи номбурда синфхонаи лексионӣ дорои 60 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи таълимӣ барои гузаштани дарсҳои амалӣ дорои 45 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Ташкили чунин толорҳои лексионӣ муҷаҳҳаз бо технологияву айниятҳои таълимӣ дар беморхонаҳо албатта, боиси боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ хоҳад гашт.
Раванди таълим пайваста бо ҷиҳозу аёнияти муосир, аз ҷумла электронӣ таъмин карда шуда истодааст.
Дар нуҳмоҳаи соли 2024 ба ташхисгоҳҳои кафедраи “Химия ва биология” 46 номгӯи таҷҳизотҳо лабораторӣ дар ҳаҷми 17 560 сомонӣ ва барои безараргардонии таҷҳизотҳои стомотологӣ як тафдони барқӣ дар ҳаҷми 7 000 сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 187-адад, принтерҳо 59-адад, тахтаҳои электронӣ 12-адад, проектори мултимедӣ 22-ададро ташкил медиҳад.
Базаи кадрӣ
Номбурда афзуд, ки дар коллеҷ айни замон 256 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. 18 нафар омӯзгорони коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, 12 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48 нафар бо нишони сарисингагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 15 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷамъи умумии омӯзгорон 118 (46,0 %) -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳанд.
Дар коллеҷ 7 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ ва 1 нафар номзади илмҳои таърих фаъолият доранд.
Санаи 11-уми марти соли 2024 дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши директори коллеҷ аз 11.03 соли 2024, №348 аттестатсияи навбатии омӯзгорон гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он 22 нафар омӯзгорон соҳиби дараҷаи тахассусии дуюм гардиданд.
Панҷоҳу шаш (22,3%) нафар ба ҳайси омӯзгори калон (дорои дараҷаи тахассусии олӣ), 36 (14,3%) нафар ба ҳайси ассистенти кафедра (дорои дараҷаи тахассусии якум) ва 54 (21,0%) нафар ба ҳайси ассистенти кафедра (дорои дараҷаи тахассусии дуюм) фаъолият мекунанд. Омӯзгорони соатбай дар муассиса 277 нафарро ташкил медиҳанд.
Роҳбарияти коллеҷ ҳамасола бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ оид ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 17 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд.
Фаъолияти илмӣ-методӣ
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки дар фаъолияти корҳои методӣ тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби директори таълимгоҳ тасдиқ карда шуда, ба амал бароварда шуд. Мазмуни асосии фаъолияти кории методиро коркарди роҳу усулҳои навини таълим, дар амал ҷорӣ намудани нишондодҳои ислоҳоти раванди таълим, омӯзиш ва таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷриба, ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ, дар якҷоягӣ бо кафедраҳои таълимгоҳ мураттабсозӣ намуда, адабиёту дастурҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, илмӣ-назариявӣ, таълимӣ-методӣ, мизҳои мудаввар, конфренсияҳои донишҷӯён, маҳфилҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ ташкил доданд.
Дар муассиса аз 15-ум то 20-уми январи соли 2024 дар давоми таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон оид ба раванди низоми кредитӣ бо фармоиши директори муассиса ва пешниҳоди шуъбаи илмӣ-методии коллеҷ семинари омӯзишӣ барои омӯзгорон дар мавзӯи «Истифодабарии услубҳои муосири таълим-роҳҳои асосии беҳтар намудани сифати таҳсилот» ташкилу баргузор карда шуд. Ва мутобиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ омӯзгорон коллеҷҳои тиббии минтақаи Кӯлоб-и вилояти Хатлон ҷалб карда, иштирокчиён бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд.
Айни замон дар коллеҷ 14 нафар омӯзгорон дар заминаҳои муассисаҳои олии илмии кишвар ба ҳайси унвонҷӯ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Омӯзгорони коллеҷ пайваста дар конфронсҳои илмию амалии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Солҳои охир шумораи чопи мақолаҳо дар конфронсҳои илмӣ аз тарафи омӯзгорон зиёд гардидааст.
Ҷамъомади мазкур бо мақсади омӯзиши тартиби ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба воситаи кортҳои бонкӣ ва дигар масъалаҳои роҷеъ ба фаъолияти бонкӣ, бартариҳои он ошно намудани омӯзгорон ва донишҷӯён буд.
Ҷамъомади омӯзишӣ аз тарафи мутахассисони бахши муҳосиботи коллеҷ ва омӯзгорони фанни асосҳои назарияи иқтисодӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Давоми рӯзҳои 20-24 – уми апрели соли 2024 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла конференсияи илмӣ-назариявӣ, зери унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – заминаи устувори волоияти қонун», дарсҳои кушоду намунавӣ ва мизи мудаввар байни донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ташкилу баргузор карда шуданд. Чорабиниҳо бо мақсади омӯзиши Паёми Пешвои миллат ва эълони соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ташкилу баргузор карда шуданд.
Санаи 18 -уми майи соли ҷорӣ дар коллеҷ ҷаласаи сайёри ҷамъияти асабпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз шаҳри Душанбе ва мутахассисон аз муассисаҳои тандурустии шаҳру навоиҳии минтақаи Кӯлоб, бахшида ба ёдбуди профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ташкилу баргузор гардид.
Аз тарафи омӯзгорон дар шашмоҳаи аввали соли 2024, мақолаҳои илмӣ, методӣ ва таълимию тарбиявӣ дар ҳаҷми 97 адад аз чоп бароварда шудаанд.
Санаи 15.03 соли равон муовини директори коллеҷ оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Қ.Н. Маҳмудзода дар конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ташаккули Ҳукумати электронӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат”, ки дар колеҷи техникию омузгории н. Рӯдакӣ иштирок ва бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд.
Иштирок дар олимпиада ва озмунҳо
Инчунин, номбурда қайд кард, ки тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2024, №298 санаҳои 10 – 11 моҳи майи соли ҷорӣ дар коллеҷ Олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз фанҳои тахассусӣ баргузор гардид. Олимпиада байни донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, табобатӣ, момодоягӣ, дандонсозӣ ва фарматсевтӣ гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯён аз коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” низ дар Олимпиадаи мазкур фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштанд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳисоби гурӯҳи дар байни коллеҷҳои тиббӣ дастаи донишҷӯёни коллеҷ сазовори ҷойи II гаштанд.
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” санаи 23.05 соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки 8-нафар донишҷӯёни коллеҷ аз фанҳои дақиқ (технологияи иттилоотӣ, физика, математика, кимиё, биология ва география) иштирок намуда, 6-нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври вилояии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 нафар донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд, ки Кенҷазода Марҷона -донишҷӯи курси 1-уми муассиса дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм ва Ашурова Сайёра – донишҷӯи курси 1-уми муассиса дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Инчунин дар даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 3 нафар донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд, як нафар Ҷабборова Омина донишҷӯи курси 2-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври дохилимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассиса баргузор гардид, ки 3 нафар донишҷӯ сазовори холҳои баланд гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Донишҷӯёни коллеҷ Кулобиева Муборак Ҷурахоновна ва Намоззода Дилноза Зафар (аз бахши дуюми факултети кори табобатӣ) дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки рӯзҳои 25-28 уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Дар фарҷоми озмун донишҷӯёни фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои молию пулии Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони озмунҳо ва омӯзгорони онҳо аз тарафи раиси вилояти Хатлон ва маъмурияти муассиса ҳавасмад гардонида шудаанд.
Ҳамкориҳои дохилию хориҷӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки коллеҷ баҳри беҳтар намудани раванд ва сифати таълим, омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим, омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.
Аз он ҷумла, коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилотибаъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ ва ғайра.
Инчунин шартномаҳои ҳамкорӣ байни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла Коллеҷи олии тиббии ҷумҳуриявӣ (Алма-Ато), Коллеҷи олии тиббии шимоли Қазоқистон, Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рузуддинов (Алма-Ато) ба имзо расонида шуданд.
Ҳамчунин бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ, аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), UNFPA (Хазинаи нуфузи СММ), Коллеҷҳои тиббии шаҳри Санкт-Петербург, ш.Бишкек, ш. Нур-Султон, ш.Волгоград, ш.Тошканд барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.
Албатта, қайд намудан зарур аст, ки табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷи кишвар ва таъмин гаштани омӯзгорон бо маводҳои таълимии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ боиси беҳтар гаштани раванди машғулиятгузорӣ ва сифати таълим аз фанҳои момоӣ ва бемориҳои занона, солимии наслофарӣ мегардад.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки сифати таълимро дар коллеҷ мекӯшем боз ҳам беҳтару хубтар намоем. Чун ҳар як бемор дар симои табибон фариштаҳои наҷотдиҳандаи худро мебинанд. Ва мо дар навбати худ кушиш менамоем, ки мутахассисони беҳтарини соҳаи тиббро ба воя расонем то ба ҷомеа хидмати шоиста намоянд.
Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ