Рушти бемайлонии ҷаҳони имрӯза ва талаботи бозори меҳнат, худ аз худ  ба онҳое, ки баҳри ин бозору ҷомеа мутахассисони сатҳи гуногунро омода менамоянд, омода намудани мутахассисони ихтисосҳои нав ба навро пеш мегузорад. Агар давоми солҳои Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ  чун яке аз Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ шинохта мешуду дар ҷумҳурӣ як Донишкадаи тиббӣ фаъолият дошта бошаду дар он қариб аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ва берун аз он толибилмон таълиму тадрис менамуданд, имрӯз баъди пошхӯрдани собиқ ҷумҳуриҳои  бародар, ҳар яке давлатҳои Соҳибистиқлол гардиданд ва чандин муассисаҳои таълимӣ барои тайёр намудани ихтисосҳои нав ба навро таъсис доданд. Гузашта аз ин, як худи системаи табобатии клиникиву реабилитасия, ташхис ва пешгирии бемориҳо садҳо ихтисосҳои нав ба навро пеш гузоштааст, ки то муассисаҳои таълимии соҳаи тандурустӣ ин мутахассисонро барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар  тайёр намоянд. Маҳз ин омилҳоро ба назар гирифта 25-уми майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе муассисаи  ғайридавлатии Колеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе расман ба фаъолияти кории худ оғоз намуда, аллакай моҳи сентябри соли 2015 қабули довталабонро аз рӯи ихтисосҳои “кори ҳамширагӣ”, “кори формасевтӣ”, “кори тиббии офиятӣ”, “кори момодоягӣ” дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ мутахассисонро омода менамояд. Баҳри омода намудани мутахассисони  миёнаи тиб ва иҷтимоиву косметология аз тарафи муассисон ва роҳбарияти Колеҷ тамоми шарт ва шароити ҷавобгӯ ба беҳтарин стандартҳои ҷаҳонӣ омода  карда шудааст. Баҳри амалисозии барномаҳои таълимии Колеҷ, ки аз тарафи мутахассисони Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ва Вазорати маориф ва илмӣ ҷумҳурӣ тасдиқ карда шудааст. Асбобҳои айёнӣ ва таҷҳизотҳои  табобатию ташхисӣ барои корҳои амалӣ аз беҳтарин истеҳсолкунандагон: Ҷопон, Германия, Франсия, Италия, Амрико, Русия, Хитой ва дигар давлатҳо дастрас  карда шудааст, ки то мутахассисони ҷавон аз ин даргоҳи ҳунари сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун арзандаю пешрафта ба муассисаҳои табобатии давлатию ғайридавлатӣ, ки чун ворисони Синои бузург дар арсаи ҷаҳон муаррифгарӣ тибби тоҷик мебошанд, ба халқу ватани худ хизмат намоянд. Давоми се соли охир, ки Колеҷи тиббӣ- иҷтимоии шаҳри Душанбе мутахассисони  миёнаи тибро тайёр менамояд ва шумораи онҳо  830-нафарро ташкил медиҳад ва ин тухассисон дар муассисаҳои табобатию иҷтимоии кишвар хизмати арзанда доранд, ки аз кори онҳо дар тамоми муассисаҳои  тандурстӣ ва иҷтимоии кишвар касе то имрӯз эроде нагирифтааст, яъне ин нишон аз он аст, ки програмаи таълимӣ дар Колеҷ дар сатҳи намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз ин нишондодҳои хуби таълимӣ ва базаи моддӣ- техникии хуб омодакардашударо ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ва розигии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиса иҷозат дода шудааст, ки муассисаи ғайридавлатии таълимӣ- “Донишкадаи Тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”-ро ифтитоҳ кунанд. Мақсади асосии ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ин таъмин намудани муассиаҳои тиббии иҷтимоӣ ва косметология реабилитатсия бо ихтисосҳои нави табобатию реабилитатсионӣ мебошад, ки оянда бояд чунин мутахассисони варзида ин Донишкадаи олиро бо донишҳои мукаммал ва ихтисосҳои нав ба нав хатм намуда, ба ватани хеш хизмат намоянд. Ногуфта намонад, ки аллакай 200 нафар донишҷӯён аз рӯи ду ихтисос: “Кори табобатӣ” ва “Психологияи тиббӣ” дар ин донишкада таҳсил доранд,  ки ба онҳо беш аз 120 нафар омӯзгорони пуртаҷрибаю соҳибкасби илм тадрис дода истодаанд, ки аз онҳо 75 нафар омӯзгори асосӣ ва 45 нафар ҳамкор фаъолият менамоянд ва 3 нафари онҳо доктори илми тибу 2 нафарашон проффесоранд: 1 нафар аъзои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ; 13 нафар номзади илми тиб; 1 нафар номзади илми иқтисод; 1 нафар номзади илми химия ва 1 нафар номзади илми фалсафа фаъолияи доранд, иловатан 18 нафар кормандони ин муассисаи таълимӣ омодаи дифои рисолаҳои илмии худ мебошанд. Аз онҳое, ки дар ин Муассисаи олии бонуфузи таълимии тиббӣ-иҷтимоии кишвар фаъолияти корӣ доранд 2 нафарашон дорандагони мукофотҳои давлатӣ, 3 нафар дорандагони медали шоиста, 1 нафар дорандаи ордени нишони фахрии Иттиҳоди Шӯравӣ, 1 нафар корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар аълочии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар аълочии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар омӯзгори тахассусии дараҷаи олӣ, 2 нафар омӯзгори дараҷаи тахассусии 1 ва 2 нафар омӯзгори дараҷаи тахассусии дараҷаи 2 кору фаъолият менамоянд. Яъне дар ин муассисаи Олии бонуфузи кишвар яке аз беҳтарин потенсиали илмию педогогӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустию иҷтимоӣ, ки самти асосии донишкада ба шумор мераванд, ҷамъ оварда шудаанд, то ки мутахассисони сатҳи ихтисосҳои навтарин барои соҳаи тандурустию иҷтимоӣ ва реабилитатсионию психология тайёр  карда шаванд. Имрӯз ин донишкада ба Колеҷи тиббию- иҷтимоии дар наздаш буда, дорои як комплекси калони таълимии 7 ошёна ва таҳхонаҳо, лабаратория ва озмоишгоҳ, фармакогнозия, стомотология, косметология, химия, физика, кори ҳамширагӣ, технологияи дорусозӣ ва ташхисгоҳҳои санҷишии дору ва маводҳои тиббию косметологӣ омодаи таҷрибаомӯзи ва малакаи касбии донишҷӯён мебошад, ки то онҳо ба дараҷаи хуби касбият ва мутахассисони соҳаҳои интихобкардаи худ гарданд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва сатҳи сифати таълиму тарбия, корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-амалӣ ва истифодабарии услубҳои муосиру нави таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавон; таҳия ва нашри матлабу дастурҳо ба адабиётҳои таълимӣ-методӣ ва баланд бардоштани савияи дониш ва сифати омодасозии мутахассисони ҷавону ояндадор шаклҳои нави кафедравӣ ва фосилавӣ бо васли он ба китобхонаи электронии Донишкада ҷорӣ карда шудааст, ки яке аз беҳтарин шаклҳои таълимӣ- методӣ дар кишвар ба шумор рафта, дилхоҳ донишҷӯю омӯзгор ба он  тариқи онлайн ворид гардида, ба мавзуҳои ба ӯ лозимааш шинос гардида, дилхоҳ мавзуи лозима ё таълимиро аз худ менамояд. Аллакай дар донишкада 10 кафедраҳои таълимӣ фаъолияти босамар доранд. Муассисаси таълимии “ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар кӯчаи Клара-Сеткина-2, дар паси нуқтаҳои тиҷоратии Сим-Сим ҷойгир буда, дар он бо ҷиду ҷаҳд ва самимияти беандозаи муассисон ва ҳайати омӯзгорону ректорат биноҳои 7-ошёнаи хуштарҳи замонавӣ, ки дар он тамоми шароитҳои беҳтарини таълимии бо дарбаргирии озмоишгоҳои фанни ихтисосӣ, лобараторияҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ 701 м2, ошхона барои 300 ҷои нишаст дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 400 ҷои нишаст ва дар маҷмӯъ 8595 м2 ҷои таълимӣ буда, масоҳати умумии ин донишкада 10397 м2-ро  ташкил дода, 120 ҳуҷраҳои таълимӣ дар хизмати донишҷӯён қарор дорад. Дар ошхонаи донишкада саҳар ва нисфирӯзӣ хӯрокҳои гуногун омода карда шуда, сифати он аз тарафи духтурони ин муассиса санҷида шуда, баъди он иҷозат барои фурӯш дода мешавад. Дар донишкада нуқтаи тиббӣ амал мекунад, ки тамоми доруву давои ёрии аввалини тиббӣ ройгон буда, ба корафтодагон дар вақташ ва бо сифати басо хуби касбӣ ёрии аввалини тиббӣ расонида мешавад. Саҳни ҳавлии ин донишкадаро ду фаввораи зебои замонавӣ оро дода, онро чун гулистону-бӯстони афсонавӣ, ҳазорон-ҳазор гулҳо оро дода, ба дилхоҳ шахси воридгардида руҳу илҳоми тасхиркунандаро эҷод менамоянд. Дар суҳбат бо мо ректори “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ муҳтарама Ибодзода Зарина Ҳабибулло иброз намуданд, ки “ҳар мардуми сайёра ва халқҳои давлатҳои гуногун ба худ доҳиёну идеалҳо ва шахсонеро доранд, ки бо руҳу усулҳои гуногун ба ин халқу миллатҳо хизмат кардаанд ва меҳри чунин бузургон асрҳо дар дили ҳаммеҳанони худ боқӣ гузоштаанд. Барои миллату давлати куҳанбунёди тоҷикон тӯли тамоми таъриху мавҷудияти он аз рӯзи азал то имрӯз касе хизматҳои фарзонафарзанди ин миллат, шахсияти мӯътабару азизи тамоми тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Маҳз ин родмарди миллат буданд, ки дар мушкилтарин вақт, ки Тоҷикистони азизро вартаи парокандагӣ ва ин миллати зебою куҳанбунёдро, ки дар ҳолати ҳайрониву ноумедӣ қарор дошт, ба ҳам овардану ваҳдати саросариро барқарор намуданд ва тамоми институтҳои давлатдориро барқарор намуданду модари тоҷикро аз нолаю фиғон ба хурсанди расониданд ва дар муддати кутоҳтарин кишварро ба яке аз олитарин кишвари сайёра табдил додану беш аз 2000 км роҳҳои байналмиллалӣ бо беш аз 20 нақбу 100 пулҳо бунёд намуда, кишварро ба як гулистони афсонавӣ табдил дода, номи мубораки Пешвои миллат дар қаблҳо то ҷовидонаҳо боқӣ хоҳад монд.

Пешво дар воқеъ муаррифгарӣ миллати тоҷиканд.

Маҳз фазои озодии фаъолият дар ватани азизи аҷдоди аст, ки мо чунин донишкадаҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳониро бунёд намуда, дар он барои ояндаи ин миллату давлат мутахассисони варзида омода менамоем.

Маҳз тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Донишкадаи тибби-иҷтимоии Тоҷикистон тасмим доранд, ки корҳои тадқиқотиро дар самти пешгирӣ ва табобатӣ беморон хуб ба роҳ монанд. Махсусан дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пандемияи Ковид-19, ки кулли ҷаҳонро ба ларза овардааст, барои ин корҳо базаи моддӣ-техникӣ, аз ҷумла ташхисгоҳо  лабараторияҳо муҷҷаҳаз намуданд. Ин ҳамаги аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ин номи муборак аллакай 30-сол  пеш рамзи озодию амонии Тоҷикстони азиз гардида буд, ки ман ва кулли ин миллат бо он ифтихор бояд кунему идеали воқеии худ донемаш!!!

Саиди Ҳайдар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь