Ё сохтмони бунгоҳи тиббие, ки шаш сол боз давом дорад

Каҷровут яке аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад. Аҳолиаш 1280 нафарро ташкил мекунад. Деҳа аз маркази ҷамоат 10 км ва аз маркази ноҳия тақрибан 40 км дуртар дар доманаи куҳҳо маскун гирифтааст.

Соли 2015 ягона бунгоҳи саломатии ин деҳа, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, вайрон карда шуд. Тасмим гирифтанда дар ҷояш бунгоҳи тиббии наву замонавие бунёд кунанд. Вақте санги асоси ин бино гузошта шуд, шодии мардум ҳадду канор надошт, аммо ин хурсандӣ ба як интизории тӯлоние табдил гардид. Инак, 6 сол мешавад, ки сохтмони ин бунгоҳ давом дорад. Ҳоло сохтмони бино ду сол инҷониб дар арафаи анҷомёбист. Устоҳо гоҳ-гоҳ аз ин бино “ҳамчун меҳмон” дидан мекунанд, ки бино дар ҷояш ҳаст, ё на.

Ҳоло як биное дар деҳа ба мардум ҳамчун бунгоҳи тиббӣ хизмат мерасонад. Ин идора ҳамагӣ аз се ҳуҷра иборат аст ва яктои он ба бунгоҳ табдил дода шудааст. Мардум аз ин мондаву аз вай ронда шудаанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь