Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби беморхонаи мазкур Файззода Ҷурабек Султон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда изҳор дошт, ки аз фурсати муносиб истифода карда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни бузурги миллӣ-Истиқлоли давлатӣ, ки дар остонаи таҷлили он қарор дорем, муборакбод мегӯям ва бигзор Истиқлоли кишвари азизамон поянда бод!
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, ки баёнгари ҳусну таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тиб мебошад.
Табибон, шифобахшон ва ҳомиёни саломатии мардум мебошанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, тибби тоҷик низ рушду инкишоф ёфта, ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ҷомеа як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ қабул гардиданд.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар як баромади худ гуфта буданд:
“Дар воқеъ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд”.
Базаи кадрӣ ва хидматрасонӣ
Мавсуф изҳор дошт, ки дар бахши бистарикунонии ноҳия 93 духтур фаъолият мекунанд. Аз инҳо 59-нафарашон дараҷанокии касбӣ дошта, 34-нафари онҳо мутахассисони ҷавон мебошанд. Дар беморхонаи марказии ноҳия 203 нафар кормандони миёнаи тиб, фаъолият доранд. Корманди хурди тиб ё фаррошон 112 нафар мебошанд. Кормандони гуногунпеша 141 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар бахши бистарикунонии ноҳия 549 нафар кормандон фаъолият доранд.
Дар бахши бистарикунонии ноҳияи Хуросон 4228 – нафар беморон бистарӣ шуда, 4100 – нафар табобат гирифтаанд, 40670 кат/ рӯзона буда, иҷроиши катҳо 110 %-ро ташкил медиҳад. Сукунати миёнаи бистарӣ 10.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2688 нафар муроҷиат намудаанд, аз онҳо 1543 нафар бемор бистарӣ шудаанд, ба 239 – нафар бемор ёрии тиббии таъҷилӣ расонида шудааст. Дар шуъба аз 198 нафар беморони таббӣ баланд дошта, таҳлили вараҷа гузаронида шудааст, аз инҳо ягон бемории вараҷа дарёфт нашудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 471 нафар беморон бистарӣ карда шуда, 456 нафар табобат шудаанд, ки 4732 кат /рӯзона буда, иҷроиши кат 105 %-ро ташкил медиҳад. Дар шуъбаи ҷарроҳӣ ҳамагӣ 462 нафар ҷарроҳӣ шудаанд, ки аз инҳо 203 нафар фаврӣ ва 259 нафар нақшавӣ мебошанд.
Шуъбаи таваллуд аз 40 кат иборат мебошад.
Дар шуъба, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1662 нафар занон бистарӣ шуда, 1587 нафар занон ҷавоб шудаанд, ки 7059 кат рӯзро ташкил медиҳад. Иҷроиши кат 141% мебошад. Сукунати миёнаи бистарӣ 4. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1340 нафар тифлакон таваллуд шудаанд, ки аз инҳо 155 кӯдак бо роҳи чоки қайсар ба дунё омадааст. Чоки қайсар 9,7 %-ро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии таваллудшудагон 636 – нафар духтар ва 704 – нафар писар мебошанд.
Шуъбаи амрози даруна аз 20 кат иборат мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 243 нафар беморон бистарӣ карда шуд, 246 нафар табобат шудаанд, ки 3052 кат – рӯзона буда, иҷроиши катҳо 102 %-ро ташкил медиҳад. Дар дохили шуъбаи амрози даруна 5 кат барои бемориҳои дил ҷудо карда шудааст, дар он 1 нафар духтур ба 0,5 воҳиди корӣ фаъолият мекунад.
Дар шуъбаи эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 316 нафар беморон бистарӣ карда шуда, 279 – нафар табобат гирифтаанд, ки ба шуъбаҳои дигар гузаронида шудаанд. Дар шуъба ҳамагӣ 648 мадҳушкунӣ гузаронида шудаст, ки аз инҳо 238 нафар, дохили рагӣ 112 – нафар эндотрахеалӣ ва 278 нафар ҳароммағзӣ (спиналӣ) мебошанд.
Дар ҳудуди ноҳия 5 таҳлилгоҳҳои клиникӣ фаъолият дошта, дар онҳо 10 нафар таҳлилгарон кор мекунанд. Аз инҳо 5 нафар маълумоти олӣ доранд. Дар шаш моҳи соли 2024 дар таҳлилгоҳҳо таҳлили хун – 3596, таҳлили пешоб – 3838, таҳлили вараҷа – 403, таҳлили биохимиявӣ – 1490, таҳлили тухми кирмҳо- 2776 дида шудааст. Сироятёфтагон аз тухми кирм 165, нафар мебошад.
Ҳуҷраи ташхиси ултрасадо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 863 нафар аз муоинаи ултрасадо гузаштааст.
Садоқат ба пеша
Чунончӣ, мавсуф қайд кард, Беморхонаи рақамии №2 ба номи Ҷ. Расулов аз 15 кат иборат мебошад. Дар беморхона 2 нафар табиб, 8 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Беморхонаи минтақавии №5 ба номи Мирзораҳимов аз 75 кат иборат мебошад. Дар беморхона 11 нафар табиб, 43 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Беморхонаи №6 ба номи Т. Улҷабоев аз 15 кат иборат мебошад. Дар беморхона 2- нафар табиб, 7 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Чи тавре, ки номбурда тазаккур дод, дар бахши бистарикунонӣ 1- беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 5 беморхонаҳои рақамӣ ( №2; №5; №7; №6; №3,) фаъолияти пурсамар доранд.
Дар бахши бистарикунонии ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 барои музди меҳнат 3398845 – сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, аз ин 3227872 – сомонӣ иҷро шудааст, ки ин 95%-ро ташкил медиҳад. Барои захираҳои модӣ- молӣ 246700 сомонӣ ҷудо карда шудааст .
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 аз 2-уми декабри соли 2008 дар шаш моҳи соли 2024 Беморхонаи Марказии ноҳия ба маблағи 325000 сомонӣ нақшабандӣ карда шудааст, 466516 сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст, иҷроиш 143%-ро ташкил медиҳад.
МТЖТ