Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти шабакаи КАТС-и ноҳияи Спитамен хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари шабакаи мазкур Собитжонович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда нахуст қайд кард, ки ба аҳолии ноҳия 2 маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 марказҳои саломатии деҳот, 8 бунгоҳҳои саломатӣ ва маркази Стоматологӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Инчунин дар ноҳия маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази мубориза ва ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, маркази мубориза аз БПНМ/ВНМО, маркази иммунопрофилактика, маркази солимии репродуктивӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Сохтори КАТС-и ноҳияи Спитамен дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2 декабри соли 2008 таҳти №600 дар бораи “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” муассисаҳои КАТС-и ноҳия аз санаи 1 майи соли 2023 фаъолият бурда истодааст.
Базаи кадрӣ
Номбурда қайд кард, ки дар муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Спитамен ҳамагӣ 351 нафар кормандон кору фаъолият мебаранд, ки аз онҳо табибон 85 нафар, ҳамширагон 200 нафар ва дигарон 66 нафарро ташкил медиҳад.
Табибони дорои тахассуси дараҷанокӣ дошта 45 нафар буда 52,9 %-ро ташкил медиҳад. Аз онҳо: Олӣ – 32 нафар, якум 7 нафар, дуюм 6 нафарро ташкил медиҳад.
Табиби оилавӣ 42 нафарро ташкил медиҳад. Дараҷанокии табибиони оилавӣ 33 нафар (76,7%), аз онҳо: олӣ – 25 нафар, якум- 4 нафар, дуюм- 4 нафарро ташкил медиҳад.
Табиби соҳавӣ 42 нафарро ташкил медиҳад. Дараҷанокии табибони соҳавӣ 12 нафар (28,5%), аз онҳо: олӣ- 7 нафар, якум- 3 нафар, дуюм- 2 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи кормандони миёнаи тиб 200 нафар буда, аз онҳо 102 нафар (51,0%) дорои дараҷаи тахассусӣ мебошанд, аз он: Олӣ- 75 нафар, якум- 13 нафар ва дуюм- 14 нафар мебошад. Бисту се корманди миёнаи тиб барои гирифтани дараҷанокӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардааст.
Ҳамшираҳои оилавӣ 123 нафарро ташкил медиҳад. Дараҷанокии ҳамшираҳои оилавӣ 77 нафар (62,6 %), аз онҳо: олӣ- 65 нафар, якум- 7 нафар ва дуюм- 5 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамшираҳои соҳавӣ 78 нафарро ташкил медиҳад. Дараҷанокии ҳамшираҳои соҳавӣ 25 нафар (32,0%), аз онҳо олӣ- 10 нафар, якум- 6 нафар, дуюм- 9 нафар ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар табиб давраи ихтисосгирии аввалияро аз рӯи ихтисоси табиби нарколог гузаштааст, 1 нафар табиби амрози занона аз давраи такмили ихтисос гузаштааст. Инчунин 10 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ, 2 нафар момодояҳо ва 1 нафар озмоишгар аз давраи такмили ихтисос гузаштааст.
Дар давоми 6 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 18 нафар мутахасисон ба кор қабул шуданд. Аз онҳо: 1- нафар табиби оилавӣ, 17- нафар ҳамшираҳои тиб фаъолияти худро шурӯъ намудаанд.
Назорат ва хизматрасонӣ
Мавсуф афзуд, ки дар таҳти назорати диспансерии духтурони оилавӣ буданд, ҳамагӣ 11402 нафар бемор, аз он ба қайд гирифта шуд 818 нафар ва аз қайди диспансерӣ бароварда шуд 912 нафар. Айни ҳол зери назорати табибони оилавӣ қарор доранд 11308 нафар.
Дар таҳти назорати духтури соҳавӣ беморони дар қайди диспансерӣ ҳамагӣ буданд 5596 нафар, дар 6 моҳаи соли равон ба қайд гирифта шуд 275 нафар ва аз қайди диспансерӣ бароварда шудаанд 306 нафар, 5565 нафар беморони дар қайди диспансерии табибони соҳавӣ мебошанд.
Роҳхат барои бистарикунонии беморон дар давоми 6 моҳи соли 2024 ба 3226 нафар дода шуда, аз онҳо 1300 нафарашон бистарӣ шудаанд. Нисбати ҳамин давраи соли 2023 роҳхат барои бистарикунонии беморон ба 3221 нафар дода шуда, аз онҳо 1104 нафар беморон бистарӣ шуданд. Нисбати соли гузашта 196 нафар зиёд бистарӣ карда шудаанд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2024 ҳамагӣ беморшавӣ 43873 нафар беморӣ ба қайд гирифта шуда, нишондоди беморшавӣ – 282,1 нафар ба 1000 аҳолӣ рост меояд.
Беморшавии аввалӣ 40010 нафар беморӣ ба қайд гирифта шуда нишондодҳои беморшавии аввалӣ- 257,3 нафар ба 1000 аҳолӣ рост меояд.
Дар ҳамин давраи соли 2023 ҳамагӣ беморшавӣ 23846 нафар беморӣ ба қайд гирифта шуда, нишондоди беморшавӣ- 156,3 нафар ба 1000 аҳолӣ рост меояд. Беморшавии аввалӣ 20003 нафар беморӣ ба қайд гирифта шуда, нишондодҳои беморшавии аввалӣ- 131,1 нафар ба 1000 аҳолӣ рост меояд.
Садоқат ба пеша
Номбурда тазаккур дод, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 таҳти № 463, Қарори раиси вилояти Суғд аз 02.10.2019, таҳти №476 ва Қарори раиси ноҳияи Спитамен оиди “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024” дар давоми 6 моҳи соли 2024 якчанд чорабиниҳо гузаронида шуд.
Гурӯҳи корӣ оиди иҷроиши барнома ташкил карда шуда нақшаи – чорабиниҳо тартиб дода шуд. Дар давоми 6 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 282 нафар беморон бо фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамагӣ лексия- 38 маротиба, сӯҳбатҳо- 544 маротиба, варақаи деворӣ- 2 адад, тариқи радиои маҳаллӣ- 1 маротиба, дӯкони саломатӣ- 14 маротиба, таҷсимоти буклетҳо- 280 адад.
Дар давоми 6 моҳи соли равон скрининг дар байни аҳолӣ оид ба дарёфти зиёдвазнӣ ва беморони фарбеҳӣ ба 690 нафар калонсолон ва 320 нафар кӯдакони то 18 сола гузаронида шуд. Аз 690 нафар қишри калонсолон ба 113 нафар зиёдвазнӣ ва 78 нафар бо бемории фарбеҳӣ дарёфт шудааст. Аз 320 нафар кӯдакони муоинашуда 34 нафар бо зиёдвазнӣ ва 21 нафар бо бемории фарбеҳи дарёфт шудааст.
Айни ҳол зери назорат 1529 нафар дар қайд буда, аз онҳо ба 974 нафар зиёдшавии вазни бадан дида мешавад. Аз 1529 нафар гирифтори фарбеҳӣ 193 нафаршон кӯдакон ва 1336 нафар калонсолонро ташкил медиҳад.
Усулҳои нави ташхису табобат
Ҳамчунин, мавсуф изҳор дошт, ки баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат, дар муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Спитамен бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад таҷҳизоти гаронарзиши рентгени рақамӣ ва таҷҳизоти портативии ултросадо дастрас карда шудааст.
Муассисаҳои КАТС – и ноҳия бо таҷҳизотҳои Авторефрактомерия, Биомикроскопия (барои муоинаи чашм), таҷҳизоти Ултросадо, таҷҳизоти ЭЭГ, ЭКГ, таҷҳизотҳои физиотерапевтӣ, ҳуҷраҳои стоматологӣ бо мизҳои стоматологии замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Инчунин муассисаҳои КАТС – и ноҳия бо ташхисгоҳҳои замонавии биокимёвӣ ва клиникӣ таъмин мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар охири соли 2022 сохтмони бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи навбунёди ҷамоати деҳоти Куруш деҳаи Файзобод сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин бо дастгирии сафорати Ҷопон дар деҳаи навбунёди ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев деҳаи Навандарсой маркази саломатӣ сохта ба истифода дода шудааст.