Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфта буд.

 

Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зиёда аз 1200 нафар мутахассис хатм мекунад. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад. Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5 фоиз афзоиш меёбад. Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки хеле кам аст. Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро таъсис диҳанд. 

Дар баробари роҳандозии фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмии ин донишгоҳи навтаъсис, Пешвои миллат супориш дода буданд, ки роҳбарият ва кормандони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо пизишкони маҳаллӣ фаъолияти табобатиро низ дар сатҳи хубу сифати баланд ва таври густурда ба роҳ монанд. Иттилооти дастрасшуда аз он ҳокианд, ки аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо сарварии ректори он, мутахассиси кордону масъулиятшинос Убайдулло Қурбон дар ин ҷода собитқадам буда, нишондиҳандаҳо дар ҳама ҷанбаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошанд. 

Дар матлаби мазкур кӯшидам марҳилаи таъсис ва тавсеаи раванди фаъолияти ин боргоҳи илму маърифатро таври мухтасар бозгӯйӣ намоям. 

Таъкид менамоям, ки далелҳои овардашуда «қатрае аз баҳр» мебошад, зеро дастовардҳои роҳбарияту кормандон ва муҳассилини ин донишгоҳ сарфи назар аз навтаъсис буданаш воқеан ҳам қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошад.

Бо ёдоварӣ аз марҳилаи таъсиси донишгоҳ бояд гӯем, ки дар навбати аввал таҳти сарварии доктори илмҳои тиб, профессор У. Қурбон ситоди корӣ оид ба таҳияи «Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфта буд. Ситоди номбурда, ки ҳайати он шахсони корозмуда ва соҳибтаҷриба буданд, баъди омӯзиши ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон фикру мулоҳизаҳои хешро дар 11-уми феврали соли 2016 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур намуд. Масъулин аз он ифтихорманданд, ки пешниҳодоти манзуршуда пазируфта шуд. Бо дарназардошти ба эътибор гирифтани пешниҳодоти мазкур тарҳи бинои маъмурии донишгоҳ, биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти маишӣ дар шакли маҷмаа (кампус) қобили қабул дониста шуд. Дар натиҷа, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар кӯчаи И. Шарифов 3, н. Данғара ва №80 «Дар бораи таъйин намудани У. Қурбон ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба тасвиб расиданд.

Расман оғоз гардидани фаъолияти ДДТХ ба 4-уми марти соли 2016 рост омад. Шуруъ аз ин рӯз бо тасмими ректори муассиса раёсати муваққатии донишгоҳ дар ҳайати 11 нафар ташкил шуд. Вазифаи аввалиндараҷаи раёсати мазкур, пеш аз ҳама, пешбурди корҳои ташкилӣ, коркард ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва локалӣ, таъмини пурраи шаффофияти аввалин маъракаи қабули довталабон ва хуб ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ буд, ки дар маҷмуъ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуданд. Илова бар ин, раёсатро мебоист барои оғоз намудани таъмири биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ – техникӣ ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ шуъбаи таълим, деканати факултетҳо (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, шӯрои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ бо қарорҳои Раёсат ва фармоиши ректор таъсис дода шуданд. 

Мавриди зикр аст, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қабули довталабон ва ташкили имтиҳонот низ ба уҳдаи роҳбарияти ДДТХ вогузор гардид. Бо мақсади таъмин намудани шаффофияти аввалин маъракаи қабул аз ҷониби раёсати донишгоҳ «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016 – 2017» таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ шуд. 

Ҳамин тариқ, Комиссияи қабул тавонист, ки маъракаи қабули довталабонро новобаста аз ҷавобгӯи талабот набудани шароит ва маҳдуд будани заминаҳои моддӣ – техникӣ аз 1-уми апрел то 15-уми майи соли 2016 ба анҷом расонад. Натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул барои соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки аз 1633 нафари ҳуҷҷатсупорида 353 нафар довталаб (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ) ба курси якум қабул шуданд.

Ҳамрадиф бо ибтикори зикршуда бо мақсади ҷалби мутахассисони арзанда озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон эълон гашта, ба озмун беш аз 60 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо соҳиби дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ буданд. Дар маҷмуъ, Раёсати донишгоҳ дар соли аввалини таъсисёбии ДДТХ тавонист 36 омӯзгорро барои таълиму тарбияи донишҷӯён дар асоси озмун ба кор ҷалб намояд.

Мусаллам аст, ки барои ҳар як муассисаи олӣ барои бо ҷойи зист таъмин намудани донишҷӯён хобгоҳ зарур аст. Дар баробари ба анҷом расидани корҳои болозикр, раёсати донишгоҳ тавонист бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири бинои хобгоҳро дар моҳи августи соли 2016 ба сомон расонад. 

Акнун дар назди роҳбарият ва кормандони ДДТХ вазифаҳои дигар, аз қабили беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, таъмини пурраи шаффофияти санҷишу имтиҳон қарор дошт ва ин давраро метавон марҳилаи сифатан нави фаъолият арзёбӣ намуд. Далели ин беҳтар гаштани вазъи заминаи моддӣ – техникӣ, афзудани имкониятҳои молиявии донишгоҳ ва ҳамзамон баланд шудани сатҳи дарсазхуднамоии донишҷӯён буда метавонад. Қобили қайд аст, ки дар соли 2016 шумораи донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуданд, 111 (31 фоиз) нафар буд. Дар соли таҳсили 2017 – 2018 бошад, теъдоди чунин донишҷӯён ба 297 нафар ё худ 42 фоиз расид. Теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмидошта низ дар давоми ду сол мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар ин давра дараҷанокии илмии ҲПО ба 30 фоиз баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар давраи ду соли фаъолияти донишгоҳи навтаъсис мувофиқ ба меъёрҳои стандарт барои муассисаҳои олӣ ба шумор меравад.

Агар теъдоди донишҷӯёнро вобаста ба минтақаҳо раддабандӣ намоем, пас 372 нафар ба вилояти Хатлон, 166 ба вилояти Суғд, 5 нафар ба ВМКБ, 91 нафар ба ноҳияҳои тобеи марказ, 80 нафар ба шаҳри Душанбе ва 1 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон рост меояд.

Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ – ин таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Дар ин давра 123 номгӯй китоб бо теъдоди 6057 нусха китобҳои баландсифати таълимии ихтисосӣ харидорӣ шуда, илова бар ин, бо теъдоди беш аз даҳ ҳазор нусха, ҳамчун туҳфа аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ворид гардид. Дар маҷмуъ, фонди китобхонаи донишгоҳ имрӯз аз 16 457 нусха адабиёти таълимию бадеӣ ташкил ёфтааст. Дар таркиби фонди адабиёти электронӣ бошад, 42 691 маводи таълимию методӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. 

Ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ низ арзандаи ситоиш аст. Аз ҷумла, 2 нафар барандагони дипломи донишҷӯи солҳои 2016 ва 2017 дар вилояти Хатлон, 1 нафар соҳиби ҷойи дувум ва 3 нафар соҳибони ҷойҳои ифтихории Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар ғолиби озмуни донишҷӯи соли 2017 дар ҷумҳурӣ, 1 нафар Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш ва 3 нафар ғолибони озмунҳои вилоятӣ дар бахши маърифатию зеҳнӣ гардиданд.

Дар донишгоҳ аз соли 2016 инҷониб Шӯрои илмӣ – методӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин давра 20 масъала марбут ба корҳои методиро баррасӣ намуда, барои тасдиқи 23 дастурамалҳои таълимӣ – методӣ, 4 курси лексияҳо ва 15 саволномаҳои тестӣ қарор қабул намудааст. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 3 китоби дарсӣ нашр гардида, инчунин 2 китоби дигар дар арафаи нашр аст.

Дар ду соли фаъолияти илмию нашриявии кормандони донишгоҳ пешравиҳо ба назар мерасанд. Чунончӣ, агар дар соли 2016 ҳамагӣ 17 мақола ва фишурдаҳо таълиф ёфта бошанд, пас дар соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018-ум 80 таълифоти илмӣ ба нашр расидаанд. Ҳамзамон, 6 ихтироот, 7 пешниҳоди навоварона ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, аз моҳи октябри соли 2016 аввалин шумораи рӯзномаи донишгоҳӣ бо номи «Пайки Шифо» дар шакли бюллетен чоп шуда, барасмиятдарории рӯзномаи мазкур ва маҷаллаи илмии донишгоҳ бо номи «Симурғ» айни ҳол идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ низ дар ин давра таҳким ёфта, аз моҳи апрели соли 2016 инҷониб 7 нафар аз омӯзгорони донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор, фаъолияти ихтисосиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба роҳ монданд. Бешубҳа, ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани кормандони донишгоҳ барои саҳм гузоштан дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморони ноҳия ва вилоят иқдоми нек аст. Аз давраи моҳи феврали соли 2016 то моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби кормандони донишгоҳ ба 7828 нафар бемор корҳои табобатӣ ва ташхисӣ гузаронида шудааст. Аз ин миқдор 500 ададаш амалиётҳои ҷарроҳии гуногун буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара гузаронида шудааст, ки 54 намуди амалиётҳои ҷаррроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ бори аввал ворид ва дар амал ҷорӣ гардидааст. Ҳамчунин аз теъдоди умумии муолиҷашудагон ба 4320 нафар кӯдакони бемор, 200 нафар гирифтори бемории занона, 2465 нафар аз рӯи бемориҳои дарунӣ ва ба 362 нафар аз рӯи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шудааст.

Лозим ба қайд аст, ки дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани донишгоҳи навтаъсис бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ ДДТХ дар ин давра бо ду беморхонаи ноҳияи Данғара, Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Данғара шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Илова бар ин, ба донишгоҳ муяссар гардид, ки аввалин шартномаи ҳамкории худро моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонад. Дар моҳи марти соли 2018 роҳбарияти донишгоҳ ду меморандумро бо Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал – Форобии Қазоқистон ба имзо расонид.

Шароити маишии кормандони донишгоҳ низ давра ба давра беҳ гардида, бо дастгирии раиси ноҳияи Данғара, аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии Донишгоҳи давлатии Данғара 9 хона ва аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии мактаби Президентӣ дар ноҳияи Данғара 5 хона барои кормандони ДДТХ ҷудо карда шуд.

Аз моҳи апрели соли 2017 корҳои сохтмонии бинои маъмурии ДДТХ ва хобгоҳи донишҷӯён, ки дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шуда буд, оғоз гардидааст ва босуръат идома дорад. Ҳамчунин, дар ин давра лоиҳаи 3 биноҳои таълимӣ низ аз ҷониби Институти лоиҳакашии «САНИОСП» таҳия ва тасдиқ гардидааст. Масъулини донишгоҳ ба он назаранд, ки дар баробари сохтмони иншооти таълимӣ бояд сохтмони биноҳои беморхонаи клиникӣ низ мувофиқи нақшаи генералӣ дар ин минтақа оғоз шавад, зеро тадриси донишҷӯён шуруъ аз курси 4-ум пурра дар ин иншоот ба роҳ монда мешавад.

Дар маҷмуъ, азми роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қавӣ ва нияташон нек аст. Мутамаинем, ки минбаъд низ дар ҳама ҷанбаҳо комёб хоҳанд шуд.

 

“ФАРАЖ” 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь