Бо мақсади бо вазъ ва шароити Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо ректори муассисаи мазкур Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба фаъолият пардохта, бо шарофати истиқлолият соли 1992 ба донишгоҳ табдил дода шудааст. Донишгоҳ барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассисон тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 соҳаи тандурустиро яке самтҳои афзалиятнок муайян намуда, дар беҳтар намудани дастрасӣ, сифат, самаранокии хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа аҳамияти хоса медиҳад. Ҷиҳати ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббии ба талоботи замони муосир ҷавобгӯ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” тасдиқ гардидааст.

Аз ҳамин лиҳоз, ҳадафи асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, маҳз омода намудани мутахассисони кордону тавонои соҳаи тандурустии ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷомеа ва тақозои замон арзёбӣ гардидааст.

ДДТТ дар давраи 80 соли фаъолияташ зиёда аз  43 ҳазор мутахассисони соҳаи тибро тайёр кардааст, ки 66,5%-и он (28617 нафар) ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меоянд. Аз ҷумла, 1572  нафарашон  шаҳрвандони хориҷӣ аз 37 давлати  хориҷӣ мебошанд. Дар 11 соли охир  ба донишгоҳ 1569 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ қабул карда шуда, донишгоҳро 1201 нафар хатм кардаанд.

Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули нерӯи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот назаррас аст. Дар давраи истиқлолият аз ҷониби кормандони донишгоҳ 1162 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 186 рисолаи докторӣ ва 976 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015” роҳандозӣ шуд, ки дар ин давра пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ пурзӯр гардида, як қатор биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар маҷмуъ, раванди таҳсилот ба низом дароварда шуда, шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яке аз сарватҳои арзишманди донишгоҳ захираи кадрии он ба ҳисоб меравад. Айни замон, ҳайати профессорону омӯзгорони асосии донишгоҳ 704 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 372 (52,8%) нафарашон занҳо мебошанд. Аз ин шумора, 318 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, дараҷанокии илмӣ дар донишгоҳ 49,7%-ро ташкил медиҳад. Аз онҳо, 4 нафар академик, 2 нафар узвҳои вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 84 нафар докторони илм, профессор, 234 нафар номзадони илм, дотсентон ва 339 нафар муаллимони калон ва ассистентонро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавони 207 нафар (29,4%) мебошанд.

Дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 10509 нафарро ташкил медиҳад ва якҷоя бо муҳассилини баъдидипломӣ, теъдоди умумии таҳсилкунандагони донишгоҳ 12106 нафарро ташкил мекунад. Теъдоди донишҷӯдухтарон 4350 нафар буда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 41,4%-ро ташкил медиҳад. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда – 986 нафар (9,4%) буда, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ – 1534 нафар (14,6%) мебошад. Дар донишгоҳ 5 факултет фаъолият дорад, ки миқдори зиёди донишҷӯён дар факултети тиббӣ таҳсил мекунанд, ки он дар маҷмӯъ 8457 нафар ё 80,5%-ро ташкил медиҳад. Дар факултетҳои педиатрӣ – 644 нафар (6,1%), стоматологӣ – 757 нафар (7,2%), фармасевтӣ – 354 нафар (3,4%) ва НТҶ – 297 нафар (2,8%) донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди муҳассилини қисми илмӣ – 209 нафар, теъдоди муҳассилини қисми муолиҷавӣ – 810 нафар, теъдоди шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ – 412 нафар. Дар маҷмӯъ, сол ба сол афзудани таҳсилкунандагон дида мешавад.

Таълиму тадриси донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломӣ дар 61 кафедраҳои донишгоҳ ба  роҳ монда шудааст, ки аз онҳо 38 кафедраҳои клиникӣ, 16 кафедраҳои тибби назариявӣ, 7 кафедраҳои умумитаълимӣ мебошанд. Дар кафедраҳои донишгоҳ таҷҳизотҳои муосири раванди таълимӣ дастрас буда, кафедраҳо дорои озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ мебошанд.

Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дастгириву ғамҳориҳои Пешвои маорифпарвари тоҷикон ба мо нерӯву тавоноӣ бахшида, водор месозад, ки ворисони воқеии абармардони илми тиб, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино бошем ва вазифадорем, ки кадрҳои баландихтисос тарбия кунем, то ин ки дар рушди илми тибби муосир низ мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем.

Дар самаранокии фаъолияти донишгоҳи тиббӣ, таъмини фазои мусоиди корӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии донишгоҳ, нақши Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас аст.

Дастовардҳо дар даврони истиқлол

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ тасмим гирифт, ки баҳогузории фаъолияти донишгоҳ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида шавад. Дар ин раванд, моҳи окятбри соли 2019 экспертони байналмилалӣ аз Агентии мустақили аккредитасияи ва рейтинг (НААР) ба донишгоҳи тибби даъват карда шуда, ҷараёни фаъолиятро аз рӯи стандартҳои Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти донишгоҳ ва устувор гардонидани мақоми донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, бо ташаббуси ректори донишгоҳ профессор Гулзода М. Қ. дар моҳи октябри соли 2019 донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт.

Аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) дар моҳи октябри соли 2019, аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ), барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология” бо муҳлати 5 сол ва барномаи таълимии ихтисоси “Нигоҳдории сиҳатии омма”-и донишгоҳ бо муҳлати 3 сол гузаронида шуда, аз 22 ноябри соли 2019 Сертификатҳои аккредитатсияи байналмилалӣ дода шуд ва донишгоҳ дорои 4-то Сертификати аккредитатсияи байналмилалӣ гардид.

Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудани санги асос барои бунёди Бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳраки Шифобахш, ки сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои хусусии донишгоҳ бо маром идома дорад.

Таъсис ёфтани Озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги на танҳо Донишгоҳи тиббӣ, балки соҳаи тандурустии кишвар низ мебошад, имрӯз доираи фаълияташро густурда, робитаашро бо марказу муассисаҳои хориҷӣ ба роҳ монда, соҳаҳои бештари табобати беморонро бо ҳуҷайрадармонӣ фаро гирифтааст.

Стандартҳо ва  Нақшаҳои нави таълимии ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Стоматология», «Фарматсия» ва «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеъа» ба Стандартҳои таҳсилоти тиббии байналмиллалӣ мутобиқ кунонида шуда, дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар донишгоҳ амалӣ намудани Консепсияи “Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ҳамчунин, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 27 августи соли 2020, таҳти №1 факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии донишгоҳ ба факултети тиббӣ-профилактикӣ табдил дода шудааст.

Таъсис ва фаъолияти самараноки Маркази Конфутсия ва рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои омӯзиши забонҳои  англисӣ, олмонӣ, хитоӣ.

Ҳамасола иштирок ва ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил гаштани теъдоди  зиёди донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

Истифодаи васеъи технологияи муосири таълимӣ (усулҳои фаъол ва интерфаъоли таълимӣ) ва иттилоотию компютерӣ (истифодаи проектори мултимедӣ, тахтаҳои электронӣ, технологияи симулятсионӣ, микрофилмҳо, аёниятҳои таълимӣ ва ғайра) дар раванди таълими ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ.

Мутобиқкунонии мавзӯҳои фанҳои умумитаълимӣ ва назариявии тиббӣ ба илми тиб ва интегратсияи байнифаннӣ.

Беҳтар гардидани сатҳу сифати азхудкунии малакаҳои амалӣ ва муоширатии касбӣ аз ҷониби донишҷуён бо истифодаи самараноки технологияи муосири симулятсионии Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ ва дар Соли таҳсили клиникӣ.

Аввалин бор дар соли таҳсили 2016-2017 воридсозии барномаҳои нави автоматикикунонидашудаи компютерӣ, ки баҳогузории савияи дониш ҳангоми санҷишҳою имтиҳонҳо тариқи электронӣ имконпазир гардид. Татбиқи системаи мазкур дар ҷараёни таълим шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ ва баҳогузориро феълан дар назди донишҷӯ бе дахолати ғайр таъмин менамоя.

Мукаммал намудани инфраструктураи донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо таъсиси сохторҳои наву муосир баҳри ташаккули системаи идоракунӣ ва муосиргардонии ҷараёни баҳодиҳӣ ба сифати таълим.

Ба пуррагӣ ба роҳ монда шудани қабули имтиҳонҳои фосилавию ҷамъбастӣ, санҷишҳои назариявӣ тариқи тестӣ, хаттӣ бо барномаи автоматикикунонидашудаи компютерӣ ва санҷишу имтиҳонҳои амалӣ тариқи ОСКЭ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бо истифода аз беморони стандартизатсиякунонидашудаю технологияи муосири симулятсионӣ бо ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ.

Таҳкимёбии таҳияи лоиҳаи илмии ивеститсионӣ ва ҷалби грантҳо.

Азнавсозӣ ва ба истифода додани ду биноҳои сохтмонашон нотамоми таълимии воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш” бо масоҳати умумии 9 400 м2 ва  масоҳати муфиди таълимии 6 056,77 м2 бо ҷойгиркунии Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бунёд шуда, бо технологияи муосири симулятсионӣ (симуляторҳо, муляжҳо, фантомҳо, таҷҳизоти тиббӣ) ва таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар марказ шароити муфиди таълимӣ барои омӯзишу сайқал додани  зиёда аз 400 малакаҳои амалӣ ва муоширатии касбӣ муҳайё карда шудааст. Биноҳои нави таълимӣ рӯзи 29 августи соли 2017 бо иштироки сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуқоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санги асос гузошта шуд.

Баъд аз таъмири асосӣ барои истиқомат мавриди истифодабарӣ дода шудани хобгоҳи №5-и донишгоҳ барои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда.

Бо шарофати истиқлолият ва талошҳои роҳбарияти донишгоҳ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳою лавозимотҳои наву муоисир ҷиҳозонида шудани 8-то биноҳои таълимии Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахши донишгоҳ, аз ҷумла кафедраҳо (забони тоҷикӣ, микробиология, химия, гистология, анатомияи одам, анатомияи патологӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ, тибби ҳарбӣ, беҳдошт ва муҳити зист, беҳдошт ва экология, стоматологияи кӯдакона, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, эпидемиология, НТҶ ва ғайраҳо), марказҳо (Маркази омодагии қаблӣ, Маркази таълимӣ – клиникии “Стоматология”).

Пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳою лавозимотҳои наву муоисир ҷиҳозонида шудани корпуси химияи донишгоҳ.

Зиёд шудани масоҳати таълимии муфид бо ҷойгиркунии 9 кафедраҳои клиникии донишгоҳ: таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона, бемориҳои ҷарроҳии №1, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ, травматология ва ортопедия, варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқ, бемориҳои кӯдаконаи №1, акушерӣ ва гинекологии №1, тибби судӣ, тибби оилавии №2 дар пойгоҳи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол».

Сазовор гаштани 137 нафар устодони донишгоҳ ба дастоварҳои назаррас ва қадрдонии онҳо бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ барои хизмати содиқона ва софдилона.

Ҳамасола ишғол кардани донишгоҳ ҷои дуюм дар байни 39 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, мувофиқи рейтинги муассисаҳои олии касбии кишвар, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Таъсиси маҷаллаи илмӣ-оммавии “Авҷи зуҳал” барои нашри мақолаҳои илмӣ бо забони давлатӣ.

Аз ҷониби раёсати донишгоҳ таъсиси «Толори тиб» дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон.

Сатҳи байналмилалӣ пайдо кардани донишгоҳ, бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо 138 муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии ҳориҷӣ.

Донишгоҳ зиёда аз 41 лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалии грантӣ бархурдор гардида, бо ташкилотҳо ва шарикони хориҷӣ фаъолона ҳамкориро ба роҳ мондааст. Тибқи созишномаҳои амалигардида дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқотҳои илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд.

Шомил шудани ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба каталоги Таҳсилоти байналмилалии тиббӣ (FAIMER), Комиссияи Таълимии хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии хориҷӣ (ECFMG) ва директорияи донишгоҳҳои тиббии Ташкилоти умумиҷаҳонии тиббӣ (ТУТ).

Ба роҳ мондани фаъолияти самараноки 5 Шӯрои диссертатсионӣ дар донишгоҳ. Аз онҳо як Шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва чортои дигари он дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки барои ҳимоя гардидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ заминаи хубе фароҳам меоварад.

“Ихтироъкори беҳтарини сол”-и ҷумҳурӣ гардидани 3 нафар олимони ҷавони донишгоҳ.

Сазовори “Беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон” гардидани 2 нафар устодони донишгоҳ.

Аввалин бор дар таърихи ҷумҳурӣ ба нашр расонидани китоби 5-ҷилдаи “Энсиклопедияи мухтасари тиб”, ки дар он таърихи ҳамаи дастовардҳои тибби миллӣ ва табибони тоҷик оварда шудааст. Инчунин, соли 2012 нашр гардидани китоби “Андарзнома дар бораи тиб ва табиб ”аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷуёни болаёқати донишгоҳ бо забони давлатӣ ва русӣ.

Дар зиёда аз 50 давлатҳои хориҷӣ кору фаъолият кардани хатмкардагони донишгоҳ, боиси ифтихор ва афзун кардани обрую нуфузи донишгоҳ ва ватану миллати азизи мо Тоҷикистон гаштааст.

Таъсиси “Мактаби байналмилалии тобистона”ва рушди он бо муаррифии донишгоҳ ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.

Саҳмгузории назарраси устодони донишгоҳ дар таъсиси Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон дар ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани табобати беморон бо пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон.

Саҳмгузории устодони кафедраҳои клиникии равияи терапия, педиатрия барои ташхису табобати 60%-и беморон ва устодони кафедраҳои тахассусии ҷарроҳӣ дар 50%-и амалиётҳои ҷарроҳӣ дар муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе.

Таъсиси Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ (соли 2010) ва табдил додани он ба Маркази таҳсилоти баъдиипломӣ (соли 2015).

Ташкили курси «Омӯзгори мактаби олӣ», Маркази рушди омӯзгор ва таҳкимбахшӣ ба потенсиали касбию педагогии омӯзгорони ҷавон ва ҲПО-и донишгоҳ.

Саҳми арзандаи роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ дар бурдани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ва зиддиэпидемикӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19, ташхису табобати беморони гирифтори бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар беморхонаҳои ш. Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳурӣ, тайёр кардани табибони сироятшинос аз ҳисоби табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаҳою Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳурӣ тариқи курсҳои омӯзишии кутоҳмуддат.

Мавсуф дар анҷоми суҳбат зикр намуд, ки Раёсати донишгоҳ дар кору фаъолияти худ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустии ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва солимгардонии ҷомеа аз ҳамаи имконотҳои мавҷуда, самаранок истифода хоҳад бурд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин боргоҳи ҳунари дорои нерӯи бузурги созанда анъанаҳои миллиро ҳифз ва малакаҳои тиббиро ташаккул дода, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ муваффақият ба даст оварда, аз муассисаи таълимӣ ба Маҷмааи илмӣ-инноватсионии таълимӣ табдил ёфта, дар таъмини таҳсилоти пурсамар, тайёр кардани мутахассисони баландсифати сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматрасонии инноватсионии табобатӣ дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ мавқеи пешоҳанги худро ҳифз хоҳад намуд.

Аз фурсати мусоид истифода бурда, мехоҳам мардуми шарафманди тоҷикро бо Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям ва таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳ пойдору истиқлол ҷовидон бошад.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь