Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аз бузургтарин муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳия маҳсуб ёфта, тибқи лоиҳа дорои 130 кат мебошад. Дар 6 шуъбаи беморхона қариб 207 нафар кормандони соҳаи тиб барои нигоҳдории солимии ҷомеа аз бемориҳои сироятӣ бо истифода аз технология ва дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ фаъолият менамоянд.

Кормандони Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб фаъолияти касбии худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пеш мебаранд. Онҳо ҳамеша пайи солимии мардуми Кӯлобшаҳр, баланд бардоштани маърифати тандурустии эшон, пешгирии хурӯҷи бемориҳои мавсимӣ ва сироятӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тавре ҳама огоҳӣ доранд, аз соли 2009 бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар сохтори соҳаи тандурустӣ дигаргуниҳо ворид гардида, он ба ду қисмат ҷудо карда шуд. Қисмати якум – ин хизматрасонии кӯмаки аввалияи санитарию тиббӣ ба аҳолӣ, қисмати дуюм бошад, қисмати бистарикунонӣ мебошад.

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар амалинамоии ин дигаргунӣ дар шаҳри Кӯлоб низ бо муваффақият анҷом пазируфта истодааст, ки он ба низоми хеле дақиқу самараноки хизматрасонии тиббиро фароҳам овардан мусоидат мекунад. Ин боиси рафъи мушкилии хизматрасонии кӯмаки аввалияи санитарию тиббӣ ба аҳолӣ ва бистарикунонӣ мегардад.

Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб баъди чандин соли истифодабарӣ ва дар натиҷаи боронҳои шадид ва боду шамоли сахт рӯ ба вайроншавӣ оварда, симояш қалби ҳар як корманду бемор ва нафарони ташрифоварандаро сард намуда буд. Бо назардошти ҳолати мавҷуда соли 2018 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ташаббусро ба дасти худ гирифта, таъмири капиталии шуъбаи наҷот, иваз намудани қубурҳои обу ташноб, васли обгармкунакҳо ва таштҳо (термексу ванна) бо теъдоди беш аз 6 ададро анҷом дода, ҳуҷраҳои бистариро бо 50 адад рахти хоб, 1 адад дастгоҳи санҷиши кори дил (ЭКГ), ду адад ҳавохунуккунак муҷаҳҳаз гардонид. Ҳамчунин, қисмати дохиливу берунии бинои шуъбаи калонсолони беморхонаро ба таъмир фаро гирифта, иваз намудани дару тирезаҳои даврони шӯравии биноро ба дару тирезаҳои пластикии замонавӣ ба охир расонид.

Муассиса дар ҳудуди Кӯлобшаҳр, ки дар маҳаллаи Борбад аз тарафи кӯчаи Дӯстӣ, канори шоҳроҳи Кӯлоб – Ш. Шоҳин – Бадахшон ва Давлати халқии Чин ҷойгир аст, симои онро ба куллӣ тағйир дода, ба ҳусни шаҳр аз рӯи санъати меъморию шаҳрдорӣ ҳусни дигар бахшид.

Соли 2019 муҳтарам вазири дилсӯзу ободкор иқдомашро идома дода, таъмирро бо ҳолатҳои дар боло оварда дар шуъбаи кӯдаконаи муассиса бо 30 рахти хоб, 40 адад кат ва ба озмоишгоҳ 1 адад дастгоҳи санҷиши кори дил (ЭКГ), 1 адад дастгоҳи гармидиҳӣ (УВЧ), Гем-анамуатор, дастгоҳи биохимиявӣ (анамуатори газӣ), 2 адад ҳавохунуккунак, 5 халта хокаи тамизкунонӣ ва ғайраҳо таъмин кунонид.

Ҳамин тавр, раванди таъмиру таҷдид ва бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ таъмин гардидани муассиса марҳила ба марҳила камбудиҳоро аз байн мебарад. Табиист, ки ин ҳолат дар ташхиси дақиқи беморон, баровардани хулосаи ниҳоӣ оид ба бемории сироятӣ ва табобати дардмандон таъсири мусбат мерасонад.

Роҳбарияти вазорат аз рӯи доштани ҳолати доруворӣ барои ҳамаи гуруҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти шаҳрвандон ё шахсони атрофи он хатар таҳдид дошта, инчунин ҳангоми бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ки ройгон муқаррар шудаанд, беморхонаро бенасиб намонондааст.

Таъсис додани боғи меваву майдони сабзавот ва гулгашту дарахтзорон ва оби доимии мусаффои беморхона ба тозаву мувофиқ нигоҳ доштани муҳити он созгор буда, табъи дили беморон аст. Ин аст, ки беморони бистарӣ ҳангоми муолиҷа аз шароити доштаи беморхона қаноатманд буда, арзи сипос мекунанд.

Роҳбарияти вазорат барои бурдани корҳои тарғиботию таблиғотӣ оид ба пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ба монанди зардпарвин, домана, сил, бруттселёз, дарунравӣ, ВИЧ\СПИД, табларза, сӯхтанӣ, пешгирии ҳамли номатлуб, назорати риоя намудани танзими фосилаи байни ҳомиладорӣ, паст намудани зоиши хонагӣ, саривақт фарогирии эмгузаронии кӯдакон, назорат намудани меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ дар маҳалҳо, назорати диспансерии бемориҳои музмини амрози дарунӣ, саратон, сил, бемориҳои чашм, руҳӣ, гӯшу гулӯю бинӣ, бемориҳои ғадудӣ, дил, пӯсту зуҳравӣ варақаҳои таблиғотиро аз ин гуна бемориҳо ба муассиса мунтзам таъмин менамояд.

Маҳз дар давраи вазирии муҳтарам Олимзода Насим Хуҷа чоҳи амудии калон канда шуда, мушкили чандсолаи об дар Беморхонаи вилоятии рақами 2, Маркази саратоншиносӣ ва Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб, ки паҳлуи ҳамдигар қарор доранд, бартараф карда шуд.

Мо – кормандони Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аз чунин шахсияти ғамхору дилсӯз ва дастгир дар кору фаъолият, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ифтихор дошта, арзи сипоси худро барои заҳмату ғамхориҳои бепоёнашон мерасонем.

Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми мост.

Бо чунин дастгириҳои вазири муҳтарам мо ба дастоварду муваффақиятҳои корӣ ноил гардида, руҳбаланд шудем ва ваъда медиҳем, ки баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ камари ҳиммат баста, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва касбият дар савганди хӯрдаи хеш содиқ монда, дар боварию эътимоди давлату халқ сазовор бимонем.

Абдукарим ШОКИРОВ,

сартабиби Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь