Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣхабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисаи мазкур Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони коллеҷ бар ин назаранд, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Директори коллеҷ Шаҳло Ашӯриён бар ин назар аст, ки соҳаи маорифу тандурустӣ дар якҷоягӣ метавонанд, ҳаёти иҷтимоӣ ва солимии ҷомеаро таъмин намоянд.

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМ ва И ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатнома (литсензия), ки аз тарафи комиссияи якҷояи иҷозатномадиҳии ВТ ва ҲИА ҶТ ва ВМ ва И ҶТ № 0000060, № бақайдгирии 2, аз 05.04.2017с.)  соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст  (шаҳодатномаи силсилаи ВТҲИА ВМИ №0000073 аз 21.06 соли 2018,№3) ва тибқи он фаъолият менамояд.

Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ-лабораторӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки айни замон МДТ “Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад:

3 – бинои таълимӣ, 1 – хобгоҳ, 2 – Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”, 1 – Маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия, 1 – Маркази таълимӣ-табобатии стоматология, 1 – Маркази таъмири техникаи тиббӣ, 1 – Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ;

1 – Маркази таълимӣ-ахборотии таълими фосилавӣ оид ба банақшагирии оила;

Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ;

Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш;

1 – Маркази ташхисӣ-табобатӣ ва таълимӣ;

10 – ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ, физикӣ, техникӣ, фармакогнозия, анатомӣ, гигиенӣ, дандонсозӣ); 1 матбаа; 2 китобхона; Зиёда аз 410 кабинетҳои таълимӣ; 28 толори лексионӣ; 5 – синфхонаи компютерӣ; 3 – синфхонаи лингофонӣ; 3 – майдончаи варзишӣ; 2 – толори варзишӣ; 2 – толори маҷлисӣ барои 650 нафар; 2 – ошхона барои 350 кас.

Ҳамчунин, сохтмони бинои дармонгоҳ ва клиникии наздиколлеҷӣ дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, воқеъ дар кӯчаи Р.Набиев – №248 – ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022, №30 тасдиқ шудааст, оғоз карда шуда, таҳхонаи он ба пуррагӣ ба анҷом расидааст ва сохтмон идома дорад.

Марказҳои таълимӣ

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки дар нуҳ моҳи охир дар маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ 30 нафар аз курсҳои такмили ихтисос (1 моҳа) ва ихтисосгирии аввалия (се моҳа) гузаштанд, ки ба ҳамаи шунавандагон шаҳодатнома дода шуд.

Аз санаи 25.02 то 26.03 соли 2022 дар асоси мактуби КАТС – и ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар заминаи Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббии Коллеҷ курси такмили ихтисос аз рӯи “Кори ҳамширагӣ дар терапия”;

Аз санаи аз 31.01 то 28.02 соли 2022 дар асоси мактуби муассисаи давлатии Дармонгоҳи стоматологии шаҳрии ш. Душанбе аз рӯи барномаи “Кори ҳамширагӣ дар стоматология”;

Аз санаи 01.12.21 то 01.02. соли 2022 шунавандагони ихтиёрӣ аз курси ихтисосгирии аввалия аз рӯи “Кори ҳамширагӣ дар стоматология”;

Дар асоси мактуби роҳбарияти МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ”  7 нафар аз рӯи барномаи “Кори ҳамширагӣ дар терапия” ва 3 нафар шунаванда аз рӯи барномаи “Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия”.

Ҳамчунин, шунавандагон бо хоҳиши худ аз курси такмили ихтисос аз рӯи барномаҳои “Кори ҳамширагӣ дар стоматология”, “Кори ҳамширагӣ дар бемориҳои сироятӣ” ва ихтисосгирии аввалия  (семоҳа) аз рӯи барномаҳои “Кори ҳамширагӣ дар терапия”, “Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия” ва “Кори ҳамширагӣ дар стоматология” гузашта соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ дар маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия ҳамагӣ 594 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Аз ин миқдор ҷарроҳии лапароскопӣ – 58, ҷарроҳиҳои анъанавӣ 338 ва 17  ҷарроҳии амбулаторӣ  амалӣ шудаанд. Аз ҳисоби фаъолияти тиббии марказ ба хазинаи марказ 123866 сомонӣ ворид гардидааст.

Дар марказ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва қаблидипломӣ аз фанни ҷарроҳия ба роҳ монда шуда, то имрӯз 21 гуруҳи таълимӣ равон карда шудааст.

Маркази таълимӣ – табобатии Стоматология дорои 8 – курсии дандонпизишкӣ ва 1 – устохонаи дандонсозӣ бо асбобҳои замонавии дандонсозӣ таҷҳизонидашуда мебошад. Дар марказ кабинети алоҳида барои бесироятгардонии асбобу олоти стоматологӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳои бесироятгардонӣ муҷаҳҳаз мебошад ташкил карда шудааст. Марказ ҳамчун заминаи таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои кори дандонсозӣ ва табобати дандон истифода бурда мешавад. Дар давоми давраи ҳисоботӣ аз тарафи марказ ҷамъ ба 112 – нафар кормандон, донишҷуён ва шаҳрвандон, хизматрасонии даҳонпизишкӣ ба анҷом расонида шудааст.

Маркази таълимӣ – истеҳсолии таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ ба ҳамаи беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ  шартномаҳо баста, мувофиқи онҳо фаъолият дорад.

Айни замон дар маркази мазкур зиёда аз 10 номгӯи гиёҳчой аз ҷумла чойкаҳак, сӯзанкаҳ, субинак, пудина, гули бобуна, чачрақӣ, татум, лупанак, барги зуф ва хуч истеҳсол карда мешавад. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши маводи доругӣ шартномаи дуҷониба баста мувофиқи дархост онҳоро бо гиёҳчойҳои ватанӣ таъмин менамояд. Имрӯзҳо қариб дар ҳама нуқтаҳои гиёҳдармонии муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриамон гиёҳчойҳои дар маркази таълимӣ-истеҳсолии Коллеҷ истеҳсолшуда мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Гиёҳчойҳои дар корхона истеҳсолшаванда аз ташхиси Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузашта, соҳиби сертификати сифат мебошанд.

Айни замон дар Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ  ва  коркарди  гиёҳҳои  шифобахши  коллеҷ истеҳсоли равғанҳои растанӣ аз кунҷид, донаи бодоми талх, тухми зағир, меваи ангар ва тухми сиёдона дар назар дошта шудааст.

Дар бинои таълимии №2 бо дастгирии роҳбарияти коллеҷ зиёда 40 намуд гиёҳҳои шифобахш шинонида шуданд, ки ин барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён заминаи хуб мебошад. Баъзе аз ин растаниҳо дар Тоҷикистон якумин бор парвариш шуда истодаанд.

Дар маркази таълимӣ – истеҳсолии “Дорусозӣ” чор номгӯи доругиҳо, аз ҷумла паратсетамол, атсиди атсетилсалитсилӣ, глюконати калсий ва аналгин истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона истеҳсоли қурсҳои решаи гиёҳи Руян ва решаи чукрӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд қайд кунам, ки дигар марказҳое, ки фаъолият доранд, аз рӯи санҷишу назорат маъмурият фаъолиятҳояшон пурсамар арзёбӣ мегардад.

Базаи кадрӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  айни ҳол 602 – нафар кормандон фаъолият доранд.

Дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  3 – нафар докторони илмҳои тиб, 10 – нафар номзадони илми тиб, 1- нафар номзади илмҳои филологӣ, 1 – нафар номзади илмҳои педагогӣ  ва 1 – нафар номзади илмҳои биологӣ фаъолият доранд.

34 – нафар кормандони коллеҷ мукофоти соҳавии  “Аълочии тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 22 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар мукофоти соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 9 нафар бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 3 – нафар бо мукофоти давлатии  медали  “Шавқат”, 2 – нафар бо мукофоти давлатии  медали “Хизмати шоиста”, қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи  тиббии  ҷумҳуриявӣ” 75 – нафар омӯзгори калон, 111 – нафар омӯзгор, 149  – нафар ассистент фаъолият мекунанд.

Теъдоди омӯзгорон аз рӯи маълумот чунин мебошад:

– бо маълумоти олии тиббӣ  147  нафар омӯзгори асосӣ;

– бо маълумоти олии ғайритиббӣ  157 нафар;

– бо маълумоти миёнаи касбӣ 31 нафар.

Аз  моҳи январ то моҳи октябри соли 2022 аз курсҳои такмили ихтисос 60 нафар гузаштанд.

Ҳамчунин, 21 нафар омӯзгорон тибқи нақшаи дурнамо барои аз такмили ихтисос гузаронидан ба “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар назар аст.

Дастпарварони коллеҷ

Номбурда дар рафти суҳбат тазаккур дод, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» айни ҳол 8706 нафар донишҷӯ дар 580 гурӯҳи таълимӣ таҳсил намуда истодааст, ки аз ин шумора 7560 нафар дар гурӯҳои шартномавӣ ва 1146 нафар ройгон, таҳсил менамоянд.

Дар Коллеҷ 24 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Туркманистон – 6 нафар, аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 10 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 2 нафар, Ҷумурии Озорбойҷон – 1 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон – 1 нафар ва тоҷиконе, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро доранд 4 – нафар таҳсил менамоянд.

Ҳадаф ва самти фаъолият

Фаъолияти факултетҳо аз рӯи низомномаи факултет ва нақшаи корие, ки онҳоро директори коллеҷ тасдиқ намудааст, ба роҳ монда шудааст, фаъолият менамоянд.

Мақсад ва вазифаҳои асосии факултетҳо:

баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён;

баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиб;

тарбия кардани шавқу ҳавас ба касби интихобкардаашон;

беҳтар намудани раванди таълиму тарбия;

беҳтар намудани тарбияи ахлоқӣ, зебоишиносӣ, ватандӯстӣ ва ғайра;

беҳтар ба роҳ мондани корҳои кураторӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;

иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ободониву кабудизоркунии биноҳои Коллеҷ ва шаҳр.

пурзӯр кардани назорат аз болои ҷараёни таълиму тарбия дар гурӯҳҳо.

Айни замон дар Коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос мутахассис омода карда мешавад:

Кори табобатӣ; Кори момодоягӣ; Кори ҳамширагӣ дар косметология; Кори ҳамширагӣ; Кори дандонсозӣ; Кори табобати дандон; Кори тиббӣ – офиятӣ; Кори фарматсевтӣ; Корҳои тиббӣ – ташхисӣ; Корҳои тиббию профилактикӣ; Ташхис ва табобати нурӣ; Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти коллеҷ

Директори коллеҷ дар ҷараёни суҳбат қайд кард, ки ҳамасола дар байни донишҷӯён озмунҳои фаннии дохилимуассисавӣ гузаронида шуда, ғолибони он ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешаванд. Соли ҷорӣ донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён сазовор гаштанд.

Дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тамоми намудҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомнома “Оид ба таълими амалӣ” ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2020 таҳти №92 тасдиқ карда шудааст ба роҳ монда шуда, таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо гузаштанд.

Дар даври ҳисоботӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо марказҳои саломатии шаҳрӣ ва муассисаҳои тандурустӣ шартномаи дуҷониба ба муддати 5 сол баста шудаанд. Ба як қатор муассисаҳое, ки муҳлати шартномаашон ба анҷом расидааст, аз  нав шартномаи дуҷониба баста шуда  истодааст.

Таълими амалии донишҷӯён аз ҷониби бахши таълим, бахши таълими амалӣ,  мунтазам зери назорат қарор дошта, масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯроҳои олимон ва илмӣ-методӣ, ҷаласаҳои машваратии назди директор ва муовинони директор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад. Дар ин давра масъалаи мазкур чанд маротиба  дар ин ҷаласаҳо баррасӣ ва муҳокима карда шуданд ва нисбати беҳтарсозии ин бахши муҳими таълим қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда шуда, иҷроиши онҳо зери назорати маъмурияти коллеҷ қарор дорад.

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Шуъбаи илмӣ – методӣ тибқи нақшаи кории аз ҷониби директори таълимгоҳ тасдиқкардашуда ба амал бароварда шуд. Дар ин муддат 3 маротиба ҷаласаи ШИМ гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳалталабу лозимаи илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методӣ мавриди таҳлил ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳар як масъалаи дар рӯзномаи Шӯро гузошташуда ҳамаҷониба баррасӣ, таҳлил ва натиҷабардорӣ гашта, дар натиҷа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Иҷроиши қарорҳои қабулшуда доимо зери назорати  бахши таълимии коллеҷ қарор гирифтааст.

Фаъолияти илмии коллеҷ

Ҳамзамон, номбурда дар хусуси фаъолияти илмии муассиса сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки имрӯзҳо зиёда аз 34 нафар устодони таълимгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро идома дода истодаанд. Аз инҳо: 3 нафар доктори  илми тиб, 1 нафар номзади илми филологӣ, 1 нафар номзади илми педагогӣ, 1 нафар номзади илми биологӣ, 7 нафар номзади илми тиб ва 27  нафар омӯзгорон ҳамчун унвонҷӯй дар мавзӯъҳои гуногун корҳои илмӣ тадқиқоти бурда истодаанд. Ҳайати кормандони коллеҷ дар омодагӣ ва баргузории конференсияҳои илмиву амалӣ, семинарҳои илмӣ баромадҳо намуда, барои беҳтар ва ба сомон расонида истодаанд.

Дар Коллеҷ 2 нафар доктори илмҳои тиб, 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 12 нафар номзадони илмҳои тиб ва 2 нафар номзади илмҳои филология фаъолият доранд.

 Ҳамкориҳои коллеҷ

Дар рафти суҳбат мавсуф зикр намуд, ки коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.

Аз он ҷумла Коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии   ш. Душанбе нисбати омодасозии Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва ихтисосҳои алоҳида, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои алоҳидаи таълимӣ, таҳияи адабиётҳои таълимӣ, ташкил, омодасозӣ ва иштирок намудан дар конфронсу семинарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани Олимпиадаҳои донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон ва зерсохторҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳамкории пурсамар дорад.

Ҳамчунин, бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария (Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ).

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ЮНФПА (Хазинаи нуфузи аҳолии СММ), Ҳилоли Аҳмар, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, як қатор Академияҳо, Донишгоҳу Донишкадаҳо ва коллеҷҳои хориҷи кишвар аз қабили Академияи тиббии баъдидипломии Белоруссия, Донишгоҳи тиббии ба номи Сеченови ш.Москва, Донишгоҳи ш.Глазгои Шотландия ва ғ. барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.

Нашрияи лоиҳаи “Тақвиятбахшии хизматрасониҳои офиятбахшӣ дар системаҳои тандурустӣ” бо дастгирии олиҳимматонаи мардуми Амрико тавассути Агентии  ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар доираи созишномаи ҳамкории “Шарикӣ Плюс” рақами 7200AA18CA00032, ки 28 сентябри соли 2018 маблағгузорӣ шудааст, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-таълимии JSI, Инкорпорейшн ва ташкилоти “UCP Wheels for Humanity” амалӣ гардидааст.

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ташкилоти USP Wheels for Humfnity (UCPW) (Ҷамъияти фалаҷи майнагӣ “Чарх барои башарият”), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT – World Confeeration for Physical Therapy) лоиҳаи “Мустаҳкамгардонии хадамоти офиятбахшӣ дар соҳаи тандурустӣ” ҳамкорӣ менамояд.

 Аккредитатсияи байналмилалӣ

Номбурда дар фароварди суҳбат қайд кард, ки 20-уми майи соли 2022, бо мақсади мутобиқ гардонидани фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва таҳкими мақоми муассиса дар арсаи байналмилалӣ, ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионӣ бо иштироки байналмилалӣ дар бинои асосии коллеҷ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода И.С., сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ С.Ҷ., кормандони сохторҳои номбурда ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок доштанд. Ба ҳайати комиссияи экспертии Маркази Авруосиёии аккредитатсионӣ, таъмини сифати таҳсилот ва тандурустӣ (ECAQA), директори маркази номбурда д.и.т., профессор Сарсанбаева Сауле Сергазиевна ва машваратчии илмии маркази мазкур, Мушовири федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ, узви Шӯрои директорони шабакаи Осиё ва Уқёнуси ором оид ба таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ (APQN), д.и.т. Нурманбетова Фарида Нусупжановна ширкат варзиданд.

Бо дарназардошти ҷаҳонишавии таҳсилоти ватанӣ, рушди илм ва талаботи замони муосир ба раванди таълим коллеҷ барномаҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои муосири давлатию байналмиллалӣ такмил, технологияҳои нави таълимиро ҷорӣ, рушди касбӣ ва шахсии ҳар як кормандро баҳо медиҳад. Маҳз, ба шарофати фаъолияти самараноки байналмилалӣ МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз ҷониби созмонҳои бонуфузи хориҷӣ эътироф шудааст.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь