Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бузургтарин таълимгоҳи миёнаи тиббии кишвар ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд, ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифта, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши онҳо тартиб дода шуда, мунтазам кор бурда мешавад.
Айни ҳол Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро номзади илми тиб, бонуи соҳибтаҷрибаву роҳикордон ва табиби ҳозиқу ғамхори омӯзгорону донишҷӯён Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода сарварӣ менамояд.
ПОЯИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ВА ТАЪЛИМӢ-ЛАБОРАТОРӢ
Феълан МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дорои заминаи моддӣ-техникии ба талабот ҷавобгӯй буда, аз 3 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳи замонавии чорошёна, 2 Маркази таълимӣ-истеҳсолии дору, 1 Маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия, 1 Маркази таълимӣ-табобатии стоматология, 1 Маркази таъмири техникаи тиббӣ, 1 Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 1 Маркази таълимӣ-иттилоотии таълими фосилавӣ оид ба банақшагирии оила, 4 ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ), зиёда аз 255 кабинетҳои таълимӣ, 10 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 1 толори конфаронсӣ барои 300 нафар ва 1 ошхона барои 80 нафар иборат мебошад. Ҳамчунин, сохтмони бинои нави замонавии Коллеҷ дар кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 бо масоҳати умумии 13 000 м2 (1,3 га), ки дорои майдончаи варзишии муҷаҳҳаз, сабзазор ва гулгаштҳо мебошад, идома дорад. Масоҳати таълимии бино 16 627м2 – ро ташкил медиҳад, ки барои 3 325 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. То имрӯз зиёда аз 90% – и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Аз оғози сол барои беҳтар намудани раванди таълим 114 адад компютер, 12 адад принтерҳои 3х1-25, 45 адад тахтаҳои электронӣ, 40 адад проекторҳои мултимедӣ, 400 ҷуфт мизу курсӣ барои синфхонаҳои таълимӣ, 50 адад ҷевони китоб, 109 адад мизҳои компютерӣ, 100 адад мизи яктумбадор, 91 адад ҷевони либос харидорӣ гардидааст.
Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 390, принтерҳо 89, тахтаҳои электронӣ 73, проектори мултимедӣ 75 ададро ташкил медиҳанд. 97 адад компютерҳо дар китобхона, маркази таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои мудирони кафедраҳо ва декани факултаҳо бо хати интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода менамоянд.
Маълумоти пурра доир ба фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар сомонаи интернетӣ бо суроғаи www.medcollege.tj мавҷуд мебошад, ки шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз сомонаи мазкур оид ба таърих, фаъолияти Коллеҷ, ҳайати кормандон, қоидаҳои қабул, шароити таълим, факултаҳо, ихтисосҳо ва ғайра маълумот гиранд.
МАРКАЗҲОИ ТАЪЛИМӢ-ТАБОБАТӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ
Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар соли 2017 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шудааст. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи нархномаи таҳсил, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ омода ва тасдиқ карда шуданд.
Дар марказ дар давоми давраи ҳисоботӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:
– Бо дархости МД Маркази саломатии шаҳрии №9, 7 нафар мутахассисони миёнаи тиб аз курси ихтисосгирии аввалия аз руи ихтисоси ҷарроҳия гузашта, соҳиби шаҳодатнома гаштанд;
– Тибқи нақша – чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи омӯзгорони марказ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аз 25 июни соли 2019 то 25 июли соли 2019 барои 52 нафар кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тандурустии вилоят курси такмили ихтисос доир ба мавзӯи “Масъалаҳои мубрами кори ҳамширагӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамаи иштирокчиён соҳиби шаҳодатнома гаштанд.
– Мутобиқи шартнома байни Коллеҷ ва Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27.05 соли 2019, №1) аз 30.07 соли 2019 то 30.08 соли 2019 – 10 нафар кормандони миёнаи тиббии раёсати мазкур аз курси такмили ихтисос доир ба мавзӯи “Шуғли ҳамширагӣ дар бахши ҷарроҳӣ” гузашта, соҳиби шаҳодатнома гаштанд.
– Барои 12 нафар кормандони миёнаи тиббии ҶДММ “Диамед” семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Хунгирӣ аз варид дар кӯдакони хурдсол” дар ҳаҷми 20 соати академӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамаи шунавандагони курс бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд.
Маркази таълимӣ – табобатии “Ҷарроҳия”
Маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (таҳти №333, аз 24.04.2010с.) соли 2010 кушода шудааст ва расман аз 1 январи соли 2011 фаъолият мекунад.
Дар давоми соли 2019 дар марказ ҳамагӣ 705 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст аз онҳо 291 ҷарроҳӣ тариқи дастгоҳи эдовидеоҷарроҳӣ амалӣ шудаанд. Аз ин миқдор 62 ҷарроҳии амбулаторӣ гузаронида шудааст. Дар марказ амалиётҳои зерини ҷарроҳӣ гузаронида шудаанд: холетсистэктомия; аппендэктомия; бемориҳои уролоҷӣ; амалиётҳои проктологӣ; эхинококки ҷигар; гинекологӣ; чуррабуррӣ; табобати осебҳо ва ғайра.
Айни замон дар марказ ҳамагӣ 12 нафар, аз ҷумла 3 духтури ҷарроҳ, 1 духтури эҳёгар, 6 ҳамшираи тиббӣ ва 2 ҳамшираи хурди тиббӣ фаъолият доранд.
Дар марказ 2 синфхонаи таълимӣ амал мекунад, ки бо мониторҳо ҷиҳозонида шудаанд ва тавассути онҳо донишҷӯён аз рафти амалиёти ҷарроҳӣ ва кори ҳамшираҳои тиббии ҷарроҳиро тамошо мекунанд. Дар марказ омӯзгорон низ ихтисоси худро мукаммал месозанд. Ба ғайр аз ин дар марказ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва қаблидипломӣ аз фанни ҷарроҳия ба роҳ монда шудааст. Кафедраи ҷарроҳии Коллеҷ низ дар заминаи Маркази миллии ташхисӣ-таълимӣ ва табобатӣ ҷойгир шудааст, ки бо маркази ҷарроҳӣ наздик буда имкон медиҳад, ки раванди машғулиятҳои амалӣ беҳтар карда шавад.
Маркази таълимӣ – табобатии “Стоматология”
Дар Маркази таълимӣ-табобатии “Стоматология”, ки роҳбарияшро духтури дараҷаи якум Холов Ш.Ф. ба ӯҳда дорад, 7 духтури дандонпизишк ва 3 устои дандонсоз кор мекунанд.
Маркази таълимии дандонсозӣ дорои 4 курсии дандонпизишкӣ ва 3 устохонаи дандонсозӣ бо асбобҳои замонавии дандонсозӣ таҷҳизонидашуда мебошад. Дар марказ хизматрасонии дандонпизишкӣ ба кормандон ва донишҷуён ба тариқи ройгон расонида мешавад. Дар давоми давраи ҳисоботӣ аз тарафи марказ оиди табобат ба 334 нафар кормандон, донишҷуён ва шаҳрвандон хизмати даҳонпизишкӣ ба анҷом расонида шудааст, аз ҷумла ба 78 нафар омӯзгорон, 110 нафар донишҷӯён ва 146 нафар шаҳрвандон.
Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш
Дар давоми соли 2019 дар марказ 7 000 қуттиҳои гиёҳчой омода карда шудааст. Дар анбори марказ айни замон ба миқдори 2,5 тонна гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ шудааст. Миқдори 3000 адад қуттии гиёҳчой ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ бо маблағи 19 500 сомонӣ тақсим карда шуд. Ҳамзамон дар марказ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаҳои кори фарматсевтӣ ба роҳ монда шудаст.
Айни замон дар маркази мазкур зиёда аз 10 номгӯи гиёҳчой, аз ҷумла чойкаҳак, сӯзанкаҳ, субинак, пудина, гули бобуна, чачрақӣ, татум, лупанак, барги зуф ва хуч истеҳсол карда мешавад. Ин аст, ки Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши маводи доругӣ шартномаи дуҷониба баста, мувофиқи дархост онҳоро бо гиёҳчойҳои ватанӣ таъмин менамояд. Имрӯзҳо қариб дар ҳама нуқтаҳои гиёҳдармонии муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриамон гиёҳчойҳои дар маркази таълимӣ-истеҳсолии Коллеҷ истеҳсолшуда мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Гиёҳчойҳои дар корхона истеҳсолшаванда аз ташхиси Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузашта, соҳиби сертификати сифат мебошанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии гиёҳҳо аз тарафи Коллеҷ гурӯҳи корӣ, аз ҷумлаи омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтӣ ва кормандони маркази мазкур ташкил карда мешавад ва барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла ба Сари Хосор, мавзеи Канаск, н. Шамсиддин Шоҳин, н. Варзоб ва дигар маконҳои зебоманзар сафар намуда, миқдори зиёди гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ менамоянд.
Марказ пайваста маҳсулоти истеҳсолиашро дар намоишгоҳҳои саноатӣ мавриди намоиш қарор медиҳад, аз ҷумла моҳи марти соли 2019 дар Ҷумҳурии халқии Хитой, 21 марти соли 2019 дар намоишгоҳ бахшида ба иди “Наврӯз” (ш. Душанбе), апрели соли 2019 дар рӯзи баргузории “Корвони саломатӣ” дар МД “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология”, 17 апрели соли 2019 дар ҷаласаи “Шурои директорон” (Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ), 21-22 майи соли 2019 дар намоишгоҳ бахшида ба рӯзи Ҷавонон (ш. Душанбе), 12 июни соли 2019 дар намоишгоҳи конференсияи илмӣ-амалӣ “Рушди кори ҳамширагӣ дар Тоҷикистон ва нақши технологияи муосир дар тиб (ш. Душанбе), 5 декабри соли 2019 зимни баргузории ҷаласаи машваратии Тафсири якҷояи соли 9 – уми амалишавии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар ш. Душанбе.
Маркази таълимӣ–истеҳсолии “Дорусозӣ”
Дар марказ чор номгӯи доругиҳо, аз ҷумла паратсетамол, атсиди атсетилсалитсилӣ, глюконати калсий ва аналгин истеҳсол карда мешавад. Аз оғози сол дар марказ 10 000 дона ҳабби паратсетамол 500 мг., 15 000 ҳабби кислотаи атсетилсалитсилӣ 500 мг №10 истеҳсол карда шудааст. Айни замон дар корхона истеҳсоли қурсҳои решаи гиёҳи Руян ва решаи чукрӣ дар назар дошта шудааст. Дар марказ то ҳол зиёда аз 100 гурӯҳи таълимии ихтисоси кори фарматсевтӣ машғулиятҳои қабликлиникӣ гузаштанд.
Маркази омӯзишии малакаҳои амалӣ
Маркази мазкур соли 2016 бо дастгирии Намояндагии Институти нигаҳдории тандурустии тропикӣ ва ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон” ташкил карда шудааст. Марказ аз 6 ҳуҷра иборат мебошад, ки бо муляжҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар маркази мазкур дар давоми давраи сипаригашта донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ ва кори момодоягӣ ба омӯзиши малакаҳои ҳамширагӣ сафарбар карда шудаанд.
Дар маркази мазкур машғулиятҳои қабликлиникии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин имтиҳонҳои тахассусҳои кори ҳамширагӣ дар марказ тариқи ОСКЭ қабул карда мешавад.
Маркази таълимӣ – иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила
Маркази мазкур соли 2016 дар доираи ҳамкории Коллеҷ бо UNFPA – Хазинаи Нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид ташкил карда шудааст. Маркази мазкур бо 20 адад компютерҳо ва 4 адад принтерҳо таъмин карда шуда, бо шабакаи Интернет пайваст мебошад. Дар давраи сипаригашта зиёда аз 60 гурӯҳи таълимии ихтисосҳои кори табобатӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ дар маркази мазкур ба омӯзиш сафарбар карда шудаанд.
ОСОИШГОҲИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВӢ ВА ФАРОҒАТӢ
Осоишгоҳи мазкур бо мақсади истироҳати кормандон ва фарзандони онҳо мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар заминаи осоишгоҳ Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш фаъолият дорад. Дар марказ донишҷӯёни факултаи фарматсевтӣ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолиро оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш мегузаранд.
Дар заминаи осоишгоҳ айни замон сохтмони маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони он оғоз гардидааст.
ЗАМИНАИ КАДРИИ КОЛЛЕҶ
Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 398 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. 32 нафар кормандони Коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 16 нафар бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар омӯзгорон бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 6 нафар бо ифтихорномаи “Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд.
Бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08 соли 2018, №1080 сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот – Мазабова Нуқра Илназаровна бо медали “Шафқат” қадрдонӣ шарда шуд.
Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3 нафар доктори илм, 11нафар номзади илми тиб ва 78 (24,6%) нафар омӯзгорон дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 52 (16,4%) нафар тахассуси дараҷаи якум ва 16,4 % ва 46 (14,5%) нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд.
Роҳбарияти Коллеҷ ҳамасола бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ҳамкорӣ менамояд. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо дар солҳои охир шумораи дараҷанокии омӯзгорон бештар шуда истодааст. Дар соли 2019 80 нафар омӯзгорони Коллеҷ ба курсҳои такмили ихтисос фиристода шудаанд.
ИШТИРОК ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Соли 2019 МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гашта бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 26 – апрели соли 2019 дар Коллеҷи омӯзгории н.Рӯдакӣ баргузор гардид фаъолона ширкат доштанд. Дар озмуни мазкур Давлатова Ширинмоҳ донишҷӯи бахши 1 – ум факултети “Кори табобатӣ” аз фанни “Забони тоҷикӣ” ҷойи 3 – юмро ишғол намуда, Ҳайбуллоева Моҳтобхон Нарзуллоевна донишҷӯи бахши 1 – ум факултети “Кори табобатӣ” аз фанни “Таърихи халқи тоҷик”, Каримова Муниса Мамадсодиқовна донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Химия” ва Олимзода Мадина Нуралӣ донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Кори момодоягӣ” аз фанни “Биология” бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар озмун таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, ки миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти идрорпулии Кумитаи Иттифоқи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардид донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори дандонсозӣ” Назаров Аъзам Исмоилович аз фанни “Забони англисӣ” иштирок намуда, ҷойи 2 – юмро ишғол намуд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ – 26 апрели соли 2019 дар озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин озмун 2 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ҷумҳурияви бо пешниҳоди 2 лоиҳаи ихтироъкори иштирок намуда, сазовори диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.
Санаи 23 – юми ноябри соли 2019 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмуни “Рафиқона”, ки ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Коллеҷ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гаштанд. Аз он ҷумла: Бобошоев Фидо Нафасшоевич – донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣӣ” аз фанни “Таърих ва ҳуқуқ”, ҷойи І – ум; Саидов Сиёвуш – донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори дандонсозӣ” аз фанни “Химия”, ҷойи І – ум; Назарова Бахтинисо – донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Забон ва адабиёти тоҷик”, ҷойи ІІ – юм; Файзиева Шоҳина – донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Забони русӣ”, ҷойи ІІ – юм; Назаров Аъзам – донишҷӯи бахши 2 – юми факултети “Кори фарматсевтӣ” аз фанни “Забони англисӣ”, ҷойи ІІ – юм; Уроқова Таманно – донишҷӯи бахши 2 – юми факултети “Кори табобатӣ” аз фанни “Алгебра”, ҷойи ІІІ– юм; Ҳакимзода Аниса Шермад – донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Ташхис ва табобати нурӣ” аз фанни“Забони англисӣ”, ҷойи ІІІ – юм; Набизода Нилуфар Худойдод – донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори табобатӣ” аз фанни “Химия”, ҷойи ІІІ – юм; Холмирзоев Фирдавс – донишҷӯи бахши 2 – юми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Физика”, ҷойи ІІІ– юм; Ҷиёнова Фарзона – донишҷӯи бахши 2 – юми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Технологияи информатсионӣ”, ҷойи ифтихорӣ; Рофиев Қамариддин Ёрқинҷонович – бахши 1 – ум “Кори дандонсозӣ” аз фанни “Биология”, ҷойи ифтихорӣ.
ТАЪЛИМИ АМАЛӢ
Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонхонаҳо, амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузарад.
Таълими амалӣ дар зиёда аз 100 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Таълими амалӣ аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, ки 28 ададро ташкил медиҳанд, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешаванд.
Шумораи ҳуҷраҳои таълимии амалӣ зиёда аз 119 ададро ташкил медиҳанд, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудаанд.
Таълими амалии донишҷӯён аз ҷониби бахши таълим, бахши таълими амалӣ, маъмурият зери назорати доимӣ қарор дорад.
Масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯроҳои илмӣ ва методӣ, ҷаласаҳои машваратии назди директор ва муовинони директор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ масъалаи мазкур 2 маротиба дар ин ҷаласаҳо баррасӣ ва муҳокима карда шуданд ва нисбати беҳтарсозии ин бахши муҳими таълим қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда шуда, иҷроиши онҳо зери назорати маъмурият қарор дорад.
Айни замон қариб дар ҳама муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе Коллеҷ пойгоҳҳои таълимӣ дорад. Барои таълими амалӣ зарур аст, ки дар муассисаҳои тандурустӣ шароит, яъне утоқи алоҳида барои таҷрибаомӯзон ҷудо шуда бошад, омӯзгорону кормандони муассиса ба донишҷӯён мураббигӣ намоянд, таҷрибаомӯзон бояд ба раванди ташхису парасторӣ ва табобати беморон шомил бошанд. Роҳбарияти Коллеҷ дар ин ҷода бо муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва тандурустии шаҳри Душанбе шартномаи дуҷониба баста ҳамкориро ба роҳ мондааст. Айни замон шартномаи ҳамкорӣ оид ба таълимӣ амалӣ ва ҷудо намудани кабинетҳои таълимӣ қариб бо ҳамаи муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии муқими ш.Душанбе ба имзо расидаст, ки шумораи онҳо 26 ададро ташкил медиҳад (Ҷадвал).
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустӣ теъдоди кабинетҳои таълимӣ сол аз сол зиёд шуда, то имрӯз шумораи онҳо ба 103 адад расидааст.
Аксарияти кабинетҳои таълимӣ дар муассисаҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо аёнияту таҷҳизоти зарурӣ барои таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бахшида ба истиқболи 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои нави замонавии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода ва ба истифода дода шуд, ки дар он кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷ, иборат аз 5 кабинети таълимӣ низ ҷойгир карда шудааст. Кабинетҳои кафедра бо мизу курсиҳо ва ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯрои олимони коллеҷ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, оид ба беҳтар намудани ин раванд қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. Танҳо аз оғози соли 2019 оид ба беҳтаршавии раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён корҳои зайл анҷом дода шудаанд: дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 8 кабинети таълимӣ, дар Маркази тиббии шаҳрии №2 – 1, дар Маркази тибиии шаҳрии ёрии таъҷилӣ – 1, Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамширагӣ – 2, Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ – 1 синфхонаи таълимӣ барои дарсомӯзии донишҷӯён ҷудо карда шудааст.
Бахши таҷрибаомӯзӣ пайваста аз тарафи муовини директор оид ба таълими амалӣ ва бахши таҷрибаомӯзии коллеҷ назорат карда мешавад.
Сол аз сол сифати машғулиятгузорӣ ва раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи омӯзгорони коллеҷ ва роҳбарони бевоситае, ки аз ҳисоби кормандони муассисаҳои тандурустӣ таъйин карда мешаванд беҳтар шуда истодааст. Коллеҷ оид ба беҳтаршавии раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Агентии Швейтсария “Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон” солҳои охир корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла бо дастгирии лоиҳаи мазкур дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ ташкил карда шудааст, ки он аз 6 кабинетҳои таълимӣ иборат буда, бо муляжу таҷҳизоти зарурӣ барои ташхису парастории беморон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин марказ бо донишҷӯён машғулиятҳои қабликлиникӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи лоиҳаи мазкур 20 нафар ҳамшираҳои тиббии оилавии Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дар заминаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз курси мураббигӣ гузашта соҳиби шаҳодатнома гаштаанд. Ҳамчунин мураббиён аз тарафи лоиҳа бо сумкаҳои ҳамшираи тиббии оилавӣ таъмин карда шудаанд. Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ беҳтар гаштани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустии ш.Душанбе, боло рафтани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар онҳо, ҷалби муттахассисони варзидаи соҳа ба раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён сол аз сол боиси он гаштааст, ки сатҳи дониши амалии донишҷӯён беҳтар карда шавад.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КОЛЛЕҶ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 30 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун – тиб, кимиё ва биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа, барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм таҳқиқот бурда истодаанд.
Аз тарафи кормандони илмии Коллеҷ аз аввали сол то ҳол зиёда 482 мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд.
Дар Коллеҷ 4 нафар докторони илмҳои тиб, 10 нафар номзадони илмҳои тиб ва 1 нафар номзади илмҳои филология фаъолият доранд.
11 – УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
доир ба мавзӯи “Рушди кори ҳамширагӣ дар Тоҷикистон ва нақши технологияи муосир дар тиб”, бахшида ба 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
Ҷиҳати иҷрои банди 80 “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №79 тасдиқ шудааст ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2019, №315, санаи 12 июни соли 2019 Конференсияи илмӣ – амалӣ доир ба мавзӯи “Рушди кори ҳамширагӣ дар Тоҷикистон ва нақши технологияи муосир дар тиб” баргузор гардид.
Маводи конференсияи ҳамчун замима дар маҷаллаи “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон” ба табъ расида, шумораи умумии мақолаҳои илмии ба чоп расида 101 ададро ташкил медиҳад, ки ба масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушди кори ҳамширагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳа бахшида шудаанд.
Дар кори конференсия намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Иштирокчиёни конференсия паҳлуҳои муаммоҳои мавҷудаи омодасозии ҳамшираҳои тиббӣ, ташхису табобат ва офиятбахшии беморон, инчунин нақши муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ, дар ҳаллу фасл намудани муаммоҳои ҷойдошта, тадбирҳои аз ҷониби мақомоти соҳаи тандурустӣ андешидашуда ва роҳҳои мувофиқи матлаб ҳаллу фасл намудани масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
ШАРОИТИ МАНЗИЛИЮ МАИШИИ ДОНИШҶӮЁН
Хобгоҳи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз 4-ошёна ва 132 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Айни замон дар хобгоҳ шумораи умумии истиқоматкунандагон 508 нафарро дар бар мегирад. Дар хобгоҳ 19 нафар ятимони кулл истиқомат доранд. Илова бар ин, шумораи донишҷӯёни оилаҳои комбизоат 49 нафарро дар бар мегирад. Пеш аз оғози таҳсил қисми берунӣ ва дохилии хобгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар давраи зимистонгузаронӣ ҳамаи ҳуҷраи истиқоматии хобгоҳ бо воситаи гармидиҳии барқӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳавлии хобгоҳ гармхона ташкил карда шудааст, ки дар он бо кӯмаки донишҷӯён сабзавот, лимон ва гулҳои мавсимӣ кишт карда шудаанд.
Илова бар ин, дар назди майдонча барои бозиҳои варзишии волейбол, баскетбол, теннис майдончаи иловагӣ сохта шудааст. Дар атрофи майдончаҳо гулгаштҳо сохта шуда, бо чатрҳо ва ниҳолҳои ҳамешабаҳор оро дода шудаанд. Даромадгоҳи хобгоҳ ва тамоми атрофи майдончаҳо сафолакбандӣ карда шудаанд.
НАТИҶАИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ ХАТМ
Аттестатсияи давлатии хатм дар Коллеҷ тибқи Низомномаи аттестатсияи хатми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2017, №3/14 тасдиқ карда шуда, аз 21 – уми июн то 05 – уми июли соли 2019 сурат гирифтанд.
Раисони аттестатсияи хатм аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01 соли 2019, № 557 таъйин карда шуда буданд. Мутобиқи таҳлилҳо нишондоди сифати таҳсилот вобаста ба натиҷаи аттестатсияи хатм нисбат ба соли гузашта то 7,4% боло рафтааст. Шумораи дипломҳои аъло бошад нисбат ба соли гузашта 23 адад зиёд мебошанд.
ҲАМКОРИҲОИ КОЛЛЕҶ
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.
Аз он ҷумла коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ш. Душанбе нисбати омодасозии Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва ихтисосҳои алоҳида, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои алоҳидаи таълимӣ, таҳияи адабиётҳои таълимӣ, ташкил, омодасозӣ ва иштирок намудан дар конфронсу семинарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани Олимпиадаҳои донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон ва зерсохторҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳамкории пурсамар дорад.
Ҳамчунин бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария (Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ),
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ЮНФПА (Хазинаи нуфузи аҳолии СММ), Ҳилоли Аҳмар, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, як қатор Академияҳо, Донишгоҳу Донишкадаҳо ва коллеҷҳои хориҷи кишвар аз қабили Академияи тиббии баъдидипломии Белоруссия, Донишгоҳи тиббии ба номи Сеченови ш.Москва, Донишгоҳи ш. Глазгои Шотландия ва ғайра барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.
УМЕД БА ФАРДОИ РӮШАН
Новобаста аз дастовардҳои дар боло зикргардида дар Коллеҷ баъзе муаммоҳои ҳалталаб, аз қабили нарасидани таҷҳизотҳои тиббии муосир, аёниятҳои замонавӣ, реактив ва таҷҳизотҳои махсус барои корҳои лабораторӣ, инчунин, таеқисӣ кашидан аз кабинетҳои таълимӣ дар заминаҳои таълими амалӣ (муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва фарматсевтӣ) ва дар шароитҳои номусоид ҷойгир будани кафедраҳои клиникӣ, нокифоягии адабиётҳои муосир аз фанҳои клиникӣ ва махсус ва набудани дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён мавҷуд мебошанд, ки маъмурияти Коллеҷ дар талош ҳастанд, то дар соли 2020 ин ҳамаро бо дастгирии Ҳукумати ҶТ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳаллу фасл намоянд. Дар баробари ин, маъмурияти Коллеҷ тасмим дорад, дар соли 2020 сохтмони биноҳои замонавии ба стандарт ҷавобгӯйи муассисаро ба анҷом расонда, ҳамаи кафедраҳо ва толорҳои лексиониву лабораторияҳои таълимиро бо компютеру дигар таҷҳизотҳои эллектронии чопӣ, тахтаҳои электронӣ, инчунин, аёниятҳои муосир, реактивҳо, дигар асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои таълимиву тиббӣ таъмин намояд. Ин иқдом бешак ҷиҳати вусъат додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ, мунтазам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, малакаву маҳоратомӯзии касбии донишҷӯён тибқи стандартҳои байналмилӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон мусоидат хоҳад намуд. Дар баробари ин, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кушодани лабораторияҳои клиникию биокимиёӣ бо таҷҳизотҳои муосир, ташкили дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ ва ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар, бо мақсади бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаро дар мадди назари худ қарор додааст, ки албатта, ин ҳама иқдомоти созанда ва ободкорона бе дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории зерсохторҳои он ғайриимкон аст.
Бинобар ҳамин роҳбарияти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва ҳайати кормандону омӯзгорон бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ҳам беҳтару хубтар ҷаҳду талош менамоянд, то дар беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ саҳмгузор бошанд.
МТЖТ