Сухан чун аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Сухан дар бораи нафароне меравад, ки собиқаи чандсолаи корӣ дошта, ҳабиби мардумонанд ва дасти шафқатбори эшон шабу рӯз баҳри дармонбахшии дардмандон аст. Онҳо киҳоянд? Нафароне, ки мо дар бораашон сухан оғоз кардем табибони Муассисаҳои кӯммаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик мебошанд.

Роҳбарияти беморхонаи маркази ва КАТС-и ноҳияи Темурмалик фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Темурмалик ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар 5 моҳи соли 2022 ҳаҷми корҳои муайяни соҳавӣ, ободию бунёдкориро ба анҷом расонидаанд.

Айни замон дар беморхонаи марказии ноҳия шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, эҳёгарӣ, шӯъбаи қабул, кӯдакона, сил, бемориҳои дил, ёрии таъҷилӣ ва сироятӣ, Ҳуҷраҳои ташхисию табобатии рентгенӣ, физиотерапевтӣ, сабти барқи дил (ЭКГ), дандонпизишкӣ, хатна, таҳлилгоҳ, сил ва Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди ВНМО ва иммунизатсионӣ фаъолият намуда, ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 2-Муассисаи давлатии марказҳои дар алоҳидагӣ фаъолияткунанда, 1 ҳуҷраи ташхиси нурҳои рентгенӣ, 2 ҳуҷраи дармонбахшӣ, машғули хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия мебошанд.

Беморхонаи марказӣ дорои 155 кат, Беморхонаи №1 дар ҷамоати деҳоти Кангурт дорои 50 кат, Беморхонаи №2 дар ҷамоати деҳоти С.Раҳимов дорои -25 кат ва Беморхонаи сили ноҳия дорои -10 кат буда баҳри қабулу табобати беморони ноҳия измат мекунанд. Маркази саломатии ноҳиявӣ барои -150 нафар дар як баст, 12 адад Марказҳои саломатии деҳотӣ, 31 адад бунгоҳҳои саломатӣ ва 6 адад дорухонаҳо дар ҳудуди ноҳия шабу рӯз дар хизмати мардуманд.

Шумораи табибон 66 нафар, шумораи табибон дар беморхонаи марказӣ 21 нафар, дар беморхонаи №1 -7 нафар, дар беморхонаи №2- 2 нафар, дар К.А.Т.С бошад 29 нафар мебошанд. Шумораи табибони кӯдакона дар бемохона -3 нафар, дар КАТС- 1 нафар, ҷарроҳи кӯдакона 1 нафар дар беморхона, табибони неонатолог -1 нафар ҳастанд. Шумораи кормандон дар беморхонаи марказӣ – 124 нафар, дар беморхонаи №1 – 29 нафар, дар беморхонаи №2 – 7 нафарро ташкил мекунанд,

– Дар соли 2023 дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамии №1 ва №2 шаҳрвандон бо бемориҳои гуногун муроҷиат кардаанд, ки онҳо бистарӣ карда шудаанд. Ба БМН 1945 нафар муроҷиат карданд аз ҷумла ба шуъбаи эҳёгарӣ 197 нафар, Шуъбаи кӯдакона 148 нафар, Шуъбаи амрози даруна 102 нафар, Шуъбаи ёрии таъҷили 1913 нафар, Шуъбаи бемориҳои сироятӣ 162 нафар, Шуъбаи қабул 1945 нафар, ҳуҷраи сабти дил 523 нафар. Дар давоми соли 2023 дар БМН 214 адад ҷарроҳиҳои гузаронидашуда шудааст.

Аҳолии ноҳия 76500-нафар буда, бо таври умумӣ дар соҳа таъминот бо табибони дорои таҳсилоти олӣ 91,7 % ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 100 %-ро дар 10 ҳазор аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин 25 нафар донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон таҳсил менамоянд. Бояд қайд намуд, ки сол то сол теъдоди донишҷӯён зиёд гардида истодааст ҳамагӣ 100 нафар донишҷӯён ба Донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардида, таҳсилро идома дода истодаанд.

Бо мақсади рушду нуъму ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ зиёда аз 20  Барномаҳои соҳавӣ амал менамояд. Сохтмон дар шӯъбаъҳои “Эҳёгарӣ”, ”Ҷарроҳӣ” ва “Кӯдакона”-и беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Бонки рушди Олмон ба миқдори 1,9 миллион “Эвра” корҳои азнавсозии шӯъбаҳои болозикр ба анҷом расида бо таҷҳизотҳои замони муосири тиббӣ таъмин гардиданд. Дар ин маврид корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи ҷамоати деҳоти Кангурт ба анҷом расонида шуда, дар беморхонаи №2, ҷамоати деҳоти ба номи С.Раҳимов сохтмон бо суръат давом дорад. – мегӯяд, О. Азиззода, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик.

Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар зертобеъи худ 44-муассисаи тибби дошта, аз он ҷумла 1-Маркази саломати ноҳиявӣ, 10-Маркази саломатии деҳотӣ ва 33-бунгоҳи саломатӣ дорад, ки дар онҳо 28-духтурони маълумоти олидор, 219 нафар кормандони миёнаи тибби ва 51-нафар кормандони хурд ва дигар кормандон кору фаъолият менамоянд.

– Нисбати “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Темурмалик дар ҷамоати деҳоти Кангурт деҳаи Савда бунгоҳи саломатӣ, дар ҷамоати деҳоти Ҳусейнобод деҳаи Дусти Маркази саломатӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ва дар ҷамоати деҳоти С. Раҳимов деҳаи Чаган бунгоҳи саломатӣ аз тарафи соҳибкорон сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ҷамоати деҳоти Чилчаҳ деҳаи Лолазор барои сохтумони бунгоҳи саломатиӣ замин ҷудо карда ҳуҷҷатгузори ба охир расида барои сохтани бунгоҳ корбарӣ карда истодаанд.

Аз тарафи соҳибкорон дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи Танобчии поён, ки дар ҳолати садамавӣ буд аз нав сохта ба истифода дода шуд. Инчунин дар деҳаи Танобчии боло бунгоҳи саломатӣ ва дар деҳаи Навободи Танобчӣ бунгоҳи саломатӣ аз нав сохта ба истифода дода шуд. Дар ҷамоати деҳоти Кушктеппа деҳаи Маъмурдашт бунгоҳи саломатӣ аз тарафи Шайхони Араб сохта ба истифода дода шуд.

Дар ҷамоати деҳоти С.Раҳимов деҳаи Булагдашт бунгоҳи саломатӣ аз тарафи соҳибкорони деҳа таъмири капитали гузаронида шуд. Бунгоҳи саломатии деҳоти Иттифоқ ҷамоати деҳоти Чилчаҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт аз тарафи соҳибкорон бунгоҳи нав сохта дар арафаи анҷомёби қарор дорад. Аз ҳисоби буҷети ҳукумати маҳаллӣ беруни бинои Маркази саломатии ноҳиявӣ таъмири капиталӣ гузаронида шуд. Дар тавозуни КАТС-и ноҳия 8-мошинаи ёрии таъҷилӣ буда аз инҳо 6-тояш корношоям ва 2-тояш коршоям мебошанд,- мегӯяд, Д. Туйчихонова, Роҳбари КАТС-и ноҳияи Темурмалик.

Таваллуди умумӣ дар ноҳия 1722-нафар, дар таваллудхона бошад 1714-нафарро ташкил мекунад.

Бемориҳои сили ноҳия дар соли 2023 ҳамагӣ дар қайд 32-нафар мебошанд. Аз инҳо бори аввал 27-нафар, хуруҷи такрори 4 нафар, беморони микробхориҷкунанда БКА+19-нафар. Хуруҷи такрорӣ микробхориҷкунанда 4-нафар, шакли мутобиқгаштаи сил бори аввал 2-нафар ва фавт бошад-1-нафар мебошанд. Айни ҳол 23-нафар таҳти табобат қарор дошта, 7-нафар натиҷагириашон шифоёфт, 4-нафар натиҷагириашон анҷом ёфт, алоқамандон 120-нафар, манбаи сироят 7-нафар, муҳоҷири меҳнатӣ 5-нафар, диабети қанд 2-нафар ҳастанд. Аз сил соқит шуд 1-нафар, занҳои қобили таваллуд 6-нафар, ВНМО-нест, мард-20-нафар ва зан бошад -12-нафар.

Соли 2023 МТТҲС ноҳия бо ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия аз ҷумла бо шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оила, бахши муҳити зист ва бо як қатор муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумла Маркази ВНМО, Маркази иммунопрофилактикӣ, КАТС, Тибби оилавӣ, МСР, МНДСЭ, нақшаи муштарак тартиб дода ва ҳамкорӣ доранд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ тариқи воситаи ахбори омма дар соли 2023 дар рӯзномаи ноҳиявии “Истиқлол” оид ба пешгирии бемории Гулузиндонак, бемории диабети қанд, дарунравӣ ва дигар бемориҳо мақоллаҳо ба чор расонида шуд.

С. Халилиён,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь