Пешаи табибӣ – яке аз касбҳои қадимтарин буда, одамони малакаи табобати беморӣ дошта, ҳама вақт соҳибифтихор буданд ва ҳастанд. Бо мурури замон тиб ҳамчун илм бештару зиёдтар инкишоф ёфт, дониш систематизатсия шуд. Табиб ва омӯзгор – ин ду пешае ҳастанд, ки барои онҳо дӯст доштани одамон аз хислатҳои ҳатмист. Табибону ҳамшираҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ин гуфтаҳо сазовор буда, ҳамеша бо чеҳраи кушода ва муносибати хуб дар хизмати мардуми ноҳия ҳастанд. Исботи ин гуфтаҳо муроҷиати бештари мардум ва навбатпоии онҳо дар назди утоқҳои онҳост. Ҳамчунин, арзи сипоси эшон аз онҳост, ки дар вақти ташрифи банда аз чандин нафарашон дар алоҳидагӣ шунида шуд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оиди хизматрасонии тиббӣ ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони ноҳия ва берун аз он ёрии тиббии худро мерасонад.
Фаъолияти муассиса ва хизматрасонии он мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №252 “ Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дорои 9 шуъба буда, аз 320 кати бистарӣ иборат мебошад. Аз инҳо дар шуъбаи таваллуд – 60 кат, шуъбаи ҷарроҳӣ – 65 кат, шуъбаи занона – 20 кат, шуъбаи эҳё – 6 кат, шуъбаи сироятӣ – 50 кат, шуъбаи амрози дарунӣ – 30 кат, шуъбаи бемориҳои дил – 20 кат, шуъбаи бемориҳои асаб – 25 кат, шуъбаи кӯдакона – 50 кат, ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ҳуҷраҳои рентген, УЗИ, хунгузаронӣ, таҳлилгоҳ, МРТ ва физитерапевтӣ ҳамчун ҳуҷраҳои ёрирасон фаъолият мекунанд.
Инчунин, дар ноҳия 3 беморхонаи минтақавии деҳот, инчунин, Беморхонаи №1 ва беморхонаи бемориҳои сил бо 145 кат фаъолият доранд, ки аз инҳо 65 кат дар беморхонаи рақами №1, ҷамоати деҳоти Даштигуло, 25 кат дар Беморхонаи деҳотии ҷамоати Меҳнатобод, 20 кат дар Беморхонаи деҳотии ҷамоати Қаҳрамон, 15 кат дар Беморхонаи деҳотии ҷамоати Турдиев, 20 кат дар Беморхонаи сил ҷойгир шудааст.
Дар шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия 52 табиб, ки аз инҳо 34 нафарашон дараҷанокӣ доранд, аз он ҷумла, олӣ – 14 нафар, якум – 14 нафар, дуюм – 6 нафар мебошанд. Ҳамшираҳои тиббӣ бошанд, 365 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 162 нафарашон дараҷанокӣ доранд, аз он ҷумла олӣ – 76 нафар, якум – 21 нафар, дуюм – 65 нафарро ташкил медиҳанд. Фаррошон бошанд, 190 нафарро ташкил медиҳанд ва 45 нафар кормандони дигар. Ҳамагӣ 652 нафар дар Беморхонаи марказии ноҳия ва се беморхонаҳои деҳот кор ва фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо 462,75 ҳиссаи кориро ташкил медиҳанд.
– Дар Беморхонаи марказӣ дар чор моҳи соли 2022 як табиби ҷавон – табиби эҳёгар ва инчунин, 20 корманди миёнаи тиб ба кор қабул карда шудаанд. Тайи чор моҳи соли 2022 дар Беморхонаи марказӣ 1976 бемор бистарӣ карда шудааст, 1955 рухсатӣ карда шудааст, аз инҳо 33940 катҳои нақшавӣ ба ҳисоб мераванд, гардиши катҳо 6,1 % – ро ташкил дода, иҷроиши катҳо бошад, 37,1 % – ро ташкил медиҳад.
Миқдори ҷарроҳиҳо дар шуъбаи ҷарроҳӣ 148 ададро ташкил медиҳад, ки миқдори катҳои нақшавӣ 65 адад ва иҷроиши кат/рӯз 33,5 % мебошад. Дар шуъбаи таваллуд ҳамагӣ 1239 нафар бемор бистарӣ шуда, 1239 бемор рухсатӣ шудааст. Ҳамагӣ зоиш 1106 нафаро ташкил додааст, ки аз инҳо 98 нафар ба тариқи буриши қайсарӣ сурат гирифтааст.
– Дар давоми чор моҳи соли 2022 роҳбарият ва тамоми кормандони беморхона, кормандони беморхонаҳои деҳот дар ободонӣ ва кабудизоркунии саҳни ҳавлӣ ва ҳуҷраҳои кори беморхона саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, саҳни ҳавлӣ бо гулҳои ороишӣ, дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан оро дода шудаанд. Инчунин, ободонии ҳуҷраҳо ва таъмири косметикии шуъбаҳо гузаронида шуд. – мегӯяд Насриддинзода К.Ҳ., сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
С. Халилиён, МТЖТ